“Гегемония”-и султаи паштунӣ-толибониро на “ҷомеаи маданӣ”, балки масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ ба ҳайс “қудрати нарм” ташкил медиҳад.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Дар матлаби қаблӣ ба ин суол посух гуфтем, ки “чаро ҷаҳон бо Толибон таомул мекунад?”. Ҳоло сули дигарро пайгирӣ мекунем: "чӣ гуна алайҳи Толибон бояд мубориза кард?"
Чаро ҷаҳон бо Толибон таомул мекунад?
Толибон ҳам ҳавзаи диниро ишғол намудаанд, чунончи ҳеҷ гуна зиддият бо онҳо вуҷуд надорад ва ҳам ҳавзаи иқтисодиро. Ҳарчанд огоҳии иқтисодӣ надоранд, аммо ҳатто ба шакли ғаризаӣ ва ибтидоӣ тарафдори прупо қурс низоми иқтисоди бозори озоданд.
Он чи толибро ба чолиш мекашад, на мавзӯъи демократияталабӣ ё озодиҳо бар меҳвари Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, балки бадили зоиши қудрати забонӣ ва фарҳангии порсӣ мебошад. Вақте толиб мегӯям, ҳадафам тамоми қудрати афғонҳо аст!
Акнун Толибон ба ҳайси намояндаи аксарияти паштунҳои суннатӣ остин боло зада ва фарҳангҳои дигар, ба вежа порсиро мехоҳанд нобуд созанд. Ҳассосияти онҳо нишонаи “уқдаи ҳақорат”-и фарҳанги онҳо аст.
Набояд фаромӯш кард, ки ин уқда дар даруни фикри ҳар паштунтабор бо қуввати он ҳузур дошта ва дорад.
Аксари онҳое, ки бо фарҳанги порсӣ бузург шуда, меандешанд ва ё менависанд боз ҳам дар мавзӯи қудрати афғон мешаванд. Тамассук ба порсӣ ҳеҷ гоҳ онҳоро порсиҳувият насохтааст!
Мо то ба ҳол бо як ҳувият ва як “гегемония”, яъне афғонӣ ба ҳайси ягона бадили қудрат мувоҷеҳ будаем.
Аксарият порсинависони паштунтабор дарвоқеъ абзори тадовуми гегемонияи паштунҳо болои соири ақвом, ба вежа порсизабонон будаанд. Ин гегемония ҳам бо “қудрати нарм” ва ҳам “қудрати сахт” таъмин шудааст. “Ниҳодҳои маданӣ” ё “ҷомеаи маданӣ”, ба вежа дар даврони ҷумҳурият яке аз абзори муҳими султаи аргнишин болои қишри огоҳи ғайрипаштун буд. Имрӯз дар Ғарб низ, ҳамон зери номи “ҷомеаи маданӣ”, “султа”-и паштунҳоро дар миёни донишомӯхтаҳои ғайрипаштун тадовум мебахшанд. Ногуфта набояд гузошт, ки хидматкорони султаи афғонҳо дар миёни муҳоҷирони тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва дигарон бисёранд!
Дар дохил “гегемония”-и султаи паштунӣ-толибониро на “ҷомеаи маданӣ”, балки масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ ба ҳайс “қудрати нарм” ташкил медиҳад.
Расонаҳо ва “қудрати сахт”, яъне мошини зӯр низ барои таҳаққуқи султаи онҳо амал мекунанд.
Ҳамчунон муллоҳои тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва дигарон ба изофаи саркардагони мафияи маводи мухаддир бахше аз он султа шудаанд.
Дар баробари ин султа ҳеҷ бадили дигар ба ҷуз назарияи “гегемонияи фарҳанг”-и порсӣ вуҷуд надорад.
Акнун агар Толибон ҳокиманд ё фардо паштуни дигар биёяд, танҳо ва танҳо бо абзорҳои ҳувиятӣ, забонӣ ва қавмии порсӣ метавон бо онҳо мубориза кард.
Агар порсизабонон бештар аз ин дар хоби ғафлат боқӣ бимонанд, дер ё зуд мавҷи ҷаҳонӣ ва дохилӣ онҳоро ба берун ба таври комил партоб мекунад.
Аксарияти мумкин ба Эрон, Тоҷикистон ва Осиёи Миёна муҳоҷир ё фирорӣ шаванд ва ақаллияти бозмонда ва таслимшуда бидуни муқовимат ҳувият тағйир медиҳанд ва фарзандон дар беҳувиятӣ музмаҳил мешаванд.
Бояд созмонҳои сиёсии мутааҳҳид ва муборизи порсизабон рӯйи як платформаи муштараки гегемонияи порсӣ бо ҳам корро оғоз намоянд ва аз тамоми абзорҳои мудерн ба гунаи ҳамсӯ ва ҳампаймон дар як барномаи муайян ва дорои плани амалии воҳид истифода намоянд.
Бояд фазои маҷозӣ ва умуман сиёсии порсизабонон аз нав шаклу сомон дода шавад ва мунтазири он набояд буд, то фулон ё баҳмон гурӯҳи низомии вобаста ба хориҷ коре бикунанд. Равшангарии мардумии мо як амри бузурги ватанпарастона, инсонӣ ва ахлоқӣ аст, ки танҳо аз ӯҳдаи ашхоси мардумдӯст ва хидматкор бармеояд.
Бо ҳар гуна популизм ва авомфиребӣ бояд мубориза сурат гирад, чун ояндаи мардум, забон ва ҳувияти мо дар хатар аст!