Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида ва Инглис рӯи нақши раҳбарии Покистон дар тарвиҷи як Бозии бузурги ҷадид дар Осиёи Марказӣ ҳисоб мекунанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар таомулоти кунунии ҷаҳонӣ миёни қудратҳо ва шибҳиқудратҳо, маънои иттиҳодҳо ба куллӣ мутаҳаввил шудааст. Вазъият тавре шудааст, ки миёни қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақаӣ ва бозигарони мустақил, ки тавонмандии нақшороӣ дар таомулотро доранд, аслан иттиҳоде вуҷуд надорад ва эътилофҳои муваққатӣ тавъам бо адами садоқату найранги бозиҳо, миёни бозигарони таъсиргузор, як расми маъмул аст ва ин аст, ки муъзали Афғонистон ба шакли муаллақ боқӣ мондааст.

Амрико, Инглис, Покистон ва Ғарб дар як тарафи қазия ва дар ҳимоят аз Толибон ва Русия, Чин ва Эрон дар тарафи дигар қазия дар миёни ҳимоят аз Толибон ва талош барои бадили он қарор доранд. Сардаргумӣ ва ибҳом рӯйи сарнавишти Афғонистон минҳайси як мутағайири вобаста ба мутағайири мустақили низомҳои минтақаиву ҷаҳонӣ, ба асоси фуқдони ин иттиҳодҳо миёни бозигарони мухталиф маҳсус аст. Ҳеҷ гоҳ Амрико бо Инглис ва Ғарбу Покистон дар як зарфи куллӣ намегунҷанд.

Аз сӯйи дигар, вазъияти зоҳирӣ миёни Русия, Эрон ва Чин вазъияти иттиҳод нест, роҳбурде, ки файсалакун бошад. Биноан он чи дар робита ба вазъият ва сарнавишти Афғонистон дида мешавад, эътилофи муваққате рӯйи манофеи амниятӣ ва иқтисодии ба сурат фардиву инҳисорӣ аст. Суизанҳо, бардоштҳои амниятӣ ва истифодаи абзорӣ аз вазъият ва мавқеиятҳои пешомада, чунон нишон медиҳад, ки барномаи дарозмуддате барои Афғонистон ва минтақа вуҷуд надорад.

Покистону Чин дар як тафоҳуми роҳбурдӣ рӯйи ҳифзи Толибон тавофуқ доранд ва як мусалласи таомули амиқи фикриро рӯи гузинаи Толибон ба вуҷуд овардаанд. Покистон дар наздикии Чин бо Толибон нақши муассир бозӣ кардааст ва ҳардуро то сарҳади эътимоди амниятиву иқтисодӣ кашондааст. Дар ҳоле ки ҳамин Покистон дар барномаи роҳбурдии Амрикову Инглис низ шомил аст. Ҳар се зилъи ин бозӣ рӯйи тақвияту ҳифзи Толибон дар қудрат иштироки назар доштаанд. Ба ин ҳисоб навъе аз тазод ва тақобули дидгоҳҳо миёни Чин ва ду зилъи дигар, монанди Инглису Амрико, гум аст. Ин ҳолати сардаргумӣ ва ибҳоми ношӣ аз печидагии бозӣ аст.

Эрону Русия дар як зилъи амниятӣ рӯи гузинаҳои эҳтимолии ба вуҷуд овардани як меҳвари муқовимат дар шимолу ғарби Афғонистон фикр мекунанд, вале ин фикр ҳанӯз ҳам яке аз ду гузинаҳо барои оянда нақши ин кишварҳо дар таомулоти Афғонистон маҳсуб мешавад. Чин дар масоили бузургу ҷаҳонӣ бо Русияву Эрон эътилоферо ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле ки дар қазияи Афғонистон, масири мутафовит ва ҷудоро пеш мебарад.

Амрикову Инглис барои пешбурди бозии бузурги ҷадид дар Осиёи Марказӣ, рӯйи нақши мудирияти Покистон ҳисоб боз кардаанд. Ин ҳисоб боз карданҳо рӯи гузинаи Покистон, барои феълан ба иллати ташаннуҷу вахомати авзоъи сиёсиву амниятӣ дар Покистон, муаллақ мондааст ва ҳолати интизорро таҷриба мекунад.

Покистон бо тамоми ҷиноҳҳо бозӣ мекунад: ҳам Чин ва ҳам Инглису Амрико. Эрон дар як ройзанӣ бо Покистон қарор дорад, то манофеи амниятиаш бо ташдиди ҳамалоти балучҳо таъмин ва барои ҳифзи он талош мекунад. Муаммои амниятӣ перомуни Афғонистон, агарчи зоҳиран дар гурӯҳи эътилофҳои муваққатӣ аст, аммо он чи ки гуфта шуд, муаммои амниятӣ миёни бозигарони минтақаӣ ва фароминтақа барои Толибон майдони бештар додааст. Бисёре аз бозигарони матраҳ дар майдони Афғонистон, албатта дар буъди хориҷӣ, даст ба кор шуда ва бо эҷоди шабакасозиҳо, дар талоши бистарсозӣ барои ҳамкорӣ ва рақобат ҳастанд. Ин шабакаҳо дар ду сатҳи дохилӣ аз муҳраҳои асосии низомӣ ва сиёсӣ, қишри технократ ва дар сатҳи хориҷӣ аз қудратмандтарин канали иттилоотӣ сохта шудааст.

Сиёсати каналсозӣ ва истифода аз зарфиятҳои бумӣ натиҷаи хубе додааст. Толибон, ки қудрати сиёсиро дар даст доранд, худ намунаи комиле аз як канали эҷодшуда тавассути созмонҳои иттилоотӣ ҳастанд. Ба ҳамин малҳуз аст, ки ҷунбишҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои матраҳ дар майдони Афғонистон, баъд аз суқути ҷумҳурият дар тангнои амалкардӣ қарор гирифтаанд ва бино бар адами алоқамандии бозигарони минтақа ва фароминтақа, рӯяшон касе ҳисоб боз намекунад.

Русия ва Чин алорағми он ки дар тағйири моҳияти низоми байналмилалӣ аз назми холиси амрикоӣ ба чандқутии мавриди назар ҳамназар ҳастанд, аммо дар мавзӯи Афғонистон, ҳисобҳои ҷудогона боз кардаанд. Эрон дар ин миён мутаносиб бо тавонмандиҳояш дар майдони ҷангиву сиёсӣ ҷанбаи корбурдӣ дорад. Покистону Эрон ҳамзамон бо истифода аз корти муҳоҷирони афғонистонӣ дар талоши барҳам задани ҳар хел тавофуқи қаблӣ бо Толибон ҳастанд, ки қарор аст миёни Чин, Русия ва Амрикову ғарбиҳо ба вуҷуд биёяд. Шояд тасаввураш мушкил набошад, ки ҳамин мавзӯи муҳоҷирон худ буъди амниятии қазияи сиёсии Афғонистон аст.

Чин бо ҳисобҳои бузург ва харчу дахлҳои бешуморе, чашми тезбинашро ба маодин, бозор ва майдони Афғонистон дӯхтааст. Ин кишвар дар талош аст, то ба воситаи корти иқтисодиву молӣ, аз Афғонистон, ки минҳайси як қутби транзитӣ кор медиҳад, истифода барад. Русҳо нигарони вазъияти амниятӣ, тааддуди гурӯҳҳои террористӣ дар шимолу шимолу шарқи Афғонистон, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва эҷоди иртибототи наздики Толибон бо Чин, Покистон ва ҳамзмон бо Эрон аст.

Нақши Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Инглис яксон нест. Алорағми он ки ҳар се кишвар, дар як хатти фикрӣ дар мавриди Афғонистон ҳаракат мекунанд, дар мавориде бисёр ихтилоф доранд. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бо Толибон иртиботи наздик доранд ва аз муровидоти ғайримутаорифи иттилоотӣ баҳра мебаранд.

Эрониҳо бо баҳонаҳои мухталиф, об, танишҳои марзӣ ва эҷоди гурӯҳҳои террористӣ, ки тавассути Толибон тамвил мешаванд, дар талоши истифода аз зарфиятҳои хуфтаи майдони Афғонистон аст, ки барои нақши ин кишвар муҳим пиндошта мешаванд. Масалан, Фотимиюн, аҳзоби шиа, гурӯҳҳои муқовимат ва дастаҷоту муфризаҳои сиёсӣ, ки қаблан тавассути ин кишвар ҳимоят ва пуштибонӣ мешуданд.

 Покистон аз нақши рӯ ба афзоиши ТТП минҳайси як бозигари мустақили амниятӣ ва ин ки ин гузина метавонад дар ихтиёри минтақа қарор гирад, ба шиддат нигарон аст. Ба ҳамин лиҳоз дар талош аст, то гузинаҳои мухталифи мухолифони Толибон ва аносири умдатан ғайрипаштунро дар як мадори ҷадид гирд оварад, то фардо агар Толибон ба манофеи амниятии Исломобод пушт кунанд, аз ин гузина истифода кунад ва манофеи худро ҳифз кунад. Иртибототи раҳбарони фирорӣ ва ҷиҳодии Афғонистон, ки дар зиддият бо Толибон ва дар берун аз Афғонистон қарор доранд, бо Покистон гарм шудааст. Баъзе аз раҳбарони Толибон аз Покистон ҳарфшунавии мустақим доранд ва мутобиқи дастурҳои сиёсиву амниятии он ҳаракат мекунанд. Аммо як теъдоди дигар аз мадори холиси покистонӣ будан, берун шуда ва дар хидмати манофеи минтақа ва фароминтақа қарор гирифтаанд. Ин масъала барои Исломобод сахт нигаронкунанда аст ва ба ин асос аст, ки Покистон дар садади ёфтани бадилҳои эҳтимолӣ барои Толибон аст.

Маҷмӯи фазои бозии мавҷуд дар майдони Афғонистон нишон медиҳад, ки эътилофҳои муваққатӣ миёни бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ танҳо сурати амниятӣ ва эҳтиётӣ дорад. Дар буъди амниятии муаммои амниятӣ нақши қавӣ дар созаҳову тасаввуроти ҳар бозигар аз дигарон халқ мекунад. Дар буъди сиёсӣ ҳеҷ барномае барои оянда вуҷуд надорад, ҷуз барномаҳои амниятӣ, ки ба зарари назму амнияти минтақа аст ва ҳар бозигар онро мутобиқи манофеи худ, пеш мебарад.

Ҳама дар талошанд, то бо истифода аз корти Толибон гузинаи эҳтимолии таомули гузиниширо дар дастури кор қарор диҳанд. Дар буъди фароминтақа, ҳамон тавре, ки тасаввур мешавад, қазияи Афғонистон муртабит бо қазоёи соири нуқот дар ҷаҳон аст ва хусусияти маъталӣ дорад. Ин кишвар ҳам майдони бозии сиёсӣ аст, ҳам майдони кашмакашҳои иттилоотиву ҷангӣ ва ҳам хусусияти маъталӣ дорад барои имтиёзгириҳои баъдӣ.

Маълум мешавад, ки эътилофҳои муваққат дар ин кишвар, эътилофҳои амниятианд ва ин ҳисси бадбинӣ аст, ки ин эътилофҳоро ба вуҷуд овардааст, на фикри сиёсӣ, ки мунҷар ба иттиҳод миёни давлатҳо ва бозигарон шавад. Пас эътилофҳои муваққати амниятӣ бадиле шудаанд барои иттиҳодҳои сиёсии созанда, ки битавонад тазмине бошад барои оянда минтақа.

Ҳеҷ умеде барои беҳбуди вазъият дар Афғонистони таҳти контроли Толибон вуҷуд надорад ва ин гурӯҳ камокон ба ҳукумати истибдодии худ идома медиҳад ва ҳар рӯз хуни бештаре мерезад. Таассубу худбузургӣ дар вуҷуди ин гурӯҳи мутаҳаҷҷир ҳар рӯз решадортар мешавад ва минтақа ҳам чун манофеаш дар гурӯҳи амалкардҳои ин гурӯҳ аст, ба он рӯи хуш нишон медиҳад. Фароминтақа, ки худ бонии ин гурӯҳ аст ва барои ҳифзи он дар қудрати сиёсӣ, ҳар кори мумкинро анҷом хоҳад дод.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!