Хабари рӯз

Кӣ киро ба Ховари Миёна мекашонад: Амрико Русияро ё Русия Амрикоро?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Нахуст аз ҳама пирӯзии тими крикети Афғонистонро бар Покистон самимона табрик мегӯям.

Аммо мавзӯъи доғи рӯз масъалаи Ҳамос ва Исроил аст, ки мехоҳам дар ин маврид ҳақоиқеро бо шумо шарик созам.

Изофатар аз як ҳафта мешавад, ки шоҳиди ҷанги Ҳамос ва Исроил ҳастем, аммо баъд аз таҳқиқоти ҳамаҷониба дарёфтам, ки раҳбари Ҳамос Исмоил Ҳания ва Холид Машъал, ки ҳар ду аз раҳбарони Ҳамос ҳастанд, дар Қатаранд ва Қатар кишварест, ки бо дилу ҷон дар ҳимоят аз Амрико қарор дорад ва пойгоҳи Амрико (дар Ховари Миёна) дар он ҷост.

Рӯи ин саволот таҳқиқоти бештаре кардам ва шояд ин навиштаи ман мавриди писанди баъзеҳо набошад, вале вазифа имонӣ ва виҷдонии худ медонам, ки он чиро, ки бовар дорам, бинависам...

Ҳақиқати Ҳамос ва Исроил чист?

Ман ба унвони як инсон ва ба унвони як мусулмон хушунат саркӯб, ваҳшат ва зулмро аз ҳар суроғае раво дошта шавад, маҳкум мекунам. Ва ончи мардуми мазлум ва бедифоъи Фаластину Ғазза таҳаммул доранд, воқеъан дардвар ва ранҷовар аст.

Аммо чанд пурсиши муҳиму ибҳомоти ҷиддӣ назди ман шакл гирифтааст.

Аввал – ин ки вақте ба таърихчаи шаклгирии Ҳамос сар бизанед, мушоҳида мекунед, ки Ҳамос ба ҳимояти мустақим ва ғайримустақими қудратҳои бузурги минтақа, аз ҷумла худи Исроил шакл гирифта, чун яке аз аҳдофи шаклгирии Ҳамос ба ҳимояти Исроил камрангсозӣ ва ихтилоф миёни сарони Фаластин ба хотири озодихоҳӣ буд.

Дувум – ин ки вақте қудрати низомӣ ва истихборотии Амрико ва Исроилро мутолиа мекунем, он қадар дорои зарфияти баланд ҳастанд, ки дар минтақаву ҷаҳон камтар кишваре дорад. Вақте чунин аст чӣ гуна мумкин шуд, ки Ҳамоси муҳосирашуда, Ҳамоси контролшуда ин ду истихбороти қавии дунёиро фиреб дод ва даст ба чунин иқдоми бузург зад?

Севум - Ғазза танҳо бо Мисру Исроил марзи хокӣ дорад ва марзи обии он ҳам аз сӯи Исроил контрол мешавад. Чӣ гуна мумкин шуд, ки ин ҳама таҷҳизот аз марзи Исроилу Миср вориди хоки Ғазза шуд, ки худаш гузаштан аз ҳафт хони Рустам аст.

 Чаҳорум - чаро сарбозони Исроил он рӯз ҳама посгоҳҳои амниятии худро дар марз бо Ғазза тахлия карда буданд?

 Панҷум - магар дар сарзамини Ғазза ҳазорон камераи амниятӣ ба мудирияти Исроил насб нест? Бале, он ҷо ҳазорон камераи амниятӣ насб аст, ки кӯчактарин ҳаракату зиндагии шаҳрвандони Ғаззаро назорат мекард. Пас чӣ гуна мумкин шуд, ки ба ин ҳама тадобири Ҳамос камераҳои амниятии Исроил дар Ғазза мутаваҷҷеҳ нашавад?

 Ман ба ҷанги Исроил ва Ҳамос бовар надорам. Бале, ман ин ҷангро мудириятшуда ва сенарияи ҷадид мебинам. Бале, ман ин ҷангро 11 сентябри исроилӣ мебинам, ки шояд монанди 11 сентябр бошад, ки пойи Амрикоро ба Афғонистон кашонид, то як бори дигар баъд аз 20 сол мардуми Афғонистон ба ҷои ваҳшату даҳшат расид.

Бале, ин заргарии ҷангҳо ва ин ҷангҳои намоишӣ, фарсоишӣ, дастурӣ, таблиғотӣ ва дурӯғин аст, ки қудратҳои бузург ба хотири лашкаркашиҳо, ҷоҳталабиҳо, ҷобаҷоиҳо ва саркӯбҳои худ заминасозӣ менамоянд, барчасп мезананд ва таҳдидҳои дурӯғин халқ менамоянд.

Ба бовари ман, қудрати низомиву истихборотии Амрико ниҳоят бузург аст, метавонад ба хеле соддагӣ Ҳамосро нобуд кунад ва ё нобуд мекард, магар ин ки Ҳамос аз худаш намебуд.

 Қисме, ки маълум мешавад Русия дар ҷанг бо Украина ва Америка дасти баланд дорад. Дида мешавад, ки Украина ва Амрико дар ҷанг бо Русия танҳо мондаанд. Оҳиста-оҳиста Амрико ҷангро ба сӯи Ховари Миёна интиқол медиҳад, он ҷо тасфияи ҳисоб мекунад, он ҷо Русияро мекашонад, он ҷо Эронро даргири ҷанг месозад, он ҷо мехоҳад аз арабҳо истифодаҷӯии бештар кунад.

Ман ба унвони инсон ба муборизаи барҳаққи мардуми Фаластин бовар ва эҳтиром дорам ва орзу дорам аз ин зулму ваҳшат наҷот биёбанд, аммо Ҳамос ҳеҷ иртиботе ба мардуми Фаластин надорад, балки Ҳамос як созмони кироӣ ва маъмури ҷангҳои ниёбатӣ аст.

Мутаассифона, ман ояндаи ин рӯзҳои Ховари Миёнаро хеле торик мебинам ва агар мардумони сарзаминҳои Ховари Миёнаву арабҳо муттаҳид нашаванд, ҳушёр нашаванд, шояд ҳукуматҳои дастнишондаашон бо иштибоҳоти бузурги таърихӣ ва хомӯшиашон онҳоро дафн хоҳанд кард.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!