Шуморе ҳам ният доранд, то Кохи Сафед ва кохи Кремлро ҳусайна ва масҷид бисозанд...
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа, махсус барои "Сангар"
Садаҳо аст, ки Афғонистон таърих дорад. Таърихнависҳои бисёре бозтоби гардунаии ривоятҳо ва вақоеъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин кишварро ба гунае ҳадафманд ва ё ғаразолуд навиштаанд. Онро ба насру марсия, ба мисраъҳои “Маснавӣ”, ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳои ҷонсӯз табдил кардаанд. Он навиштаҳо барои касоне фарохони идаи бозгашт ба гузаштаи таърихи Афғонистонро барҷаста сохтаанд, ки ба яқин гуфта метавонам, парварондани ин ида ва зеҳният барои бисёриҳо ифтихор оварда ва барои шуморе низ ҳақорат, пастӣ ва забунӣ маҳсуб мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки асосан таърих бо чунин вақоеъе дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон рух додааст.
Шуморе нақши пирӯзмандона ва зафармандонаи зӯрмандону шамшербадастонро ситоиш карда ва ҳатто нависандагон, шоирону насрнависон барои ба даст овардани тӯҳфаҳову ҳадяҳо аз коркарди онҳо таронаҳо ва мадеҳаҳо сурудаанд. Китобҳо навиштанд, то ба ҷиноятҳои эъмолшуда ҳарчи тамомтар мӯҳри татҳир бизананд ва рангҳои хунини рехташуда бар асари ҷиноятҳову таҷовузгариҳо ва лашкаркашиҳоро бишӯянд. Аз ин кулчақанди лазиз бо ҷавҳари қалам варақаҳо пур кунанд ва бо навъи нигоҳ худ хамёзаҳои шабона ва қавскашиҳои рӯзонаи ҳокимон дар қудратро қалам бизананд ва ҳар феълу тарки феъли инҳоро табдил ба санади ифтихор бисозанд, чунончи акнун низ аз ин қумош афрод фаровон ёфт мешавад.
Таҷрибаи панҷ даҳаи пасин ба мо нишон дод, ки таровишоти зеҳнии тақобули чапу рост ва миёна дар кишвар, ки ба сурати айнӣ ба феълият расида буд, худ гувоҳи равшан аз ба фоҷиа кашида шудани Афғонистон ба гунаи ғамангезе худро дар парда вақоеъи рӯз рӯнамоӣ кард ва варақи дигаре бар ҳаҷми он афзуд.
Ман гоҳе, ки ба ин панҷ даҳаи ахир фикр мекунам, ба нависандагону коршиносони афғонистоншиносе рӯбарӯ мешавам, ки ҳаргиз ба Афғонистон, ин қалби тапандаи Осиё, сафар накардаанд ва Кобулу Қандаҳорро шояд дар хоб дида бошанд ва ё аз рӯи филмҳову сафаҳоти нурии телевизион мушоҳида карда бошанд ва ё ҳам амвоҷи радиое гӯшҳояшонро навозиш дода бошад, ки агар онҳо ба ростиву дурустӣ ва ё ҳам иштибоҳ қаламу қадам задаанд.
Ҳаққашон аст ва гилояе нест. Ин мо будаем, ки навиштем, сӯҳбат кардем ва рӯзномаҳову ҷаридаҳо чоп кардем ва мухотибро дар маҷҳулоти надонамкорӣ ва сиёҳандешии хеш гирифтор кардем. Вале ба бархеҳо, ки зодаи ин ҷуғрофия аст, тааҷҷуб мекунам, ки ҳанӯз ба назарияву тасаввури мулҳақшуда бовараманд ҳастанд, ки гӯё ҳаргиз ба ин обу хок тааллуқ надоранд ва дар ин сарзамин нафс накашидаанд ва ҳаргиз шаллоқи фақру бечорагиро ҳис накардаанд. Шояд ба ҷаҳони дигар ва ҷуғрофиёи биҳиштгунаи дигаре тааллуқ доранд ва балки худро мавҷе аз ҷаҳоншумулии як системи дар қолаби коргарони ҷаҳон медонанд. Дар ҳоле ки на фабрикае бузург, на иттиҳодияи коргарии ончунон, на санъату маъдини коргармеҳвар ва на мардуми басиҷшуда дар кадом барнома бар мабнои ҳамсӯӣ бо коргарони ҷаҳон вуҷуд дошта ва дорад. Чунон бо ҳаяҷон часпидаанд, ки нагӯву напурс.
Шуморе ҳам дар ҳанги ҷаҳоншумулии исломият фурӯ рафтаанд ва гир мондаанд, ки солҳо барои судури ислом ба ҷаҳони куфр ва пирӯзии он бар империализму коммунизм ният доранд, то Кохи Сафед ва кохи Кремлро ҳусайна ва масҷид бисозанд, ки ҳатто на худ қодиранд, ки ҷое дар пойгоҳи динии ҷаҳоншумули исломӣ пайдо кунанд ва на кадом кишвари исломӣ дарвозаҳои марзии расмӣ ва ё сиёсиву ҳукуматии худро тайи ин панҷ даҳа бар инҳо гушудааст. Ба ҷуз тадвири чанд кунгураи ҷаҳонӣ ва созмонҳои тамвилкунандаи ҳаросафганӣ коре аз пеш набурдаанд.
Ғамангезтар ин ки он чӣ иттифоқ афтода, фақат фаъолсозии чархаи одамкушӣ дар Афғонистон буда, ки ғарбу шарқҳаросӣ зеҳниятнишин кунанд ва аз насли ноогоҳи мо ба баҳонаи мубориза бо империализми ҷаҳонхор ва коммунизми бедин басиҷи насле сохта ва аз ҷомеаи деҳқониву бадавии ғофил аз таомулоти ҷаҳонӣ то тавонистанд сарбозгирӣ ва гӯшти қурбонӣ таҳия кунанд.
Ин сутур на ба унвони ин ки дорои фарзияе маҳкаму устувор бар қавоиди ҳуқуқӣ ва таърихӣ аст, балки нигараи ман аст, ки устувор бар ривоятҳову чашмдидҳо ва навиштаҳое аст, ки бар меҳварияти Афғонистони хунранги дорои фақр, бечорагӣ, оворагӣ аст. Он ҷо, ки мизони таҳсилот пойин аст, дастрасӣ ба ҳуқуқи асосӣ, оби ошомидании сиҳӣ, транспорти масун, омӯзиш, ҳуқуқи баробари зану мард ва тағзияи солим вуҷуд надорад. Касе дар фикри зудудани фақру гуруснагӣ ва эҷоди як муҳити зисти солим нест. Аммо ин ҳама дар партави мафоҳими геополитика, геоэкономика, геостратегӣ ва геогидрология будани Афғонистонеро, ки шикасти истеъмори Бритониё, коммунизм, Амрико ва терроризмро ба шумули ҳамсояҳо дар корнома дорад, тайи беш аз панҷа даҳа ба хаёли маҳол табдил шудааст.
Ҳоло, ки Ғарб, бахусус дар раъси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, тайи беш аз 20 соли ҳузур дар ин кишвар ва афрози пойгоҳҳои низомиву камарбанди амниятӣ натавонист чеҳраи худро дар низоми ҷумҳурӣ дар чапони Ҳомид Карзай ва фарёдҳои Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бубинад ва ин ҳузури шукӯҳофаринро дар тӯмори Доҳа бо ришу пашми Толибон ба қимор бохта талаққӣ кунад, бо тазриқи ҳафтае миллионҳо доллар ба ҳукумати талабаҳо дар Кобул бар табли ҳукумати ҳамашумул ва тазоди дарунии гурӯҳҳои дохили Толибон сухан мезанад, бар он таъкид меварзад ва ҷазияи ҷубронӣ таҳвил медиҳад.
Дар тозатарин бозӣ бо фиристодани вазири хориҷа ва нахуствазири давлати Қатар ба Қандаҳор, барканории раисулвузарои ин гурӯҳ ба баҳонаи маризӣ назарияи покистонҳаросӣ, чинҳаросӣ, ҳиндустонҳаросӣ, русияҳаросиро, ки дар қомати Созмон ҳамкориҳои Шангхай таборуз ёфта, ташвиқу тамрин мекунад ва барои ҷалби таваҷҷуҳу фишори бештар бар Покистон беш аз 2 миллиард кӯмакҳои кишварҳои арабӣ ва беш аз як миллиард кӯмакҳои ғарбӣ ба ин кишварро ба ҳолати таълиқ дароварда, то бо чидани муҳраҳои шатранҷи дигар тавассути Толибон ду корро таҳмил ва такмил кунад:
Як: Покистон бояд тавассути Толибон монеъи барномаҳои тавсеаии “Як камарбанд ва як ҷода”, ки дар меҳварияти Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон аст, шавад ва ҳар чӣ зудтар ба бозии Чин дар гегемонияи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ихтилол эҷод кунад ва монеъи проектҳои чиноӣ дар муносиботи шаклгирии қудрат дар ин ҷуғрофия шавад.
Ду: Покистон раванди интиқоли марказияти гурӯҳҳои тундрав ва радикали Толибон дар сояи ташкили артиши муназзам ва ифротии ҳаштодҳазорнафарӣ ба Қандаҳорро суръат бахшад. Толибон ин фарояндро, ки Кобул ва шимолро тахлия кунанд ва заминасози фурсатҳои бештарро барои ҳузури афроди миёнарав, афғонистониҳои паноҳгирифта дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул ва минтақаи камарбанди сабз барои кишварҳои тамвилкунанда, ки манофеъи муштарак бо ҷаҳон дорад, тақвият кунад. Дар навбати худ, ин тағйиротро Бистари муносиби ҳукумати исломии бархоста аз банди мувофиқатномаи Доҳа талаққӣ хоҳанд кард, ки дар пайи ин раванди музокироти Доҳа аз сар гирифта мешавад. Ба гумони ағлаб, паёми вазири хориҷаи Қатар бо таваҷҷуҳ ба маҳрамияти нишаст дар Қандаҳор, на Кобул, гӯёи ҳамин полисии амрикоӣ буд.
Оё ҳавзаи кишварҳои перомунӣ ва минтақаии Афғонистон, бахусус, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки ҳаросафганӣ, терроризм, маводи мухаддир ва ифротиятро дар қомати Толибони фароафғонистонӣ, Алқоида, ДОИШ ва... медонанд, ки дар Афғонистон қароргоҳу пойгоҳ дорад, бо тарҳи амрикоии Доҳа мувофиқанд?
Кобул ё Қандаҳор? Оё масъала ин аст?