Хабари рӯз

Покистон дар тағйири муъодилаи Афғонистон як муҳандисии таҳоҷумиеро ба кор мебарад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Баъд аз тағйири қоидаи бозӣ дар Афғонистон, Покистон ба дастури фароминтақа дар талоши овардани тағйир дар вазъият аст; тағйире, ки на танҳо бо ниёзҳои дохилии ин кишвар ҳамоҳанг аст, балки метавонад дар муқобила бо таҳдидҳои ҷадиди амнияти миллии Покистон низ нақши муассиру амалиётӣ ифо кунад.

Ҳамгароии Исломобод бо қудратҳои фароминтақаӣ, барои он мазиятҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ тавлид карда ва дар фазои ошӯбзадаи кунунӣ, ин ҳамгароӣ ба унвони як сакуи нуфузу фишор, аҳамияти музоф ёфтааст. Ҳамроҳии Покистон бо Арабистон, Туркия, Иморот, Қатар, Амрико ва Инглис, як сафбандии ҷадиду комилан ҳисобшуда дар қиболи вазъияти Афғонистон эҷод кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳинд низ то ҳадди тавон дар пайи баҳрабардорӣ аз вазъияти ҷадид аст. Деҳлии Нав талош мекунад аз фазои ба вуҷуд омада истифода карда ва бо эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ, ҷойгоҳи аз даст рафтаи худро дар Афғонистон бозсозӣ кунад. Аммо дар баробари Ҳинд ду рақиби умда қарор дорад: яке, Покистон ва дигарӣ, Чин; ду қудрате, ки метавонанд масири ҷоҳталабиҳои ҳиндиҳоро бо истикоки ҷиддӣ мувоҷеҳ кунанд. Агарчи рӯйкарди Ҳинд дар ҳамоҳангӣ бо сиёсатҳои Вашингтон таъриф шуда, аммо барои Теҳрон, Маскав ва Пекин низ то ҳадде қобили пазириш аст, зеро дар кӯтоҳмуддат монеъи тасаллути якҷонибаи блоки рақиб мешавад ва дар чорчӯби бозии қудрати минтақаӣ қобили ҳазм аст.

Ин вазъият пазли ҷадид аз рақобатҳои печидаву хатарноки ниёбатиро фаъол месозад; рақобатҳое, ки дар он ҳимоят аз тероризм, муҳандисии гуруҳҳои мусаллаҳу истифодаи абзорӣ аз халои қудрат, ба абзорҳои амалиётии бозигарон табдил шудааст. Имрӯз тамоми минтақа ва фароминтақа дар як миз ва дар як раванди тасаллутмеҳвар дар талоши баҳрабардорӣ аз вазъияти Афғонистонанд.

Амрико акнун фазаи дувуми бозиро бо тағйири вазъият иҷроӣ хоҳад сохт ва дар ин масир нақши Покистон барҷаста мешавад; кишваре, ки борҳо қудрати тахрибӣ ва тавони шабакаии худро ба намоиш гузошта ва дар пружаи толибонизму шаклдиҳӣ ба вазъияти ҷадид, ҷойгоҳи муҳиме ёфтааст. Покистон дар ин мақтаъ аз тамоми абзорҳои низомӣ, амниятӣ, истихборотӣ ва дипломатӣ истифода мекунад то мудирияти вазъият дар контроли он бимонад. Аз бомбаборони Кобулу дигар нуқоти Афғонистон гирифта то талош барои эҷоди иртибот бо мухолифону ҷабаҳоти муқовимат дар баробари Толибон, аз сафарҳои мутаъаддиди мақомҳои амниятӣ ва дипломатӣ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон то сафари давраии вазири хориҷа ба Аврупо ва дидор бо мақомоти НАТО, ҳамаи инҳо зарофати сиёсатварзӣ ва тавонмандии чандлояи Покистонро дар ҳамоҳангӣ бо АйЭсАй нишон медиҳад.

Вазири хориҷаи Покистон дар сафарҳои аврупоӣ муваффақ шуда мавқифу дидгоҳи мақомоти Аврупоро нисбат ба Толибон тағйир диҳад ва ононро қонеъ кунад, ки Толибон дар баробари Покистон ҳақ ба ҷониб нестанд ва бояд ба хостаҳои Исломобод тан диҳанд. Ин қудрати дипломатия ва тавони иқноъи сиёсӣ, нишондиҳандаи рушди зарфияти чоназаниву нуфузи Покистон дар майдони сиёсати байналмилал аст.

Дар сатҳи низомӣ ва амниятӣ талошҳои ҳамоҳанги Покистон барои эҷоди ҷабҳае ҷиҳати аъмоли фишори сангин бар Толибон идома дорад. Аз тамоми нерӯҳои мухолифи Толибон дар табъид то ҷабаҳоти низомии фаъол аз сӯи Покистон даъват шудаанд то дар мубориза бо Толибон, ба ҳимояти Исломобод такя кунанд. Ин зовияи амниятӣ ва истихборотӣ нишон медиҳад, ки ҳимояти ҷиддии Амрико ва фароминтақа пушти ин бозии хатарнок қарор дорад.

Акнун ки Толибон аз Покистон фосила гирифта ва ба паймони минтақаиву наздикӣ бо Русия, Чину Эрон иброз алоқа кардаанд, ҷаззобияти худро барои Вашингтон аз даст додаанд. Толибон замоне барои Ғарб муҳим буд, ки битавонад бо эҷоди ошӯби созмондиҳишуда, фазои чоназанӣ ва имтиёзгирӣ бисозад; аммо акнун Толибон ба гуруҳҳои мутаъаддид бо дидгоҳҳои мутафовит тақсим шуда ва ин чандпорчагӣ фурсати нуфуз барои руқабои Ғарбро афзоиш додааст. Барои Вашингтону Исломобод қобили қабул нест, ки мудирияти инҳисории ин пружа аз даст баравад; бино бар ин, тағйири чеҳраҳои музоҳими даруни Толибон, бахше аз дастури кори ҷадид аст.

Дар сатҳи минтақаиву байналмилалӣ талошҳои Покистон бисёр густарда ва таъсиргузор аст. Дипломатияи Исломобод, ки муҷаҳҳаз ба забони англисӣ ва пуштибонии таҷрибаи истихборотӣ ва низомӣ аст, ин қудратро ба Покистон дода то дар масири таъмини манофеъи роҳбурдии худ, вориди ҳар гуна муомила ва додуситади сиёсӣ ва амниятӣ шавад. Аз сӯи дигар, сиёсати муҷовирати таҳдидҳо аз ҷониби Толибону Ҳинд, ҳамроҳ бо бунбаст хӯрдани пружаҳои Чин дар Афғонистон, Покистонро ба самти пазириши як муомилаи бузурги дигар бо Ғарб савқ додааст.

Дар канори ин талошҳо Покистон ҳамчунон имконоти амниятӣ ва истихборотии густардае дар минтақа дорад. Аз ҳамоҳангии тактикӣ бо Теҳрон дар ҷанги дувоздаҳрӯза гирифта то эҷоди пули иртиботӣ бо Туркия, аз тамос бо Осиёи Марказӣ то сафарҳои дипломатӣ дар Аврупоу Амрико, ҳамагӣ қобили зикр аст. Зимни он ки гузинаҳои сахтафзорӣ шомили истифода аз нерӯҳои резерфии амниятӣ дар қолаби гуруҳҳои террористӣ монанди ДИИШ, ба унвони абзори фишор бар Толибон барои Покистон маҳфуз мондааст.

Акнун ҳатто қудратҳои фароминтақа низ ба мантиқи Покистон дар тағйири вазъияти Афғонистон қаноат кардаанду расонаҳои байналмилалӣ низ ба ин мавзӯъ ишора доштаанд. Талоши Исломобод дар идомаи вазъияти мавҷуд тазмини кӯтоҳ нигаҳ доштани дасти меҳвари Шарқу Ҳинд аз мудирияти Толибон аст. Ҳатто гузоришҳое мунташир шуда, ки Покистон дар садади эҷоди гуруҳҳои ниёбатии билқувва барои эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ бар Толибон аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!