Хабари рӯз

Вай ҳушдор дод ҳар кишвар, ки саҳми худро пардохт накунад, аз он муҳофизат нахоҳад кард ва Маскавро ташвиқ хоҳад кард, ки ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, бо он кишвар анҷом диҳад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Билохира Ҷо Байден касе, ки ба бовари баъзеҳо, омили ҳама бадбахтиҳову нобсомониҳои Афғонистон аст, аз номзадии интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико канорагирӣ кард ва дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, ки хонум Камала Ҳарис муовини худро мехоҳад ба ҳайси номзади интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар муқобили Трамп номзад намояд.

Тардиде вуҷуд надорад, ки хонуми Ҳарис метавонад рақиби муҳимме барои Доналд Трамп бошад. Биноан, Доналд Трамп, ба ақидаи ман, барандаи интихоботи раёсатиҷумҳурии ояндаи Амрико хоҳад буд.

Аммо пирӯзии Доналд Трамп чӣ паёмеро дар ҷаҳон хоҳад дошт?

Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико, мумкин аст дар интихоботи раёсатиҷумҳурии ноябр дубора ба қудрат бирасад. Аммо хонум Ҳарис метавонад шона ба шона бо Трамп пеш биравад, вале боз ҳам пешбиниҳо гоҳу ногоҳе мушкилоти худро дорад.

Дар ин интихоботи ҳар кас пирӯз шавад, ки зиёдтар эҳтимоли Доналд Трамп меравад, зиндагии миллионҳо нафарро фаротар аз марзҳои Амрико таҳти таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳоло бармегардам ба асли мавзӯъ:

1 - Оё Трамп ба ҳимоят аз Украина идома хоҳад дод?

Доналд Трамп муддатҳост, ки аз миллиардҳо доллар кӯмаки низомии Амрико ба Украина, ки аз замони ҳамлаи Русия дар соли 2022 дар ҷараён буда, интиқод доштааст.

Трамп, ки дар даврони раёсатҷумҳурӣ худ аланан аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ситоиш карда буд, ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ҷангро дар арзи 24 соат поён диҳад.

Тавре, ки ҳама медонем, лоиҳае шомили 60 миллиард доллар кӯмаки низомӣ ба Киев, моҳҳо аз сӯи ҳомиёни ҷумҳурихоҳи Трамп дар Конгресси Амрико мутаваққиф шуда буд. Бо вуҷуди ин, вақте саранҷом ин лоиҳа дар моҳи апрел тасвиб шуд, аммо Трамп вокуниши зиёде нишон надод.

Ба бовари ман, паёмҳои Трамп мумкин аст, то ҳамин ҳоло таъсири худашро гузоштааст, чун Путин бо дар назар гирифтани имкони пирӯзии Трамп эҳтимол дорад бо бепарвоии бештаре амал мекунад.

2 - Оё Трамп Амрикоро аз НАТО хориҷ хоҳад кард?

Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) иттиҳоди низомии муташаккил аз 32 кишвар, аз ҷумла Амрико, Бритониё, Олмон ва Фаронса, аз ҷумлаи мавориде аст, ки Трамп бо он мушкили асосӣ дорад.

Вақте Трамп раисҷумҳури Амрико буд, ағлаб таҳдид мекард, ки агар аъзои дигари НАТО ба ҳадафи тавофуқшуда барои ҳазина кардани ду дарсад тавлиди нохолиси дохилии худ барои ҳазинаҳои дифоӣ пойбанд набошанд, Амрикоро аз ин паймон хориҷ мекунад.

Ҳамчунон Трамп ҳушдор дод ҳар кишвар, ки саҳми худро пардохт накунад, аз ӯ муҳофизат нахоҳад кард ва Маскавро ташвиқ хоҳад кард, ки ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, бо он кишвар анҷом диҳад.

3 - Трамп дар сурати пирӯзӣ ваъдаи ихроҷи густурда медиҳад.

Давраи раёсатҷумҳурии Трамп бо сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратӣ шинохта мешуд ва ӯ ҳоло ҳам ваъда додааст, ки агар ба Кохи Сафед бозгардад, аз давраи қабл фаротар хоҳад рафт.

Имкони он меравад, ки Трамп дар рӯзи аввали раёсатиҷумҳурии худ бузургтарин амалиёти ихроҷи дохилӣ дар таърихи Амрикоро оғоз хоҳад кард.

Соли гузашта гуфта буд, ки мамнуъиятҳои ҷанҷолии қаблии худ барои сафари шаҳрвандони чандин кишвари умдатан мусулмонро густариш хоҳад дод.

Оқои Трамп илова бар талош барои ихроҷи миллионҳо муҳоҷири ғайримуҷоз, ки бисёре аз онҳо даҳаҳо дар Амрико зиндагӣ кардаанд, қасд дорад муҳоҷирати қонунӣ ба Амрикоро ҳам коҳиш хоҳад дод.

4 - Оё Трамп ба ҳимоят аз Исроил идома хоҳад дод?

Трамп дар даврони раёсатиҷумҳурии худ, ҳомии сареҳи режими Исроил ва давлати ростгарои он буд. Ӯ эълом кард, ки Амрико Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият мешиносад ва даҳаҳо сиёсати расмии Амрикоро лағв кард, то сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мунтақил кунад.

Ҳар ду тасмим, ки оқои Байден онҳоро лағв накардааст, аз сӯи фаластиниён ба унвони ҷонибдорӣ дар масъалаи ҳассос ва мавриди муноқиша вазъияти Байтулмуқаддас бардошта шуд.

 Трамп ҳамчунон бар рӯйкарди ҳимояти худ аз Исроил таъкид мекунад ва мӯътақид аст, ки Исроил бояд амалиётеро, ки алайҳи Ҳамос шурӯъ карда, бояд поён бирасонад.

5 - Оё Трамп фишор бар Чинро афзоиш хоҳад дод?

Трамп дар даврони раёсатиҷумҳурӣ, ҷанги тиҷории шадидеро бо Чин оғоз карда буд ва гуфта, агар ӯ дубора интихоб шавад, таъруфаҳое беш аз 60 дарсад бар колоҳои ин кишвар вазъ хоҳад кард.

Ҳамчунин оқои Трамп дар бораи маҳдудиятҳои таҳоҷуми ҷадид гуфта, ки бар асоси он, тамоми харидҳои оянда аз Чин барои истифода дар зерсохтҳои Амрико дар бахшҳои ҳаётӣ, монанди энержӣ ва мухобиротро мутаваққиф хоҳад кард.

Бо афзоиши танишҳо дар дарёи Чини Ҷанубӣ ва ихтилофҳо бар сари Тайван, бархе аз афроди ҳалқаи наздики ӯ мехоҳанд сиёсати амниятии Амрико бештар бар Чин мутамаркиз шавад.

Ин сиёсатмадори муҳофизакор, мутааллиқ ба бахше аз ҷумҳурихоҳон аст, ки мехоҳанд Вашингтон Пекинро ба авлалвияти аслии худ дар сиёсати хориҷӣ табдил кунад.

6 - Дар мавриди Афғонистон.

 Баъд аз пирӯзии Доналд Трамп кӯмакҳои молӣ дар Афғонистон қатъ мешавад, болои ҳокимияти мавҷуди Толибон ба хотири таҳаққуқи маводи қарордоди Доҳа фишор ворид хоҳад шуд, то Толибон маҷбур шаванд маводи қарордоди Доҳаро бидуни қайду шарт бипазиранд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!