Хабари рӯз

Дар сарзамини мо аз хушии дигарон ношод ва аз андӯҳи дигарон хушнуд мешаванд.

Нависанда: Малик Ситез

Матлаби аслӣ: آیا ما می‌توانیم ملت شویم؟

Дар оғоз бояд аз худ бипурсем: оё мо як миллат ҳастем? Дардмандона, посухи машҳуд ба ин пурсиш “на” аст. На хайр, мо миллат нестем. Хонаи муштарак, вале аҳдофи гуногун дорем. Мо мутааллиқ ба як сарзамин ҳастем, аммо манофеъи муштараки равонӣ бо ҳамдигар надорем. Ин воқеияти талхро бояд бипазирем. Бо вуҷуди шиорҳои отифӣ, ки сиёсиён дар боби миллати воҳид матраҳ мекунанд, ҳақиқати дарднок ин аст, ки мардуми мо беш аз ҳар замони дигар аз ҳам муталошӣ шудаанд.

Ин ҷо панҷ омили аслии набуди миллат дар кишварро бармешумурам.

1 - Нобаробарӣ ва истикбор

Вақте ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеа ба абзори тазаллум ва истибдод табдил мешавад ва гурӯҳеро бар соири гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳоким месозад, баробарӣ ҷояшро ба табъиз ва истибдод месупорад. Табъиз дар тақсими манобеъ, ҳуқуқ, фарҳанг ва иқтисод роҳ боз мекунад ва сабаби буҳрони иҷтимоӣ мегардад. Идеологияи ҳоким аҳдофи сиёсиашро бар шаҳрвандон таҳмил мекунад ва ҳуқуқи асосии инсонҳо поймол мешаванд.

2 - Набуди адолати иҷтимоӣ

Адолати иҷтимоӣ замоне маъно пайдо мекунад, ки ҳокимияти сиёсӣ ба каромати инсонии шаҳрвандон ба унвони муаллифаи асосии низоми сиёсӣ арҷ гузорад. Дар кишвари мо адолат аз айнаки идеологияҳои ҳоким бар мардум дида мешавад ва ҳисси фақру бечорагиро бар шаҳрвандон муставлӣ месозад. Шаҳрвандон ба фақри адолат одат мекунанд ва беадолатӣ ба фарҳанги сохторҳои сиёсӣ дармеояд.

3 - Набуди манофеи равонӣ

Нобаробарӣ ва беадолатӣ сабаб мешавад, ки мо натавонем манофеъи равонӣ ва муштаракоти иҷтимоӣ бо ҳамдигар халқ кунем. Аз ин рӯ, дар хушӣ ва андӯҳи ҳамдигар шомил нестем. Бовар кунед, ки ҳатто кутлаҳои мутафарриқ дар сарзамини мо аз хушии ҳамдигар ношод ва аз андӯҳи дигарон хушнуд мешаванд. Бояд рост гуфт ва аз ҳақиқат наҳаросид.

4 - Заъфи ҳуввиятӣ

Нобаробарӣ, беадолатӣ ва адами манофеи равонӣ сабаби буҳрони ҳуввиятии мо шудааст. Њатто мо болои ном, парчам, ҳуввияти миллӣ ва соири муштаракоти миллӣ, ки вижагиҳои намодин ва таърихии як давлати миллӣ ҳастанд, шак пайдо мекунем. Мо чи тавр муштарак ҳуввияти худро аз даст додаем. Медонам талх ва дарднок аст, аммо воқеият аст.

5 - Тазъифи манофеъи миллӣ

Хуб, манофеъи миллӣ чӣ гуна шакл гирад, вақте адолат, каромат, муштаракот ва ҳувияти шумо дар гаравгони ҳокимияти сиёсӣ ва таҳмилӣ қарор гирад? Манофеъи миллӣ як гуфтумони арзишманд аст, ки ҳалқаҳои иқтидор, амният, пойдорӣ, ҳокимияти қонун, ҳуқуқи башар ва машрӯъияти онро пайванд мезананд. Ин дар ҳолест, ки мо ҳалқаҳои мутазаккираро ба даври манофеи миллӣ маҳкам накардаем.

Ин панҷ камбуд ва таноқузи асосӣ ҷомеаи моро ба ҷазираҳои бекадхудо табдил кардааст. Толибон ҳокимиятеро бар ҷомеаи мо муставлӣ карда, ки ҳеҷ яке аз ин меъёрро риоят намекунад. Мо аз гуфтани воқеиятҳо нанг мекунем ва мешармем. Ман теъдоди зиёде аз ҳаммеҳанонамро мешиносам, ки ин камбудиҳоро ба хубӣ медонанд, дарк мекунанд ва мешиносанд, аммо аз гуфтани воқеияти талх, ки “мо миллат нестам” ор доранд. Ба назарам ин таваҳҳуми ошкор дар миёни мо бисёр роиҷ гаштааст. Росташ ин аст, ки мо аслан як миллати воҳид нестем.

Аммо бар мегардам ба пурсиши асосии ин навишта: оё мо метавонем миллат шавем?

Посухи ман барои ин пурсиш машрут аст, яъне ман ин шароитро барои рафтан ба сӯйи миллат шудан лозимӣ медонам.

Нахустин пешшарти миллат шудан ТАСОҲУЛ аст. Тасоҳул ба маънии пазириш ва таҳаммули назарот, ақоид, рафторҳо ва арзишҳоест, ки бо ақоид ё арзишҳои шумо мутафовит ҳастанд. Тасоҳул аз ин аносир сохта шудаанд:

 Эҳтиром ба танаввӯъ, яъне шумо бояд ба танаввӯъи фарҳангӣ, таборӣ, мазҳабӣ ва... дигарон ба сони худ ҳурмат қоил шавед.

Мусоламатомез будан, яъне барқарории робитаи мусолиматомез бо дигарон, ҳатто мухолифини худ.

Касратгаро, яъне пазириши дидгоҳҳои дигарон ва эҳтиром ба нақду назариёти мутафовит аз шумо.

Ҷилавгирӣ аз таассуб, яъне эътидолро риоят карда ва аз қазоватҳои ноодилона бипарҳезед.

Дувумин пешшарти миллат шудан РАВШАНГАРӢ аст. Равшангарӣ ба маънои ҳамоҳангии ҷамъии инсонҳои мутааҳҳид дар ҷомеа ба манзури парвариши огоҳии иҷтимоӣ дар ҷиҳати ислоҳот ва адолат аст. Барои равшангарӣ аносири зерро ҷудо бояд дар назар дошт.

Хирадварзӣ ва ақлоният, яъне бо истифода аз мантиқ ва тафаккури наққодона ба хурофот бояд “на” гуфт.

Эътиқод ба илм ва пажӯҳиш, яъне барои расидан ба миллат шудан бояд ҳинҷорҳои илмӣ ва таҷрибаҳои таърихӣ ва байналмилалиро омӯхт ва аз онҳо истифода кард.

Ҳуқуқи башар, яъне робитаи қудрат ва шаҳрвандро ба дурустӣ шиносоӣ кард ва низому сохтори сиёсиро бар мабнои он табйин кард.

Севумин пешшарти миллат шудан ТАҚВИЯТИ НИҲОДҲОИ ИҶТИМОӢ аст. Ниҳодҳои иҷтимоӣ бозигарони асосӣ барои сохтани майдонҳо ва пулҳои иртибот ва гуфтугӯ ҳастанд. Ниҳодҳои иҷтимоиро ҷомеаи маданӣ мегӯянд, ононе, ки барои гузор ба миллатсозӣ пули робит миёни хостҳои шаҳрвандӣ бо ҳокимияти сиёсӣ ҳастанд. Ниҳодҳои мадании сохторҳои назоратӣ бар қудрат ва иродаи шаҳрвандон ҳастанд.

Чаҳорумин пешшарт барои эҷоди гуфтумони миллат шудан, эҷоди ҲОКИМИЯТИ ҚОНУНМАДОР аст. Ҳокимияти қонунмадор дарвоқеъ бистари ин гуфтумонро ҳамвор месозад ва барои татбиқи он барнома мерезад. Барои ин кор муҳим аст, ки ҳокимияти қонунмадор бо мушорикати фаъоли сиёсии мардум шакл гирад ва барои роҳандозии мароҳили миллатсозӣ мутааҳҳид бошад.

Панҷумин пешшарти миллат шуданро эҷоди ФАЗОИ АРЗИШМАНД БАРОИ ГУФТУШУНУДИ СОЗАНДА шакл медиҳад. Ҷавҳари ин гуфтушнудҳоро паёмадҳои пажӯҳишӣ шакл медиҳанд, ки дар давраи равшангарӣ бор меоянд. Аз сӯи дигар, ҷомеаи маданӣ метавонад паёмбарони ҳуқуқ ва хостҳои шаҳрвандӣ дар ин раванд бошад, то миллатсозӣ дар ҷомеа ҷо биуфтад.

Шашумин ва охирин пешшарти миллатсозиро ТАРҲИ ҚАРОРДОДИ ИҶТИМОӢ месозад. Қарордоди иҷтимоӣ робитаи шаҳрвандонро бо низоми сиёсӣ таъриф, ҷойгоҳи низомро таъйин, нақши миллатро дар таъйини сарнавишт бозтаъриф ва мукаллафиятҳои давлат-миллатро машрӯъият мебахшад. Дар қарододи иҷтимоӣ миллат, давлат, манофеъи миллӣ, амнияти миллӣ ва мукаллафиятҳои шаҳрвандӣ таъриф ва таъйин мешаванд. Қарордоди иҷтимоӣ бояд аз дили панҷ марҳалаи болоӣ бурун ояд ва тавассути ҳамапурсӣ ба тасвиб ҳамаи шаҳрвандон бирасад.

Ҳоло агар мо аз ин масир убур кунем, ман ба ин бовар ҳастам, ки қатъан миллат шудан барои мо муяссар аст. Медонам ин масири бисёр душвор аст, аммо номумкин нест. Ман дар давлатҳои мухталифе дар ҷаҳон кор кардаам, ки ин масирро бо душвориҳо ва чолишҳо сипарӣ кардаанд. Аммо ин давлатҳо тавонистаанд ба сӯи миллат шудан гом гузоранд ва мо низ метавонем.

Ман мутааҳҳид ба ҳамин роҳкор ҳастам ва пайваста дар ин роҳ равшангарӣ мекунам ва хоҳам кард. Касоне, ки маро ба дурустӣ намешиносанд, умедворам ин ҷусторро мурур кунанд, он гоҳ дар шинохти ман тасмим гиранд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!