Агар ҷилави динмадории тоҷик гирифта нашавад, дере нахоҳад гузашт, ки дасти толиб ва “ДОИШ”-ро аз пушт хоҳад баст
АЗ ИДОРА: Ин матлаб 4 октябри соли 2016 дар сомонаи “Гузоришномаи Афғонистон” ба нашр расида буд. Азбаски ҳамоно ин як мавзӯъи доғи миллист, ба ин натиҷа расидем, ки онро бознашр кунем. Сипос!
Муаллиф: ҒУФРОН БАДАХШОНӢ
Яке аз дӯстони ҳоландиям, ки докторо дар фарҳангу сиёсати Чин дорад ва пайваста нигарони нуфузи Чин дар Осиё ва бавежа Афғонистон аст, пагоҳӣ аз ман пурсид, ки чандпорчагии тоҷикони Афғонистон аз куҷо об мехӯрад ва чаро натавонистаем монанди паштунҳо ва ҳазорагон даври ормони муштараке гирди ҳам оем? Ин пурсиш маро водошт то ба нақши раҳбарони тоҷик, аз чап то рост, биандешам ва биковам, ки нокомии эшон дар эҷоди бистари муштараке барои тоҷикони Афғонистон реша дар чӣ дорад?
ШАФТОЛУ
Тоҷикон ба ду беморӣ мубтало ҳастанд: динхуӣ ва тамаддунзадагӣ. Ин ду беморӣ боис шудаанд, ки тоҷикон дар кулл ба ду даста бахш шаванд: «чапӣ»-ву тамаддунзада ва «ростӣ»-ву динхуй. Аз агар Муҳаммад Тоҳир Бадахшӣ, бунёнгузори тафаккури миллӣ дар Афғонистон оғоз кунем, мебинем, ки дар ҳамон замон ҳам кашмакашҳои миёни тоҷикони динхуй ва тамаддунзада вуҷуд доштааст. Шояд Муҳаммад Тоҳир Бадахшӣ ва чанд тан аз ёрону ҳамбоваронаш аз камтарин тоҷикони бо саводе буданд, ки тоҷик буданро на шарм медонистанд ва на инкор мекарданд.
Динхӯёни тоҷик, дуруст монанди имрӯз, он замон ҳам инсонҳои огоҳе чун Тоҳир Бадахшӣ ва Баҳруддин Боисро “кофир” мехонанд ва душмани дине, ки ба марзи сиёсӣ ва таборӣ бовар надорад. Чун уммати Паёмбар (с) мебоист ва мебояд танҳо ва танҳо зери парчам дин ҷамъ шавад ва аз баҳсҳои ғайри исломӣ, чун табор, фарҳанги бумӣ ва марзҳои мушаххаси ҷуғрофиёӣ бигузарад.
Бо ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои чапӣ, чун “халқ” - у “парчам” бахши дигари тоҷикон бо инкори моҳияти қаблии ҷомеа ва зеҳнияти худашон, аз тоҷик будан, ки ҳувияти «интернатсионалистӣ»-и эшонро ба пурсиш мекашид, мешармиданд. Чун, ба бовари эшон, «инсони навин»-и дигар ба табору қабилааш намеандешид.
Ба ҳамин гуна садҳо дигарандеши тоҷик ва фурсатҳои заррини сиёсӣ қурбони андешаҳои ҳизбмеҳвар шуданд. Дар давраи ҷиҳод ҳам фаровон дидем, ки мустақим ва ғайримустақим садҳо нухбаи тоҷик ба ҷирми «ситамӣ» будан, ки мусовӣ бо кофир будан буд, ба дасти тоҷикони динхӯй кушта шуданд. Пас аз фурӯпошии режими халқу парчам ҳам раҳбарони Ҷамъияти исломии Афғонистон як тори мӯи Ҳикматёрро, ки бародари муҷоҳидашон буд, ба сад тоҷики чапӣ намедоданд. Гоҳе фикр мекунам, агар толиб, нерӯи натсионалисти паштунҳо, ба вуҷуд намеомад ва фазоро барои Устод Раббонӣ ва фармондеҳ Масъуд танг намекард, оё динхуӣ ва муҷоҳидат фармондеҳ Масъудро мегузошт, ки аз барои «адабиёт» раҳбарии «амалиёт»-ро бар дӯш бигирад? Тоҷикон, албатта, танҳо дар миёни худашон ба чапу рост бахшанд. Тоҷике, ки шуури сиёсӣ дорад, барои қабила ҳамон «ситамии таҷзияталаб ва самтгарост».
НОКОМИИ РАББОНӢ ВА МАСЪУД
Бебарномагӣ ва нокомии раҳбарони ҷиҳод ҳам реша дар ҳамин ду беморӣ дорад. Дақиқан ҳамин динхӯӣ аст, ки раъйи миллионҳо тоҷикро пойи шахси сустунсуре чун Абдуллоҳ мерезад, магар намегузорад инсонҳои огоҳтар ва бошууре чун Латиф Пидром ва дигар раҳбарони тоҷик, ки гузаштаи ҷиҳодӣ надоранд, вориди майдон шаванд. Дуруст ҳамин динхӯӣ аст, ки Устод Ато Муҳаммади Нурро вомедорад аз ғайриинсонитарин бархӯрди Мулло Ниёзӣ дар фоҷиаи Фархунда дифоъ кунад.
Дуруст ҳамин динхӯӣ аст, ки сари, ба истилоҳ, раҳбарони тоҷикро пойи паёми видеоии Ҳикматёр хам мекунад. Ва дақиқан ҳамин динхӯӣ буд, ки устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳ Масъудро нагузошт то равшанфикрон ва нухбагон чапи тоҷик, дар мавқеъи ҳассос, даврашон ҷамъ шаванд. Ин, ки фармондеҳ Масъуд дар ниҳоят ба Аврупо омад ва нухбагони тоҷикро барои саҳмгирӣ дар мубориза алайҳи шовинизм фаро хонд, ҳинои пас аз ид буд. Ин ки имрӯз, пас аз Масъуд ва Раббонӣ, чизе ҷуз як мушт муомилагар, зарандӯз, ҷабунзада ва фурсатталаб боқӣ намондааст, бармегардад ба набуди фикр ва шуури сиёсӣ.
Агар дар гиромидоштҳои Рӯзи Шаҳид аз рӯи эҳсос ва нотавонӣ шиорҳои рангину чарб сар медиҳем, баҳси ҷудост, магар воқеият ин аст, ки чизе ба номи мактаб ва роҳи Масъуд ва Раббонӣ ё Тоҳир Бадахшӣ вуҷуд надорад. Аз фармондеҳ Масъуд то Довуд ва устод Раббонӣ, онҳое, ки метавонистанд ба ҳар паймонае, ки буди тоҷиконро даври худ ҷамъ кунанд, аз миён бардошта шуданд. Чапиёни тоҷик афзуда бар тамаддунзадагӣ дучори бемории кушандатари танбалӣ ҳастанд, ки ҳар аз гоҳе дилро ба гузораки кӯтоҳе дар «Фейсбук» шод медоранду бас.
ҲУВИЯТГУРЕЗӢ
Кӯтоҳтарин нигоҳ ба саргузашти тоҷикон бачакушӣ, худкушӣ, бегонапарварӣ ва ҳувиятгурезиро нишон медиҳад. Теғи Рустами ба фарз тоҷик гулӯи фарзандашро мебурад. Беҳзодон ё Абумуслим Хуросонӣ, пас аз он ҳама мубориза, мекӯшад ҳувияташро инкор кунад то мавриди пазириши араб қарор гирад. Абурайҳон Берунӣ сарсахттар аз араб душмани забони порсӣ мешавад ва ба қавли худаш, тарҷеҳ медиҳад, ки ӯро бо арабӣ масхара кунанд то бо порсӣ мадҳ.
Тоҷикони имрӯзӣ дуруст монанди аҷдодашон ҳувиятгурез, худкуш ва бегонапарвар ва осоишталаб ҳастанд. Нухбагони тоҷик аз пиру ҷавон дӯст доранд ҷойи тоҷик будан шиорҳои ҷаҳоншаҳрвандӣ сар бидиҳанд. Маҳорати тоҷикони имрӯз дар лоф задан ва масъулиятгурезист. Тоҷикон имрӯз қабилаитар аз паштунҳоянд, магар таърихи дурӯғин ва панҷҳазорсолаву хуни номубораки ориёишон маҷоли воқеиятбинӣ ва ростпиндориро аз эшон гирифтааст. Тоҷикони имрӯз ҳама чиз ҳастанд, магар тоҷик!
БИЁМӮЗЕМ
Мегӯянд, харбуза аз харбуза ранг мегирад. Чаро аз авғонҳо намеомӯзем? Чаро устоди донишгоҳ ва толиби теғбадасти авғон тавон даври як миз нишастанро доранд ва мо надорем? Чаро тоҷик буданамонро бар кофиру мусулмон будан, ё панҷшериву ҳиротӣ буданамон тарҷеҳ намедиҳем? Чаро он муштеро, ки бар даҳани шоир, нависанда ва дигарандеш мекӯбем, бар даҳан он муллои бесаводе намекӯбем, ки бо банди тунбон ва хояٔи овехтааш дигарандешро такфир ва толибро тақдир мекунад?
Тоҷик будан ба маънои бартариҷӯӣ нест. Баробариро барои ҳамагон бихоҳем. Вақте ҳаққи ҳазорагон талаф мешавад, ҳазора шавем ва дар канораш бистем. Барои ҳаққи ӯзбек ва тӯдаи авғон мубориза кунем, магар ҳамзамон тоҷик буданмонро инкор накунем!