Толибони Панҷшер қиблаи сиёси худро тағйир дода ва аз даргоҳи «амираламуъмнин» ба даргоҳи «Халифа» кӯчкашӣ мекунанд
Муаллиф: РУҲУЛЛОҲ БЕҲЗОД
Манобеъе аз Панҷшер ба ман мегӯянд, ки мақомҳои «Толибон» дар Панҷшер дар асари подармиёнии Сироҷуддин Ҳаққонӣ машҳур ба «Халифа», гурӯҳи Мулло Бародар дар ин вилоятро дур зада ва ба «Шабакаи Ҳаққонӣ»* байъат кардаанд.
АКС: Анас Ҳаққонӣ, бародари Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар меҳмонии Ҳамид Хуросонӣ, Панҷшер, январи 2022.
Манбаъ, ки ба тозагӣ Сироҷуддин Ҳаққониро шахсан дар Панҷшер дидааст, мегӯяд, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ се бор ба Панҷшер омад ва бо воливу соир мақомҳои аршади ин вилоят дидору гуфтугӯ кард. Толибони Панҷшер аксаран қандаҳорӣ, ҳилмандӣ, урузгонӣ ва фароҳиҳои вобаста ба Мулло Бародар ҳастанд ва «Шабакаи Ҳаққонӣ» талош дорад бо берун кардани онҳо, муҳраҳои худро дар ин вилоят ҷо ба ҷо кунад.
Аз сӯе ҳам, толибони панҷшерӣ бо истифода аз ин ҷав дар пайи таҳкими ҷойгоҳи худ ҳастанд ва бо тағйири қибла мехоҳанд салоҳияти бештаре ба даст оваранд ва аз арҷу эҳтироме дар боргоҳи “Халифа” бархӯрдор шаванд.
Онон бо баҳонаҳои сарсарӣ бархе аз кормандони баландрутбаи пешини идороти маҳаллиро тавҳин, зиндонӣ ва бартараф мекунанд ва бедиранг чеҳраҳои ҷадидеро ҷойи онон насб мекунанд, ки бештари ин азлу насбҳо аз сӯ ё васотати «Халифа» анҷом мешавад.
Ба ҳамин нисбат толибони панҷшерӣ ин рӯзҳо чандин навбат мизбони “Халифа” буда ва чанд гурӯҳ аз толибони қандаҳориро низ зиндонӣ кардаанд, ки тозатарин мавриди он чанд тане аст, ки пас аз ғорати амволи хонаи Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири пешини дохила дар минтақаи Порох дастгир шуданд.
Ба нақл аз манбаъ, тазоҳуроти ахир дар Панҷшер низ сӯистифода аз эҳсосоти як хонаводаи азодор буд, ки Ҳамид Хуросонӣ бо ишораи Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ва Мавлавӣ Бутор, фармондеҳи амнияи Панҷшер ва бо пеш андохтани Руҳуллоҳ Шоҳмаланг, муовини волӣ мардумони мӯътаризро то мақоми вилоят бадрақа карданд ва Ҳамид Хуросонӣ бо додани ваъдаҳои миёнтиҳӣ аз навъи дастгирии омилони ин ҷиноят, маҳкама ва..., ҷайби хонаводаи ҷавони ҷонбохта ва мардуми мӯътаризро бо нуқли чӯбӣ пур кард. Ҳатто пас аз баргашти Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба Кобул, Ҳамид Хуросонӣ, омири амнияти Панҷшер лаб ба интиқод гушуд ва аз Мулло Яъқуб, вазири дифоъ, ки марбут тими Мулло Бародар аст, шадидан интиқод кард.
Ӯ дишаб низ ба мардум гуфта буд, ки лаҳзоте пеш ба забони пашту (!) бо Кобул сӯҳбат карда ва дастур гирифта, ки бо ташкили ҳайате омилони ин ҷиноят, ба шумули қумондони қандаҳорӣ ва вулусволи Онобаро маҳкама кунад. Толибе, ки бо шиллики снайпер ҷавонро куштааст, низ аз Қандаҳор аст.
Манбаъ мегӯяд, ки мардуми хаста аз ҷиноёти «Толибон» фурсате пайдо карданд ва чашм дар чашми Ҳамид Хуросонӣ ва дигар толибони маҳаллӣ шиори “Марг ба иморат исломӣ!”, “Марг ба хоинин ва муомилагарон!”-ро сар доданд ва пас аз хоксупории ҷавони ҷонбохта низ ба эътирози худ идома дода ва тамоми толибони маҳаллӣ, ба шумули Ҳамид Хуросониро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда ва аз ҷиноятҳои «Толибон» ва қатлҳои бешумори мардумони бегуноҳ парда бардоштанд.
Ба гуфтаи мардум, толибони панҷшерӣ, ба вежа Ҳамид Хуросонӣ, густурда ва мардумӣ шудани тазоҳуротро муҳосиба накарда буданд ва ба ҳамин далел тазоҳурот мардумӣ шуд ва чунон ба зидди «Толибон» ҷиҳат гирифт, ки аз контрол ва чашмкашиҳои «Толибон» берун шуд.
Бо ин ҳол, ба назар мерасад, таҳти таъқиб будани Сироҷуддин Ҳаққонӣ аз сӯи Амрико ҳам ҳарфи муфт ва беҳуда аст. Амрико ҳеҷ барномае барои гӯё тасбити соҳаи ҳузури Ҳаққонӣ надорад. Ӯ озодона машғули гирдоварии пул ба баҳонаҳои мухталиф, тасбити ҷойгоҳи қудрат ва ояндаи сиёсиаш ба унвони фарди аввали «Толибон» аст ва аз сӯе ҳам, амрикоиҳо ҳам бо муллобародархелҳо ва ҳам ҳаққонихелҳо дилбариву дилрабоӣ доранд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст