Хабари рӯз

Ислом дар ҷавомеъи ғарбӣ беш аз ҳар замони дигаре дар ҳофизаи насли ҳозир, ошкор, наздик ва асаргузор шудааст.

Нависанда: Ҷонатан Сасердути (Jonathan Sacerdoti) — рӯзноманигор ва муфассири масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ.

Манбаъ: The Spectator

Оё Ҷейкоб Рис-Мог ба Ислом гаравидааст? Бадеҳист, ки на. Аслан чаро бояд чунин суолеро матраҳ кунам?

Авохири ин ҳафта, Рис-Мог дар Анҷумани Оксфорд (Oxford Union) дар канори Абдуллоҳ ал-Андалусӣ ва Майкл Довард, аз Ислом дар баробари бадгумониҳои ҷомеаи Ғарбӣ дифоъ хоҳад кард. Сэр Ҷейкоб, илова бар чизҳои дигар, ба унвони як католики мутааҳҳид шинохта мешавад. Ӯ тасреҳ кардааст, ки мӯътақид нест Муҳаммад паёмбар буда ё Қуръон каломи Худост.

Ӯ гуфта аст:

“Дар воқеъ, фикр мекунам агар Қуръон каломи Худо бошад, Худованд бархе чизҳои бисёр аҷиб мегӯяд ва бархе рафторҳои бисёр номутаорифро ташвиқ мекунад.”

Ин дидгоҳи ӯро мустақиман дар тақобул бо бовари марказӣ ва бунёдини Ислом қарор медиҳад, ки мегӯяд:

“Ҳеч худое ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Худост.”

Бинобар ин эҳтимолан афроди каме ҳузури ӯ дар ин мунозираро ба маънои ҳимояти тозаи ӯ аз шариати исломӣ ё барпоии хилофат талаққӣ хоҳанд кард; бо вуҷуди он ки ӯ тасмим гирифта дар канори марде сухан бигӯяд, ки тааҳҳуди худро ба ин дидгоҳҳо ва назароти мушобеҳ изҳор кардааст.

Ман низ дар ин мунозира суханронӣ хоҳам кард, аммо дар сӯи муқобил; яъне барои тавзеҳи ин ки чаро Ғарб бояд нисбат ба Ислом бадгумон бошад. Дар ин ҷо пешопеш вориди ҷузъиёти суханронии худ нахоҳам шуд ва умедворам андаке пас аз баргузории мунозира, видеое аз он барои алоқамандон мунташир шавад.

Аммо ҳамон тавр ки ҳузури сэр Ҷейкуб дар канори ҳамтимиҳояш набояд ба унвони таъйиди ҳама ончи онон намояндагӣ мекунанд, талаққӣ шавад, ҳузури ман дар канори суханронони тарафи худам низ набояд чунин бардоштеро эҷод кунад.

Ҳамтимиҳои ман фаъоли сиёсӣ Стивен Яксли-Леннон, ки бештар бо номи Томӣ Робинсон шинохта мешавад, ва бозигар ва фаъоли сиёсӣ Лоренс Фокс ҳастанд.

Ба ҷойи тахриб, тавҳин ё мамнуъ кардани суханронони даъватшуда, беҳтар аст ба ҳарфҳои онон гӯш диҳем ва бо дидгоҳҳояшон содиқона ва муҳтарамона даргир шавем.

Ман чанде пеш низ дар Анҷумани Оксфорд суханронӣ кардам ва аз давлати Исроил дар баробари ин иттиҳоми дугона ва ба назари ман музҳик дифоъ кардам, ки Исроил як давлати апартеидӣ ва масъули наслкушӣ аст. Тақрибан мутмаинам, ки он замон низ дар бархе масоил бо дигар суханронони тими худ ихтилофи назар доштам; ҳарчанд ҳар се нафар аз он замон то кунун ба дӯстони арзишманди ман табдил шудаанд.

Бо ин ҳол, он ҷаласа ба саҳнае аз тавҳину ошӯб табдил шуд. Рафтори ҳуззори гузиншшудаи анҷуман он қадар ифротӣ буд, ки видеои посухи ман ба қишқириқи онон беш аз 13 миллион бор дар интернет дида шуд.

Ҳамаи инҳо нишон медиҳад, ки Анҷумани Оксфорд, ки навъе кӯдакистон барои сиёсатмадорони ояндаи Вестминстер аст, ҳанӯз ҳам метавонад таваҷҷуҳи умумиро ҷалб кунад. Мутаассифона, ҳамонанди порлумон, ин таваҷҷуҳ рӯз ба рӯз бештар натиҷаи хашми муҳандисишуда, таҳрикгарӣ ва ҳарҷу марҷи амдӣ аст, на натиҷаи баҳсҳои огоҳона ва муҳтарамона дар бораи идеяҳои муҳим ё ҳукмронии хуб.

Пас чаро бояд дубора ва дар чунин фосилаи кӯтоҳе худро дар маърази чунин вазъияте қарор диҳам?

Ва чаро, ҳамон тавр ки яке ду нафар аз дӯстону ҳамкорони нигаронам пурсиданд, бояд хатари сухан гуфтан дар канори касонеро бипазирам, ки дар майдони бокси сиёсии имрӯз бо барчасби “рости ифротӣ” муаррифӣ мешаванд?

Зеро мӯътақидам ин мунозира муҳим аст.

Ислом дар ҷавомеъи ғарбӣ беш аз ҳар замони дигаре дар ҳофизаи насли ҳозир, ошкор, наздик ва асаргузор шудааст. Ислом сареътарин дини дар ҳоли рушд дар Бритониёст.

Таҳлили соли 2025-и Маркази Пажӯҳишии Пию нишон дод, ки дар фосилаи солҳои 2010 то 2020, ҷамъияти мусулмонон сареътар аз ҳар гурӯҳи динии дигаре дар саросари ҷаҳон рушд кардааст.

Бештарин саҳми маргу мирҳои ношӣ аз терроризм дар даҳаҳои ахир ба гурӯҳҳое нисбат дода шуда, ки иқдомоти худро бо истинод ба ҷиҳоди исломӣ тавҷеҳ мекунанд; аз ҷумла ДОИШ, Бокуҳаром, шохаи ИСВОП (Islamic State West Africa Province (ISWAP)), Ашшабоб, вобастагон ба Алқоида, Ҳамос, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Толибон, Ҷамоати Нусратул Ислом вал Муслимин (JNIM) ва бисёре дигар.

Бритониёиҳо ҳамчунин ҳар рӯз беш аз ончи худашон тасаввур мекунанд гӯшти ҳалоли мутобиқ бо шариат масраф мекунанд; дар мадорис, ресторанҳо, ҳутелҳо, маҳалҳои кор ва бемористонҳои кишвар.

Бархе истидлол хоҳанд кард, ки нуфузи Ислом дар зиндагии мо комилан безарар аст ва ҳеч далеле барои бадгумонӣ вуҷуд надорад. Бархе дигар мӯътақиданд, ки мо дар ҳоли канор зада шудан ё ҷойгузин шудан ҳастем.

Ва миллионҳо нафар низ дар миёни ин ду дидгоҳ қарор доранд ва дастикам мӯътақиданд, ки бояд дар бораи ин масоил гуфтугӯ кунем.

Ин гуфтугӯ ҳамвора нороҳаткунанда аст. Бо ҳисси адаб ва назокати мо созгор нест, ки имон ва боварҳои дигаронро нақд, зери суол ё ҳатто мавзӯи баҳс қарор диҳем.

Навъи секулоризм ва худонобоварии мудерне, ки бахши бузурге аз зиндагии ҷамъияти моро шакл медиҳад, маъмулан аз гуфтугӯи муҳтарамона дар бораи ҳар дине парҳез мекунад ва тарҷеҳ медиҳад пайравони ҳамаи адёнро ба таври яксон афроде содалавҳ бидонад, ки ба афсонаҳои фаротабиӣ бовар доранд.

Бисёре аз яҳудиён низ нақди идеологияи як ақаллияти дигарро нописанд медонанд, зеро бим доранд, ки чунин коре ёдовари талоши қарни бистум барои ҳазфи ҳузури худи онон аз Урупо ва бахшҳои бузурге аз Ховари Миёна бошад.

Бештар касоне, ки моил ба суҳбат дар бораи ин мавзӯъ ҳастанд, эҳсос мекунанд “дониши кофӣ надоранд” ё сирфан метарсанд, ки сарашон бурида шавад, бо чоқу мавриди ҳамла қарор гиранд, мунфаҷир шаванд ё маҷбур шаванд боқии умри худро дар ихтифо зиндагӣ кунанд.

Ва агар амнияти ҷонӣ масъала набошад, амнияти молӣ метавонад бошад. Бисёре наметавонанд дар бораи мавзӯъе, ки аз назари иҷтимоӣ номаҳбуб талаққӣ мешавад, сухан бигӯянд, зеро мумкин аст ба далели ҳистерии иҷтимоӣ, маҳрумият аз хадамоти бонкӣ ё ҳазфи ҳирфаӣ, манбаи даромади худро аз даст бидиҳанд.

Онон чигуна зиндагии худро таъмин кунанд? Чигуна ба фарзандонашон ғизо бидиҳанд ё ақсоти воми маскани худро бипардозанд?

Ба таври хулоса, ҳамаи мо баҳоеро, ки дигарон барои сухан гуфтан пардохтаанд, дидаем.

Феҳристи касоне, ки ҳозир нестанд дар бораи ин мавзӯъ суҳбат кунанд, тӯлонӣ аст: тарафдорони “дурустгӯии сиёсӣ”, фаъолони вок, вафодорони қабилаӣ, сиёсатмадорони маслиҳатандеш ва афроди тарсида.

Оё аҷиб аст, ки касоне, ки боқӣ мемонанд, тундрав, пархошгар, васвосгуна ё ҳатто девона ба назар бирасанд? Чӣ касоне ғайр аз онон ба ин масир идома хоҳанд дод?

Пас аз охирин ҳузурам дар ончи “лонаи шер”, яъне толори мунозироти Анҷумани Оксфорд дар даҳаи 2020 меномам, бисёре аз афрод сабр, оромиш ва такяи маро бар истидлол сутуданд.

Ниёл Фергусон навишт:

“Инсон фақат метавонад виқор, шикебоӣ ва шуҷоати Ҷонатан Сасердутиро таҳсин кунад.”

Ва Доктур Фил, равоншинос ва муҷрии машҳури омрикоӣ, маро чунин тавсиф кард:

“Бисёр шуҷоъ... намунае аз сабр ва хештандорӣ.”

Аз ҷумла охирин тавсияҳои падарам пеш аз марг ин буд, ки ҳаргиз фахр нафурӯшам. Бинобар ин умедворам агар ин суханонро инҷо нақл мекунам, маро бибахшад.

Ин корро бештар барои нишон додани шигифтии худ анҷом медиҳам то аз сари ғурур.

Шигифтӣ аз ин ки чунин вежагиҳое аслан арзиши зикр дошта бошанд, чӣ расад ба ин ки аз сӯи чунин шахсиятҳои барҷастае мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Ин вежагиҳо сирфан бахше аз тарбият ва омӯзише ҳастанд, ки ман дарёфт кардаам.

Ончи амиқан маро ноумед ва шока кард — ва бозтоби ҷаҳонӣ ёфт — ин буд, ки бисёре аз донишҷӯёни имрӯзи Оксфорд низ ба ҳамон шева тарбият нашудаанд.

Бинобар ин чаҳоршанбе бори дигар дар Оксфорд сухан хоҳам гуфт.

Ман фақат аз ҷониби худам сухан хоҳам гуфт.

Муҳтарамона аммо содиқона сухан хоҳам гуфт.

Ва ба дигарон низ гӯш хоҳам дод; чӣ хуб ва чӣ бад, чӣ сарватманд ва чӣ фақир, чӣ чап ва чӣ рост, чӣ масеҳӣ, чӣ мусулмон ва чӣ яҳудӣ, чӣ аз табақоти боло ва чӣ аз табақаи коргар.

Бароям орзуи муваффақият кунед.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!