Хабари рӯз

Панҷ ҳадафи аслии сафари вазири хориҷаи Толибон ба Деҳлӣ

Нависанда: Ваҳид Паймон, рӯзноманигор (Афғонистон)

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, пас аз ширкат дар нишасти Формати Маскав дар Русия, ҳафтаи оянда ба Ҳинд хоҳад рафт; Сафаре, ки бо муҷаввизи якҳафтаии Шӯрои амнияти Созмони Милал мумкин шудааст.

Сафари Амирхон Муттақӣ ба Деҳлӣ дар шароите анҷом мешавад, ки равобити Ҳинду Афғонистон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, ҳанӯз дар сатҳи расмӣ бозтаъриф нашудааст. Бо ин ҳол, муофияти Шӯрои Амният ва пазириши Деҳлӣ барои ин дидор, нишонаест, ки ду тараф мехоҳанд сатҳи тамосҳоро аз таомули фаннӣ ба гуфтугӯи сиёсӣ ва иқтисодӣ густариш диҳанд. Барои Толибон, ин сафар фурсатест то чанд ҳадафи мушаххасро думбол кунад, ҳадафҳое, ки таркибе аз сиёсат, иқтисод ва бақо бавежа барои Толибон дар саҳнаи минтақаӣ аст.

1 - Тасбити ҳузури намояндагиҳои дипломатӣ

Барои вазорати хориҷаи Толибон, шояд ҳеҷ парвандае муҳиммтар аз фаъолсозии намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ва ё гуморидан дипломатҳояшон дар берун аз ин кишвар набошад. Сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ пас аз буҳронҳои молӣ ва сиёсӣ дар 2023 баста шуд ва аз он замон танҳо хадамоти маҳдуди консулӣ ироа мекунад. Толибон дар моҳҳои ахир фишор оварда то намояндагони худро дар ин сафорат ва низ дар консулгариҳои Мумбай ва Ҳайдаробод бигуморад; Иқдоме, ки дасти кам то кунун Ҳинд бо он боэҳтиёт бархурд кардааст.

Амирхон Муттақӣ дар ин сафар ба таври мушаххас барои гуморидани чунин намояндаҳое фишор хоҳад овард.

Толибон бо алоқаи зиёд, стратегияи ба даст гирифтани намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро думбол мекунад ва ҳар гоҳ бо кишваре бар сари ин мавзӯъ ба тафоҳум бирасад, онро бо бозтоби густурда матраҳ карда ва ба унвони як дастоварди бузурги сиёсӣ муаррифӣ мекунад. Муттақӣ дӯст дорад то дастоварди равобити дипломатӣ бо Ҳиндро ҳам ба рух бикашад.

2 - Беҳбуди робитаи сиёсӣ бо Ҳинд дар авҷи тирагии равобити Толибон ва Покистон

Таниш миёни Кобул ва Исломобод, ки як сол пас аз бозгашти Толибон ба қудрат оғоз шуда буд, дар моҳҳои ахир шиддати бештаре гирифтааст. Чанд рӯз пеш Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, сароҳатан гуфт, ки Толибон бояд миёни ҳамкорӣ бо давлати Покистон ё ҳамроҳӣ бо Таҳрики Толибони Покистони якеро интихоб кунад. Танишҳои ду тараф ҳатто то бомбаборон ва даргириҳои марзӣ ҳам дар соли ҷорӣ пеш рафтааст.

Таҳрики толибони Покистон (ТиТиПи), ки Исломобод толибони афғонро ба пуштибонӣ аз он муттаҳам мекунад, дар моҳҳои ахир чандин ҳамлаи маргбор дар хоки Покистон анҷом додааст. Покистон бовар дорад, ки ТиТиПи бидуни ҳимояти толибони афғон аз чунин тавоноиҳое бархурдор нест.

Оқои Муттақӣ эҳтимолан талош дорад аз рақобати деринаи Исломобод ва Деҳлӣ ба суди Толибон баҳра бибарад.

Амирхон Муттақӣ дӯст дорад аз як сӯ бо наздик шудан ба Ҳинд дарвозаи тозае барои ҳамкорӣ боз кунад ва аз сӯи дигар бо ҳамин ҳаракат, паёми ҳушдоромез ба Покистон бифиристад, ки Толибон гузинаҳои дигаре ҳам дар минтақа дорад.

Албатта, Ҳинд ҳам дар чунин фазое таомули амниятии худ бо Толибонро ошкортар кардааст. Дидори Викром Мисрӣ, муовини вазорати хориҷаи Ҳинд, бо Амирхон Муттақӣ дар Дубай (8 январи 2025) ва гуфтугӯи мустақими Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд, бо Муттақӣ дар моҳи майи ҳамин сол, нишонае аз ин тағйири рӯйкард аст. Интизор меравад Деҳлӣ дар ҷараёни сафари пешрӯ мавзӯъи “адами истифода аз хоки Афғонистон алайҳи Ҳинд”-ро низ бо ҷузъиёти бештаре матраҳ кунад.

Барои Толибон ин арса фурсатест то истиқлол аз Покистонро ба унвони як корти сиёсӣ дар баробари Деҳлӣ ба намоиш бигузорад, корте, ки метавонад ба онҳо имкони манёври бештаре дар саҳнаи минтақаро бидиҳад.

3 - Ҷилавгирӣ аз инҳисори Пекин дар Афғонистон

Чин аз сентябри 2023 нахустин кишваре буд, ки сафири тозае дар Кобул гумошт ва чанд моҳ баъд, Толибон эълом кард, ки сафираш дар Пекин пазируфта шудааст.

Дар январи 2025 нашрияи “Дипломат” гузориш дод, ки Ҳинд пас аз гуфтугӯҳои Дубай сатҳи тамосҳои худ бо Толибонро боло бурда то дар рақобати минтақаӣ аз Чин ақиб намонад. Ин нигаронӣ замоне ҷиддитар шуд, ки дар августи 2025, сафари вазири хориҷаи Чин ба Кобул ва гуфтугӯ дар бораи проектҳои маодин ва ибтикори “Камарбанди роҳу ҷода” хабарсоз шуд. Равшан аст, ки манобеъи маъдании Афғонистон, бавежа литиум ва мис, ба яке аз меҳварҳои аслии рақобати геоиқтисодӣ дар минтақа бадал шудааст.

Пешинаи қарордодҳо низ гӯёи ҳамин раванд аст; Аз тавофуқи нафти “Амударё” бо ширкатҳои чинӣ дар январи 2023 то эъломи чандин қарордоди дигар тавассути вазорати маодини Толибон. Барои Кобул ин манобеъ пуштвонае барои бақо ва тасбити молӣ аст; Аммо барои Ҳинд, берун мондан аз майдон, яъне вогузории фазои манёвр ба рақиби роҳбурдӣ.

Аз нигоҳи Деҳлӣ, боз кардани канали гуфтугӯ бо толиб бӯъди иқтисодӣ ҳам дорад то аз табдили Чин ба бозигари инҳисорӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунад.

Толибон ҳам эҳтимолан ба ин натиҷа расидааст, ки Деҳлӣ метавонад ҳамзамон бозори бузург, сармоягузории зербиноӣ ва як масири ҷойгузин дар баробари вобастагии комили Афғонистон ба Чин ва Покистонро фароҳам кунад.

4 - Гуфтугӯ бар сари бандари Чобаҳор ва масирҳои транзитӣ

Чобаҳор барои Ҳинд як масири ҳаётӣ аст. Роҳе, ки бидуни убур аз Покистон, Афғонистонро ба Осиёи Миёна васл мекунад. Аммо тасмими Амрико дар сентябри 2025 барои лағви муофиятҳои марбут ба Чобаҳор, ин масирро бо риски ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Таҳримҳои тоза, банкҳо ва ширкатҳои бимаро мӯҳтоттар карда ва ҳар муомила ё интиқоли бор аз ин бандарро душвортар месозад.

Толибон дар сафари Муттақӣ ба Деҳлӣ мехоҳад бидонад, ки Ҳинд чигуна метавонад ин коридорро бо вуҷуди ин фишорҳо зинда нигаҳ дорад. Чанд рӯз пеш аз оғози таҳримҳо, Деҳлӣ се контейнер кӯмакро аз масири Чобаҳор ба Кобул фиристод, ҳаракате, ки дар расонаҳои иқтисодии Ҳинд ба унвони “замонбандии маънодор” ёд шуд ва нишон дод, ки Деҳлӣ ҳанӯз бар идомаи ин масир исрор дорад.

Аз нигоҳи Ҳинд, Чобаҳор бахше аз роҳбурди калони иттисол ба Осиёи Миёна аст. Агар ин масир мутаваққиф ё маҳдуд шавад, майдони амали бештар ба Чин вогузор хоҳад шуд. Ба ҳамин далел, баҳсҳои фаннӣ дар бораи бима, киштиронӣ ва шеваҳои пардохт дар ин сафар ба андозаи баёнияҳои сиёсӣ аҳамият дорад.

Натиҷаи матлуб барои ду тараф, ҳифзи ҳадди ақали ин коридор барои интиқоли кӯмакҳо ва тиҷорати ақломи ғайриҳассос аст. Агар чунин нашавад, Толибон ночор ба истифода аз масирҳои заминии пурҳазинатар хоҳад шуд. Гузинае, ки ҳам ҳазинаҳои Кобулро боло мебарад ва ҳам нуфузи Ҳиндро маҳдуд мекунад.

5 - Ҷалби кӯмакҳои башардӯстона

Толибон барои таъмини ниёзҳои фаврӣ дар дохил ба кӯмакҳои берунӣ такя дорад. Аз замони суқути Кобул дар 2021, Ҳинд яке аз маъдуд кишварҳое буда, ки бидуни шиносоии расмии Толибон, канали кӯмакҳои башардӯстонаро, аммо ба на паймонаи замони ҷумҳурият, ҳифз кардааст.

Ҳинд бо ин сиёсати “кӯмаки бидуни шиносоӣ” кӯшида то нуфузи иҷтимоӣ ва сиёсии худ дар Афғонистонро зинда нигаҳ дорад.

Муттақӣ бетардид дар ин сафар талош хоҳад кард то Деҳлиро қонеъ созад, ки кӯмакҳояш мустақим ба мардум мерасад ва асари иҷтимоӣ дорад. Вазири хориҷаи Толибон эҳтимолан талош мекунад то Ҳиндро тарғиб кунад, ки яке аз кӯмаккунандаҳои аслӣ дар минтақа барои Афғонистон бошад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!