Хабари рӯз

Ҳар толибе, ки доллари Амрикоро ба унвони ҳадия қабул накунад, кушта мешавад.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Як чизеро, ки мӯътақидон ба исломи сиёсӣ мутаваҷҷеҳи он нестанд, ин аст, ки акнун ин ривоят аз контроли мусулмонон, ки худро мусулмони воқеӣ ва мудофеъи дин медонанд, хориҷ шудааст. Аз замони ҷиҳод ба баъд, контроли исломи сиёсӣ дасти Инглису Амрико афтод. Онон исломи сиёсиро ҳамчун аслиҳа алайҳи Шӯравӣ истифода карда ва сипас дур андохтанд.

Аммо билофосила мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин аслиҳа коромад аст ва набояд дур андохта шавад. Онон Толибонро сохтанд, ки дар зоҳир ҳамон ривояти исломи сиёсиро шиори худ сохтанд аммо аз он фаҳме надоштанд ва тааҳҳуде ҳам ба он надоштанд. Ин мӯҷиби безории мардум аз ривояти исломи сиёсӣ шуд ва ин мақуларо бештар ба домани Амрикову Инглис суқут дод.

Раҳбарони дасти аввали исломи сиёсӣ (Устод Раббонӣ ва амсоли ӯ), ки тааҳҳуди амиқ ба ин мақула доштанд, аз байн бурда шуданд ва фақат аз он ҷамъ касоне (Ҳикматёр ва амсоли ӯ) зинда монданд, ки бо шабакаҳои истихборотӣ дар иртибот буданд ва таҳти таҳаффузи онон қарор доштанд.

Ононе, ки ҳанӯзам ба исломи сиёсӣ бовар доранд, барои ин ки худро аз бадбиниву танаффури бархоста аз амалкарди гурӯҳҳое мисли Толибон дар амон нигаҳ доранд, баҳси миёнаравиро ба миён кашиданд ва мепиндоранд, ки бо эҷоди таъдилоте дар тафаккуроти ифротӣ, метавонанд ҳамчунон ин ривоятро зинда нигаҳ доранд ва бо он дубора ба саҳнаи сиёсату қудрат баргарданд. Ин раҳёфт нодуруст нест, аммо чунонки ишора шуд, аз ончи хориҷ шудани исломи сиёсӣ аз контроли мусулмонон хондам, иғфол меварзад.

Дарвоқеъ исломи сиёсии воқеӣ дар хушбинонатарин ҳолат замоне метавонад идомаи ҳаёт диҳад, ки хеле бештар аз тасаввури эътидолгароёни имрӯзӣ худашро ҷӯру таъдил кунад, ки агар битавонад аз контроли истеъморгарон худро хориҷ кунад, аз лабаи теғи нақдҳои хирадгароён ва ақлбоварон низ убур кунад ва зинда бимонад, ки дар ин сурат ба секуляризм мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Истеъморгарон аммо ба ин содагӣ раҳо карданӣ нестанд. Онон исломи сиёсиро бахше аз ақоиди ангезадиҳанда барои таҳияи лашкаре аз ҷуҳалову қотилин дар назар мегиранд, ки қудрати зиёде барои саркӯбу тахрибгарӣ дорад. Дар чунин вазъияте, ҳар гурӯҳе, ки исломи сиёсӣ ва эҷоди ҳукумати исломиро дар шиорҳои худ бигунҷонад, фақат дар сурате истеъморгарон барояш майдони амал медиҳанд, ки нусхаи ҷадидтаре аз таваҳҳушу дарандагӣ ва хушунатварзӣ пешниҳод кунад. Нишон диҳад, ки хашинтар аз гурӯҳҳои исломгарои қаблӣ аст. Мисле ки Толибон бо нишон додани қасовату бераҳмӣ, майдонро аз муҷоҳидин рабуданд ва ҳоло ДОИШ мехоҳад бо нишон додани қасовати бештар майдонро аз толиб бигирад.

Ин ҷо навъе музояда болои хунрезӣ ҷараён дорад. Баранда аз назари доварони ҷаҳонӣ касест, ки зарфияти болои хушунатварзӣ дошта бошад. Қиссаи эътдилолгароён дар ин музояда муфт аст. Инҳо фақат метавонанд болои он идда аз мусулмонон ҳисоб кунанд, ки ҳанӯз дарандахуии толибу ДОИШ боис нашуда дар бовару бардошти худ аз дин таҷдиди назар кунанд.

Инҳо аммо чигуна метавонанд дар баробари проекти пурманфиати ифротият муқобила кунанд? Иттико ба инҳо иттико ба нерӯҳои бумӣ, заиф ва муҳофизакор аст. Нерӯҳое, ки на ҷуръати муқобила бо лашкари мусаллаҳи ифротиюнро доранд ва на шаҳомати таҷдиди назар дар боварҳои муттасиби динии худро. Инҳо бештар дағдағаи ҳифзи боварҳои динии худро доранд то ин ки дағдағаи ислом ё ҷомеаи худро дошта бошанд. Инҳо ба дарди минбар ва меҳроб мехӯранд, аммо ба дарди ҷангу мубориза ва сиёсат на!

Амрикову Инглис аммо чунон бар ҳавзаи тафаккури диниву исломи сиёсӣ тасаллут ёфтаанд, ки исломгароёни мӯътадилу саркаш ва содиқро агар, ки ба ҳар далеле дар миёни ҷараёнҳои ифротӣ роҳ ёфта бошанд, тавассути ҳамсангаронашон мекушанд. Аймон Завоҳириро тавассути Сироҷуддин ё Мулло Яъқуб куштанд. Гарчи Завоҳирӣ одами мӯътадил набуд, аммо шомили проекти Толибон набуд ва бояд тавассути Толибон кушта мешуд. Бисёре аз террорҳои дарунгуруҳии Толибон реша дар ҳамин барнома дорад. Ҳар толиб, ки гароиш ба эътидол пайдо кунад ва қасди тарки хушунат кунад, кушта мешавад. Он ҳам тавассути муҳофизи худаш.

Суфуфи муҷоҳидин ҳам ҳамин гуна тасфия шуд. Муҷоҳидини воқеиро, проектбигирон куштанд. Дар миёни Толибон низ ин проект ҷараён дорад. Ҳар толибе, ки доллари Амрикоро ба унвони ҳадия қабул накунад, кушта мешавад. Агар қабул кард, дохили проект аст ва то муддате зинда мемонад, ки тобеъи авомири соҳибони доллар бошад.

Хулоса ин ки эътидолгароён агар огоҳона қасди худфиребӣ ё дигарфиребиро надоранд, дар бовару бардошти худ ва албатта, дар таҳлили худ аз вазъияти сиёсӣ таҷдид назар кунанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!