Чаро ҳама бо Толибон канор омадаанд ва онро “танҳо алтернатива” дар майдони рӯёрӯиҳои минтақаӣ ва фароминтақавии Афғонистон медонанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Афғонистон ҳанӯз ҳам дар меҳвари бозиҳои хунини қудратҳои мутахосими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин меҳвар заминасози рӯҳияи тафоҳум ва ё имтиёзгирӣ дар соири нуқоти мавриди мунозиъа маҳсуб мешавад. Истидлол мешавад, ки Афғонистон дигар аз ҷойгоҳи собиқаш дар назди қудратҳои бузург бархӯрдор нест. Аммо ба далоиле Афғонистон тавониста ин аҳамияташро ҳифз кунад.
Нигоранда дар лобалои ин таҳлил ба ин далоил хоҳам пардохт. Аммо барои вуруд ба баҳс бояд меҳварияти геополитикии Ҳиндукушро дар ин набардгоҳ, таҳлил кунем. Асли Бозии Бузурги Ҷадид, ки дар қолаби доктринаи бесуботсозии минтақаӣ мегунҷад, бар меҳварияти Ҳиндукушҳо дар як бозии хатарноку чандлояи амниятӣ ҷараён дорад. Меҳвари ин бозӣ дар асл набардгоҳи Ҳиндукушҳо аст, ки маҳалли талоқии роҳбурдҳои сиёсатҳои қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ қарор гирифтааст. Зеро ин бозӣ дар ҷануби Афғонистон майдон надорад ва на ба сарфаи қудратҳо аст, ки дар ҷануб шох ба шох шаванд.
Топографӣ, геополитика ва манофеъи иқтисодие, ки ин ҷуғрофия (Ҳиндукушҳо) барои қудратҳои даргир дар майдони Афғонистон фароҳам овардааст, нишон медиҳад, ки танҳо ҳавзаи ҷануб метавонад ҳазинасози он маҳсуб шавад. Ба иборате, дар шимол ҷангу низоъ ҷараён дорад ва харчу дахлашро ҷануб аз дараки қочоқи маводи мухаддир таъмин мекунад. Ба ин ҳисоб, аз ин ки ҷануб хислати иқтисодӣ ва таъмини ҳазинаҳои ин ҷангро дорад, маҳалли талоқи Ҳиндукушҳо интихоб шудааст. Иллати он, наздикии ин ҷуғрофия ба қутби шимоли қудрат дар Осиёи Марказӣ ва Чин аст, ки ҳадафи ниҳоии он, ба чолиш кашидани ҳарду ҳарифи тоза дар арсаи рақобатҳои ҷаҳонӣ шумурда мешаванд.
Далоили ин ки чаро ҷануб меҳвари ин бозии хунин нест, ба шарҳи зайл аст:
Аввал - агар дар ҷануб биҷанганд, барои чӣ биҷанганд ва манобеъашро аз куҷо таъмин кунанд?
Дувум - агар дар ҷануб биҷанганд, бояд бо паштунҳо ва қабоили мустақар дар Покистон биҷанганд. Ин роҳбурд дар бист соли гузашта алорағми манобеъи вофири иқтисодие, ки аз дараки кишту тавлиди маводи мухаддир таъмин мешуд ва дар сояи ҷангу кашмакашҳои низомиву амниятӣ, мастур монда буд, як роҳкори иштибоҳ ва чолишбар ангез ҳисоб мешавад;
Севум - дар ҷануб ҳеҷ рақиби қудратманди Амрикову Инглис вуҷуд надорад. Эрон дар як созиши роҳбурдӣ бо барномаҳои Амрико қарор дорад ва ин бозӣ камокон барои солиёни мутамодӣ идома доштааст. Шимоли Афғонистон ва махсусан набардгоҳи Ҳиндукушҳо, арсаи аслии тақобул ва тахосум миёни қудратҳои минтақа ва бузург маҳсуб мешавад;
Чаҳорум – ҳамон тавре, ки русҳо истидлол мекунанд, камарбанди бесуботсозӣ барои ба чолиш кашидани Русияву Чин дар меҳвари Ҳиндукушҳо хулоса шуда ва дар таҳти доктринаи бесуботсозии минтақаии Амрико, иҷроӣ мешавад.
Ба асоси далоили зайл, таҳлили ҳозирро бар меҳвари аҳамияти геополитикаи Ҳиндукушҳо ва хислати аслии ин бозӣ ихтисос додаам ва талош дорам то баданаи аслии ин таҳлилро дар варои ин муъзали бесуботие, ки ношӣ аз як муаммои амниятӣ аст, анҷом диҳам. Барои ин кор чанд далели возеҳро, ки дол бар хусусияти аслии ин мунозиъа аст ва мӯҷиби он шудааст, ки Ғарб ва минтақа бо Толибон, равиши таомулро дар пеш гиранд ва меҳвари Ҳиндукушро майдонгоҳи аслии худ интихоб кунанд, ба ихтисор менависам:
Аввал - меҳвари Ҳиндукушҳо, ки мушриф бар шуоъи амниятии Чину Русия аст, ҳассосияти зиёд стратегӣ дорад. Ин ҳавза на танҳо дар тақобули миёни Русияву Чин бо Амрикову муттаҳидонаш аҳамият ёфтааст, бал дар набардҳои ояндаи миёни Ҳинду Чин низ камокон аҳамияташро ҳифз хоҳад кард;
Дувум - Ҳиндукушҳо дар ҳисори қавии як шуоъи амниятии ғайри қобили рӯият, аммо башиддат таъсиргузор воқеъ шуда ва хислати роҳбурдии он мӯҷиб шуда, ки ғайри қобили тасхир бошад. Қудратҳои бузург бо дарки ин нукта талош мекунанд то ба ин нуқта бирасанд ва яке аз дигаре пешӣ гиранд;
Севум - меҳвари Ҳиндукушҳо хислати таърихии дифоъ аз тамаддуни шимол дар баробари ҷанубро дорад. Ин шимолу ҷануб ҳам дар мавриди Афғонистон содиқ аст ва ҳам метавонад фаротар аз он, қобили баҳс бошад. Дар вазъияти кунунӣ, ки назми ҷаҳонӣ барои бақояш азмун душвориро пеш рӯ дорад, Ҳиндукушҳо ва меҳварият он, таъйин кунанда тарин омил дар ҷиҳати тасбит ҷойгоҳ қудратҳои бузург ва таҳаввул талаб дар назария ҳортлнди дорад;
Чаҳорум - талоши зиёди Толибон ба дастури фароминтақа, истиқрори қобили итминон дар меҳварияти Ҳиндукушҳо аст. Агар хуб таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки тамаркузи қувои низомӣ, имконоти таслиҳотӣ ва алоқамандии хоси хориҷиҳо ба меҳварияти Ҳиндукушҳо чизи ғайримаъмулро нишон медиҳад;
Панҷум - Ҳиндукушҳо як девори дифоъии қобили итминон аст. Агар ҳар хел тӯфон аз тарафи ҷануб биёяд, ин девори қобили итминон ва қобили дифоъ, сангаре хоҳад буд, ки боиси ҷазби алоқамандии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон мешавад;
Шашум - Ҳиндукушҳо меҳвари аслии рақобат миёни геополитикаи шиаву суннӣ аст. Эрону Арабистон ва минтақа, ки ду мазҳаби умдаи шиа ва сунниро дар батни худ мепарваронанд, наметавонанд ҷудо аз меҳвари Ҳиндукушҳо барои рақобат фикр кунанд. Ҷануб, ки маҳди тафаккури девбандӣ аст ва вилояти фақеҳ бо шоҳи ваҳҳобии Арабистон, ҳеҷ гуна ва ҳеҷ нуқтаи муштарак бар ин меҳвар надоранд, ки ҷӯромад кунанд.
Аммо хислати буҳрони кунунии Афғонистон, ки бештар абъоди амниятӣ ва иттилоотӣ дорад, ба мадади як ҷанги ҳибридӣ, пеш меравад. Ҷанги ҳибридие, ки тамоми муаллифаҳои сахтафзорӣ ва нармафзориро дар ихтиёраш дорад ва тамоми ҷанбаҳои ин ҷангро пӯшиш медиҳад, ҷанбаи ҷадиди рақобат дар майдони Афғонистон аст. Дар зимн, чандбуъдӣ будани ин ҷанг ва рақобат миёни қудратҳои минтақаву фароминтақа, боис шуда то шуоъи музирри амниятии он тамоми минтақаро пӯшиш диҳад ва ҳар рӯз густариши бештар пайдо кунад ва ба нигарониҳои он, бештар доман бизанад.
Бозигарони мутааддид бо тавонмандиҳои мухталиф, барномаҳои мутазод ва мутахосими амниятӣ ва эътилофҳои муваққати амниятиву мулоҳизоти иттилоотие, ки бештар хислати пешгирикунанда дорад, аз хасоили дигари ин ҷанг аст. Минтақа бо фароминтақа, минтақа бо минтақа ва минтақа бо фароминтақа алайҳи минтақа (Эрон, Русия, Чину Ҳинд - Чин бар алайҳи Русияву Эрон - Покистону Чин бар алайҳи дигарон ва Покистон дар мусалласи Инглису Амрико) аз аҷоиби ин ҷанг аст. Толибон дар ин миён нафъи бештари ин бозиро бурдаанд. Дар қудрат монда ва заминасози ин рақобат ба нафъи ҳар кӣ, ки имтиёз бидиҳад, мешаванд. Аммо як бим барои минтақа ва фароминтақа вуҷуд дорад: мабодо ин бозии чандбуъдӣ, аз контроли яке хориҷ ва дар мадори рақиби он қарор гирад.
Ин ҷойи кор вазъият печида мешавад. Тасодум рух медиҳад ва муаммои амниятӣ ҳоким мешавад. Хуни бештар мерезад ва ҳаҷми сармоягузориҳои минтақаву фароминтақа бар Толибон дар майдони Афғонистон бештар мешавад. Ба ҳамин малҳуз аст, ки мегӯям, умеде барои фардои равшан ва орӣ аз Толибон вуҷуд надорад. Ин кор набояд бо тарҳи ин масъала, ки бештар ҷанбаи иттилоотӣ ва таблиғотӣ дорад, ки " Толибон бадил надоранд", ба иштибоҳ гирифта шаванд. Толибон бадил доранд, аммо хислати корбурдиашон, бештар аст ва манофеъи бештареро барои қудратҳои минтақаву фароминтақа, фароҳам мекунанд, ки мухолифонашон барои феълан аз чунин ҷойгоҳе бархӯрдор нестанд.
Он чиро, ки русҳо мабнӣ бар эҷоди камарбанди бесуботӣ дар меҳвари манофеъи амниятӣ ва сиёсии Русия ва муттаҳидонаш унвон мекунанд, дуруст аст, аммо танҳо Афғонистон амалан ба корзори он мубаддал шудааст. Ёди мо наравад, ки дар мавриди Осиё сӯҳбат мекунем. Масъалаи Украинаву Аврупо ва ҳам мавориде марбут ба Африқо дар як муодилаи печидаи дигаре қолаб мешаванд. Аммо масъалаи Афғонистон, ҳақиқатан дар меҳвари роҳбурдии бесуботсозии Амрико пас аз тарки ин кишвар қарор дорад. Дар ин бозие, ки дар қолаби доктринаи бесуботсозии Осиё зери занахи Чину Русия пеш бурда мешавад, кадом ҷабҳаи муназзаме вуҷуд надорад ва ин хислати аҷиби ин бозӣ аст. Ҳамаи тарафҳо дар як ҷабҳа ва бар алайҳи якдигар меҷанганд.
Танҳо ҳисори амниятие, ки метавонад марзи миёни минтақа ва фароминтақаро ҷудо кунад, Ҳиндукушҳо аст. Аммо ин меҳвар ҳанӯз ҳам мавриди тавофуқи тамоми бозигирон нест. Пас наметавон хаткашии муназзам аз сафҳо кард. Чин бо Толибон, бо Эрон ва Русия бар алайҳи Амрико аммо Толибон ҳам бо Амрико ва ҳам бо Чин, Русия ва Эрон. Покистон дар ҳарду паллаи тарозу бозӣ мекунад. Ҳам бо Чин аст ва дар канори Толибон ба лобигирӣ идома медиҳад ва аммо бо Амрико аст ва роҳбурди ҷадиди бесуботсозии минтақаиро дар қолаби доктринаи Бозии Бузурги Ҷадид ба нафъи Амрикову Инглис пеш мебарад. Эрон бо Толибону Русия бо Эрону Толибон дар тафоҳум бо Покистон. Пас метавонем бигӯем, ки кадом сафи мушаххасе аз дӯсту душман ва муттаҳиду мухолиф вуҷуд надорад. Бал асоси ин бозӣ бар ин аслу қоида устувор аст, ки ҳар кӣ, ҳар куҷо ба асоси манофеъаш бардошт мекунад ва ба андозаи тавон, қудрату хислати корбурдии худ, дарёфт хоҳад кард.
Аз сӯи дигар, ҷанги ниёбатие, ки дар майдони Афғонистон, таърихчаи тӯлонӣ дорад, симои ҷадидашро нишон медиҳад. Ба ин далел, ки маъмулан ниёбатиҳо, гурӯҳҳое дар хидмати манофеъи қудратҳои бузурганд ва сохтори муназзами сиёсиро идора накарда ва дар контрол надоранд. Аммо ҷанги ниёбатии имрӯз дар майдони Афғонистон, ба василаи як сохтори муназзами сиёсие, ки дар контроли Толибон аст ва ҷудо аз ин ки расмият дошта бошад ё хайр, ба нафъи дигарон, ба кор афтодааст. Ҳам минтақа ва ҳам фароминтақа, дар талоши истифода аз ин фурсати истисноиянд.
Бар илова, дида мешавад, ки истифодаи абзорӣ аз хоки Афғонистон, фурсатшиносӣ ва убуру инсироф аз ин бозӣ, ба қоидаи куллии он мубаддал шудааст. Ҳеҷ дастури кори собите, ҳеҷ дӯсту душмани доимӣ, ҳеҷ сафи мушаххасе ва ҳеҷ барномаи дарозмуддат дар майдони феълӣ ба назар намерасад. Ҳар кас бо ташхиси манофеъаш дасти дӯстӣ дароз мекунад ва ё ҳм дар масири душманӣ қарор мегирад. Ин кор боис шуда то ҳар бозигар ба андозаи тавонаш дар майдони Афғонистон ба гунаи навбатӣ бозӣ кунад ва ҳаққи интихоби дӯстону душманонеро низ дошта бошад.
Аз лиҳози дастури кор, минтақа бо фароминтақа дар як нуқта тақобул пайдо мекунанд: ин ки минтақа тарафдори ҳифзи вуҷуди мавҷуд барои ҷилавгирӣ аз сирояти абъоди васеи ин буҳрон ба фаромарзҳои Афғонистон аст ва намегузорад шуоъи амниятиву иттилоотии он, бо нуқоти заъфашон, гиреҳ бихӯрад ва ба нафъи фароминтақа тамом шавад. Дар ҳоле ки фароминтақа дар ҷиҳати истифода аз майдони Афғонистон дар ҷиҳати истифода аз фурсатҳо барои тахтаи хез ба сӯи фаромарзҳои Афғонистон аст. Пас ҳарду ҷониб бо маддиназардошти ин асл, бозиро то замони муайян пеш мебаранд.
Қаблан гуфтем, ки Толибон барои феълан, ягона бозигари матраҳ дар майдони Афғонистон шинохта мешаванд. Ин кор ба далели ин ки ҳузури гарми иттилоотии минтақа ва фароминтақа асосан дар таҳти сояи як давлати пӯшолӣ имконпазир аст, биноан, барги баранда барои Толибон шудааст. Ба ҳамин хотир аст, ки мегӯянд "Толибон бадил надорад". Биноан, қудратҳои минтақа ва фароминтақа, бо маддиназардошти ин асл, ҳеҷ гуна иттиҳодеро маҷол намедиҳанд ва он чи, ки ба унвони сафбандӣ нишон дода мешавад, дар асл эътилофҳои амниятии тавъам бо шакку тардиданд. Дар чунин мавоқее, майдони муштараки мабдаъи низоъу тасодум аст ва бозигирони матраҳи он дар ҷустуҷӯи фурсатҳо барои ба чолиш кашидани дигарон.
Дар идома, тамоми тарафҳо медонанд, ки ҷанги феълӣ баранда нахоҳад дошт. Аммо як бозандаи қатъӣ дар он вуҷуд дорад: мардуми Афғонистон. Биноан, тарафҳои мутахосим бидуни маддиназардошти авоқиб ва табаоти ин бозии хатарноки амниятӣ, бебок аз натоиҷи он ва бехаёл аз ҳазинаҳои он, ба он идома медиҳанд. Аммо ҳамон тавре ки қаблан гуфта шуд, нигаронии аслии минтақа ва фароминтақа, густариши шуоъи амниятӣ ба асоси зарба ва зиддизарба аст, ки як каме аз шиддати он мекоҳад. Вагарна ҷанге, ки манобеъи тамвили молии он аз худаш ба даст биёядро поёне нест.
Як ихтилофи дигар низ дар ин бозӣ вуҷуд дорад: минтақа мехоҳад бо Толибони муттаҳид канор биёяд ва манофеъашро таъмин кунад, аммо фароминтақа бо диди мунқасим сохтани Толибон, дар талош аст то бо ҳар тутаи толиб, ҷудогона иттиҳод эҷод кунад ва минтақаро ба чолиш бикашад. Пас ҳам минтақа ва ҳам фароминтақа дар куллияти Толибон чизеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки таъмини манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ номида мешавад. Ҳам минтақа ва ҳам фароминтақа бо як бозигар, ки ривояти хушунатро ядак мекашад, таомули тактикӣ ва роҳбурдӣ доранд.
Натиҷаро ҳеҷ касе наметавонад, ҳатто тахмин бизанад. Тамом бардоштҳо дар мавриди оянда, мубтанӣ бар ҳадсу гумон аст. Чаро чунин аст? Чун хислати бозӣ номаълум, қоидаи куллии мубҳам, аҳдофи ниҳоии мастур ва бозигирони доимӣ вуҷуд надорад. Ҳар лаҳза хислати пӯёии бозӣ дар майдони Афғонистон ҳамаро гич сохтааст. Дӯсту душман номутмаин ва асли қоида (минтақа бар алайҳи фароминтақа, минтақа бо фароминтақа алайҳм минтақа) ҳанӯз ҳам ҳоким аст. Толибонро феълан дар ин махмасаи печидаи амниятӣ, минҳайси як абзори фишор истифода мебаранд. Ин кор барои минтақа ва фароминтақа дар ивази даргир шудан бо он, ба мизони зиёд ба нафъашон аст. Пас агар тавофуқ чунин аст, сарнавишти беш аз сӣ миллион инсони гурусна, бесавод, фақир ва фоқиди унсур инсиҷоми сиёсӣ ва иттиҳоди миллат шудан, чӣ гуна мешавад?