Чеҳраҳои гузашта бо аксарияти мутлақи вобаста ба Ғарб ҳам аз даврони ҷанги сарданд ва ҳам аз замони ду даҳаи ҷумҳурият ва бештари онҳо дастнигар ва вобастаҳои кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси Иёлоти Мутаҳидаи Амрико будаву ҳастанд.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Чаро ҷаҳон бо Толибон таомул мекунад? Посух хеле содда аст. Мо дар ҷаҳони сармоядорӣ зиндагӣ мекунем, ки рақобатҳову таорузҳои онҳо бар пояи суди бештар устувор аст, на таззоду тақобул барои тағйир ё ғалабаи яке бар дигаре, он чиро, ки доктринаи сталинии Шӯравӣ то оғози 1950 матраҳ мекард ва ҳадафи он нобудии капитализм ва пирӯзии сотсиализми русӣ – сталинистӣ буд.
Баъд аз пирӯзии тротскистҳо дар чеҳраи Хурушёф ва тадовуми он то Горбачёв, Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи мусолиҳа ва ҳамзистӣ бо Ғарби капиталистиро дар пеш гирифт, чун Шӯравӣ аз сотсиализми сталинӣ ба сӯи сармоядории давлати фоқиди демократия истиҳола намуда буд. Ба ҳамин хотир, Иттиҳоди Шӯравӣ ба иллати набуди сармояи молӣ ва озодиҳои либерал бидуни даргириву ҷанг бо Ғарб суқут кард.
Дар ҷаҳони кунунӣ ду навъ сармоядорӣ вуҷуд дорад: яке либералии демократӣ бо пешгомии англосаксонҳо ва бо тавоноиҳои молии бузург ва дигар маҷмӯи сармоядории санъатии навпо дар намунаи Чин, Ҳинд, Русия ва чанд кишвари дигар.
Аз назари иқтисодӣ ҳарду дар як урдугоҳ қарор доранд ва дорои аҳдофи ҳамсонанд, яъне афзоиши суд аз тариқи эҷоду густариши манотиқи нуфуз аз баҳри судури сармоя ё фаровардаҳои санъатӣ.
Ин фароянд аз даврони сармояи санъатӣ оғоз шуда ва ба ашколи мухталиф идома дорад.
На дар гузашта муҷоҳидин, на акнун Толибон душмани сармоядорӣ буда ва ҳастанд. Ҳамин гуна, аз назари идеологӣ, ҳеҷ гурӯҳи бунёдгарои исломӣ дар ҳеҷ нуқтаи ҷаҳон душмани системаи капиталистӣ нестанд. Аз буъди иқтисодӣ ҳама мудофеъи суду сармояанд!
Муборизаи онҳо бо Ғарб навъи вокунишҳои ношӣ аз сархӯрдагӣ мебошад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бадил дар баробари низоми иқтисодии ғарбӣ нест. Ҳамзамон фаромӯш нашавад, ки Ғарб пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, дар беш аз се даҳа низомҳои диктаторӣ ва тоталитариро дар тамоми қораҳо аз Аврупо то Амрикои Лотин ва аз Африқо то Осиё ҳимоят намуда буд. Он замон баҳс на рӯйи арзишҳои демократӣ, балки низоми иқтисодии сармоядорӣ буд.
Кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси Иёлоти Мутаҳидаи Амрико чанд замоне пас аз суқути урдугоҳи сотсиалистӣ ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, сармаст аз он буданд, ки қудрати нарми онҳо, яъне арзишҳои озодӣ ва демократии ғарбӣ барои ҳамеша пирӯз гардид ва “таърих поён” ёфт.
Ҷаҳони пасоишӯравӣ ҷаҳони глобалистӣ ҳам аз назари иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ шуд. Рақобатҳо дар чорчӯби Созмон Ҷаҳонии Тиҷорат канализа ва мудирият шуд. Кишварҳои пешрафтаи дорои рифоҳ ба номи “шимол” ба гуна бениҳоят золимона оғоз ба ғорати кишварҳои ақибафтодаи “ҷануб” ё “ҳошия” намуданд. Ҳар гуна муқовиматро ба баҳонаи озодиву демократия саркӯб карданд.
Шикоф миёни сарват дар шимол ва фақр дар ҷануб рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ин миён иддае аз кишварҳои дар ҳоли рушди сармоядории маъруф ба гурӯҳи БРИКС дорои гароиши иқтидоргаро дасти ҳамкорӣ ба сӯйи кишварҳои ҷануб дароз карданд ва навъе таомулу ҳамкориро оғоз намуданд. Бахши асосии кишварҳои БРИКС-ро мустаъмараҳои собиқ ташкил медиҳад, ки ҳамин мавзӯъ омили эҷоди навъе эътибори онҳо дар миёни кишварҳои ҷануб шуд.
Кишварҳои дар ҳоли тавсеа ё БРИКС тафовути зиёд аз Ғарби колониалистии собиқ надоранд. Ҳарду дар ниҳоят ғоратгаранд, аммо инҳо ба ҳайси нерӯи ҷавон аввал мехоҳанд Ғарбро аз майдони рақобат берун биронанд.
Ин рақобат тоза оғоз гардида, ҷаҳонро ё ба сӯйи тақсимбандии ҷадиди марокизи қудрат пеш мебарад ва ё ҳам нобудиро ба армуғон меоварад.
Намехоҳам рӯи авомил ва буҳронҳои адворӣ ва ғайра баҳс кунам, танҳо бо ин ишора кӯтоҳ мехоҳам ба асли мавзӯъ баргардам.
Таомул бо Толибон ба гунаи умда бар меҳвари рақобат ва манофеи ду гароиш сурат мегирад. Ин ки Толибон то чӣ ҳад аз ин бозии бузург огоҳӣ доранд ё надоранд, муҳим нест. Муҳим он аст, ки онҳо дар чунин ҷавви рақобатҳо имкони бақо пайдо кардаанд, чун бадил дар баробарашон вуҷуд надорад.
Ҳамон туре, ки ишора кардам, чеҳраҳо ва сохторҳои сиёсии гузашта бо аксарияти мутлақи вобаста ба Ғарб ҳам аз даврони ҷанги сарданд ва ҳам аз замони ду даҳаи ҷумҳурият. Инҳо ҳама фоқиди тарҳи бадил мебошанд. Бештари онҳо дастнигар ва вобастаҳои кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси Иёлоти Мутаҳидаи Амрико буда ва ҳастанд. Ҳеҷ кас дар байни онҳо барои тағйир намеандешанд, балки ба иштирок дар ҳокимият бо Толибон алоқаманд ҳастанд. На ба демократия ва на ҳам ба озодиҳо ба ҳайси арзиш менигаранд. Танҳо иштирок дар қудрат ягона хости онҳост. Шиорҳои сусти дифоъ аз ҳуқуқи занон ва ё таъсиси дубораи ҷумҳурият, бадил дар баробари Толибон ва барои оянда нест!
Ҳарду дар масъалаи ҳифзу таҳкими низоми толибонӣ - афғонӣ диди муштарак доранд. Дар миёни ҳарду сармоядории ҷурмӣ ҳоким аст ва бо он робитаи танготанг доранд. Бинобар ин, на душманӣ бо Толибон, балки шукӯҳи аз бурун боқӣ мондан аз дастархони қудрат омили аслии норизоиятии онҳо аст. Толибон инро хуб медонанд, ба ҳамин хотир, ба тавсияи амрикоиҳо ва бритониёиҳо, сармояҳои ғайриманқули онро бо амонатдорӣ ҳифз мекунанд.
Ҳоло агар тарафи мухолифинро канор бигузорем, Толибон на танҳо душмани Амрико нестанд, балки муттаҳиди табиӣ ва билқувваи он низ ба шумор мераванд. Ҳамчунон ҳамин Толибон бо ҷониби дигар, ки ба рақибони Ғарб маъруфанд, таомул ва равобити ҳасана доранд. Гурӯҳи кишварҳои ғайриғарбӣ, натанҳо режими Толибонро як шарики хуби иқтисодиашон мепиндоранд, балки ҳамзамон ҳеҷ гуна майл надоранд ба шеваи раҳбарӣ ва ҳукуматдории онҳо ангушти интиқод бигузоранд.
Муҳимтарин арзиш барои Чин, Ҳинд ва Русия иборат аз арзишҳои суннатӣ аст, ки либерал- демократҳо аз он тиҳӣ мешаванд, як намунаи он мавзӯъи ЛГБТ ё озодии ҳамҷинсгароӣ мебошад! Ин яке аз муштаракоти кишварҳои иқтидоргаро ва Толибон аст.
Дар бораи ин ки "чӣ гуна алайҳи Толибон бояд мубориза кард?" дар матлаби оянда хоҳем гуфт.