Хабари рӯз

Пайвандҳои табиии Осиёи Марказӣ бо Русияву Чин чаро Амрикову Ғарбро нороҳат мекунад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар (Маскав)

Хоби Амрикову Ғарб аз ин ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русияву Чин наздик ҳастанд, ҳаром шудааст. Кораш ба ин ҷо кашида, ки ҳатто аз ин кишварҳо тақозо доранд, алайҳи манофеъи машрӯъи худ равобиташонро бо ин ду қудрати бузурги ҳамсоя хароб кунанд.

Ғарб инро пӯшида намедорад, ки агар кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд бо Амрикову Аврупо, ё ба истилоҳи дӯстдоштаи худашон, “олами мутамаддин”, бошанд, равобити худро бо Русияву Чин қатъ кунанд.

Дар поёни моҳи апрел, Брайан Нелсон ва Элизабет Розенберг, кормандони бахши таҳримҳои вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида, аз Қирғизистон ва Қазоқистон дидан карданд. Ин мақомот дар мубориза бо "нақз"-и режими таҳримҳои эъмолшуда тавассути Вашингтон алайҳи Русия тахассус доранд.

Вазорати молияи Амрико пинҳон намекунад, ки ҳадаф аз ин сафарҳо тарғибу ташвиқи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қатъи комили равобити тиҷориву иқтисодӣ ва сипас қатъи равобити муттаҳидона бо лағв кардани тамоми қарордодҳои байнидавлатӣ бо Русия аст.

Брайан Нелсон қабл аз ин дар Урупо буд ва аз ширкатҳои аврупоӣ хост, ки фаъолиятҳои худро дар Русия қатъ кунанд. Ӯ дар Остона ва Элизабет Розенберг бо иттифоқи як мақоми бритониёӣ дар Бишкек бармало таҳдид карданд, ки аз интиқоли маводи таҳримшуда ба Русия (масалан, чипҳо, ки барои тайёраҳои бесарнишин истифода мешаванд), даст кашанд, дар акси ҳол, алайҳи онҳо низ такроран таҳримот эълон хоҳад шуд.

Қабл аз онҳо дар Душанбе сафири тозатаъини Амрико Мануэл Микаллер рӯзноманигоронро ҷамъ оварда, эълон дошт, ки Русия таҳримҳои Ғарбу Амрикоро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ давр мезанад, аз ин хотир, эҳтимоли эъмоли таҳримҳо алайҳи Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Бино ба иттилоъи сойти Asia Plus, ин аввалин дидори сафири Амрико дар Тоҷикистон бо хабарнигорон буда, ки дар он аз давлати Тоҷикистон ва бозаргонони он кишвар даъват кард, то бо феҳристи таҳримҳое, ки дар дастраси умум аст, ошно шаванд. Дар як калом, сафири таҳримҳо. Вай гуфтааст: "Русия ҳама аҳрумҳои нуфуз бар кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Аммо мо бояд ба ин кишварҳо иҷоза диҳем, роҳи худро интихоб кунанд."

Он гуна ки дида мешавад, Вашингтон ба вузӯҳ эълом мекунад, ки ба муттаҳидони калидии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар воқеъ як ултиматум дода шудааст ва “интихоб” – е, ки онҳо дар назар доранд, як беинтихобист, балки интихобе фақат ба нафъи Амрикову Ғарб аст. Ин намунаи ҳамон “демократияи таҳдид” аст, ки солҳо ба ин сӯ мақомоти Амрико аз он дар саросари ҷаҳон кор мегирифтанду ҳоло ҳам мегиранд.

Иёлоти Муттаҳида ошкоро кишварҳои шарики Русия дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба инзивои иқтисодӣ таҳдид мекунад. Ин таҳдидҳо бо ибороти куллии сиёсӣ, назири "ҳамкории наздиктар бо кишварҳои минтақа", "табодули иттилоот" ва "баҳс дар мавриди равандҳои феълии тиҷорати ҷаҳонӣ" мурч зада мешаванд, аммо ҳадафи ниҳоии Вашингтон равшан аст - дастёбӣ ба иҷрои таҳримҳои зиддирусӣ аз сӯи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё "дар тамоми сутӯҳи занҷираи таъминот" аст.

Ба ёд меорем, ки қабл аз он Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вежа Қазоқистон боздид карду ба панҷ кишвар қавл дод, ки маблағи 25 миллион долларро барои ҳама дода хоҳад шуд, агар равобити худро бо Русия қатъ кунанд.

Ҳарчанд Блинкен аз Русия мегуфт, аммо рӯзномаи чинии China Daily ба сароҳат навишт, ки ҳар чӣ ӯ алайҳи Русия гуфт, бояд пушти ҳарфҳои ӯ Чин низ дида шавад. Ин рӯзнома навишт: “Дипломати амрикоӣ панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои пайвастан ба бошгоҳи “зиддирусӣ” ва “зиддичинӣ” ба ҳар шакле таҳти фишор қарор медиҳад. Ҳадафи ниҳоӣ афзоиши ихтилофот байни кишварҳои минтақа ва ҳамсоягон бо Русияву Чин аст”.

Бо вуҷуди талошҳои Амрикову Ғарб, аз ибтидои соли 2023, тиҷорат байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври мудовим рӯ ба афзоиш аст. Бар асоси додаҳои Бонки рушди Авруосиё, афзойиши гардиши тиҷорӣ ба таври мутавассит ​​1.3 баробар афзудааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин афзойиш бо тақвияти нақши арзҳои миллӣ ҳамроҳ аст, ки дар ҳол ҳозир беш аз ду севуми муомилоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо онҳо анҷом мешавад.

Аз ин рӯ, кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи зарурати риояти таҳримҳои зиддрусӣ бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фишор меоваранд, аммо дар воқеият фақат талош бар ин доранд қоидаҳои бозиро, ки ба нафъшон аст, бар онҳо таҳмил кунанд. Дар баробари ин, Ғарб ба ояндаи иқтисодҳои мустақили кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба таври органикӣ дар низоми равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Русия тайи беш аз як қарн ва Чин тайи 30 соли гузашта сохта шудаанд, парвое надорад ва ҳар гуна ҳошияравӣ аз онҳо мунҷар ба буҳрони иҷтимоии шадид дар кулл минтақа хоҳад шуд.

Дар анҷоми ин матлаб ин нуктаро низ бояд зикр кард, ки посухи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба талошҳои моҳи апрели Амрикову Ғарбро метавон дар ширкати раҳбарони минтақа дар режаи 9 май - Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Маскав хеле равшан дид. Ҳамчунин ваъдаи 50 миллиард доллари Чин дар баробари “хайрот” – и 25 – миллиондоллараи Блинкен низ як ҷаҳон гап аст.

Осиёи Марказӣ ба таври табиӣ бо Русия – ғули низомӣ ва Чин – ғӯли иқтисодӣ дар як ҷуғрофиё ва бо манофеъи муштараки иқтисодиву амниятӣ пайванд доранд. Табъан тамоми талошҳову таҳдидҳои Амрикову Ғарб рӯз ба рӯз ин пайвандҳоро тақвият мекунад. Дар як калом, дигар Амрикову Ғарб дар он мавқеъе нестанд, ки ба худ иҷозаи таҳдиду таҳримро диҳанд, бахусус, аз роҳи таҳдиду бо таҳдиду хайроти ночиз ва ин қатъан ба манфиати онҳо нест.

Аммо он чӣ онҳо мекунанд, як таърифи дигар низ дошта метавонад: Амрикову Ғарб аз шикасти барномаҳои худ дар амри тафриқаандозӣ миёни кишварҳои минтақа сахт маъюс шудаанд ва ҳар чӣ кардаанд, бо хисороти сангин барои онҳо тамом шудаву хоҳад шуд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!