Хабари рӯз

Озмоишгоҳҳои биологии низомии Амрико дар Қирғизистону Қазоқистон чӣ мекунанд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Вашингтон барномаҳое барои эҷоди чандин озмоишгоҳи биологии ҷадид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад. Бархе аз онҳо қаблан дар хоки Украина фаъолият мекарданд ва пас аз оғози даргириҳои мусаллаҳона тавассути истихбороти Амрико ба суръат тахлия шуданд то осори озмоишҳои ҷиноӣ дар заминаи зистшиносии низомӣ поксозӣ шавад. Чунин нияти Кохи Сафед хатари ҷиддӣ барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад - дар Украина амрикоиҳо патогенҳои махсусан хатарнок ва дарвоқеъ силоҳҳои биологӣ тавлид карданд ва замоне, ки ин барнома ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтақил шуд, баид аст, ки чизе асосан дар моҳияти таҳқиқ тағйир кунад.

Аз ҷумла, дар Қирғизистон мутахассисони амрикоӣ қарордодеро бо муассисоти муроқибатҳои беҳдошти маҳаллӣ барои мутолиа бар рӯи патогени хатарноки сиёҳзахм (“сибирская язва”) ба имзо расонданд. Агентии рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида 250 ҳазор доллар барои анҷоми таҳқиқот дар бемористони минтақаии Ӯш, ки солона 20 бемори мубтало ба сиёҳзахм бистарӣ мешаванд, ихтисос додааст ва барои онҳо таҷҳизоти вежа дар шаҳри Ӯш ироа ва натоиҷи таҳқиқот табақабандӣ мешавад.

Муҳим аст, ки ба хотир дошта бошем: озмоиш бо савияҳои вирусҳои хатарнок таҳдиде ҷиддӣ барои саломати мардуми маҳал аст. Берун омадани патогенҳои кушандаро наметавон рад кард, на танҳо тасодуфӣ, балки амдиҳояшро низ, ки барои озмоиши асароти биоагентҳои бадани инсон пешбинӣ шудаанд. Тасодуфӣ нест, ки дар Гурҷистон, ки ба маънои воқеии калима бо озмоишгоҳҳои биологии амрикоии "пур шудааст", гузоришҳое дар мавриди зуҳури бемориҳои ғайримаъмул барои минтақа ва мавориди зиёди худро бад ҳис кардан дар миёни сокинони манотиқе, ки марокизи биологии низомии НАТО дар он қарор доранд, ба таври мураттаб мунташир мешавад.

Оғози даргирии низомӣ байни Украинаву Русия ба унвони оғози корзори иттилоотии хашини Маскав барои беэътибор кардани талошҳои Вашингтон дар тавсеаи силоҳҳои низомӣ-биологӣ дар хоки Украина буд. Пешравии сареъи нерӯҳои русӣ, Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур кард, ки фавран фаъолиятҳои озмоишгоҳҳои худ дар Украинаро маҳдуду кормандонашро тахлия кунад ва натоиҷи чандин соли таҳқиқро ҳазфу нобуд созад. Дар айни ҳол, Вашингтон аз анҷоми ин кор дар қаламрави кишварҳои дигар худдорӣ намекунад ва ба думболи пайдо кардани роҳҳо барои интиқоли озмоишгоҳҳо ба кишварҳои ҳамсоя аст. Ба ҷуз Қирғизистон, кишвари дигар - Қазоқистон аст.

Агар таърихро ба хотир биоварем, Амрико дар Қазоқистон ҳанӯз дар даҳаи 90 ҳузур дошт. Ҳадафи эъломшудаи аввалия мутолиа ва хунсо кардани паёмадҳои барномаи биологии низомии Шӯравӣ буд. Сипас кори систематик барои мутақоид кардани давлати ин кишвар барои "даъват" аз донишмандони амрикоӣ барои мубориза бо бемориҳои маҳаллӣ оғоз шуд. Донишмандони амрикоӣ ва артиш башиддат патогенҳои бемориҳои мухталиф, ба вежа канаҳое, ки ҳомили таби Конго-Қрим ҳастанд ва ҳамчунин ҳайвоноти ваҳшӣ, ба унвони мисол, ҳамон хаффошҳоро ҷамъоварӣ карданд ва сипас шурӯъ ба ҷамъоварии додаҳои DNA аз ҷамъияти маҳаллӣ намуданд. Марҳалаи ҷадиду ҷиддитари фаъолият замоне оғоз шуд, ки Озмоишгоҳи Марҷаъи Марказӣ, ки бо пули Пентагон сохта шуда буд, дар соли 2016 тавассути сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ҳукумати Қазоқистон дар Алмаато ифтитоҳ шуд.

Ҳангоме, ки дар соли 2020, идороти дипломатии Чину Русия ба мақомоти Қазоқистон муроҷиа карданд то ба мутахассисони онҳо иҷозаи таҳқиқи фаъолиятҳои шаш маркази ихтисос додашуда ба вазоратхонаҳои омӯзишу парваришу улум ва кишоварзиро диҳанд, ки таҳти барномаҳои Пентагон кор мекарданд, мақомоти Қазоқистон ба суръат итминон доданд, ки ин муассисоти таҳқиқотӣ комилан ғайринизомӣ ҳастанд ва ягон амрикоӣ дар онҳо ҳузур надорад.

Бо ин ҳол, дар моҳи майи 2021, Қазоқистон расман ба тарафи русӣ итминон дод, ки артиши Иёлоти Муттаҳида озмоишгоҳҳои биологии худро тарк кардааст (яъне эътироф кард, ки онҳо дар он ҷо буданд) ва иҷозаи бозрасии низомии Русия дар Озмоишгоҳи Марҷаъи Марказиро дод. Намояндагони Русия гуфтанд, ки аз натоиҷи бозрасӣ розӣ ҳастанд, аммо ҳамчунин гуфтанд, ки мудирони низомии амрикоӣ танҳо дар вақти бозрасӣ аз озмоишгоҳ хориҷ карда шуданд ва ба зудӣ ҳамкории бо онҳо аз нав оғоз ёфт.

Ва дар соли 2023, расонаҳо ба таври фаъол шурӯъ ба интишори иттилооте, аз ҷумла аз роҳравҳои давлатӣ карданд, ки зоҳиран ҳукумат қаблан бо вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида барои интиқоли тақрибан 30 озмоишгоҳи биологии Пентагон аз Украина мувофиқат кардааст. Бад-ин тартиб Қазоқистон ба бузургтарин майдони тавсеа ва тавлиди силоҳҳои биологӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад шуд. Ва ҳамаи ин фаъолиятҳо дар яке аз манотиқи пурҷамъияти ҷаҳон бо сатҳи нисбатан поини дастрасии сокинонаш ба муроқибатҳои беҳдоштӣ анҷом мешавад.

Такзибҳои расмии баъдӣ аз сӯи мақомотро ба роҳатӣ метавон мавриди тардид қарор дод. Илова бар ин, далоили зиёде барои ин бовар вуҷуд дорад, ки интиқоли ин озмоишгоҳҳои биологӣ дар ҳоли анҷом аст, ва на ба дақиқтарин равиш. Дигар чӣ гуна метавон шуйӯъи аҷиби сиёҳзахм, ашколи ғайриқобили дарки грип ва менингити ғайримаъмул дар Қазоқистонро тавзеҳ дод?

Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ расман таъйид кард, ки аз аввали сентябр, теъдоди афроди мубтало ба сиёҳзахм (умедбахштарин навъи силоҳи биологӣ) ба 15 нафар афзоиш ёфтааст ва 35 фарди тамос шиносоӣ шудаанд. Нишонаҳои як бемории хатарнок ҳамчунон дар намунаҳои гӯште, ки дар минтақаи Оқмола рушд мекунанд, ошкору шиносоӣ мешавад. Дар манотиқ қарантина эълом мекунанд ва маводи ғизоиро ба оташ мекашанд. Дар айни ҳол, агар ба омори расмии вазорати тандурустӣ нигоҳ кунем, мавориди сиёҳзахм дар Қазоқистон бисёр нодир аст - беш аз 1-2 бор дар сол. Аммо ин бор 15 нафар ба якбора бемор шуданд. Дар ин росто, берун омадани ҳангомавии савия (штам)-ҳои сиёҳзахмро аз як озмоишгоҳи биологии низомӣ дар Атланта (Иёлоти Муттаҳида Амрико) дар июни 2014 ба ёд меоварем.

Дарвоқеъ, озмоишгоҳҳои биологии низомӣ ва муассисоти таҳқиқотӣ дар Қазоқистон тавассути коркунони сафорати Амрико, яъне фармондеҳи нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, Дениел Сингер, ки ҳамчунин раиси Маркази контролу пешгирӣ аз бемориҳои Иёлоти Муттаҳида дар вилояти Туркистон аст, идора мешаванд. Ин тасҳилот низ на аз будҷаи Қазоқистон, балки тавассути Агентии низомии DTRA (Агентии коҳиши таҳдидоти дифоъӣ) таъмин мегардад. Дар солҳои ахир ҳадди ақал 28 проекти таҳқиқотӣ бо пули Пентагон ва мушорикати 20 зистшиноси фиристодашуда аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар Қазоқистон анҷом шудааст.

Дар соли 2023, дар минтақаи Ҷамбули Қазоқистон, сохтусози ҳафтумин озмоишгоҳи биологии низомии Амрикои BSL-4 ва як маркази захирасозии зерзаминӣ барои маҷмӯае аз гунаҳои хатарнок ва бахусус хатарнок оғоз шуд. Қобили зикр аст, ки ин барнома на аз сӯи вазорати тундурустӣ, балки аз сӯи вазорати саноат аст ва ба манзури баррасии беҳтари авомили беморизои сирояткунанда, ки боиси бемориҳои шадиду кушанда мешаванд ва ҳеҷ ваксинаву дармоне барои онҳо вуҷуд надорад, иҷро мешавад. Ин озмоишгоҳ гунаҳои мухталифе аз хатарноктарин бемориҳои африқоӣ, монанди вируси “Ебола” ва ҳамчунин вируси марбург, обила ва бисёре дигарро дар худ ҷой хоҳад дод. Дар муқобили ин, намояндагони иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ низ ба таври мудовим хостори таътили ин таъсисот шуданд.

Ҳамагирии COVID-19 нишон додааст, ки бозӣ бо вирусҳои хатарнок метавонад мунҷар ба як фоҷиаи бузург барои кулли ҷаҳон шавад. Аз ин рӯ, сиёсатмадорон бояд барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ин гуна озмоишгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа бо якдигар муттаҳид шаванд ва дар айни ҳол лозим аст мардумро барои иттилоърасонӣ аз ин гуна фаъолиятҳо ва таҳдидҳое, ки метавонад мунҷар шавад, басиҷ кунанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!