Хабари рӯз

Арзёбиҳои мутазод аз ҳокимияти Толибон метавонад равобити Русия ва Покистонро сард кунад.

Муаллиф: Эндрю Корибко, сиёсатшиноси амрикоӣ, муқими Маскав

То замоне ки Покистон ба ин гузориш ки Ҳинд бо таъйиди Русия хариди паҳподҳои белорусӣ тавассути Толибонро таъмини молӣ мекунад, эътибори козиб набахшад, равобити ду кишвар бояд побарҷо бимонад, ҳатто агар ба зудӣ рӯ ба сардӣ бигузорад. Ҳомии амрикоии Покистон метавонад аз ин гузориш барои мутақоид кардани Исломобод ба таслеҳи Украина "ба талофӣ” истифода кунад.

Русия ва Покистон дар ҳаштумин нишасти ройзаниҳои қолаби Маскав дар бораи Афғонистон, ки рӯзи душанбе баргузор шуд ва нахустин нишасти он ба даҳ сол пеш бозмегардад, дидгоҳҳое комилан мутазод дар бораи Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон матраҳ карданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, бозгашти Толибон ба қудрат дар панҷ сол пешро "раҳоӣ” хонд, ҳукуматдории ононро “нисбатан муваффақ” арзёбӣ кард, аз тавсеаи тадриҷии иқтисодии кишвар бо вуҷуди душвориҳо тамҷид кард, муваффақиятҳои онон дар мубориза бо маводи мухаддирро сутуд ва тавоноиҳояшон дар муқобила бо терроризмро таҳсин кард.

Ӯ дар тавзеҳи мавзӯи ахир гуфт, ки "нерӯҳои амниятии Афғонистон муборизае беамон бо ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ пеш мебаранд”, “садҳо ҷангҷӯ”-ро аз миён мебаранд ва аз “шуморе аз ҳамалоти террористии хабарсоз" ҷилавгирӣ мекунанд. Сипас Лавров таъкид кард: "Муҳим ин аст, ки кумак ба тақвияти тавони зиддитеррористии Кобул аз тариқи ироаи кумакҳои моддӣ ва коршиносӣ ва ҳифзи тамос миёни созмонҳои истихборотӣ ва ниҳодҳои муҷрии қонун, бо манофеи ҳамаи мо ҳамхонӣ дорад.”

Ӯ дар бахши поёнии суханонаш “бори дигар таъкид кард, ки истиқрори зерсохтҳои низомии НАТО дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, таҳти ҳар баҳонае, мутлақан ғайриқобили қабул аст”. Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия, дар мақолае дар августи 2025 дар бораи ин мавзӯъ ҳушдор дода буд; мақолае, ки дар он дар бораи интиқоли террористҳо ба Афғонистон низ ҳушдор дода шуд. Сипас дар моҳи май, ӯ ва Андрей Белоусов, вазири дифоъ, ин мавзӯъро дар рӯйдодҳои ҷудогонаи Созмони ҳамкории Шонгҳой матраҳ карданд. Ишораи зимнӣ ин аст, ки Покистон ба ин иқдомот кумак мекунад.

Ҳамин бардошт дар бораи ҳушдори моҳи июли Лавров низ сидқ мекунад, ки гуфта буд таслеҳот ва муҳиммоти ғарбӣ аз Украина ба шохаи афғонии ДОИШ, яъне “ДОИШ-и Хуросон”, мунтақил мешавад. Покистон танҳо кишварест, ки ҳамаи ин маҳмулаҳо дар амал метавонанд аз тариқи он ба Афғонистон бирасанд.

Муҳаммад Содиқ, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, дидгоҳе комилан мутафовит матраҳ кард. Ӯ ин пурсишро пеш кашид, ки оё Толибон воқеан ба афғонҳои одӣ кумак карда ва ба нигарониҳои муваҷҷаҳи кишварҳои ҳамсоя посух додаанд ё хайр; сипас ҳокимияти ононро бо унвони “режим” маҳкум кард ва ононро ба иртибот бо чандин гурӯҳи террористӣ муттаҳам сохт.

Аз ҷумлаи ин гурӯҳҳо, гурӯҳҳои зиддипокистонӣ, “Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ” (ETIM) бо гароиши зиддичинӣ, “ДОИШ-и Хуросон” ва “Алқоида” ҳастанд. Сипас Содиқ аз ҳамалоте дифоъ кард, ки Покистон аз феврал то кунун алайҳи аҳдофе анҷом медиҳад, ки ба гуфтаи ӯ бо террористҳо муртабитанд. Ҳамчунин бояд ишора намуд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон, Покистонро ба табонӣ бо “ДОИШ-и Хуросон” ва низомиёни пешини ҳукумати мавриди ҳимояти Ғарб, ки Толибон онро сарнагун карданд, муттаҳам кард. Ба иддаои ӯ, онон барои бесубот кардани кишвараш талош кардаанд аз марз нуфуз кунанд, аммо ноком мондаанд.

Арзёбии Русия аз Покистон ба унвони таҳдиде билқувва, ки дар боло шарҳ дода шуд ва Маскав ба равшанӣ ба он ишораи зимнӣ мекунад, бо арзёбие ҳамхон аст, ки Толибон ошкоро баён мекунанд. Ба далели ин ихтилофҳо, Покистон мумкин аст ба зудӣ ба гузориши ахир мабнӣ бар ин ки Ҳинд бо таъйиди Русия хариди паҳподҳои белорусӣ тавассути Толибонро таъмини молӣ мекунад, эътибор бибахшад. На Русия ва на муттаҳиди он, Беларус, дар ҷанги ниёбатии иддаоии Ҳинд алайҳи Покистон бо истифода аз Толибон мушорикат надоранд. Бо ин ҳол, ҳомии амрикоии Покистон мумкин аст аз ин иддаои нодуруст истифода кунад, то онро ба таслеҳи Украина “ба талофӣ” мутақоид созад.

Дар соли 2025, сафири Русия дар Покистон гузоришҳои пешин дар бораи ирсоли таслеҳоти покистонӣ ба Украинаро такзиб кард ва бад-ин тартиб масири наздикии ду кишварро, ки тайи солҳои ахир бо душвории бисёр ҳосил шуда буд, ҳифз кард. Бо ин ҳол, агар Кремлин шавоҳиде ба даст оварад, ки Покистон акнун Украинаро таслеҳ мекунад, ин наздикӣ метавонад ба суръат аз миён биравад. То замоне ки Покистон ихтилофҳои худ бо Русия бар сари Афғонистонро ба ин марҳала нарасонад, равобити ду кишвар бояд побарҷо бимонад, ҳатто агар ба зудӣ рӯ ба сардӣ бигузорад. Ин сардӣ ҳамакнун дар миёни бархе корбарони покистонии шабакаи Икс дида мешавад, ки интиқод аз Русия ва ҳатто тамасхур ва таҳрики онро оғоз кардаанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!