Русия Тоҷикистонро як “дижи фарҳангии Авруосиё” мебинад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Дар ҷаҳони сиёсат гоҳ як ҳадия маъно ва паёме дорад, ки аз садҳо баёнияи дипломатӣ жарфтар аст. Вақте Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар сафари ахири худ ба Душанбе, наққошии “Дӯстони тоҷик”, асари Макс Бирштейн ва китобе дар бораи таърихи тоҷиконро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тақдим кард, ин амал дар зоҳир фарҳангӣ, аммо дар ботин як паёми геополитикӣ ва амниятии дақиқ буд.
Путин дар ин иқдом амалан ба забоне сухан гуфт, ки қудрати нарми Шарқ дар Осиёи Марказиро бознамоӣ мекунад: забони форсӣ. Забоне, ки дар доктринаи амниятии фарҳангӣ ва тамаддунии Русия, ба унвони пул миёни тамаддунҳои бузурги минтақа – аз Хазар то Бадахшон – талаққӣ мешавад. Ин интихоб, дар шароите, ки меҳвари ғарбӣ–инглисӣ ва муттаҳидонаш дар Кобул ва Исломобод проекти “форсизудоӣ”- ро дар дастури кор доранд, маънои дучандон меёбад.
Проекти зиддифорсӣ дарвоқеъ бахше аз як муҳандисии фарҳангӣ ва амниятӣ барои ҳазфи унсури тоҷикӣ аз муодилоти ояндаи Афғонистон ва тазъифи пайвандҳои тамаддунии Осиёи Марказӣ аст. Толибон, ба унвони абзори иҷрои ин роҳбурд, бо пуштибонии ғайрирасмии Лондон ва Вашингтон, сиёсати “деворсозии забонӣ”-ро дар баробари форсизабонон думбол мекунанд то тоҷикон аз шабакаи тамаддунии худ ҷудо ва ба ҳошия ронда шаванд. Ин, дарвоқеъ навъе “муҳандисии ҳувиятӣ” аст, ки ҳадафи он контроли геополитикӣ аз роҳи қатъи пайвандҳои фарҳангӣ ва забонӣ аст.
Дар чунин фазое ҳаракати Путин посухе нарм аммо ҳушмандона ба ин проект аст. Кремл ба хубӣ дарёфтааст, ки дар Бозии бузурги ҷадид ҷуғрофияи дигар танҳо аз марзҳо сохта намешавад, балки аз забонҳо, ҳувиятҳо ва ҳофизаҳои тамаддунӣ низ шакл мегирад. Ва забони форсӣ, ба унвони куҳантарин меҳвари тамаддунии ин минтақа, қобилияти табдил шудан ба абзори “нуфузи машрӯъи фарҳангӣ” дар саросари Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дорад.
Русия бо такя бар ин дарк аз тариқи Тоҷикистон дар ҳоли эҳёи пайвандҳои фарҳангиест, ки метавонад навъе камарбанди нарми нуфузи авруосиёиро дар баробари меҳвари неоистеъмории Ғарб эҷод кунад. Путин медонад, ки дар майдони Афғонистон қавми тоҷик бо саҳми ҷамъиятии беш аз 47 дарсад ва бо пешинаи таърихӣ ва фарҳангии густурда унсури таъйинкунандае дар ҳар муодилаи қудрат аст. Ӯ бар хилофи ғарб тоҷиконро на ба унвони “ақаллияти қавмӣ”, балки ба унвони “аксарияти тамаддунӣ” мебинад, ки забони форсӣ рамзи бақои ҳувиятӣ ва сиёсии онҳост.
Дар сатҳи роҳбурдӣ ин иқдомро метавон бахше аз “дипломатияи фарҳангии Русия” донист, ки дар пайи эҷоди тавозуни нарм дар баробари таҳоҷуми забонӣ ва идеологии меҳвари ғарбӣ аст. Ҳадияи Путин ба Эмомалӣ Раҳмон дарвоқеъ бозтаъйиди нақши Тоҷикистон ба унвони “дижи фарҳангии Авруосиё” ва ҳофизи тамаддуни форсизабон дар минтақа аст. Дар канори нуфузи низомии Русия дар пойгоҳи 201-и Душанбе ин лояи фарҳангӣ умқи стратегии Русияро дар майдони нарми минтақа афзоиш медиҳад.
Аз диди Маскав Тоҷикистон на фақат як муттаҳиди амниятӣ дар ҷануб аст, балки хатти муқаддами набарди тамаддунӣ миёни ду гуфтумон аст: дипломатияи форсӣ дар баробари дипломатияи инглисӣ. Дар ҳоле ки Ғарб бо ниҳодҳои омӯзишӣ ва шабакаҳои расонаии худ талош дорад фарҳанг ва забони форсиро дар Афғонистон мунзавӣ созад, Русия дар талош аст ин забонро ба меҳвари гуфтугӯи тамаддунҳои авруосиёӣ бадал кунад.
Бад-ин тартиб, “дипломатияи забони форсӣ” акнун ба унвони яке аз муаллифаҳои амнияти нарм дар сиёсати хориҷии Русия матраҳ аст. Ин дипломатия, на танҳо пайвандҳои фарҳангии Русия бо Тоҷикистонро таҳким мекунад, балки бистари лозим барои эҷоди ҳамгироии амалкардӣ ва фикрии Маскав бо Афғонистон, аз масири тоҷикон ин сарзаминро низ фароҳам меоварад.
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Путин бо он ҳадияи намодин, дарвоқеъ нақшаи тозае аз тавозуни тамаддуниро тарсим кард; ҷое, ки забони форсӣ на фақат мероси фарҳангӣ, балки абзори геополитикии Русия дар майдони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аст. Ва ин ҳамон нуқтае аст, ки дипломатияи форсӣ, орому бесадо, аммо амиқ ва таъйинкунанда, бар парадигамаи сиёсӣ ва амниятии минтақа соя меафканд.