Хабари рӯз

Омили аслии ранҷи Афғонистон Инглис аст, на Покистон.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

1 - Покистон аз Афғонистон чӣ мехоҳад?

2 - Афғонистон аз Покистон чӣ мехоҳад ?

 Ин суолотест, ки бояд бо як таҳлили ҳамаҷониба ба он пардохт:

 Шумо медонед, ки наздик ба 10 рӯз Покистон дарвозаҳои турхмро як бори дигар барои мутарҳои борбари Афғонистон баст. Дар чунин шароите на танҳо мардумии Афғонистон, балки Покистон низ аз бастани дарвозаҳо хисороти ҳангуфтеро мутаҳаммил хоҳад шуд.  Гарчи ҳайати Толибон таҳти раёсати Мулло Ширин волии Қандаҳор ба Покистон рафта буд, аммо тавре, ки дида мешавад сафари он натоиҷи матлубе надошта, дасти холӣ баргаштааст.

Ва аз сӯи дигар Мавлоно Фазлулраҳмон, ки одатан дар ҳар ҷое, ки сафар мекунад, мушкил эҷод мешавад, ба таври омиёна мегӯям:.

Ҳар ҷой расад суми аспи қатаған,

На мурда кафан ёбад, на зинда ватан.

Бо сафари Мавлоно Фазлулрраҳмон, ки худ ҷузъе аз мушкили минтақа аст, як бори дигар муносиботи Афғонистон бо Покистон харобтар шуд ва мардуми Афғонистон як бори дигар бо мушкилот дасту панҷа нарм мекунанд.

Гарчи, бадбахтона, истиқболро, ки Толибон дар Кобул аз Мавлоно Фазлурраҳмон карданд, дар сатҳи як нахуствазир буд, ки на Мавлоно Фазлулраҳмон лаёқати ин истиқболро дошт, на мантиқе дар истиқболи Толибон нуҳуфта буд.

Ба ҳар ҳол, пешинаи таърихии равобити Афғонистону Покистон аз имрӯз нест. Дар гузашта ҳам ба чолиш мувоҷеҳ буда ва ҳоло ҳам ба чолиш мувоҷеҳ хоҳад буд, бахусус, ҳукумати Толибон, ки дар ҳоли ҳозир бар сари қудрат аст, на машрӯъияти миллӣ дорад ва на ҳам байналмилалӣ, чолишҳои иқтисодӣ, миллӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ домангир он аст.

Покистон, ки душмани деринаи он аст аз ин фурсат ба ҳар василаи мумкин истифода мекунад.

Пешинаи таърихии равобити Афғонистону Покистон аз шайтанатҳои Инглис сарчашма мегирад, биноан, агар мо хоста бошем пешинаи таърихии равобити Афғонистону Покистонро мавриди мутолиа қарор диҳем, нахуст бояд ба гузаштаи равобити афғону Инглис нигоҳ андохта шавад. Мушкилотеро, ки Афғонистон бо ҳамсояи шарқии худ дорад, аз бозиҳои истеъморӣ ба ирс мондааст. Масалан, ангезаҳои ҷанги аввали Афғону Инглис, ки дар он вақт Инглис ба баҳонаи ҳифзи сарҳадоти Ҳиндустон аз хатари русҳо бар Афғонистон лашкар кашиданд ва онро аз Қандаҳор то Кобулу Ҷалолобод дар ҷануби Ҳиндукуш ишғол намуданд (1839), вале дар соли 1841 бо қиёми миллии мардуми Афғонистон рӯ ба рӯ шуданд ва тамоми қушуни Инглис пас аз тахлияву фирор аз Кобул дар байни роҳи Кобул-Ҷалолобод, ба истиснои як нафар ба номи доктар Брайден, комилан аз по даромаданд. Ҳар кас медонад решаҳои ин душмании Инглис ба зудӣ намехушкад. Дар идомаи ҳамин душманӣ ва кинатӯзӣ буд, ки инглисҳо чиҳил сол баъд аз ҳамлаи аввал барои бори дувум бар Афғонистон ҳамла карданд (1879) ва боз ҳам ба сарнавишти мушобеҳи таҷовузи нахустини худ рӯбарӯ шуданд. Эшон ба хотири ҷуброни шикастҳои низомӣ дар Афғонистон дар охирин бозии сиёсӣ захми носурро дар пайкари Афғонистон гузоштанд ва номашро хатти номаймуни Дюранд ном ниҳоданд ва Афғонистонро барои ҳамеш дар доми кашмакашҳои сиёсиву маҳрумиятҳои иқтисодӣ андохтанд, ки то ҳанӯз огоҳона ин бадбахтӣ давом дорад.

А) Чаро Инглис чунин кореро анҷом дод?

Инглисҳо дар ин бозӣ ду ҳадафро думбол мекарданд: аввал, мехостанд Покистон барои ҳамеш пойгоҳи низомии сиёсии он бошад ва барои расидан ба ин ҳадаф вобастагии доими Покистон ба Инглисҳо зарурӣ пиндошта мешуд. Ҳамон буд, ки марзбандиҳои Покистон бо Афғонистон ва Ҳиндро тавре тарсим намуд, ки барои ҳамеш пуртаниш боқӣ бимонад ва Покистон ниёзманди ҳимояти низомӣ ва сиёсии инглисҳо бошад, чунончи феълан ҳам ҳамон тавр аст. Ҳадафи дувуми он ин буд, то Афғонистон низ нафаси бароҳат бикашад.

Инглис дар кашидани хатти Дюранд байни Афғонистону Ҳинд он вақт чандин ҳадафро думбол намуд, ин ки: аввал, паштунҳоро аз ҳам ҷудо сохт; дувум, тухми мунозиъаву ихтилофро барои ҳамеш дар байни Афғонистону Покистон базр намуд; севум,  Афғонистонро дар зоҳир озод ва дар амал ба як муҳосираву маҳбаси тӯлонӣ андохт, чунончи бо кашидани хатти Дюранд Афғонистонро аз расидан ба роҳҳои баҳрӣ маҳрум ва аз лиҳози иқтисодӣ ва бандарҳои тиҷоратӣ барои ҳамеш мӯҳтоҷи Покистон сохт ва далели фақру маҳрумияти давомдор дар Афғонистон натиҷаи ҳамин файсалаи Инглис аст. Ин ки афғонҳо ҳамеша дар майдони сиёсат бозандаанд, ҳақиқате аст, ки таърих гувоҳи он аст..

Афғонистониҳо бо зоҳирбинӣ иддао доранд, ки озодиву истиқлоли худро аз инглисҳо ба даст овардаанд, аммо ба ин нуқта мутаваҷҷеҳ нестанд, ки Инглис бо тарсими хатти Дюранд эшонро дар домани муздури худ, яъне Покистон андохтааст. Феълан Афғонистон ҳеҷ бандари тиҷоратӣ бо кишварҳои дунё надорад, яъне таври доим дар муҳосираи иқтисодиву сиёсии Покистон қарор дорад.

Б) Фурсати таърихӣ ва шонси дигар барои Покистон:

Ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравии собиқ дар декабри соли 1979 дарвоқеъ Покистонро дар хатти аввали ҷабҳаи муттаҳиди Иёлоти муттаҳидаи Амрико қарор додва онро қаҳрамони хатти аввали ҷанг бо русҳо сохт. Дар ин муддат Покистон истифодаи аъзамеро ба нафъи худ кард. Режими низомии Покистон барои шаклгирии муқовимати Афғонистон аз миёни урдугоҳҳои паноҳандагон дар атрофи хатти Дюранд дасти боз пайдо кард ва кӯмакҳои Амрико, Арабистони Саудӣ, Аврупои Ғарбӣ, Чин ва ҳамчунон сармояҳои саховатмандонаи шахсии аъроби кишварҳои Халиҷро ҷамъоварӣ ва ҷуравор ба гуруҳҳои исломии муҷоҳидин вориду худ тавзеъ намуд.

Таҷовузи Шӯравии вақт бар Афғонистон дар декабри соли 1979 шароити миллӣ ва байналмилалиро барои баҳрабардориҳои сиёсиву низомӣ  ва иқтисодии Покистон беш аз пеш омода намуд. Ҳузури қушуни Сурх дар Афғонистон дар даҳаи 80-и қарни гузашта ва сарозер шудани сели муҳоҷирини афғон дар Покистон ва равнақи танзимсозиҳои ҷиҳодиву ҷалби кӯмакҳои молӣ ва низомии кишварҳои сармоядори ғарбиву арабӣ барои созмондиҳии ҷанги муқаддас алайҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ таҳти назари мустақими созмони истихбороти низомии ISI-и он кишвар, ин имконро ҳар чӣ хубтар барои Покистон фароҳам сохт.

Бидуни тардиди ин Покистон буд, ки баъд аз он ҳама вайронӣ дар кишвари мо, гурӯҳи Толибонро таҷҳизу таслеҳ намуда, хост то бар сари қудрат шаванд бо саҳмгирии мустақими созмони истихбороти низомии худ ба кишвари мо гусел дошт, то аз Толибон барои ноил шудан ба аҳдофи стратегии хеш истифодаҳои нораво бинамояд. То Покистон тавонист як бори дигар Толибон дар Афғонистон ҳоким шаванд.

В) Аҳдофи Покистон:

Покистон дар ростои ноил шудан ба “умқи стратегӣ”-и хеш замоне муҷоҳидини афғонро дар муқобила бо Шӯравии вақт ва баъдан Толибонро дар муқобили муҷоҳидин ҳимоят кард. Талошҳои Покистон дар Афғонистон ва табдили ин кишвар ба ҳайси “умқи стратегӣ” аз тариқи эҷоди ҳукумати толибонӣ бештар копияи сиёсати “форвард полиси”-и Биритониё аз садаи нуздаҳум аст. Сиёсати Бритониё бар ин бунёд устувор буд, ки дар Афғонистон як режими дӯст бар сари қудрат ояд, ки қодир бошад мухолифинро бо зӯри аслиҳаву пул дар таҳти контроли худ дошта бошад. Афзун бар он ин режим тазмин кунад, ки нерӯҳои душман умдатан Русия ва назири он натавонанд дар он ҷойи пой дошта бошанд.

 Покистон ба василаи неруҳои афғон ба баҳонҳаи ҷиҳод бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати мавриди ҳимояти он кишвар дар Кобул, қабл аз ҳама тамоми таъсисоти таълимӣ ва иқтисодӣ, хадамотӣ ва муҳимтар аз ҳама урдуи миллии Афғонистонро аз беху бунёд нобуд кунад. Ин коре буд, ки Покистон онро аз ҳамон оғози таваллудаш дар ҳамсоягии Афғонистон аз Худо орзу мекард ва ин ки муфту ройгон ба ин нияти шуми худ ноил омад.

Покистон танҳо ба нобудии урдуии миллии Афғонистон иктифо нанамуд, балки шаҳри таърихии Кобул - пойтахти кишварро бо ҳазорон мушаку хумпора бомбардмони беамон кард. Илова бар вайрон кардани таъсисоти зербиноии кишвар, бандҳои муҳими обӣ, мисли банди барқи Моҳипар, банди барқи Нағлу, банди бисёр муҳимми обёрии Дарунтаро, ки ки сарсабзӣ ва ободии Ҷалолободу вилояти Нангарҳор аз он аст, низ ба василаи гумоштагони худ вайрон намуд. Афзун бар он Покистон дар қатъи ҳазорон гектар ҷангалоти куҳансол дар вилоёти Кунару Нуристон ва Пактиёву Пактикову Хуст ва ҳамчунон нобудии ҷангалоти писта аз реша дар вилоёти Саманагону Бодғис нақши асосӣ дошта ва аз ҳеҷ гуна вайронӣ дар кишвари мо ба василаи гумоштагону дастпарвардагони бемояи худ дареғ наварзидааст.

Аз тарафе марзҳои бозу ғайри қобили контрол ва манотиқи қабоилии сарҳадии худмухтор дар миёни ду кишвари Афғонистону Покистон бистари хеле мусоидро барои эҷоди шабакаи ҷангафрӯзӣ ба дасти Покистон ба мақсади дастёбӣ ба аҳдофи стратегӣ дар ду ҷабҳа, яке, дар Кашмир алайҳи Ҳиндустон ва дигаре, алайҳи Афғонистон фароҳам сохт.

Авомилу ангезаҳои ихтилоф: душмании Покистон бо Афғонистон реша дар авомили гуногун дорад. Барои дарки дурусти воқеиятҳо, авомилу ангезаҳо, хусуматҳову мудохилоти Покистон дар Афғонистон, аҳдофи стратегияи иқтисодии Амрикову Покистон, хусуматҳои таърихии Инглис бо Афғонистон, душмании Ҳинду Покистон, ангезаҳои мудохилоти Эрону Покистон дар умури Афғонистон ва рақобатҳои блоки Шарқу Ғарб дар минтақаву ҷаҳон бояд якҷо мавриди мутолиа қарор гирад. Мусалламан Афғонистону Ҳинд дорои дарди муштараканд. Ҳамон аст, ки равобити Ҳинду Афғонистон барои ҳамеш хуб буда ва ин чизест, ки хашми Покистонро бармеангезад. Наздикии Афғонистон ба Ҳинд яке аз далоили душмании Покистон бо Афғонистон аст. Покистон иддао дорад, ки кишварҳои Афғонистону Покистон аз лиҳози муносиботи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ҳам мушобеҳатҳои зиёд дорад ва наздикии Афғонистон бо Ҳинд ба мафҳуми душмании раҳбарони ин кишвар бо Покистон аст.

Г) Покистон аз Афғонистон чӣ мехоҳад?

1 - Аз лиҳози арзӣ: Покистон ҳавсалаи шунидани замзамаҳои “Де Паштунистон змунг”-ро надорад ва дар ин маврид ҳеҷ ҳарфро намехоҳад аз Афғонистон бишнавад ва ҳамзамон бо таваллуди худ манотиқи мавриди иддаои Афғонистонро бо худ дошта ва ҳич вақт бо Афғонистон тарафи даъво набудааст, балки ин манотиқро аз хони карими Инглис ба даст оварда, аз назари Покистон, Афғонистон ҳар иддаое, ки дорад, бояд бо инглисҳо дошта бошад на Покистон. Лиҳозо покистониҳо мегӯянд, мо ҳеҷ муоҳидаи машрут бо афғонҳо имзо накардаем, ки дубора бахше аз хоки худро ба эшон бидиҳем. Лиҳозо, Покистон аз Афғонистон мехоҳад, ки дар дохили хокаш ба номи қавму фомилҳои ду тарафи хатти Дюранд ва ғайра мудохила накунад, вале ҳар чӣ дар тавон дошта бошад алайҳи Афғонистон анҷом хоҳад дод.

2 - Ҳадафи иқтисодӣ: Покистон мехоҳад аз тариқи Афғонистон ба манофеи стратегии иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Халиҷи Форс даст ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд Афғонистон аз лиҳози иқтисодӣ заиф ва аз назари зарфиятҳои сиёсиву раҳбарӣ дар мавқеияти Абдурраҳмонхон қарор дошта бошаду бо як имзои сода то қарнҳо зери дасти Покистон боқӣ бимонад.

3 - Покистон бо ихтилол дар амри бозсозиву суботи сиёсӣ ва барҳам задани фазои сулҳу амният дар кишвар, бар ҳукумати Афғонистон фишор ворид мекунад, то илова бар ба расмият шинохтани хатти Дюранд, аз манобеи табиӣ, бахусус, оби рӯдхонаи Кобул ва рӯдхонаҳои дигари вилоёти шарқии кишвар имтиёзоти бештаре ба даст оварад. Масалан, саҳм бурдан аз обҳои гаронқимати рӯдхонаҳои дохилӣ, ки табиат саховатмандона онро ба мардуми Афғонистон армуғон овардааст, суд бибарад ва ҳамчунин бо тамдиди лӯлаҳои интиқоли газу нафт аз Туркманистон ба сӯи Покистон аз додани имтиёз муоф бошад.

Д) Иштибоҳи сиёсатмадорони Афғонистон:

Сиёсатмадорону раҳбарони афғон аз муборизоти паштунҳову балучҳо интибоҳи манфӣ ва бад гирифтаанд. Эшон гумон мекунанд ҳамон шиорро сар медиҳанд, ки паштунҳо дар он тарафи хатти Дюранд бар он таъкид доранд, дар ҳоле ки ҳақиқат чизи дигарест. Муборизоти паштунҳо ва балучҳои Покистон як масъалаи дохилии Покистон аст. Раҳбарони паштунҳову балучҳо ҳаргиз хоҳони таҷзияи Покистон нестанд, балки бо иттико бар Қонуни Асосии он кишвар хоҳони ба даст овардани ҳуқуқи хеш дар чавкоти Покистон мебошанд ва ҳамеша дар интихобот ва дар идораи Покистон саҳму нақши бориз доштаанд.

Е) Табаот ва асароти ин иштибоҳ:

Хатти Дюранд чӣ афтҳо ва нузулҳои иқтисодиву сиёсиро насиби мо сохтааст: аввал, маҳдуд мондан ба хушка ва муҳтоҷ будан ба Покистон. Ҳар боре, ки муносиботи ду кишвар рӯи хатти Дюранд рӯ ба вахомат меравад, Покистон ҳарбаи бисёрмасиреро ба кор мебандад ва он иборат аз таҳрими интиқоли амволи тоҷирони афғонистонӣ ва ё коршиканиҳои мутааддид ва афзоиши таруфаҳои гумрукӣ, ки дар бесуботии авзои иқтисодии Афғонистон нақши муҳиме дорад. Ва ҳар бор Афғонистонро вобастатар месозад. Барои Афғонистон танҳо роҳе, ки метавонад онро бо дунёи муосир васл кунад Покистону Эрон аст, ки аз тариқи баҳр бо ҷаҳон додуситади худро таъмин кунад.

РОҲИҲАЛҲО: танишу хушунат роҳи ҳал нест, балки доштани муносиботи ҳасана метавонад роҳи Афғонистонро ба сӯи ҷаҳони дигар боз кунад. Афғонистон бо ҳифзи муровидоту таъомулоти байналмилалӣ ва тааҳудоти содиқона бо ҳамсояҳо метавонад як коридори тиҷоратӣ дар бандари Карочи боз кунад ва ба ҳамин тартиб бо амалӣ сохтани муоҳидаи Гулистон роҳи худро ба сӯи обҳои Халиҷи Форс боз намояд. Аммо мутаассифона, дар Афғонистон ҳар касе, ки ба қудрат мерасад, тааҳҳудоту қарордодҳои ҳокимони қаблиро хоинона хонда, лағв эълон менамояд.

Танҳо роҳи ҳалли муъзали Афғонистон баргузории конфронси мантақаӣ ва таъмини дастёбии Афғонистон ба роҳҳои обӣ аст. Конфронси кишварҳои ҳамсоя, монанди Чин, Ҳинд, Покистон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳатто кишварҳои арабиро доир ва бо ҳузурдошти ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кишварҳо зимни тааҳҳуд бар адами мудохила дар умури Афғонистон мутааҳҳид гарданд, то ҳаққи Афғонистонро мабнӣ бар истифода аз банодири баҳрӣ, махсусан дар Эрону Покистон тасбит намоянд. Баргузории чунин конфронсе таҳти назари СММ бо подармиёнии Амрико муассирияти кори конфронсро бештар хоҳад сохт.

Дар ин сурат, то замоне ки Афғонистон суботи нисбиро таъмин кунад, амнияти дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд оварад, урдуи миллиро икмол намояд ва таъсисоти модӣ, техникии инкишофи иқтисодиро пайрезӣ намояд, дағдағаи таҷовуз бар обу хоки кишвар вуҷуд медошта бошад. Амнияту субот, ки заруритарин заминаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузории дохиливу хориҷӣ аст, тазмин мегардад ва рақами фаъолиятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар паноҳи амнияту субот ба наҳви чашмгирӣ иртиқо хоҳад ёфт.

Суботу амният заруритарину асоситарин муаллифаҳои инкишофи иқтисодист. Барои он ки Афғонистон ба по биистад ва ҳатто аз суқут наҷот ҳосил кунад, таъмини субот зарур аст ва ин мумкин нест магар бо доштани паймони ҳамкории тавилулмуддат бо кишварҳои зинафъ дар минтақа бо дарназардошти манофеъи миллӣ.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!