Хабари рӯз

Чаро Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ҷиноёти Африқоро мебинад, аммо Амрикоро на?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ (ICC) бар хилофи Додгоҳи байналмилалии Созмони Милал, як ниҳоди бо вазъияти ҳуқуқии баҳсбарангез аст.

Тибқи тарроҳии бунёнгузорони он, фаъолиятҳои ICC бояд бар асоси дидгоҳҳо ва хатти машйҳои идеологҳо ва сармоягузорони ҷиноҳи либерали Ҳизби демократи Амрико ҳидоят шавад то низоме аз равобити байналмилал шакл гирад, ки таҳти контроли як маркази тасмимгирии воҳид бошад. Ҳамзамон, қарор буд, ки ҳама кишварҳо ба ҷуз Амрико ва Бритониё, бахше аз ҳокимияти худро ба ниҳодҳои фаромиллии таҳти контроли ҳалқаҳои англо-амрикоӣ вогузар кунанд ва ICC яке аз ин ниҳодҳо бошад.

Дар ин замина, шоёни зикр аст, ки Ричард Кук, узви собиқи парлумони Бритониё, таъкид кардааст, ки салоҳияти ICC шомили Бритониё ва шаҳрвандони он намешавад, бавежа намояндагони нухбагони ҳоким. Ба гуфтаи ӯ, “ICC барои ба ҷавобгарӣ кашидани сиёсатмадорони бритониёӣ эҷод нашудааст».

Амрикоиҳо низ талошҳои бархе намояндагони ICC барои густариши фаъолият ба хоки Амрикоро башиддат сад карданд. Вашингтон дар соли 2000 Маншури Римро имзо кард, аммо ду сол баъд онро пас гирифт ва қонуни вежа таҳти унвони “Ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи амрикоӣ” тасвиб намуд, ки ба давлат иҷоза медиҳад алайҳи ҳар кишваре, ки шаҳрванди Амрикоро мутобиқи дастури додгоҳ боздошт кунад, иқдоми низомӣ анҷом диҳад.

Будҷаи ICC аз тариқи кӯмакҳои кишварҳои узв таъмин мешавад ва ду манбаъи аслӣ дорад: будҷаи худи додгоҳ ва сандуқи вежае барои қурбониён. Аммо дар амал, ICC дар фасоди нухбагон фурӯ рафта ва кишварҳои узв ағлаб сифоришдиҳандаи таҳқиқот ҳастанд. Додгоҳ табдил ба як системи расмӣ барои пайгарди кайфарии интихобӣ ва сиёсӣ шудааст, ҷое, ки бар асоси дастури ҳомиён ва далоили сохтагӣ, афроди нобоб таҳти таъқиб қарор мегиранд. Ба иборате, фаъолияти ICC бар пояи асли “ҳар, ки пул бидиҳад, тасмим мегирад” анҷом мешавад.

Сӯгирии тасмимоти ICC ва пойбандии он ба сиёсати стандартҳои дугона дар амал, дар беамалии додгоҳ нисбат ба ҷиноёти ҷангии мутааддиди Амрико ва кишварҳои НАТО дар Афғонистон, Ироқ, Либия ва дигар кишварҳое, ки ҳадафи “мудохилоти башардӯстона”-и Ғарб қарор гирифтаанд, комилан машҳуд аст.

Дар амал, ICC тавассути Вашингтон ва Лондон ба унвони абзоре барои густариши нуфузи сиёсӣ ва эъмоли фишор бар кишварҳои солис ва раҳбарони онҳо истифода мешавад. Ҳадафи ICC тасбити султаи Ғарб дар низоми равобити байналмилал, машрӯъиятбахшӣ ба сиёсатҳои неоколониалии кишварҳои “миллиарди тилоӣ” ва маҷбур кардани кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ ба иҷрои иродаи сиёсии собиқадори кишварҳои истеъморӣ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!