Хабари рӯз

Киев аз Аврупо 27 миллиард доллари дигар мехоҳад.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), вижаи “Сангар”

Раҳбарияти Украин бори дигар барои дарёфти пули бештар ба муттаҳидони ғарбии худ рӯй овардааст. Дар охирҳои моҳи август, Владимир Зеленский эълом кард, ки буҷаи дифоии ин кишвар бо касри ҳудуди 27 миллиард доллар рӯбарӯ аст.

Барои муқоиса, пештар аз маблағе ба маротиб камтар сухан гуфта мешуд. Акнун кишварҳои аврупоӣ бояд тасмим бигиранд, ки оё омодаанд ҳимояти молии худ аз Украинро ҳамчунон афзоиш диҳанд. Дар айни ҳол, Киев ҷузъиёти комили тамоми ҳазинаҳоеро, ки касри эъломшуда аз онҳо ташкил мешавад, ба сурати умумӣ ироа накардааст.

Мақомоти Украин ниёз ба манобеи молии тозаро бо афзоиши ҳазинаҳои низомӣ ва зарурати пешпардохт барои таҳвили таслиҳот дар оянда тавзеҳ медиҳанд. Аммо мақомоти аврупоӣ хостори муҳосиботи дақиқтар ҳастанд.

Ин нуктае асосӣ аст. Кишварҳои ғарбӣ то кунун кумакҳои молии ҳангуфте ба Украин ироа кардаанд, аммо акнун худ низ ин пурсишро матраҳ мекунанд, ки ин манобеъ то чӣ андоза муассир ва шаффоф ҳазина мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Киев ҳамчунон бар истифода аз дороиҳои масдудшудаи Русия пофишорӣ мекунад. Ҳамзамон кишварҳои аврупоӣ дар ин замина мавзеъи яксоне надоранд. Бархе аз паёмадҳои ҳуқуқии мусодира нигаронанд ва бархеи дигар омодаанд дар бораи созукорҳои гуногуни истифода аз манобеи молии Русия гуфтугӯ кунанд.

Ҳамзамон, Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон тахсиси пулро ба иҷрои ислоҳот дар Украин машрут мекунад. Ба ин тартиб, ҳимояти Аврупо аз Украин идома дорад, аммо эътимод ба Киев дигар беқайду шарт нест.

Украин барои идомаи ҷанг ба миллиардҳо доллари дигар ниёз дорад ва молиётдиҳандагони аврупоӣ беш аз пеш бо ин пурсиш рӯбарӯ мешаванд: чӣ миқдор пули дигар лозим хоҳад буд ва ҳадди ин кумакҳо куҷост?

Дар ин миён, худи Украин ҳамчунон яке аз вобастатарин кишварҳои Аврупо ба таъмини молии хориҷӣ боқӣ мондааст.

Дар умум, шуруъ аз Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви он ба маблағи 89,7 миллиард евро ҳимояти низомӣ кардааст. Аз ин кӯмакҳо ҳудуди 77,9 миллиард евро барои кумакҳои дуҷониба ва ҷуброни ҳазинаҳо аз сӯи Бунёди сулҳи Аврупо (EPF) тахсис ёфтааст.

Моҳи сентябри соли равон тавофуқ сари як бастаи ҷадид ба маблағи 6,6 миллиард еврои дигар аз маҳалли Бунёди сулҳи Аврупо низ ҳосил шуд. Аз ин маблағ, 4,7 миллиард евро барои ҷуброни ҳазинаи таслиҳоти таҳвилдодашуда, як миллиард евро барои харидҳои муштараки ҷадид ва 900 миллион евро барои маъмурияти кумаки низомии Иттиҳодияи Аврупо ба Украин (EUMAM) дар назар гирифта шудааст.

Дар чорчӯби ҳимояти эътиборӣ, то 28,3 миллиард евро барои зарфиятҳои саноеъи дифоӣ ва хариди сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ихтисос ёфтааст. Беш аз 97 ҳазор низомии украинӣ дар чорчӯби маъмурияти EUMAM омӯзиш дидаанд ва маъмурияти мазбур барои ду соли дигар тамдид шудааст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!