Хабари рӯз

Тоҷикистон чӣ гуна ба бозигари муассир дар майдони Афғонистон табдил меёбад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Толибон пас аз кашмакашҳои ахир бо Покистон ба дунболи роҳҳои бадили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ барои тадовуми ҳузури худ дар қудратанд. Алоқамандии фазояндаи ин гуруҳ ба меҳвари Шарқу наздик шудан ба Русия, Чину Эрон нишон медиҳад, ки Исломобод дигар танҳо меҳвари ҷаззоб барои Толибон нест.

Албата, ин тағйири нигоҳ ба маънои иҷмоъи комил дар даруни Толибон нест; ҳанӯз тайфе аз раҳбарону фармондеҳони ин гуруҳ робита бо Покистонро сармояи роҳбурдӣ медонанд. Ин вобастагӣ реша дар пешинаи муҳоҷирати Толибон дар Покистон, асари мадориси динии тундрав, ки ин гуруҳро сохтанд ва ба он ангезаи ҷангидан доданд, пайвандҳои хонаводагиву қавмӣ, тамаркузи сармояҳои молии раҳбарони Толибон дар хоки Покистон ва дар ниҳоят, иттисоли амиқи ин гуруҳ ба сохторҳои истихборотӣ ва низомии он кишвар дорад.

Бо ин ҳол, дар шароити кунунӣ Толибон дар талошанд то аз зери сояи Исломобод берун шаванд ва худро ба унвони бозигари мустақил, қобили чоназании мустақим бо Ғарб ва кишварҳои меҳвари Шарқ муаррифӣ кунанд. Бар ҳамин мабно, густариши равобити дипломатӣ, таъомулоти амниятӣ ва пайвандҳои тиҷорӣ бо гузинаҳои ҷудо аз Покистон, дар қолаби як рӯйкарди чандбуъдӣ, дар дастури кори ин гуруҳ қарор гирифтааст. Агарчи ин талошҳо то кунун ба касби машрӯъияти байналмилалии расмӣ барои Толибон мунҷар нашуда, аммо дар чорчӯби мантиқи истихборотӣ ва амниятӣ, аз як гуруҳи сирфан ҷангӣ, чеҳраи як шарики “қобили истифода” барои қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ сохтааст; шарике, ки метавон ӯро ҳам маҳор кард ва ҳам ба кор гирифт.

Осиёи Марказӣ, ба вижа кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, дар ин муҳосибаи ҷадиди Толибон ҷойгоҳи вижае ёфтаанд. Ин тавваҷуҳ чанд лояи амниятӣ ва геополитикӣ дорад. Нахуст он ки энержӣ, об, барқ ва масирҳои транзитие, ки ин кишварҳо аз тариқи Афғонистон барои Ҷануби Осиё фароҳам мекунанд, барои режими масрафи меҳвари Толибон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Дар мантиқи Толибон, контрол бар ин шарёнҳо метавонад ҳам манбаъи даромад бошад ва ҳам абзори фишори сиёсӣ ва амниятӣ. Дувум он ки наздикии ин кишварҳо ба меҳвари Шарқ, зовияи диди Толибонро барои васл шудан ба Маскаву Пекин, аз масири Шимол, воқеитар кардааст. Толибон ба гунае муҳосибагарона бовар доранд, ки нигоҳи мусбати кишварҳои Осиёи Миёна ба онон метавонад бахше аз тардидҳои Русияву Чинро низ таъдил кунад ва барои ин гуруҳ, ҷуғрофиёии Шимолро ба сакуи лобигарӣ дар баробари меҳвари Шарқ бадал созад.

Дар сатҳи амиқтари амниятӣ Толибон аз иртиқои тадриҷии мухолифонашон – ба вижа гуруҳҳои муқовимат – ба бозигарони фаъол дар муҳосиботи қудратҳои минтақаӣ ва сервисҳои истихборотӣ, нигаронии ҷаддӣ доранд. Таҷрибаи худи Толибон, ки аз дили ҳамкории амниятӣ бо Покистон, бо такя бар пойгоҳҳои амн дар он кишвар ба қудрат баргаштанд, акнун ба сурати як кобуси маъкус дар зеҳнияти амниятии онон амал мекунад. Онҳо ба хубӣ медонанд ҳамон улгуе, ки замоне барои суқути Ҷумҳурии Афғонистон ба кор рафт, метавонад дар сурати фароҳам шудани ақабаи стратегӣ барои муқовимат, алайҳи худашон низ фаъол шавад. Аз ҳамин рӯ, Толибон талош мекунанд то бо наздик шудан ба кишварҳои Осиёи Миёна ва таъвизи тадриҷии нақши Покистон дар бархе ҳавзаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ин кишварҳоро ба ҷои “замини бозии мухолифон”, ба “майдони маҳору контроли мухолифон” табдил кунанд ва аз онҳо ба унвони зоминҳои амниятӣ барои истимрори ҳокимияти худ суде бибаранд.

Чархиши драматики Толибон ба сӯи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, аз умқи нигаронии ин гуруҳ нисбат ба инзивои чандҷониба аз сӯи ҳамсояҳо парда бармедорад. Кишварҳои шимоли Афғонистон барои Толибон ҳам масири билқувваи додуситади иқтисодӣ дар сурати фурӯпошии комили равобит бо Покистонанд ва ҳам тавоноии фавқулодае дар лобигарӣ назди Чину Русия барои тағйир ё нарм кардани нигоҳи онҳо нисбат ба режими Толибон доранд.

Дар ин миён, Тоҷикистон ҷойгоҳи вижае дорад; кишваре, ки то имрӯз бо қотеъияти сиёсӣ дар баробари режими Толибон истода ва бо такя бар дипломатияи фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар чорчӯби забони форсӣ, навъе фосилаи интиқодӣ бо Афғонистони таҳти султаи Толибон ҳифз кардааст. Акнун аммо, ба мувозоти шаклгирии баъзе каналҳои амниятӣ ва иқтисодӣ, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар муҳосиботи Толибон ба таври маҳсус иртиқо ёфтааст.

Толибон аз Тоҷикистон хостҳои мушаххаси амниятӣ доранд; дар маркази ин хостҳо, ҳазфи имкони созмондиҳии ҳар навъ муқовимати мусаллаҳона зидди Толибон дар хоки Афғонистон бо ҳимояти Душанбе қарор дорад. Ин хост баёнгари тарси амиқи Толибон аз табдил шудани Тоҷикистон ба ақабаи стратегии муқовимат аст. Дар муқобил, давлати Тоҷикистон низ бо тамоми иртибототи ҷорӣ, эътимоди комил ба Толибон надораду ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистонро таҳдиди билфеълу ояндасоз медонад.

Ба ҳамин далел, Душанбе саъй кардааст миёни эҳтиёти амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз душмании аланӣ бо Толибон мувозинае шикананда барқарор кунад. Ин кишвар то кунун дар сутӯҳи мухталиф – истихборотӣ, амниятӣ, тиҷорӣ ва дипломатӣ – каналҳоеро бо Толибон боз нигаҳ доштааст; аз табодули иттилооти истихборотӣ то тасҳили бархе равандҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз эҷоди каналҳои тамоси амниятӣ то заминасозӣ барои гуфтугӯҳои маҳрамона миёни Толибону русҳо. Инҳо ҳама бахше аз бозии чандлояии Тоҷикистон аст то ҳам таҳдидро мудирият кунад ва ҳам дар муъодилоти бузургтари минтақаӣ баргҳои худро насӯзонад.

Имтиёзи вижаи Толибон дар вазъияти феълӣ ин аст, ки ба далели илтиҳоби назми минтақаӣ ва нигаронӣ аз бозгашти ҷангҳои контролнопазир тақрибан ҳеҷ кишваре ҳозир нест ба таври комил ин гуруҳро мунзавӣ кунад. Ин ҳароси муштарак аз фурӯпошии комили назм дар Афғонистон ва пайомадҳои фаромарзии он боис шудааст, ки равобити Толибон бо ҳамсояҳо, минтақа ва фароминтақа, дар қолаби шабакае аз каналҳои амниятӣ ва истихборотӣ ҳифз шавад. Аммо ин равобит бештар дар чорчӯби як мантиқи маҳдуди амниятӣ ва мудирияти таҳдид қобили тафсир аст, на дар қомати як чашмандози роҳбурдӣ ва геополитикии пойдор. Толибон дар ин шабака бештар ба унвони “унсури таҳдидкунандаи қобили муомила" дида мешаванд то шарики роҳбурдии баландмуддат.

Дар ин миён, Тоҷикистон барои Толибони аҳамияти музоф дорад. Аз як сӯ, ин кишвар тавони билқувваи басиҷ ва созмондиҳии гуруҳҳои мухолифи Толибон, ба вижа нерӯҳои тоҷикро дар сурати тақобули ошкор дорост ва метавонад ба унвони ақабаи стратегии муқовимат амал кунад. Аз сӯи дигар, ҳаммарзӣ бо Афғонистон ва имкони таъмини ҳар навъ таслеҳоту логистика барои чолишсозии амниятӣ алайҳи режими Толибон, барги барандае дар дасти Душанбе аст, ки дар дастгоҳи муҳосиботии Толибон ба унвони яке аз нуқоти заъфи ҳассоси ин режим сабт шудааст. Толибон хуб медонанд, ки агар Тоҷикистон аз мавзеъи бетарафии нисбӣ убур кунад ва ба ҳомии сареҳи муқовимат бадал шавад, сохтори амниятии ин гуруҳ дар Шимол ба суръат шикананда хоҳад шуд.

Фаротар аз ин сатҳ нақши Тоҷикистон дар нигоҳи қудратҳои бузурги Шарқу Ғарб ба минтақа ва ҷойгоҳи ин кишвар дар ояндаи амниятӣ ва геополитикии ҳавзаи Ҳартленду Римленд ва дар имтидоди хутути крослендӣ, онро ба яке аз бозигарони таъйинкунанда дар ояндаи Афғонистону сарнавишти ниҳоии режими Толибон табдил мекунад. Дарвоқеъ, ҳар андоза, ки тақобул ё рақобати қудратҳои бузург дар ин ҷуғрофиё ташдид шавад, вазни Тоҷикистон – ба унвони гузаргоҳ, сипар ва гоҳе сакуи фишор – дар муъодилоти Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт. Толибон ин воқеиятро ба хубӣ ҳис кардаанд ва талош мекунанд то бо наздик шудани ҳисобшуда ба Душанбе ва ҳамсоягони шимолӣ, аз як сӯ, “умқи стратегии маъкус” алайҳи мухолифони худ эҷод кунанд ва аз сӯи дигар, дар бозии бузурги амниятӣ ва истихборотии минтақа, аз муҳраи масрафшаванда ба бозигари муҳосибагар иртиқо ёбанд; ҳарчанд ҳанӯз фосилаи миёни ин орзу ва воқеият бисёр жарф аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!