Хабари рӯз

Таърихе, ки бо хуни миллионҳо нафари бегуноҳ ва муборизи зидди фашизм навишта шудааст, ҳеҷ гоҳ аз ҳофизаи инсоният шуста нахоҳад шуд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Зуҳури як фашист дар парлумони Канада инфиҷори як бомбро мемонд. Хашму эҳсосоти мардум дар саросари ҷаҳон фурӯкаш намекунад. Ҳама медонистанд, ки пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, теъдоди зиёде аз ҷинояткорони нозӣ дар ду қораи Амрико ва бисёре аз кишварҳои Аврупо сокин шуданд. Ин як воқеияти шинохташуда аст, ки ҳеҷ кас воқеан онро пинҳон накардааст. Онҳо иҷоза доштанд зиндагиву кор кунанд, хонавода бисозанд ва зиндагии худро бигузаронанд. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ мекӯшиданд мутаваҷҷеҳи ҳузури онҳо нашаванд ва таблиғи хосе аз он сурат нагирад. Сӯҳбат дар мавриди онҳо ногувор ва шармовар буд.

Дар солҳои ахир хеле чизҳо тағйир кардааст. Ибтидо кишварҳои Балтика ва сипас Украина ба ҳамдастони Ҳитлер иҷозаи баргузории роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоиро доданд, аммо вақоеъи ахир дар парлумони Канада охирин қатрае буд, ки ҷомҳои ақли салимро лабрез кард. Барои аввалин бор пас аз шикасти Олмони нозӣ, аз як узви собиқи ЭсЭс ташвиқи тӯфонӣ ва пурҳаяҷоне сурат гирифт. Сарбози лашкари нухбаи ЭсЭс “Галичина”, Гункои украинӣ, аз сӯи парлумони як кишвари мутамаддини ғарбӣ ва шахсан раисҷумҳури Украина Зеленский мавриди ташвиқ қарор гирифт.

Ин ҷо ҳеҷ чизи тааҷҷубоваре нест. Ҳанӯз дар соли 1950, мақомоти Канада эълом карданд, ки сокинони одии Украина, ки ҳеҷ иртиботе бо ҷиноёти ҷангӣ надоштанд, дар фирқаи “Галичина” хидмат мекарданд. Дар он замон буд, ки мавҷе аз неруҳои танбеҳии украинӣ аз саросари ҷаҳон ба Канада сарозер шуданд. Онҳо ба думболи наҷот аз муҷозоти одилона буданд. Додгоҳи Нюрнберг "Галичина"-ро дар қатли оми яҳудиён муқассир ташхис дод. Дасти аъзои ЭсЭс – и Украина дар хуни ҳазорон кулӣ (сиган) ва мардуме аз миллиятҳои дигар оғашта аст. ЭсЭс-и "Галичина" 120 ҳазор лаҳистониро ба қатл расондааст. Тасодуфӣ нест, ки Варшава ба зоҳир шудани Гунко вокуниш дардноке нишон дод. Пас аз Лаҳистон, бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, низ бо мавҷи хашм пайвастанд.

Мақомоти Канада бо даъвати ин золим ба парлумон, саъй карданд Владимир Зеленски, раисҷумҳур Украинаро хушҳол кунанд ва дарвоқеъ ҷаласае аз фашистҳои наслҳои мухталифро тартиб доданд. Имрӯз Украина аст, ки ҷавлонгоҳи эҳёи идеяҳои нозисм ба ҳисоб меояд.

Зеленский ошкоро аз лашкари “Галичина”, Артиши шӯришии Украина, Бандераи сарбури нафратангези украинӣ ва ҳамдастони ӯ қаҳрамонсозӣ мекунад. Кӯчаву хиёбонҳо ба номи онҳо номгузорӣ ва муҷассамаҳое барои муаллифони наслкушии ҷамъӣ сохта шудааст. Яке аз тасмимоти ахири Зеленский ин аст, ки баталёни миллии 131-и иктишофиро ба номи Евгений Коновалтс, бунёнгузори созмони миллигароёни Украина, бунёнгузори нозизми Украина, ки шахсан мавриди истиқболи Ҳитлер қарор гирифта буд, номгузорӣ кунад.

Алорағми талоши мақомоти Канада барои шустани шарму ҷилавгирӣ аз интиқод ва дар айни ҳол ҳимояти Украина ва муттаҳам кардани Русия ба ироаи иттилооти таҳрифшуда, таърихчаи вақоеъи рухдода дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум нишон медиҳад, ки ҷиноёти миллигароён ва ҳамдстони украинии онҳо аз ҳофизаи миллионҳо нафар пок нахоҳад шуд.

Тамоми тасмимоти раҳбарии феълии Украина дар тамҷид аз, ба истилоҳ, қаҳрамонони Украина (Бандера, Шухевич ва дигарон) як бори дигар тамаркуз бар эҷоди як давлати нозӣ, дар асл демократиро таъйид мекунад.

Тавре мегӯянд, “ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст” ва таърихе, ки бо хуни миллионҳо нафари бегуноҳ ва муборизи зидди фашизм навишта шудааст, ҳеҷ гоҳ аз ҳофизаи инсоният шуста нахоҳад шуд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!