Хабари рӯз

Вазъияти ҷаҳони пасоқутбӣ ҳамчунон вазъияти пурошӯб ва дучори низоъҳое хоҳад буд, ки мо назирашро дар даврони гузори феълӣ мушоҳида мекунем.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Сӯҳбат аз таҳаввули кайфӣ ва камӣ дар тавзеҳу истифодаи қудрат, дар замони пурошӯби феълӣ дар низоми байнулмилал, ба як гуфтумони қобили таваҷҷуҳ дар ин арса, бахусус, дар маҷомеъи академӣ ва фикрӣ, мубаддал шудааст.

Дар ин миён, пас аз афзоиши қудрати иқтисодии Чин, таҳаррукот ва баландпарвозиҳои Русия ва талош барои шаклдиҳии БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой минҳайси вокунишҳои муҳаррик дар баробари гегемонияи амрикоӣ, ки интиқоли қудрату сарватро аз Аврупову Амрико ба Осиё, пешбинӣ мекунад, назарияи интиқоли қудрат (power transition theory) дар баррасии ин таҳаввул ва чигунагии иттифоқи он, посухи қонеъкунанда надоштааст. Яъне ба асоси суннати таърихӣ ин назария, ҳамвора тағйир ва табдили мақоми қудрати ҷаҳонӣ, ба воситаи ҷангу низоъ ва мутаоқиби он, шикасту пирӯзии тарафайн, муяссар шудааст.

Аммо дар шароити буҳронии кунунӣ, баҳампайвастагии иқтисодӣ, фуқдони иттиҳодҳои идеологӣ ва қутббандиҳои ҳувиятиву забонӣ дар масири хутути гусали тамаддунӣ, ҳеҷ посухи равшане дар замина вуҷуд надорад. Биноан барои баррасии ин мавзӯъ, нигоранда понздаҳ вежагии низоми пасогузорро, баршумурдаам, ки зайлан ба он мепардозам:

1 - Аслитарин таҳаввул дар шаклдиҳии тафаккури давраи феълӣ ва пешбинӣ дар мавриди ояндаро метавон аз давраи гузор, ки бо вежагии аслӣ анархизм ҳамроҳ аст, дид. Давраи гузори кунунӣ, агарчи, чароӣ ва чигунагии ин таҳаввули таърихиро наметавонад баршуморад, вале ба худии худ, заминасози як таҳаввули таърихӣ дар давраи пасогузор хоҳад буд. Пас анархизм ваҷҳи боризи ин давра хоҳад буд;

2 - Давраи пасогузор, бароянди як асри тобушиканӣ мубтанӣ бар фурӯрехти сохторҳои қудрати ҷаҳонӣ ва наҳваи тавзеъи он, хоҳад буд, ки ҳадди ақал дар садаи ахир, пешинаи таърихӣ надоштааст. Шаклгирии қутббандиҳо, вокунишҳои ғайримунтазираи бозигарони давлатӣ дар баробари гегемонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз намунаҳои ин тобушиканӣ аст;

3 - Асри пасогузор як асри фоқиди идеологияи давлатӣ ва рақобат барои ҷуғрофияи ҷаҳонӣ аст. Бар хилофи идеологияҳои фашизм, коммунизм ва либерализм, ки дар рақобат бо ҳам дар низоъҳои байнулмилалӣ, қарор доштанд, асри пеши рӯ, як назми фоқид чунин дидгоҳест ва метавонад намунаи ҷадиде аз як рӯйкарди қудратҳои дучори мунозиъа дар арсаи ҷаҳониро ҷудо аз шуоъи идеологияи мушаххасе ба миён биоварад;

4 - Дар натиҷаи фуқдони як асри идеологӣ аст, ки тасвири возеҳе аз сурати даврони пасогузор дар даст нест. Ба ин тартиб, таҷассуми сурат, шамоил ва чигунагии ин даврон, корест душвор ва замонгир. Ба ин ҳисоб даврони ҷадид як даврони пасоқутбӣ аст на якқутбӣ, дуқутбӣ ва ё чандқутбӣ;

5 - Идеологияҳои рост, нажодпарастона ва дар сурати эҳтимоли кам ҷаҳонватании интернатсионалистии мубтанӣ бар ҳамгароии минтақаиву байнулмилалӣ, танҳо минҳайси сипар дар низоъҳои байнулмилалӣ ва миёнкишварӣ, истифода мешаванд, вале наметавонанд ҷойгузине дар арсаи рақобатҳои идеологӣ ҳисоб шаванд. Дар ҳоле ки натсионализми ифротӣ, метавонад камокон дар садри барномаҳои давлатҳо қарор дошта бошад, аммо иқтидоргароии давлатӣ ҳамаи инҳоро барои таҳкими пояҳояш, камокон дар хидмат хоҳад гирифт;

6 - Дар даврони пасогузор замони иттиҳодҳо гузаштааст ва дигар короӣ надорад. Дар иваз, қудратҳои дучори мунозиъа дар арсаи байнулмилалӣ, нисбати надоштани дидгоҳҳои иттиҳоди стратегӣ дар мавоқеъи буҳронӣ, аз муаллифаҳо ва абзорҳои эътилофи муваққат кор хоҳанд гирифт;

7 - Вобастагии мутақобили иқтисодӣ маҷбуриятҳои тавлидӣ ва эҳтиёҷ ба маводи хом, абзори боздорандаи ҳастаӣ ва муоҳидоту паймонҳои байнулмилалӣ, дигар наметавонанд монеъи ҷангу низоъ дар арсаи байнулмилал шавад. Чун дунё ба сурати нохоста ба самти камбуди маводу манобеъи асосӣ ба сурати ҳамзамон дар ҳаракат аст ва эҳтиёҷ ба ин маводи асосӣ, ба як асли умумӣ мубаддал мешавад, биноан, тарси ҳамагонӣ аз ин ноҳия, худ мӯҷиби рафъи нигаронӣ дар маврид мешавад;

8 - Асри ҷадид ё даврони пасогузор, як асри рақобат рӯи манобеъи камёб дар канори дастрасӣ ба манобеъи энергживу об хоҳад буд. Ба ин ҳисоб, амнияти энержӣ ва ҳидрополитик, камокон як вежагии бориз дар арсаи рақобатҳо миёни кишварҳо ва қудратҳои бузургу миёна, боқӣ хоҳанд монд;

9 - Ҷуғрофияву маконҳои стратегӣ дар таҳти қоидаи бозиҳои геополитикӣ ба иллати эҳтиёҷи ҷаҳонӣ ба манобеъи зерзаминӣ ва сарзаминӣ, ҳамчунон, дар садри авлавиятҳои бозигарони матраҳи ҷаҳонӣ ва миёна, боқӣ хоҳанд монд;

10 - Нақши давлатҳо дар таомулоту пӯёииҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунон барҷаста хоҳад буд. Чун даврони пасогузор, асри иқтидоргароии давлатӣ аст ва бозигарони ғайридавлатӣ ба ночор аз пайравӣ аз сиёсатҳои давлатии иқтидоргароёна хоҳанд буд. Дар айни замон, эҳтиёҷи бозигарони ғайридавлатӣ ба давлатҳо, рӯ ба афзоиш хоҳад буд. Ба ин асос, демократия ва арзишҳои либерал дар ҷаҳони пасоқутбӣ ҷойгоҳи имрӯзиро надорад;

11 - Дар асри пасогузор мо шоҳиди як ривояти ҷадиде аз қутбият, ҳувият ва фарҳанг дар қолаби фашизми фарҳангӣ хоҳем буд. Дар ин арса кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Ҳинд.... намунаҳое аз қудратҳое ҳастанд, ки дар талоши гегемонияи фарҳангиву забонӣ, ҷиноҳҳои машмули рақобат хоҳанд буд ва ҷолиб ин, ки майдони ин рақобатҳо осиё мебошад;

12 - Муаммои амниятӣ ва зеҳнияти идрокӣ аз мушаххас шудани дӯсту душман, ки қариб ба зеҳният созангорона аст, ҳамчунон бар фазои байнулмилалӣ ва рафтори давлатҳо, таъсиргузор хоҳад буд. Ва ҳатто ин масъала ва тарзи дид дар назди давлатҳо, метавонад мунҷар ба шаклгирии қутбҳои амниятӣ ба асоси маҷбуриятҳо ва мавҷудияти таҳдидҳои билқувва ва билфеъли амниятӣ шавад;

13 - Ҷаззобияти гегемонияи забониву фарҳангӣ, талош барои ҷаҳонӣ сохтани он ва ҳазинасози ҳангфт моли рӯй ин масъала, барои давлатҳо, хеле ҳоиз аҳамият хоҳад буд. Њатто давлатҳо барои ҳифз ҳжмуни забоне ва фарҳанги худ, даст ба ҷангҳои бепоён хоҳанд зад;

 14 - Дар давраи гузор қудратҳои бузургу миёна аз конунҳои низоъ минҳайси василаи фишор барои имтиёзгирӣ истифода мекунанд. Ин мантиқи рақобат камокон дар давраи пасоқутбӣ, боқӣ хоҳад монд;

15 - Сюжетҳои амниятӣ камокон дар хидмати расидан ба аҳдофи иқтисодӣ қарор хоҳанд дошт. Ончунон ки иқтисоду манобеъи даромади молӣ, таъминкунандаи ҳар навъ рақобат хоҳад буд, асли пайванди иқтисодӣ ва амниятӣ, ҳамчунон побарҷо хоҳад буд.

Бо ин вазъ, вазъияти ҷаҳони пасоқутбӣ, ҳамчунон вазъияти пурошӯб ва дучори низоъҳое хоҳад буд, ки мо назирашро дар даврони гузори феълӣ мушоҳида мекунем. Дунёи пасоқутбӣ дар асл навъи ҷадиде аз назми байнулмилалӣ хоҳад буд, ки бо вуҷуди ҳифзи хусусияти анархистии худ, гузораҳои танишзоро низ бо худаш ба унвони мероси давраи гузори феълӣ хоҳад дошт. Дунёи пасоқутбӣ, ҳамчунон дунёи созаангорона ва мубтанӣ бар зеҳниятҳои амниятӣ, бозигарони давлатӣ мебошад, ки муаммои амниятии ҳоким бар он, заминасози ташаннуҷ хоҳад буд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!