Чӣ гуна бозигарони минтақаӣ назми ҷадиди амниятиро дар Авросиё шакл медиҳанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Нишасти ахири “Формати Маскав” танҳо як гирдиҳамоии дипломатии маъмул набуд; Балки паёми ошкоре аз тағйир дар қоидаи бозии қудрат дар бистари Афғонистон ва фаротар аз он аст. Дар ин нишаст, Русия талош кард то дар миёнаи рақобати сахти Шарқу Ғарб, бо намоиши як ҳамгироии навпо, аммо ҳисобшуда, тарҳи тозае аз “амнияти авросиёӣ”-ро ба намоиш бигузорад. Паёми Маскав равшан буд: бозигарони фароминтақаӣ, бавежа Иёлоти Муттаҳида, набояд гумон кунанд, ки Афғонистон ҳамчунон майдони беҳзинае барои бозгашт ва мудирияти буҳрон аз дур боқӣ мондааст.
Ин нишаст дарвоқеъ посухест ба замзамаҳои ахир дар бораи эҳтимоли бозгашти низомии Амрико ба Афғонистон, бавежа дар пайи шоеъоти марбут ба тасарруфи муҷаддади фурудгоҳи Багром. Маскав бо ҳамроҳии муттаҳидонаш аз Чин то Эрон ва Осиёи Миёна, маъмурияти пурриск, аммо роҳбурдиро оғоз кардааст; Маъмурияте барои гаронтар сохтани ҳазинаи ҳузури дубораи Ғарб дар минтақа. Он чӣ имрӯз дар Маскав шакл мегирад, талош барои тасбити механизми “минтақаисозии мудирияти буҳрони Афғонистон” аст; Фароянде, ки ҳадафи он интиқоли меҳвари тасмимгирӣ аз Вашингтон ба пойтахтҳои минтақаӣ аст.
Русия дар ин нишаст чанд паёми мувозиро ирсол кард: нахуст, ҳушдори сареҳ ба Амрико ва муттаҳидонаш дар бораи ҳар гуна талош барои эҷоди зерсохти низомӣ ё амниятӣ дар Афғонистон ё перомун он; Дувум, таъкид бар ин ки Маскав дигар ниёзе ба миёнҷигарии ҳеҷ қудрати солисе надорад ва худро бозигари аслии парвандаи Афғонистон медонад; Ва севум, талош барои идғоми Толибон дар сохтори амниятмеҳвари минтақаӣ ба унвони бахше аз меъмории ҷадиди Авросиё, албатта, бо пазириши мудирияти риск ва эҳтимоли бозтобҳои нохоста.
Даъвати расмӣ аз Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, яке аз нишонаҳои муҳими ин роҳбурд буд. Ин даъват на ба маънои машрӯъиятбахшии комил, балки абзоре ҳушмандона барои намоиши тавони бозигарии Русия дар миёнаи фазои бесуботии ношӣ аз хуруҷи Амрико аст. Ҳузури ҳамзамони намояндаи Беларус низ паёме буд мабнӣ бар густариши уфуқи геополитикии Маскав аз Осиёи Марказӣ то меҳварҳои ғарбии Авросиё. Ин таркиб, намоди назми дар ҳоли таваллуд аст, ки дар он Толибон, ба ҷои душман ё таҳдид, ба абзори танзими муодилаи амнияти минтақаӣ бадал мешаванд.
Дар ин чорчуб, чаҳор қудрати калидии минтақа низ дар меҳварҳои хоси худ фаъоланд. Ҳинд дар масири тамосҳои мӯҳтотона бо Кобул ҳаракат мекунад то дар баробари нуфузи инҳисории Покистон навъе боздорандагӣ эҷод кунад. Эрон бар се меҳвари амнияти марзӣ, оби Ҳирманд ва проектҳои энерживу транзит тамаркуз дорад. Чин низ Афғонистонро ҳалқаи фаромӯшшудае дар занҷираи “Як камарбанд–як роҳ” мебинад ва аз масири Вахон ва маодини Айнак ба думболи иттисоли роҳбурдӣ аст. Дар сӯи дигар, Покистон талош дорад ҳам нуфузи истихборотии худро ҳифз кунад ва ҳам ҳазинаи паноҳ додан ба Таҳрики Толибони Покистонро ба Кобул мунтақил намояд; Аммо раванди минтақаисозии Маскав, амалан аз қудрати ветои Исломобод костааст.
Ба мувозоти ин таҳаввулот, ду раванди мутазод, аммо ҳамзамон дар ҷараён аст: яке талош блоки авросиёӣ барои идғоми Толибон дар назми ҷадиди минтақаӣ ва дигаре фишори қудратҳои фароминтақавӣ барои посухгӯ сохтан ва танбеҳи Толибон ба далели рафторҳои ғайри қобили пешбиниашон. Дар миёнаи ин тазод, Афғонистон ба бистари рақобати нуфузи нарм миёни Маскав ва Вашингтон бадал шудааст. Ҷанг кунунӣ на бар сари тонку мушак, балки бар сари ривоят, иттилоот ва машрӯъияти сиёсӣ ҷараён дорад.
Толибон акнун дар нуқтае ҳассос қарор доранд. Аз онон интизор меравад, ки садоқати худро дар мубориза бо терроризм ба исбот расонанд, бо қочоқи маводи мухаддир муқобила кунанд ва дар мудирияти марзҳо ва буҳрони паноҳҷуён рафтори масъулона аз худ нишон диҳанд. Ҳар гуна нокомӣ дар ин арса метавонад ба инзивои муҷаддад ва бозгашти фишорҳои ғарбӣ мунҷар шавад. Баракс, идғоми ҳушмандона дар раванди минтақаӣ мумкин аст барои Толибон фурсати машрӯъияти тадриҷӣ фароҳам созад.
Барои Маскав ва муттаҳидони Осиёи Миёна, авлавияти аслӣ эҷоди созукорҳои иттилоотии муштарак, тасаллут бар марзҳои шимолии Афғонистон ва ҳифзи таодул миёни фишор бар Толибон ва истифода аз онон дар қолаби як бозии контролшуда аст. Дар ҳамин ҳол, Деҳлӣ ва Теҳрон низ ба думболи ифои нақше фаъолтар дар парвандаи Афғонистонанд то аз афзоиши риск бар манофеъи ҳаётиашон ҷилавгирӣ кунанд ва дар баробари инҳисори Исломобод, навъе тавозуни нарм барқарор созанд.
Нишасти Маскав ба зоҳир дар бораи Афғонистон буд, аммо дар умқ дар бораи ояндаи назми амниятии Авросиё сухан мегуфт. Агар ин тарҳ муваффақ шавад, Афғонистон на ба унвони “майдони ҷанг”, балки ба масобаи “меҳвари танзими тавозуни қудрат” таъриф хоҳад шуд; Нуқтае, ки дар он ҷанги нарм миёни Шарқу Ғарб ояндаи геополитикии минтақаро рақам мезанад.
Аммо пурсиши аслӣ ин аст, ки сиёсати Маскав ва муттаҳидони минтақаии он чӣ гуна метавонад ба беҳбуди вазъияти Афғонистони таҳти контроли Толибон кӯмак кунад? Ба зоҳир, Маскав ва кишварҳои минтақа қудратҳои арзишмеҳвар нестанд ва ниёзҳои амниятӣ ва риск болои як Афғонистони бидуни мудирият ва контролро дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор додаанд. Барои Маскав ва Пекин, дар бозии амрикоизудоӣ аз минтақа, Толибон абзоре қобили таҳмиланд. Ин дидгоҳ чашмандози ояндаи Афғонистонро тиратар мекунад. Ба таъбири дигар, агар минтақа ва фароминтақа ҳамчунон бар авлавияти дидгоҳҳои амниятии худ таъкид кунанд ва Толибонро абзори эҷоди тавозун миёни фишор ва баҳрабардорӣ аз фурсат дар қолаби як бозии контролшуда бидонанд, ояндаи Афғонистон дар гирдоби вобастагӣ ва бесуботӣ боқӣ хоҳад монд.
Таноқуз миёни дидгоҳи минтақа ва фароминтақа, тамоюл ба сӯи механизмҳо ва рӯйкардҳое чандҷонибагароёнаро афзоиш додааст. Кишварҳои минтақа мекӯшанд манофеъ ва нигарониҳои аслии худ дар қиболи масъалаи Афғонистонро бо дастури кори густурдатари амниятӣ ва геополитикӣ пайванд диҳанд ва аз зарфиятҳои мавҷуди минтақаӣ барои тафсири ин манофеъ дар сатҳи бузургтар баҳра бигиранд. Ин раванд минтақаро ба кунишгарии фаъол ва матраҳ дар парвандаи Афғонистон бадал мекунад; Амре, ки дар дарозмуддат метавонад мунҷар ба инзивои тадриҷии Амрико дар майдони Афғонистон шавад.
Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида низ абзорҳои мутанаввеъ ва чолишбрангезе дар ихтиёр дорад, ки метавонад аз онҳо барои таҳти фишор қарор додани Толибон истифода кунад. Дар сурати тамоюли Вашингтон ба бозгашти машрут ба майдони Афғонистон, эҳтимоли баҳрагирӣ аз таҳдидоти дохилӣ ба унвони аҳруми фишор алайҳи Толибон вуҷуд дорад; Иқдоме, ки режими Толибонро дар тангнои интихоб миёни ду гузинаи минтақа ё фароминтақа қарор хоҳад дод.
Дар маҷмӯъ, паёми нишасти Маскавро метавон дар қолаби ҳаракати намодин аммо ҳушдордиҳанда ба ниятҳои Иёлоти Муттаҳида таъбир кард; Ҳаракате, ки дар чорчӯби вокуниши минтақаӣ, рангу бӯи ҷидитар ба худ гирифт ва метавонад сароғоз бистаре барои шаклгирии механизми фаъол ва мудохилагароёна дар қиболи Афғонистон бошад. Ин нишаст шояд оғози марҳалае ҷадид дар таърифи нақши минтақа дар мудирияти буҳрони Афғонистон ва меъмории амниятии Авросиё бошад.