Ғарб барои меҳвари Шарқ чӣ талаи ҷадиде гузоштааст?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Иёлоти Муттаҳида Толибонро бо ҳамкории Покистон ба қудрат расонд, дар ҳоле, ки Русия, Эрон ва Чин, бо ин гурӯҳ вориди таъомулоти амниятӣ шудаанд. Ҳинд, Туркия ва кишварҳои арабӣ низ равобити худро бо Толибон ҳифз кардаанд. Имрӯз Амрико ба сурати моҳона ба Толибон пули нақд ирсол мекунад. Эрон мушовараву кӯмакҳои мусташорӣ медиҳад, чиниҳо аз онҳо ҳимояти сиёсӣ ва иқтисодӣ доранду русҳо низ ин гурӯҳро ба расмият мешиносанд.
Дар ин миён, Покистон зоҳиран аз Толибон хашмгин аст ва ба далели ҳамалоти Таҳрики Толибони Покистон (ТТП), вориди ҷанги лафзиву расонаӣ бо Кобул шудааст. Аммо ҳақиқат он аст, ки Толибон зодаи тафаккуру низоми амниятии Покистонанд ва дар ҳамон хок ба як ҷунбиши сиёсиву мазҳабии тамомайёр мубаддал шуданд. Бо ин ҳол, имрӯз Ҳинд Толибонро ба Деҳлӣ даъват кардаву хоҳони ҳамкорӣ бо онҳост. Дар ҳоле ки Туркия ва кишварҳои арабӣ мекӯшанд дар нақши миёнҷӣ миёни Толибону Исломобод зоҳир шаванду ҳамзамон дар ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида, сенарияи ҷадиде аз бозии дипломатиро пеш бибаранд.
Акнун ин бозӣ вориди марҳалае тоза бо таҳаррукоти истихборотии машкук дар пайи инфиҷорҳои Ҳинду Покистон шудааст. Ду гегемони Осиёи Ҷанӯбӣ дар масири тақобули ғайриқобили пешбинӣ қарор гирифтаанд ва ҳанӯз маълум нест, гоми баъдиашон чӣ хоҳад буд. Толибон бо бастани дарвозаҳои музокира бар рӯи Покистон, зоҳиран омодаи вуруд ба фози тозае аз бозианд. Ин фаза, дарвоқеъ талаест, ки Ғарб барои меҳвари Шарқ густурдааст: бозии ба дом андохтани Шарқ бо тактикҳои чандлояӣ.
Ғарб дар талош аст, то бо ду ҳаракати мувозӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ду ҷабҳаи ҷадид алайҳи Шарқ бигушояд. Ҷабҳаҳое, ки ҳадафашон эҷоди дардисарҳои амниятӣ ва сиёсӣ барои Русия ва Чин аст. Дар майдони Осиёи Марказӣ, марҳалаи сеюми “Бозии Бузурги Ҷадид” оғоз шудааст: ташвиқи кишварҳои минтақа ба пайвастан ба занҷираи муҳосираи Эрон, Чину Русия, халқи танишҳои маснӯъӣ дар Ҷануби Осиё ва фаъолсозии таҳаррукоти амрикоиҳо дар Ховари Миёна, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо, дар ҳоле, ки дар Украина, русҳо гом ба гом пешравӣ мекунанду буҳрони Аврупо рӯз ба рӯз вахимтар мешавад.
Дар сатҳи калон, се меҳвари қудрати Шарқ, Ғарбу Аврупо дар ҳоли бозчинии абзорҳои байналмилалии худ барои ҳифз ё густариши нуфузашон ҳастанд. Ҳар яке аз инҳо агар аз қоидаи бозӣ ҳазф шаванд, тавозуни ҷаҳонӣ ва суботи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дучори дигаргунии бунёдин хоҳад шуд. Ба ҳамин далел, ҳар меҳвар мекӯшад бо гузиниши ҷуғрофиёии ҷадид, фаъолсозии шабакаҳои ғайридавлатӣ, ҷанги ривоятҳо ва баҳрабардорӣ аз буҳронҳои амниятӣ, саҳми худро аз маркази сиқли қудрати ҷаҳонӣ ҳифз кунад.
Аммо танишҳои миёни Толибон, Ҳинду Покистон беш аз ҳар чиз, ояндаи ҷанубу шимоли Осиёро таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Толибон акнун метавонанд дар таҳаввулоти ҷануби Осиё, аз тариқи наздикӣ ё фосила гирифтан аз Исломободу Деҳлии Нав нақши таъйинкунандае дар бесуботсозии минтақа ифо кунанд. Он ҳам бо такя бар гурӯҳҳои ифротие чун Алқоида, ДОИШ-и Хуросону шабакаҳои ифротии Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна. Ин сенария метавонад ба абзори ҷадиде барои печидатар кардани вазъияти амниятӣ дар марзҳои меҳвари Шарқ табдил шавад.
Бо ин ҳол, меҳвари Шарқ то кунун бо сабру истиқомати роҳбурдӣ, аз ҳар гуна вокуниши аҷулона дар қиболи Афғонистон худдорӣ кардааст. Аз сӯи дигар, Ғарб дар чаҳор соли гузашта нахоста Толибонро ба таври воқеӣ маҳдуд ё саркӯб кунад, зеро аз режиме, ки ҳеҷ пуштувонаи мардумӣ надорад, барои таҳмили кантроли комилу тӯлонимуддати худ бар Афғонистон истифода мекунад. Аммо ин раванд дер ё зуд мӯҷиби хашми меҳвари Шарқ хоҳад шуд.
Акнун Толибон дар нуқтае ҳассос аз таърихи худ истодаанд: ё бояд Таҳрики Толибони Покистонро таҳвили Исломобод диҳанд ва ба самти тақвияти ДОИШ-у Алқоида ҳаракат кунанд, то бахше аз пружаи бесуботсозии минтақаии Ғарб шаванд, ё бо тағйири авлавиятҳо, бозии дугонае миёни Ҳинду меҳвари Шарқ оғоз кунанд.
Интихоби душворе дар пеш аст, зеро убур аз вазъияти кунунӣ бо тасмимоти сода мумкин нест. Толибон нишон додаанд, ки дар ҷангидан тавоно ҳастанд, аммо маҳорати дипломатияи мудирияти буҳронро надоранд. Ояндаи Афғонистону минтақа дар гарави он аст, ки Толибон аз ин бунбасти хатарнок чӣ гуна убур хоҳанд кард: бо ақлонияти сиёсӣ ё бо суқут дар бозии чандваҷҳии қудратҳои ҷаҳонӣ.