Хабари рӯз

Чӣ гуна Амрико дар давраи Трамп ба як бозигари ночизи геополитикӣ табдил ёфт

Муаллиф: Spydell_finance

Ман усулан ҳатто ба як калимаи ин масхарабози мӯйсурх бовар надорам (ва ба шумо ҳам тавсия намедиҳам бовар кунед). Барои ман воқеият ва далелҳо муҳиманд. Ҳарчанд ин ҳанӯз як санади ниҳоии ҳуқуқии ҳатмӣ нест, аммо (ёддошти тафоҳум/”созишномаи сулҳ” бо Эрон) нахустин кӯшиши оммавӣ барои тасдиқи он аз ҷониби як мақоми амрикоӣ ба ҳисоб меравад.

Мухтасар, моҳияти ин нақша ва назари худро баён мекунам.

1 - Қатъи фаврӣ ва доимии амалиёти низомӣ дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон. Вашингтон эътироф кардааст, ки қодир нест Эрон ва шабакаи минтақавии онро ба ақибнишинии якҷониба водор созад. Аз ин рӯ, оташбасро ҳамчун мубодилаи мутақобилаи ӯҳдадориҳо тарҳрезӣ кардааст.

2 - Эҳтироми мутақобил ба соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилӣ. Барои Амрико ин банди махсусан таҳқиромез аст, зеро амалан даҳсолаҳои сиёсати фишор, таҳрим, амалиёти нуфуз ва таҳдиди тағйири низомро бенатиҷа нишон медиҳад. Ин эътирофи пурраи нотавонӣ дар тағйир додан ё мутеи худ сохтани Эрон аст.

3 - Шаст рӯз барои расидан ба созишномаи ниҳоӣ бо имкони тамдид. Ин забони ҷониби ғолиб нест, ки пас аз пирӯзии низомӣ шартҳои худро таҳмил мекунад, балки забони тарафест, ки маҷбур шудааст ҳарчи зудтар низоъро ором созад, зеро арзиши идомаи он ғайриқобили қабул шудааст.

4 - Амрико муҳосираи баҳриро дар давоми 30 рӯз пурра бекор мекунад ва сипас нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздик ба Эрон хориҷ месозад. Ин яке аз равшантарин бандҳои таслим аст. Агар Амрико ҷанг ё муҳосираеро оғоз карда бошад ва баъдан уҳдадор шавад онро бекор намояд ва нерӯҳояшро дур барад, ин эътирофи мустақими бесамарии фишори низомӣ мебошад. Дар амал, ин метавонад ҳамчун шикасти низомии Амрико арзёбӣ шавад, зеро Эрон чорчӯби ҳузури низомии Амрикоро муайян мекунад.

5 - Эрон гузариши ройгон ва амни киштиҳоро барои 60 рӯз таъмин мекунад, ҳаракати киштиронӣ дар давоми 30 рӯз барқарор мешавад ва бо Уммон оид ба Тангаи Ҳурмуз гуфтушунид анҷом мегирад. Дар зоҳир ин гузашт аз ҷониби Эрон аст, аммо аз нигоҳи роҳбурдӣ маънои дигар дорад: бидуни Эрон Ҳурмуз ба таври одӣ фаъолият намекунад. Амрико ҳамчун қудрати бузурги баҳрӣ “озодии киштиронӣ”-ро таъмин намекунад, балки бо Эрон музокира мекунад, то он гузаришро таъмин намояд. Ин дар амал ба маънои эътирофи нақши ҳалкунандаи Эрон дар Ҳурмуз ва нотавонии Амрико дар бозкушоии танга бо нерӯҳои худ мебошад.

6 - Нақшаи бозсозӣ ва рушди иқтисодии Эрон ба арзиши ҳадди ақал 300 миллиард доллар. Ин аз муҳимтарин бандҳо аз нигоҳи таслими сиёсӣ ба шумор меравад. Чунин менамояд, ки бештар ба як механизми сармоягузорӣ ва ҷуброни зарар монанд аст, на танҳо як барномаи рушди иқтисодӣ. Барои обрӯи байналмилалии Амрико низ ин харобкунандатарин қисмати созиш аст: кишваре, ки даҳсолаҳо зери фишори таҳримҳо қарор дошт, акнун ваъдаи бозсозии густурда бо иштироки Амрико ва шарикони онро дарёфт мекунад.

7 - Лағви тамоми таҳримҳо алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ва таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида тибқи ҷадвали замонии мувофиқашуда. Ин ба маънои барҳам додани муҳимтарин абзори ҳегемонии Амрико алайҳи Эрон аст. Агар ин низом барчида шавад, маънояш он аст, ки Вашингтон эътироф кардааст мошини таҳримот ба ҳадафҳои худ нарасидааст ва Амрико дар масъалаи фишор ба Эрон ба нотавонии комил расидааст.

8 - Эрон уҳдадор мешавад, ки силоҳи ҳастаӣ таҳия ё соҳиб нашавад; масъалаи захираҳои маводи ғанишуда таҳти назорати МАГАТЭ қарор мегирад ва коҳиши сатҳи ғанисозӣ ё тунуксозии мавод дар дохили кишвар анҷом дода мешавад. Дар ин ҷо Амрико танҳо як кафолати хаттӣ мегирад, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ намесозад, аммо ба нобудсозии фаврии тамоми зерсохтори ҳастаии Эрон даст намеёбад. Ғайр аз ин, масъалаи ғанисозии уран ҳамоно мавзӯи музокирот боқӣ мемонад. Ин маънои “таслими барномаи ҳастаии Эрон”-ро надорад, балки маънои онро дорад, ки “Эрон розӣ шудааст параметрҳои онро баррасӣ кунад”; масъалае, ки барои Амрико нишонаи шикасти комил мебошад.

9 - То замони ба даст омадани созишномаи ниҳоӣ, вазъи мавҷуда нигоҳ дошта мешавад: Эрон барномаи ҳастаии худро тағйир намедиҳад ва Амрико низ таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад ва нерӯҳои иловагӣ ҷойгир намесозад. Ин як кафолати бисёр муфид барои Эрон ба ҳисоб меравад. Иёлоти Муттаҳида уҳдадор мешавад, ки то ҳифзи вазъи кунунии барномаи ҳастаии Эрон аз фишорҳои нав худдорӣ кунад. Бо ин тартиб, Эрон мавқеи кунунии худро ҳифз мекунад ва Амрико аз ташдиди минбаъдаи фишор даст мекашад.

10 - Амрико барои содироти нафти Эрон, маҳсулоти нафтӣ ва хадамоти марбут ба он имтиёзҳо ва истисноҳо ҷорӣ мекунад. Барои Эроне, ки солҳои зиёд кӯшиш мешуд аз зерсохтори молии долларӣ ва бозори ҷаҳонии энержӣ ҷудо карда шавад, ин як дастоварди роҳбурдии муҳим ба шумор меравад. Ин иқдом барои Амрико ба маънои эътирофи нокомии сиёсати муҳосираи нафтӣ мебошад, зеро на Эрон шикаст хӯрд ва на таслим шуд, балки Вашингтон маҷбур ба ақибнишинӣ гардид.

11 - Озодсозӣ ё фароҳам гардидани дастрасии Эрон ба дороиҳо ва маблағҳои масдудшуда ё маҳдудшуда. Тамоми сохтори фишори таҳримии Амрико, ки тайи даҳсолаҳо бунёд шуда буд, дар зарфи чанд рӯз фурӯ мерезад. Иёлоти Муттаҳида солҳои зиёд низоми молии доллариро ба абзори фишор табдил дода буд, аммо акнун маҷбур мешавад дастрасии Эронро ба захираҳои молии худ барқарор намояд, бидуни он ки аз Эрон имтиёзи ҷиддие ба даст оварад. Ин як шармандагӣ ва шикасти комили геополитикӣ барои Амрико аст. Муҳимтарин фишанги геополитикии Вашингтон таҳти фишори рақибе, ки аз назари захираҳо ва имконот заифтар шумурда мешуд, аз байн рафтааст.

12 - Эҷоди механизми назорат ва пайгирӣ. Дар ин чорчӯб Амрико нақши довар, қозӣ ва нозири асосиро аз даст медиҳад ва мақоми он то сатҳи “яке аз иштирокдорони баробарҳуқуқи раванд” поин меравад. Ин тағйирот ба маънои гузар аз низоми фишор ва маҷбуркунии якҷонибаи Амрико ба як низоми назорати бисёрҷониба ё мутақобил аст, ки дар он ҷониби дигар ҳамчун шарики баробар пазируфта мешавад. Чунин тағйирот барои ҷойгоҳи геополитикии Амрико таҳқиромез аст.

13 - Музокирот дар бораи созишномаи ниҳоӣ пас аз имзо ва оғози иҷрои бандҳои калидӣ оғоз мегардад. Дар ин ҷо тартиби марҳилаҳо аҳамияти махсус дорад: пеш аз оғози баҳсҳо дар бораи созишномаи ниҳоӣ, бояд оташбас ҷорӣ шавад, муҳосира бардошта шавад, ҳаракати киштиҳо аз сар гирифта шавад, имтиёзҳои нафтӣ амалӣ гарданд ва дастрасии Эрон ба дороиҳои молии худ таъмин шавад. Бо ин тартиб, Эрон ҳанӯз пеш аз расидан ба созишномаи ниҳоӣ аз манфиатҳои воқеии иқтисодӣ ва сиёсӣ баҳра мебарад. Ин нишондиҳандаи мавқеи заифи Амрико дар музокирот аст, зеро аввал имтиёз медиҳад ва баъд вориди гуфтугӯ мешавад.

14 - Созишномаи ниҳоӣ бояд тавассути қатъномаи ҳатмии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардад. Ин маънои онро дорад, ки созиш аз чорчӯби сирф амрикоӣ хориҷ мешавад. Вашингтон дигар ягона меъмори низоми фишор нест, балки маҷбур мешавад сохтори ниҳоиро тавассути Шӯрои Амният қонуният бахшад.

Тибқи ин санадҳо, Эрон ба лағви муҳосираи баҳрӣ ва фишори низомӣ, бардоштани таҳримҳо, бозгардонидани дороиҳои худ, дарёфти ҷуброн аз Амрико, узрхоҳӣ ва имтиёзҳои геополитикӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ноил шудааст. Ҳамчунин Амрико ба шакли таҳқиромез аз минтақаи нуфузи Эрон ақибнишинӣ карда ва амалан ҷойгоҳ ва ҳокимияти Эронро дар минтақа ба расмият шинохтааст, бидуни он ки дар иваз кафолати ҷиддие ба даст оварад; на тағйири низоми сиёсӣ ва на барҳам хӯрдани барномаи ҳастаии Эрон.

Ҳеҷ кас ҷуз Трамп наметавонад бо чунин суръат, миқёс ва намоишкорӣ тамоми меъмории ҳегемонизми Амрикоро, ки тайи даҳсолаҳо бо диққат сохта шуда буд, аз байн барад.

Ҳеҷ кас ҷуз Трамп наметавонад то ин дараҷа таҳқиромез ва бесамар ҳамаи бартариҳои низомӣ ва геополитикии Амрикоро дар минтақа аз даст диҳад.

Ҳеҷ кас ҷуз Трамп наметавонад бартарии низомии қатъиро дар ҷараёни як ҷанги 38-рӯза ба таслими комил ва бечунучарои Амрико дар тамоми ҷабҳаҳо табдил диҳад; аз бозгардонидани дороиҳо ва лағви таҳримҳо то пардохти ҷуброн ва эътирофи ҷойгоҳи мустақили Эрон.

Ҳеҷ кас ҷуз Трамп наметавонад бо чунин лаҳни пур аз даъво аз “қудрат” сухан гӯяд ва дар ниҳоят ба радди истифода аз он қудрат ва эътирофи бартарии минтақавии Эрон бирасад.

Ҳеҷ кас ҷуз Трамп наметавонад ҳегемонизми Амрикоро то ин ҳад беэътибор созад; ба гунае ки нишон диҳад таҳримҳо бозгаштпазиранд, таҳдидҳои низомӣ маҳдуд ва бесамаранд, пойгоҳҳо осебпазиранд, муттаҳидон ба абзори масрафӣ табдил шудаанд ва тамоми риторикаи бартарӣ дар ниҳоят ба музокира бар сари миқдори имтиёзҳое мерасад, ки бояд ба рақиб дода шавад.

Он чӣ рух додааст, нишондиҳандаи коҳиши ҷиддии нуфузи Амрико мебошад. Трамп заъфҳои геополитикии Иёлоти Муттаҳидаро ошкор кард.

Ин рӯйдод нишонаи фурӯпошии нуфузи Амрико аст. Эрон, сарфи назар аз вазъияти душвор ва осебпазири худ, тавонистааст зарбаи сиёсӣ ва эътибории бесобиқае ба Трамп ворид кунад. Чин акнун имкони густариши нуфуз ва бартарии худро дар минтақа ба шакли қобили мулоҳиза пайдо хоҳад кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!