Нақшаи тозаи Вашингтон дар минтақа чист?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз ду даҳаи ҳузури мустақим дар Афғонистон, акнун сиёсатеро дар пеш гирифта, ки аз “давлатсозии пурҳазина” ба “мудирияти риск аз дур” тағйири ҷиҳат медиҳад. Ин тағйир на танҳо поёни як проекти шикастхӯрда аст, балки бозтоби дарки ҷадиди Вашингтон аз мавқеияти Афғонистон дар нақшаи рақобатҳои ҷаҳонӣ аст. Ба ҷойи сармоягузорӣ бар ниҳодсозии дохилӣ имрӯз фишорҳои молӣ, ҳуқуқибашарӣ ва абзорҳои ғайринизомӣ ба унвони аҳрумҳои аслии сиёсати Амрико амал мекунанд; Абзоре, ки метавонад таҳдидҳоро бидуни ҳузури густурдаи нерӯҳои амрикоӣ контролу ҳидоят кунад.
Дар ин чорчӯби тоза Толибон сирфан як душман ё як гурӯҳи террористӣ талаққӣ намешаванд, балки дар баъзе маворид ба масобаи аҳруми фишор ё абзори нуфузи минтақаӣ дар баробари меҳвари Шарқ дида мешаванд. Вашингтон бо ҳузури нарму бесарусадо - аз ҷумла сафарҳои намояндагони иттилоотиву дипломатӣ ва мудирияти парвандаҳои ҳассос, мисли гаравгонҳо - барномаҳои амниятии худро дар Афғонистон ба гунае татбиқ мекунад, ки ҳузури мустақими низомиашро ҷуброн намояд. Ин тағйири масир ҳамроҳ шуда бо интиқоли маҷории таомул аз Исломобод (, ки ба далели наздикӣ ба Чин беэътимод шуда) ба кишварҳои арабӣ ва ҳавзаи Халиҷ; ҷое, ки Амрико итминон бештаре барои каналсозӣ дорад.
Аз сӯи дигар, Амрико бо “корти терроризм” ба унвони таҳдиде контролшуда кор мекунад; Таҳдиде, ки битавон аз он барои мудирият ва ҳидояти буҳронҳо баҳра бурд. Сиёсати ҷадид мудирияти ҳамзамон ва мутаноқизи равобит бо Ҳинд, Покистон, Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба намоиш мегузорад; Ин яъне Вашингтон амалан ба ҳеҷ шарики воҳиде эътимоди комил надорад ва аз ҳар кадом барои тавозунбахшӣ истифода мекунад. Ҳамзамон аз муҷриёни давраи ҷумҳурият ба унвони гузинаҳои захира ва абзори таблиғотӣ баҳра мегирад то аҳруми фишори дохилии худро ҳифз кунад.
Нақши Созмони Милал дар ин миён низ башиддат абзорӣ шудааст. Ниҳодҳое чун UNAMA (United Nations Assistance Mission in Afghanistan), ки зоҳиран маъмурияти башардӯстона доранд, дар амал ба бахше аз шабакаи назорат ва иттилоот бадал мешаванд. Нигоҳи имрӯзи Амрико ба Афғонистон дигар роҳбурдӣ-истиқрорӣ нест; Афғонистон бештар як маркази шунуд ва пойгоҳи нуфузи иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ ва абзоре барои фишор бар меҳвари мутахосими Шарқ аст то бистаре барои истиқрори доими нерӯҳои амрикоӣ.
Ин тағйири нигоҳ бо бозтаърифи робитаи Амрико ва Русия ҳамзамон шудааст. Вашингтон дар Афғонистон бо Маскав на лузуман ба унвони душман, балки ба масобаи шарики тактикӣ барои маҳори Чин таомул мекунад. Набардҳои классики Амрико ва Русия дар Афғонистон имрӯз ба кашмакашҳои истихборотӣ ва бозиҳои нуфузӣ бадал шуда ва Чин ба унвони рақиби баландпарвозона ва хатарноктар аз Русия талаққӣ мешавад. Ин бардошт боис шуда то Аврупо ҳарчи бештар ба Амрико аз назари амниятӣ, энержӣ ва иқтисод вобаста шавад ва дар қолаби “чатри ҳастаӣ”-и Вашингтон боқӣ бимонад.
Нуфузи рӯзафзун ва манфиатталабонаи Чин дар Афғонистон низ нигаронии муштараки Вашингтон ва Маскавро барангехтааст. Тағйири сиёсати Амрико дар Афғонистон бахше аз талошест барои рафъи дағдағаи Русия нисбат ба манофеъи Амрико то Вашингтон битавонад бидуни музоҳимат бо Чин дар майдони Афғонистон бозӣ кунад. Бад-ин тартиб, Афғонистон дигар майдони рақобати мустақими Амрико бо Маскав нест; Балки ба озмоишгоҳе барои маҳори Чин ва ҳифзи бартарии Амрико дар “Бозии бузурги ҷадид” табдил шудааст.
Чархиши сиёсати Амрико дар Афғонистон бозтоби як стратегияи чандлоя аст, ки аз мантиқи “ҳузури мустақим ва давлатсозӣ” фосила гирифта ва ба мантиқи “абзорсозӣ ва мудирияти буҳрони контролшуда” наздик шудааст. Толибон, Созмони Милал, кишварҳои арабӣ, муҷриёни ҷумҳурият ва ҳатто Русия дар ин роҳбурд нақши “абзор” ёфтаанд. Агарчи ин рӯйкард ҳазинаи ҳузури мустақимро барои Амрико коҳиш медиҳад, аммо Афғонистонро ба майдони рақобатҳои пинҳон ва маҳори Чин бадал мекунад; Майдоне, ки суботи пойдор барои мардуми Афғонистон тазмин намекунад, балки “Бозии бузург”-ро дар сатҳи нармтар ва печидатар бозтавлид мекунад.