Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: خلیلزاد و همسرش در "پروژه خلیلزاد"
Аз Халилзод захми зиёд хӯрдем ва гуфтем, аз як фарзанди қабила наметавон гилоя кард. Гуфтем, ки “гургзода оқибат гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад”. Гуфтем, ки Амрикову донишгоҳаш ва дастгоҳи дипломтиаш натавонист афкори палиду бадавиро аз Халилзод бигирад ва ӯро инсон бисозад.
Аммо ҳамсари Халилзод, мегӯянд, як зани яҳудӣ аст. Маъруф аст, ки яҳудиҳо чун қурбонии фашизманд, дар ҳар ҷои дунё кӯшиш мекунанд, ки алайҳи фашизм биҷанганд. Мегӯянд, зани Халилзод устоди донишгоҳ аст ва пажӯҳишгар аст ва ин ановинро дар Ғарб одамҳои маъмулӣ ва бо афкори террористӣ ба даст намеоваранд. Аммо ҳоло дида мешавад, ки ҳамсари Халилзод низ по ҷои пойи ҳамсараш гузоштааст. Ў низ талош карда то барои Толибон лобигарӣ кунад ва ба ғарбиҳое, ки аз Афғонистон хабар нестанд, бигӯяд, ки Афғонистон гулу гулзор аст.
Гуфта мешавад, ки ин зани яҳудие, ки таҳти таҳаффузи созмони СиАйЭй ба Кобул сафар карда ва чанд рӯзе дар ҳотели Серена буда, дар мақолае навиштааст, ки тасвири ироашуда аз Афғонистон тавассути расонаҳо таблиғот аст ва Афғонистон ҷои хубе барои занон аст ва набояд касе аз Толибон битарсад. Ӯ ба гуфтаи доктор Ситез, дар тавҷеҳи сиёсати зидди муҳоҷирати Трамп мақола навишта ва шояд мукофоти бузурге аз идораи Трамп дарёфт кунад.
Коре, ки Шерил Бенард дар ин мақола анҷом дода, ҳамон корест, ки Халилзод тайи сӣ соли ахир ва бавежа дар ҳафт соли ахир анҷом додааст. Халилзод дар идомаи ҳимоят аз Толибон, аз соли 2018 ба баъд шурӯъ кард дар ривоятсозӣ ба нафъи Толибон. Нуктаи меҳварӣ дар ин ривоят ин буд, ки Толибон тағйир кардаву ислоҳ шуда ва набояд аз онон тарсид. Ҷолиб ин аст, ки имрӯза ҳама ҳарфҳои Халилзод дар бораи Толибон дурӯғ собит шуда, аммо занаш риштаи ин дурӯғбофиро ба даст гирифта ва идома медиҳад.
Ба назар мерасад, ки сафеднамоии Толибон як проекти сирфан халилзодӣ нест ва балки як ҳалқаи нерӯманд дар Ғарб тасмимаш ҳамин аст, ки ҳар аз гоҳе бар пайкари сиёҳи Толибон ранги сафед бипошад. Дарвоқеъ Халилзод ва занаш аҷироне дар хидмати ҳамин ҳалқаанд. Дову душноми мардуми мо ба забони форсӣ дар гӯши амрикоиҳо намеравад ва Халилзоду занаш бо дили ҷамъ ба нафъи толиб таблиғ мекунанд.
Ростӣ, чун Халилзод дар зеҳни мардуми мо ба порчаи сурх дар баҳси ҳимоят аз Толибон табдил шуда ва ба ҳамин далел афкори омма бо резбинӣ рафтори ӯ ва ҳатто занашро зери назар доранд. Агар мақолаи зани Халилзодро як амрикоии дигар менавишт, шояд чандон хабарсоз намешуд. Камо ин ки афроди зиёде дар ин арса фаъоланд. Яке аз ин занон раиси ЮНАМО дар Кобул (Роза Отунбоева – “Сангар”) аст, ки дар ҳар маҷлисе ба нафъи Толибон ҳарф мезанад.
Дар ин миён сукути ташаккулҳои мудофеъи занон дар баробари зани Халилзод низ ҷолиб аст. Ин сукут ишора ба ин дорад, ки хеле аз ҳаракатҳои занона ё вобаста ба Халилзод ва проектҳои амрикоӣ барои маҳори ҳаққхоҳии занона аст ё ҳам тамаъ доранд, ки Халилзоду занаш коре ба инҳо анҷом хоҳанд дод ва ба истилоҳ, кейс(парванда)-ҳои паноҳандагиашонро мухтал хоҳад кард.