Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад “Асосномаи Рум”-ро ислоҳ кунад.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Рӯзномаи Financial Times дар 19 майи 2026 гузориш дод, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар ҷараёни сафари расмии худ ба Чин, ба Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, пешниҳод кардааст, ки Вашингтон, Пекин ва Маскав барои муқобила бо Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ (ICC) ҳамкории муштарак дошта бошанд.

Пештар, дар декабри 2025, гузоришҳое мунташир шуда буд мабнӣ бар ин ки дар Амрико нигарониҳо нисбат ба эҳтимоли оғози пайгарди қазоӣ алайҳи раиси Кохи Сафед, муовини раисиҷумҳур Ҷей Ди Венс ва дигар мақомоти баландпояи амрикоӣ аз сӯи Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар соли 2029 рӯ ба афзоиш аст; замоне, ки давраи масъулияти онон ба поён хоҳад расид. Дар Вашингтон чунин сенария комилан ғайриқобили қабул талаққӣ мешавад.

Аз ҳамин рӯ, Иёлоти Муттаҳида хостори ислоҳоте дар “Асосномаи Рум” шудааст; ислоҳоте, ки тазмин кунад раҳбарони Амрико ҳадафи пайгарди қазоӣ қарор нахоҳанд гирифт. Дар ғайри ин сурат, Вашингтон таҳдид кардааст, ки таҳримҳои тозае алайҳи додгоҳ эъмол хоҳад кард.

Ба бовари бисёре аз мунтақидон, ин додгоҳ дар амалкарди худ аз аҳдофи аввалияе, ки дар Асосномаи Рум таъриф шуда буд ва ҳамчунин аз усул ва мавозини ҳуқуқи байналмилал фосила гирифтааст. Нишонаҳое ошкор аз сиёсисозӣ ва ҷонибдорӣ дар фаъолиятҳои ин ниҳод дида мешавад. Маҷмӯаи тахаллуфоти ҳуқуқӣ, костиҳои раванди додрасӣ ва таъсирпазирӣ аз авомили сиёсии хориҷӣ, боис шудааст, ки эътибори додгоҳ дар нигоҳи бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол биравад ва дар натиҷа машрӯъияти он низ тазъиф шавад.

Имрӯз бисёре аз кишварҳо тасмимоти ин додгоҳро ба расмият намешиносанд ё худро мулазам ба иҷрои он намедонанд. Дар миёни ин кишварҳо метавон ба Чин, Амрико ва Русия ишора кард; ҳарчанд далоили ҳар як мутафовит аст. Барои намуна, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар соли 2016 аз тасвиби Асосномаи Рум — ки Маскав дар соли 2000 онро имзо карда буд — худдорӣ кард; санаде, ки мабнои таъсиси ин додгоҳ ба шумор меравад.

Бархе давлатҳо мӯътақиданд, ки Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар ҳокимияти миллии онҳо ва ҳаққи расидагӣ ба парвандаҳои кайфарӣ дар дохили кишварҳояшон дахолат мекунад. Гурӯҳе дигар низ нигарони сиёсӣ шудани раванди фаъолияти додгоҳ ҳастанд; аз ҷумла наҳваи интихоби парвандаҳо ва тасмимгирӣ дар бораи муҷрим ё бегуноҳ будани муттаҳамон. Аз нигоҳи ин кишварҳо, бисёре аз тасмимоти додгоҳ дорои ангезаҳои сиёсӣ аст ва ба ҳамин далел онро ба расмият намешиносанд ё аз иҷрои аҳкомаш худдорӣ мекунанд.

Аз соли 2015 то кунун танҳо чаҳор кишвари ҷадид (Салвадор, Кирибати, Арманистон, Украина) ба Асосномаи Рум пайвастаанд. Дар ҳамин бозаи замонӣ, се кишвар (Бурунди, Филипинҳо, Маҷористон) расман аз ин паймон хориҷ шудаанд, ду раванди хуруҷ нотамом монда (Мали, Буркина-Фасо) ва як кишвар (Нигер) низ қасди худро барои хуруҷ эълом кардааст.

Дар амал, раванди густариши мушорикат дар Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ тақрибан мутаваққиф шудааст. Шояд ин мавзӯъ барои муоҳидае, ки беш аз як чаҳоруми қарн аз замони гушуда шудани он барои имзо мегузарад, чандон аҷиб ба назар нарасад; агар на ба ин далели муҳим, ки шуморе аз бузургтарин ва таъсиргузортарин қудратҳои ҷаҳон, аз ҷумла се узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ҳамчунон узви Асосномаи Рум нестанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!