Хабари рӯз

Сиёсиюни Афғонистон ҳушёр бошед, аз ин бештар иштибоҳ накунед, такрори таърих шуморо шарманда месозад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Толибон мегӯянд, ки ТиТиПи ё толибони покистонӣ дар Шимоли Афғонистон интиқол намешаванд, инҳо афғонҳое ҳастанд, ки қаблан дар ин манотиқ маскангузин буданд.

Ҳар касе медонад, ки ин ҳарфи Толибон ҳақиқат надорад. Аммо бешармона ва густохона намояндаи хоси Покистон Осиф Алӣ Дуронӣ мегӯяд, ки толибони Покистон ба Шимоли Афғонистон интиқол мешавад.

Ин бозӣ хеле хоинона, хатарнок ва моҷароҷӯёна аст.

Ман се нуктаро дар ин маврид ироа менамоям:

1 - Толибон бояд бидонанд, ки овардани террористҳо ба хоки Афғонистон ва раванди маҳрумсозии мардуми мазлуми мо аз замину ҷойдодҳояшон ба сурати фароқонунӣ ва бо истифода аз зӯру хушунат боиси сулҳу сабот нахоҳад шуд, на барои Афғонистон ва на ҳам барои минтақа.

2 - Раҳбарони Покистон бояд бифаҳманд, ки интиқоли ҷуғрофиёии терроризм боиси масунияти Покистон ва ё кишвари дигаре намешавад ва аммо қатъи ҳимояти давлатӣ аз терроризм истиқрори сулҳу низоми машрӯъ ва ҳифзи тавсеаи ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардум дар Покистону Афғонистон ба сурати ҳатмӣ ба терроризм ва масоиби он хотима медиҳад.

3 - Ҳамчунон кишварҳои минтақа бояд бидонанд, ки интиқоли шабакаҳои террористие, ки дар терроризми фаромарзӣ тахассус доранд, “армуғон”-и хубе барояшон дар пай хоҳад дошт.

Мутаассифона бо Афғонистон дар натиҷаи ҳамин дасоис ҷафои бузурги таърихӣ сурат гирифт, кишварҳои ҳамсоя ва минтақа набояд қурбонии баъдии айни ҳилаву найранг бошанд.

4 - Кишварҳо бояд аз муборизаи барҳақи мардуми Афғонистон барои истиқрори сулҳу низоми машрӯъ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардум аз зану мард ҳимоят кунанд, чун ин ягона роҳи безарарсозии Афғонистону минтақа дар баробари хатар, мисли терроризму бесуботӣ аст.

Нуктаи охир: Агар ҳушёр нашавед домани шуморо ҳам буҳронҳое, ки амдан дар минтақа бо гузашти ҳар рӯз эҷод мешавад, хоҳад гирифт...

Сиёсиюни Афғонистон ҳушёр бошед, аз ин бештар иштибоҳ накунед, такрори таърих шуморо шарманда месозад.

Ман агар танҳо ҳам бимонам ба муборизаи худ алайҳи ҳар навъ зулм, истибдод ва беадолатӣ идома хоҳам дод.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!