Хабари рӯз

Чаро Владимир Зеленский софу сода дархости раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро рад мекунад?

Нависанда: Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигор (Тоҷикистон)

Дар ҷараёни охирин сафари худ ба Киев, раиси Комиссиюни Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Антониу Кошта аз раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский хостанд иҷоза диҳад як комиссиюни махсус вазъияти хатти лӯлаи нафти “Дружба”-ро аз марзи Беларус то Словакия баррасӣ кунад, аммо бо ҷавоби манфӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мехостанд масъалаи таъмини нафти Словакия ва Маҷористонро ҳал кунанд, то ин кишварҳо дар муқобил тасмими Иттиҳодияи Аврупоро барои додани қарзи 90 миллиард доллар ба Украина масдуд накунанд.

Ба назар мерасад, ки ҳам Урсула фон дер Ляйен ва ҳам Антониу Кошта то ҳадде ба Зеленский вобаста ҳастанд. Баъид нест, ки Зеленский аснод ё иттилооте дар ихтиёр дошта бошад, ки барои онҳо мушкилсоз бошад, ва ӯ мӯътақид аст, ки дар ҳар сурат Урсула ва Антониу ҳамроҳ бо Кая Каллас тасмими лозимро аз тариқи Порлумони Аврупо тасвиб хоҳанд кард ва пул ихтисос дода хоҳад шуд.

Ба назар мерасад, барои Зеленский ормонҳо ва амбитсияҳои шахсӣ аҳамияти зиёд дорад: ӯ мехоҳад Виктор Орбан ва Роберт Фитсоро ба хотири бархӯрди ғайридӯстонашон бо ӯ ва Украина ҷазо диҳад ва ҳамчунин Русияро ба унвони душман, бо маҳрум карданаш аз яке аз манобеи аслии даромадаш, зери фишор бигузорад.

Аммо вазъияти Урсула фон дер Ляйен ва Антониу Кошта чӣ гуна аст?

Оё онҳо абзоре барои таъсиргузорӣ бар Зеленский надоранд? Оё раҳбарони чунин иттиҳоди бузурги байнидавлатӣ бояд чунин шароити сахтеро бипазиранд? Пас эътибори Иттиҳодияи Аврупо чӣ хоҳад шуд?

Кофӣ буд онҳо бигӯянд, ки Зеленский мумкин аст ҳимояти онҳоро аз даст бидиҳад. Дар он сурат раиси ҷумҳури Украина эҳтимолан омодатар барои гуфтугӯ мешуд.

Ба назар мерасад онҳо ба чанд далел наметавонанд барои Зеленский шарт бигузоранд:

1 - Маҳбубияти онҳо дар Иттиҳодияи Аврупо акнун хеле камтар аз маҳбубияти Зеленский аст; касе ки худи онҳо ӯро ба навъе рамз дар Порлумони Аврупо табдил карда ва дар ҷойгоҳи шахсе, ки Аврупоро наҷот медиҳад, қарор додаанд.

2 - Зеленский ҳоло аз тарафи раҳбарони се кишвари асосии Аврупо ҳимоят мешавад; ду кишваре ки на танҳо манобеи асосии таъмини молии Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, балки тасаввури Иттиҳодияи Аврупо бидуни онҳо душвор аст.

3 - Низоми фасоде, ки тавассути Зеленский эҷод шудааст ва бархе мақомҳои аслии Иттиҳодияи Аврупо низ дар он иштирок доранд.

4 - Тавоноиҳои низомии Украина, ки дар сурати ихтилоф бо Аврупо мумкин аст аз назорат хориҷ шавад.

5 - Душманӣ ва нафрати бесобиқа нисбат ба Русия, ки сабаб шудааст онҳо барои муқобила бо Маскав бисёре аз масъалаҳоро нодида бигиранд.

Ҳамчунин баъид нест, ки Зеленский асноде дар бораи пардохтҳои ғайриқонунӣ ё “комиссияҳо” дар ихтиёр дошта бошад, ки аз тарафи бархе мақомҳои аршади Иттиҳодияи Аврупо дарёфт мешавад; бавижа аз тарафи се раҳбари асосии Иттиҳодияи Аврупо: Урсула фон дер Ляйен, Антониу Кошта ва Кая Каллас.

Имрӯз камтар касе инкор мекунад, ки артиши Украина яке аз омодатарин ва ҷангозмудатарин артиши Аврупо мебошад. Ин артиш на танҳо аз назари теъдод аз артишҳои Бритониё, Олмон, Итолиё ва Испания ва ҳатто кишварҳое монанди Белгия, Нидерланд ва Дания бузургтар аст, балки ба анвои пешрафтаи силоҳҳо дастрасӣ дорад, ки бисёре аз артишҳои аврупоӣ аз он маҳруманд.

Оё мумкин аст ин артиш дар оянда, дар сурати барқарор шудани сулҳ бо Русия, ба таҳдиде барои худи Аврупо табдил шавад? Агар равобити Украина бо ҳамсоягони наздикаш мисли Маҷористон ва Словакия боз ҳам бештар тира шавад, чӣ иттифоқе хоҳад афтод?

Шояд беҳтар бошад аврупоиҳо аз ҳоло ба ин мавзӯъ фикр кунанд, ки оё Украина дар оянда ба дардисари ҷиддӣ барои қораи Аврупо табдил нахоҳад шуд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!