Хабари рӯз

Дар бозиҳои истихборотӣ чӣ гуна болои Афғонистон муомила сурат мегирад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика

Толибон дар нишасти истихборотии Доҳа барои Амрико тааҳҳуд додаанд, ки танҳо душманони Амрико ҳадафи гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон хоҳад буд. Дидорҳои танзимшуда миёни Толибону амрикоиҳо ва ҳам заминаҳои тафоҳум миёни соири муттаҳидони Амрико бо Толибон аз аҳдофи ин нишаст пиндошта мешавад.

Амрико бо бозии пухташуда аз қабл бо Толибон идома медиҳад. Ин вазъият кишварҳои минтақаро нигарон сохтааст. Русҳо аз вазъият ба шиддат нигарон ҳастанд ва ҳалқаҳои иттилоотии русҳо гузоришҳоеро мабнӣ бар навасони дар вазъияти рукуд дар Афғонистон ба даст овардаанд.

Эрониҳо тасаввур мекунанд, ки бо тавофуқ рӯйи чанд мавриди сиёсӣ,  мисли ҳақоба, худро аз газанди терроризми давлатӣ дар Афғонистон бима кардаанд. аммо рӯиҳамрафта масъалаи маҳрумият ва боздоштҳои густурда аз манотиқи ғарби Кобул ва махсусан ҳазораҳо вазъиятро печида сохтааст.

Чиноиҳоро бо масруфсозӣ рӯйи проектҳои иқтисодӣ ва нафтии Шимол фирефтаанд. Дар ҳоле, ки Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ дар Шарқи Афғонистон  дасту панҷаи тоза пайдо мекунанд. Тарҳи интиқоли террористон барои майдони Шимол ба хубӣ пеш меравад.

Покистон, ки аз ибтидо барандаи бозӣ буд. Ҳоло аксари аъзои ТТП дар остонаи интиқол ба Шимоли Афғонистон ҳастанд, то Покистон фурсати кофӣ барои идомаи бозӣ пайдо кунад. Англис хотираш ҷамъ аст, ки манофеашро Покистону Амрико таъмин мекунанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба умеди Русия дил бастаанд ва барои як вазъияти фавқулодда омода мешаванд. Толибон дар майдон якатоз ҳастанд ва мухолифонашон, мутаворӣ, сардаргум, бе ҳимояти сиёсӣ ва низомӣ, масруфи тӯҳматзанӣ ва дар як бебарномагӣ ба сар мебаранд.

Дар нишасти Доҳа тавофуқ шудааст, то таомулу ирсоли пул ба Толибон барои ҳифзи вазъият мавҷуд (оромиши қабл аз тӯфон) идома ёбад. Мардум ҳар рӯз саркӯб мешаванд ва чорае барои берун шудан аз вазъияти мавҷуд надоранд.

Дар се сатҳ - байналмилалӣ, минтақаӣ ва дохилӣ - се бозии мувозӣ пеш бурда мешавад. Корти Толибон короии фавқулодда пайдо кардааст ва умедҳои мардуми Афғонистон барбод меравад. Терроризми давлатии Толибон гузинаи мусоидеро дар ихтиёри минтақаву ҷаҳон қарор додааст, то ба воситаи он муодилоти бузургтар танзим шаванд.

Толибон се марҳалае аз касб, таҳким ва истиқрори қудратро аз тарафи Амрико тазмин гирифтаанд. Касби қудрат барои Толибон дар натиҷаи як таҳаввул ва навасони ғайри қобили интизор дар муодилаи бозии қудратҳои бузург, рух дод. Таҳкими қудрати толибонӣ ба воситаи шаллоқ, истибдод, ихтиноқи бепешина ва ситами таърихӣ заминасозӣ шудааст. Истиқрори ин низом ниёзманди таомули минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки Толибон ба он алоқа нишон медиҳанд. Ин гурӯҳ талош дорад то воқеиятҳои Афғонистонро дар хилоли бардоштҳои идеологиии худ пинҳон кунад. Масъалаи амнияти дурӯғин, суботи иқтисодии қуллобӣ ва ризояти умумии мардумро, ки дар натиҷаи фишори музоафи ин режими истибдодӣ ба вуҷуд омадааст, минҳайси мафрузоти аслии таомул ва шарик шудан дар равандҳои минтақаиву ҷаҳонӣ медонанд. Шояд тарафдорони Толибон, ки пулаи таассуби қавмӣ ва идеологӣ  бар онҳо сангинӣ мекунад, ин ҳарфҳоро чандон дӯст надошта бошанд. Аммо воқеиятҳое аст, ки моро дар рӯшноии дарки мавориди муҳимми зиндагӣ қарор медиҳад. Мо наметавонем дар зери сояи таассуб, худбузургбинӣ ва уқдаҳои таърихӣ  воқеиятҳоро инкор кунем.

Бисёре савол мекунанд, ки чаро аз режими Толибон норозӣ ҳастем? Оё боз ҳам тарафдори баргашти мақомоти фосиди ҷумҳурӣ ва баргашт ба асри фасодсолорӣ ҳастем? Мо ҳеҷ кадомро идеал намедонем. Эътирози мо ба вазъияти рӯ ба вахомати имрӯз аст, ки бадтар аз дирӯз аст. Мутмаин бошед, ки дар таҳти режими Толибон, ҳеҷ умеде барои пешрафту тараққӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Он чӣ нишон дода мешавад, зоҳирсозии демагогӣ аст, ки талош мекунанд дар таҳти шуои он миллатеро фиреб диҳанд.

Дар сатҳи минтақаӣ Русия, Чин ва Эрон омили асосӣ дар қудратгири дубораи Толибон буданд. Ҳар се баргашти Толибон ва хурӯҷи Амрикоро аз аҳдофи роҳбурдии худ тасаввур мекарданд. Ба ҳамин лиҳоз, бар таомули тактикӣ бо Толибон таъкид доранд ва интизор доранд, ки чизе аз Толибони маст дар қудрат дар Афғонистон, насибашон шавад. Амрикову муттаҳидонаш бо вуҷуди бист соли ҳузур дар Афғонистон ва шиори дурӯғини мубориза бо терроризм, хостори таомул бо ин режими саркӯбгар ва тарвиҷкунандаи терроризму ифротгароӣ ҳастанд.

Мардум бо тамошои вазъияти мавҷуд дар дуроҳаи интихоб миёни ваҳшати толибонӣ аз рӯи тарс ё ночорӣ ва ё фирор аз махмасаи кунунӣ қарор гирифтаанд. Маълум нест, ки барои чанд сол проекти толибонӣ  дар Афғонистон иҷроӣ хоҳад шуд. Аз куҷо маълум, ки нусхаи бадтари Толибонро аз даруни он берун оваранд. Шояд фурӯ бурдани Афғонистон дар коми ифротгароӣ дар таҳти ҳокимияти режими толибонӣ, гузинаи басарфа ба қудратҳои бузург бошад ва барои ин манзур Толибонро дар Афғонистон ҳоким сохтаанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!