Хабари рӯз

Қавоиди бозии геополитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ чӣ гуна тағйир меёбад?

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта Афғонистон яке аз муҳимтарин меҳварҳои геополитикии Ҷануби Осиё будааст. Покистон ҳамвора талош карда то аз тариқи нуфуз дар гурӯҳҳои мазҳабӣ ва шабакаҳои қавмӣ давлатҳои мустақар дар Кобулро дар ҳавзаи нуфузи худ нигоҳ дорад. Аммо суқути ҷумҳурияти Афғонистон дар августи 2021 ва бозгашти Толибон, муодилоти амниятиро ба шакле бунёдин тағйир дод.

Дар ҳоле ки Исломобод интизор дошт рӯи кор омадани Толибон амнияти марзҳоро тақвият ва таҳдиди Таҳрики Толибони Покистон (TTP)-ро коҳиш диҳад, воқеият хилофи он рақам хӯрд. Тайи се соли ахир ҳамалоти марзӣ ва амалиётҳои хунин алайҳи артиши Покистон афзоиш ёфта ва дар муқобил Кобул Исломободро ба нақзи мукаррари ҳарими ҳавоӣ ва таҷовузи низомӣ муттаҳам кардааст.

Дар ин миён сафари ахири вазири хориҷаи Толибон, Амирхон Муттақӣ, ба Деҳлии Нав ва эъломи расмии иртиқои маъмурияти дипломатии Ҳинд дар Кобул ба сатҳи сафорат, нуқтаи атфе дар равобити минтақаӣ маҳсуб мешавад. Ин таҳаввул намоде аз тағйири рӯйкарди Толибон ба сӯи тавозунсозии ҷадид дар баробари Покистон аст.

Вазири умури хориҷаи иморати Толибон, Амирхон Муттақӣ, бо дасти пур ва амалкарди банноъ ба мулоқоти мақомоти ҳиндӣ рафт; Зеро як рӯз қабл аз дидори эшон бо мақомоти ҳиндӣ, Толибони Покистон ба ҳамкории Толибон Афғонистон бист (20) нафар аз артиши Покистонро ба қатл расонданд ва наздик ба панҷоҳ (50) нафар аз артиши Покистонро захмӣ карданд. Ин амалиёт дар ҳақиқат як дастовард барои Муттақӣ ва ҳадияе бузург ба мақомоти ҳиндӣ буд. Вазири хориҷаи иморат, Муттақӣ, ҳатман ва яқинан ба ҳиндиҳо дар мулоқотҳои худ гуфтааст, ки “мо ба қавли худ амал кардем ва дар оянда низ тибқи ваъда амал мекунем; Пас шумо ҳам бояд мисли мо ба ваъда амал кунед, ба иморат кӯмаки ҳамаҷониба кунед ва бахусус низоми иморати моро ба расмият бишносед.”

Мо дидем, ки баъд аз мулоқоти Муттақӣ бо мақомоти ҳиндӣ, сатҳи робитаи Ҳиндустон аз маъмурияти фаннӣ ва дафтари ҳофизи манофеъ дар Кобул ба сатҳи сафорат ва табодули сафир иртиқоъ ёфт, ки худ дар ҳақиқат эътирофи расмӣ ба иморати Толибон ба унвони як давлат аст. Кишвари Ҳиндустон бо тағйири ҷиҳат дар сиёсати хориҷии худ нисбат ба Толибон, дар чаҳор соли гузашта ба шакли бесобиқае равобити худро бо иморати Толибон дар Афғонистон тақвият кардааст.

Мақомоти кишвари Ҳинд баъд аз чаҳор соли ҳокимияти иморат дар Кобул барои аввалин бор аз вазири хориҷаи иморат, ҷаноби Муттақӣ, истиқболи таърихӣ намуданд. Дар ин дидори дуҷониба, ки дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, байни кумитаи Шӯрои амнияти миллии Ҳинд ва тими амниятӣ ва низомии иморати Толибон ба раёсати Муттақӣ сурат гирифт, тарафайн чандин тавофуқномаи ошкору пинҳон ба имзо расонданд; Бахусус тавофуқномаи амниятие, ки байни ду тараф ба имзо расид, бисёр боаҳамият аст; Зеро кишвари Ҳиндро мутааҳҳид месозад, ки дар сурати ҷанг байни Покистон ва иморати Толибон, бо ҳамаи имконоти низомӣ, амниятӣ, истихборотӣ ва молӣ аз иморати Толибон дар муқобили Покистон ҳимояти қотеъ ва ҳамаҷониба намояд.

Пас аз имзои ин тавофуқномаи амниятӣ байни тарафайни ҳиндӣ ва афғонӣ, амалан равобити иморати Толибон ва Покистон вориди марҳалаи ҷадиде шуд; Ба ин маънӣ, ки ҷанги истихборотии махфӣ ва ошкор байни Ҳиндустон ва Покистон аз як тараф ва байни Покистон ва иморати Толибон аз тарафи дигар, дар майдони Афғонистон оғоз гардид. Террори Салим Пайгир, аввалин аксуламали Покистон ба сафари Муттақӣ ба Ҳинд будааст; Ва ҳамчунон ҳамалоти ҳавоии шаби гузаштаи Покистон ба Кобул ва чаҳор вилояти дигар, ки ба манзури аз байн бурдани раҳбарони Толибони Покистон ба сурати ошкор амалӣ шуд, бар ин мавзӯъ далолат дорад.

Илова бар ин, барои аввалин бор баъд аз чаҳор соли ҳокимияти иморат дар Афғонистон, мақомоти Покистон масъулияти ҳамла ба Кобул ва қатли Нур Валӣ Масъудро дар қалби Кобул бар ӯҳда гирифтанд; Ин амр худ ҳикояти возеҳе аз аксуламали фаврӣ ба сафари Муттақӣ ба Ҳиндустон ва имзои тавофуқномаи амниятӣ дорад, ки Покистонро водор ба аксуламали сареъ ва хашмгин кард.

Набояд аз ёд бибарем, ки ин навъ ҳаводиси мусалсалгуна ва ғайри қобили пешбинӣ дар рӯзҳои оянда дар кишвари мо бештар хоҳад шуд. Ҷаноби Муттақӣ дар Деҳлӣ, баъд аз ҳамалоти ҳавоии Покистон ба Кобул ва панҷ вилояти дигари Афғонистон, талоши тоқатфарсо дорад то қаноати мақомоти низомӣ ва амниятии кишвари Ҳиндро фароҳам кунад то татбиқи тавофуқномаи амниятӣ байни тарафайн ҳар чи зуд ҷанбаи амалӣ ва иҷроӣ ба худ бигирад. Вай талош дорад то таваҷҷуҳи мақомоти ҳиндиро ба ҳимояти ҳамаҷониба аз иморати Толибон дар муқобили ҳамалоти Покистон дар чорчӯби тавофуқномаи амниятӣ ҷалб намояд. Эшон ва мақомоти иморати Толибон, чӣ дар Қандаҳор ва чӣ дар Кобул, эҳсос мекунанд, ки барои эҷоди тавозун ва маҳори қудрати Покистон, пойи Ҳинд бояд ҳарчи оҷил ба қазоёи Афғонистон кашида шавад.

НАТИҶАГИРӢ

Равобити Покистон ва иморати исломии Толибон вориди марҳалае ҷадид аз печидагӣ ва чандқутбӣ шудан шудааст. Исломобод, ки замоне Толибонро абзори нуфузи роҳбурдии худ медонист, акнун бо воқеияти талхи аз даст додани контрол бар Кобул рӯбарӯ аст. Дар сӯи муқобил Толибон бо иттико ба равобити навзуҳур бо Ҳинд ва дигар қудратҳои осиёӣ, дар пайи тасбити истиқлоли сиёсӣ ва афзоиши машрӯъияти байналмилалианд.

Бо ин ҳол, сохтори амниятии шиканандаи Афғонистон, буҳрони иқтисодӣ ва фишорҳои дохилии Покистон сабаб мешавад, ки ду тараф натавонанд ба роҳатӣ вориди рӯёрӯии густурда шаванд. Бино бар ин, ояндаи равобити ин ду кишварро метавон “таниши доимии бидуни ҷанги тамомаёр” донист; Улгуе, ки эҳтимолан то чанд соли оянда идома хоҳад ёфт.

 Дар ниҳоят, ҳар гуна саботи пойдор дар марзҳои шарқии Афғонистон ва шимолғарби Покистон манут ба эҷоди гуфтугӯҳои амниятии минтақаӣ, маҳори Таҳрики Толибони Покистон ва парҳез аз истифодаи абзорӣ аз гурӯҳҳои ғайридавлатӣ дар рақобатҳои геополитикӣ аст

Ва дар охири амр ва поёни кор, тарсим ва татбиқи ин навъ сиёсатҳо сабаби тазъифи ҳокимият ва иқтидори иморати Толибон шуда ва ҳамчунин умри иморатро кӯтоҳ хоҳад кард ва заминаи суқути низомии мустабид ва ғайримашрӯъи онон анқариб фароҳам хоҳад шуд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!