Хабари рӯз

Душманиву найранги паштунҳо дар баробари ҳавзаи тамаддуни форсӣ, бепоён аст.

Нависанда: доктор Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мо ҳатто дар қазоватамон инсофро риоят намекунем, аммо чӣ гуна?

Ин рӯзҳо баҳси озору азияти муҳоҷирон Афғонистони дар Эрон титри бештари расонаҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ шудааст.

Мегӯянд, эрониҳо бо муҳоҷирони афғонистонӣ рафтор муносиб надоранд. Мумкин ин ҳарфҳо то андозае барои бахше аз онҳо сидқ кунад, аммо ҳамаи воқеият ин гуна нест.

Ҳамон гуна, ки медонем, таърихчаи муҳоҷирати шаҳрвандон Афғонистон/Хуросон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кудатои 1357 (1979) аз Афғонистон оғоз ва бо ишғоли ин кишвар тавассути русҳо густариш ёфт.

Тибқи фатвои таърихӣ бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Имом Хумайнӣ мабнӣ бар ин ки ислом марз намешиносад, бигузоред бародарони афғонистонии шумо вориди Эрон шаванд, ҷони миллионҳо тан аз мардуми моро аз марги ҳатмӣ наҷот дод.

Марҳалаи дувум ҷанги Ҳикматёри ғилҷоиву паштунтабор, ки аз пуштибонии Инглис, Арабистон, Аморот ва Покистон баҳрманд буд, дар баробари ҳукумати Устод Раббонии тоҷик/форстабор, ки аз пуштибонии Русия, Эрон ва Ҳиндустон баҳрманд буд, калид хӯрд.

Марҳалаи севум, муҳоҷирати афғонистониҳо ба сурати густурда пас аз таслими қудрат ба Толибон дар соли 2021 сурат гирифт.

Тафовути ин марҳала бо мароҳили пешин ин буд, ки ҳузури шаҳрвандони афғонистонӣ беш аз тасаввури кишвари мизбон густурда буд/аст. Тибқи эъломи расмии мақомоти ин кишвар, ҷамъияти муҳоҷирони Афғонистони байни 5 ило 6 миллион ва омори ғайррасмӣ беш аз 8 ило 10 миллион тахмин зада мешавад.

Воқеияти амр ин аст, ки мудирияти ин ҷамъияти бузургу густурда дар шароите, ки давлату миллати ин кишвар 45 сол аст зери шадидтарин таҳримҳои ҷаҳонӣ қарор доранд, кори соддае нест.

Масъалаи дигар, ҳассосиятҳои қавмиву таборӣ дар ин кишвари бузург аст. Гарчанд алалзоҳир чизе намегӯянд, аммо ба назар мерасад бахши ақвоми ғайрифорсизабони эронӣ, нигоҳи мусбате бо ҳузури муҳоҷирони форсизабони афғонистонӣ надоранд ва ҳузури ононро натанҳо фурсат, ки як таҳдид тафсир мекунанд.

Мумкин яке аз далоиле, ки давлати ин кишвар муҳоҷирони афғонистониро танҳо дар шаҳрҳои форсизабон, чун Машҳад, Исфаҳон, Шероз, Теҳрон, Караҷ, Қазвин, Қум ва ... муҷаввизи ҳузуру кор содир мекунад, реша дар ҳамин масъала дошта бошад.

Масъалаи дувум, пуштибонии давлати ин кишвар аз муҳоҷирони афғонистонӣ аст, ки барои расонаҳои хориҷӣ ва мухолифони давлати Эрон хушоянд нест, гарчанд худ солҳост аз муҳоҷират ранҷ мебаранд, аммо ба назар мерасад зиёд бадашон ҳам намеояд, ки ҳар аз гоҳе бо рух додани чунин ҳаводиси кӯчак, даст ба бузургнамоӣ бизананд ва фишори сиёсӣ ворид кунанд.

Масъалаи севум, нигоҳи ғайривоқеъгароёнаи мардуми мо аст. Ҳама нек медонем, ки пас аз таслими қудрат ба Толибон 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба кишварҳои ғарбӣ муҳоҷират карданд, тамоми системи ин кишварҳо ба ҳам рехт. Се сол гузашт, ҳанӯз натавонистаанд ин ҷамъияти андакро мудирият ва дар ҷомеаи худ мудғам созанд. Бахши онҳо ҳанӯз дар урдугоҳҳои Аморот, Қатар, Покистон ва ... дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.

Бо ҳама каму косте, ки вуҷуд дорад, феълан беш аз шашсад ҳазор духтару писари мо дар мактабҳои ин кишвар дар канори фарзандонашон ба сурат ройгон масруфи омӯзиш ва парваришанд. Беш аз 130 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар масруфи идомои таҳсилоти олии худанд ва беш аз панҷ миллион тан масруфи пайдо кардан як луқма нони ҳалол барои фарзандони худанд.

Ин хадамотро намешавад барои як ҳодиса ва иттифоқе, ки тавассути як ё ду тан шарури сурат мегирад, нодида гирифт ва зери савол бурд.

Масъалаи охир ҳам ин, ки касоне, ки ба сурати қонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва фарҳанги ин сарзаминро риояту эҳтиром мегузоранд, ҳеҷ гуна мушкил на аз тарафи мардум ва на аз сӯи нерӯҳои интизомӣ вуҷуд надорад. Рафторашон комилан рафтори инсонӣ ва мӯҳтарамона аст.

Аммо воқеият ин аст, ки як бахше аз шаҳрвандони мо ҳеҷ гуна эҳтиром ба фарҳангу анъаноти ҷомеаи мизбон надоранд. Бо шаклу шамоиле дар маконҳои умумӣ зоҳир ва рафтор мекунанд, ки инсон аз диданашон аз хиҷолати чун ях об мешавад.

Чунин афроду ашхос то дилатон бихоҳад дар метроҳо, поркҳо ва маконҳои умумӣ худнамоӣ мекунанд.

Бо дарназардошти ин ки чандин ҳодисаи хунини пасин дар ин кишвар тавассути ҷавонони паштун/афғон сурат гирифта, сабаби ҷариҳадор шудани афкори оммаи мардуми ин кишвар нисбат ба муҳоҷирони афғонистонӣ шудааст, бими он меравад, ки пушти сари ин гуна ҳаводис барномае ҷиҳати ба дом андохтани низомиёни пешин тавассути неруҳои қабилаии ҳоким бошад!

Ҳарчи бошад, як масъала равшан аст: душманиву найранги қабила дар баробари ҳавзаи тамаддуни форсӣ, бепоён аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!