Хабари рӯз

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - паёмовари сулҳи ҷаҳонӣ ва посдори зистмуҳити солим ва яхчолҳои табиӣ дар ҷаҳон аст.

Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва пажӯҳишгар (Афғонистон), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Матлаби аслӣ: پیام‌آور و پاسدار

Дар ҷаҳони пурошӯб, ки мо зиндагӣ мекунем, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷанг, об шудани яхчолҳои табиӣ ва буҳронҳои зистмуҳитӣ, ҳаёти башари муосирро таҳдид мекунад. Хушбахтона, бархе аз раҳбарони сиёсӣ, бавижа мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат ва раисҷумҳури Тоҷикистон, ба сурати ҷиддӣ дар густариши сулҳи пойдори ҷаҳонӣ ва посдорӣ аз зистмуҳити солим ва ҳифзи яхчолҳои табиии Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош меварзад, ки раҳбарони сиёсии ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалиро мутаваҷҷеҳи густариши сулҳ дар ҷаҳон ва ҳифзи яхчолҳои табиӣ намояд.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши сулҳ ҳамеша пешқадам буда ва амалан ҳофизи сулҳ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа аст, зеро асосгузори сулҳ ва истиқлоли Тоҷикистон эшон аст. Бинобар ин, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳофизи сулҳ дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳон ба унвони як садои матраҳ ва ҷиддӣ дар дифоъ аз муҳитзисти солим ва сулҳи пойдор шинохта мешавад.

Ман вақте суханони таъсиргузор ва ҳамаҷонибаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар Конфронси байналмилалии ҳифзи яхчолҳои табиӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шунидам, қасд кардам ин ёддоштро бинависам, зеро ҳама бояд аз паёми Ҷаноби Олӣ дар бораи ҳамзистиву сулҳ ва ҳифзи яхчолҳои табиӣ ҳимоят кунем, зеро ин паём ба сарнавишти башарият иртибот дорад.

 

Оварандаи сулҳу истиқлол дар кишвар

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳбарест дар миёнаи буҳрон, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ густариш пайдо мекард, аз байни мардум баланд шуду ҳузур ёфт ва тавонист ба ҷанг поён бубахшад, Тоҷикистонро соҳиби истиқлол кунад ва ваҳдати милливу давлати миллиро рӯи кор биоварад. Ҳақиқат ин аст, дастоварди мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз намунаҳои муваффақ дар кишварҳои минтақа буд, ки ҷангро поён дод, ваҳдати миллиро тақвият кард ва бозсозӣ ва ободию амниятро дар кишвар густариш дод. Сулҳеро, ки Ҷаноби Олӣ ба вуҷуд овард, имрӯз яке аз сутунҳои аслии машрӯъият ва ифтихори миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҷаноби Олӣ борҳо дар суханрониҳои худ гуфтааст, ки сулҳ бузургтарин дастоварди миллат тоҷик аст ва бояд монанди гавҳари гаронбҳое аз он муҳофизат кунанд.

 

Нақшу таъсиргузории минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар сулҳ

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Тоҷикистон сулҳро зарурати ҷамъии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон медонад ва барои густариши сулҳи пойдор дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамеша ба дипломатияи фароминтақавӣ таваҷҷуҳи вижа доштааст. Дар нишастҳои байналмилалӣ, монанди Маҷмааи умумии Созмони Милал, ҳамвора бар зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тағйироти иқлимӣ таъкид карда ва баён доштааст, ки амният, сулҳ ва пешрафти пойдор ниёзманди талоши муштараки миллатҳо аст. Бино бар ин, боястӣ раҳбарони сиёсии кишварҳои минтақаву ҷаҳон аз рафтору назари мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои сулҳ, амният ва ҳифзи муҳити зисти солим улгу бигиранд.

 

Дипломатияи обӣ:  аз дағдағаи миллӣ то ибтикори ҷаҳонӣ

Аз вижагиҳои барҷастаи сиёсати хориҷии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи амиқ ба масоили зистмуҳитӣ, ҳифзи яхчолҳои табиӣ, ҷилавгирӣ аз гармоиши замин ва бавижа буҳрони об аст. Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ бо манобеъи обии фаровон аст ва дар сарчашмаи ду рӯдхонаи бузург (Амударё ва Сирдарё) қарор дорад. Бинобар ин, давлати Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи тағйироти иқлимӣ ва хатарҳои ношӣ аз тағйироти иқлимӣ дар ҳифзу мудирияти об аст.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо огоҳӣ аз тағйироти иқлимӣ ва хатароти он, кишварашро ба унвони яке аз пешгомони дипломатияи обӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Тоҷикистон аз солҳои пеш мизбони конфронсҳои байналмилалӣ дар бораи об буда, ба наздикӣ мизбони яке аз конфронсҳои муҳими байналмилалӣ дар бораи ҳифзи яхчолҳои табиии ҷаҳон гардид, ки Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузории ин конфронс нақши асосӣ дорад. Дар суханронии амиқ ва ҳамаҷонибааш дар ҳифзи яхчолҳои табиӣ ба раҳбарони сиёсии ҷаҳон паёми возеҳ ва ошкор ироа кард ва баён дошт, дар сурате, ки ба ҳифзи яхчолҳои табиии ҷаҳон таваҷҷуҳ нашавад, дар арсаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғизоӣ ва фарҳанги башарии муосир фоҷеаи башарӣ рух хоҳад дод.

 

Ахлоқи зистмуҳитӣ дар гуфтумони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар суханрониҳои расмӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша иртибот миёни инсон, табиат, эҳтиром ба занон, омӯзиши дурусти кӯдакон ва ояндаи башарият барҷаста будааст. Ҷаноби Олӣ ҳушдор додааст, ки агар буҳрони об ва иқлим ба дурустӣ мудирият нашавад, мумкин аст ба даргириҳо ва гирифториҳои ояндаи башар табдил шавад. Роҳкору назари мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, дар сурате, ки кишварҳо бо рӯҳияи ҳамкорӣ вориди майдон шаванд, ҳамин манобеъ метавонанд поягузори сулҳ ва ҳамкории минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бошанд.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон намунае аз раҳбаре донист, ки дар миёни буҳронҳо, сиёсати сулҳи пойдори минтақаӣ ва ҷаҳониро интихоб кардааст. Аз талошҳои Ҷаноби Олӣ барои поён додани ҷанги дохилӣ гирифта, то ибтикороти эшон дар заминаи муҳити зист ва об. Маҷмӯае аз иқдомот ба чашм мехӯрад, ки фаротар аз марзҳои миллӣ барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маъно ва паём дорад.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон аз паёмоварони сулҳ, ҳифозат аз зистмуҳити солим ва ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ шинохта мешавад. Ҳақиқат ин аст дар ҷаҳони муосир, камтар раҳбари сиёсиеро метавон пайдо кард, ки монанди мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигарон ва мутаваҷҷеҳи сарнавишти башарият ва табиат бошад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!