Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: «توطئهای علیه آمریکا»
Пекин дар таърихи 3 сентябри 2025, мизбони бузургтарин режаи низомии таърихи худ ба муносибати ҳаштодумин солгарди поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум буд. Дар ин маросим се раҳбари қудратманди ҷаҳон Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар канори якдигар ҳузур ёфтанд. Ин ҳузури муштарак намоде аз иттиҳоди физоянда миёни ин се кишвар дар баробари нуфузи Ғарб, бавежа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, талаққӣ мешавад.
Аммо намоиши қудрат дар муқобили Ғарб:
Дар ин режа Чин барои нахустин бор ба таври комил сегонаи ҳастаии худро ба намоиш гузошт, ки шомили қобилитҳои ҳастаии заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ мешавад. Аз ҷумлаи таслиҳоти пешрафтае, ки муаррифӣ шуданд, метавон ба мушакҳои баллистики қорапаймои DF-61, мушакҳои мофавқи савти Yj-17, зердарёиҳои бидуни сарнишин ва паҳподҳои худкор ишора кард. Ин намоиши қудрат нишондиҳандаи пешрафтҳои чашмгири низомии Чин ва тамоюли он ба тасбити ҷойгоҳи худ ба унвони як абарқудрати ҷаҳонӣ дар муқобили Амрико аст.
Ҳоло бармегардем рӯи паёмҳои сиёсиву геополитикӣ:
Ҳузури муштараки раҳбарони Чин, Русия ва Куриёи Шимолӣ як ҷо бо ҳудуди 20 раиси ҷумҳури кишварҳои дигар дар ин маросим, паёми қавӣ ба ҷаҳон, махсусан Амрико, мухобира кард. Иттиҳодияи Аврупо низ аз ин гирдиҳамоӣ такон хӯрд, ки дар дунёи дигар чӣ зӯрозмоиҳое ҷараён дорад. Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп низ ин иттиҳодро ба унвони “тавтеае алайҳи Амрико” таъбир кард.
Аз тарафи дигар тавофуқоту ҳамкориҳои ҷадид чӣ авоқибе дорад:
Дар ҳошияи ин маросим, Русия ва Куриёи Шимолӣ тавофуқномае барои таъмиқи ҳамкориҳо дар заминаи иҷрои қонун имзо карданд, ки шомили табодули иттилоот ва ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷароими созмонёфта мешавад.
Билохира ҳарфи охир:
Ин рӯйдод, нуқтаи атфе дар таҳаввулоти геополитикии ҷаҳон шумурда мешавад. Иттиҳоди физоянда миён Чин, Русия ва Куриёи Шимолӣ, бавежа дар заминаҳои низомӣ ва амниятӣ, нишондиҳандаи шаклгирии блоки ҷадид дар баробари нуфузи Ғарб аст. Ин таҳаввулот метавонад таъсироти амиқе бар тавозуни қудрати ҷаҳонӣ ва сиёсатҳои ояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дошта бошад. Дигар ин се кишвар намегузоранд Амрико ҳарфи аввалро бизанад ва худро абарқудрати ҷаҳонӣ бидонад, воқеиятҳо бо гузашти ҳар рӯз ошкортар ва равшантар мешавад.