Хабари рӯз

Оё авоқиби таҳаввули Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Тайи солҳои охир Иттиҳоди Аврупо бо чолишҳои ҷиддии дохиливу берунӣ рӯбарӯ гаштааст, ки якпорчагии сиёсӣ ва суботи иқтисодии онро халалдор мекунанд. Бӯҳрони системавӣ, ихтилофҳои афзоянда бо ИМА, бетартибии сиёсӣ, ноустувории энергетикӣ ва роҳ ба сӯи ҳарбикунонӣ (милитаризатсия) – ҳамаи ин Иттиҳоди Аврупоро дигаргун карда, аз мақоми пешинааш - яке аз бозингарони асосии ҷаҳонӣ, маҳрум мекунанд. Дар пасманзари ин тағйиротҳо, шавқи (таваҷҷӯҳи) Иттиҳоди Аврупо ба шарикии комил бо минтақаҳои беруна, аз ҷумла бо Осиёи Марказӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ торафт хусусияти номуназзамро касб мекунад, яъне Иттиҳоди Аврупо манфиатҳои худро аз рушди минтақаҳои шарик болотар мегузорад, аз ҷумла ба даст овардани ашёи хом, назорат аз болои инфрасохтор ва таъсиррасонӣ ба равандҳои дохилии кишварҳои мо.

«Гуногунии Аврупоро аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар худи Парлумони Аврупо, аз изҳоротҳои вакилони Аврупо, ки сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии Брюсселро шадидан интиқод мекунанд, ба таври аён дидан мумкин аст. Тааҷҷубовар нест, ки тибқи назарсанҷиҳо, тақрибан нисфи аврупоиҳо аллакай ақида доранд, ки ба фаъолияти Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои ба шумор мондааст" – мегӯяд Олим Ширинов, блогер, коршиноси сиёсӣ, муаллифи канали “Telegram” дар бораи амалиёти вижаи ҳарбӣ дар Украина.

 

Бӯҳрони системавии Иттиҳоди Аврупо

Тайи моҳҳои охир зиддиятҳо байни кишварҳои ба истилоҳ «Ғарби дастаҷамъона», бахусус байни ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шиддат гирифтанд. Тафовутҳо ҳам ба равишҳои стратегӣ ва ҳам ба қарорҳои тактикӣ дахл доранд. Брюссел дахолати худро ба низоъ дар Украина афзоиш дода, ба ҷонибдории идомаи ҷараёни муқовимат, ки бо ҳарбикунонии фаъоли фазои Аврупо ҳамроҳ аст, баромад мекунад. Ин самти сиёсати берунӣ захираҳои зиёдеро талаб мекунад, ки аз ниёзҳои дохилӣ дур мебошанд.

Дар ин пасманзар Иттиҳоди Аврупо қодир набудани (ноқобилии) худро барои ба таври самаранок ҳалл кардани мушкилотҳои ҷамъшуда, аз ҷумла муҳоҷирати оммавӣ, ташаннуҷи иҷтимоӣ, сатҳи баланди таваррум ва сустшавии рушди иқтисодӣ, нишон медиҳад. Ҳамаи ин суботро дар дохили иттиҳод халалдор карда, худи иттиҳодро ҳамчун шарики на онқадар боэътимод ва собитқадам дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа нишон медиҳад. Дар шароити амиқтар шудани бӯҳрони системавӣ Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои худро танҳо ба он лоиҳаҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона хоҳад кард, ки бевосита ба манфиатҳои иқтисодии Аврупо ҷавобгӯ мебошанд. Асосан ба ташаббусҳои бо дастрасӣ ба ашёи хоми стратегӣ, захираҳои энергетикӣ ва долонҳои логистикӣ вобастабуда афзалият дода мешавад.

Лоиҳаҳое, ки ба рушди иқтидори дохилии минтақа ё ба вуҷуд овардани арзиши воқеии иловашуда дар маҳал равона карда шудаанд, эҳтимолан ё баста мешаванд, ё маҳдуд карда мешаванд. Дар чунин шароит ба сармоягузориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманди Иттиҳоди Аврупо умед бастан торафт ғайривоқеӣ мегардад.

Кумаки молиявии Иттиҳоди Аврупо бисёр ночиз ба назар мерасад. Комиссари Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Йозеф Сикела дар ҷараёни сафари охирини худ ба Душанбе дар бораи ихтисос додани 40 миллион евро – 20 миллион евро барои азнавсозии шабакаи энержӣ ва 20 млн. евро барои рушди устувори саноати пахта хабар дод. Ин маблағҳо бо миқёси мушкилотҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ аст, мувофиқ нестанд ва аз коҳиши сатҳи дахлдории Иттиҳоди Аврупо дар минтақа шаҳодат медиҳанд.

Блогер, нозири сиёсӣ, муаллифи канали Telegram оид ба амалиёти вижаи ҳарбӣ дар Украина Олим Ширинов бар ин назар аст, ки вазъи имрӯзаи Иттиҳоди Аврупоро  метавон ҳамчун бӯҳрони ҷаҳонии тамоми ниҳодҳои иттиҳод тавсиф дод: «Ин, пеш аз ҳама, ба муносибатҳои иқтисодии давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дахл дорад, вақте дар замони таназзул кишварҳо барои маблағҳои аз ҷониби Брюссел ҷудошаванда омодаанд ҳамдигарро ғарқ (маҳв) кунанд. Ин дар навбати худ ба афзоиши норозигии иҷтимоӣ, ки солҳои охир қариб ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро фаро гирифтааст, оварда мерасонад.

Бӯҳрони системавие, ки иқтисодиёти Ғарб ва Иттиҳоди Аврупоро фаро гирифтааст ва як ҷузъи ҷудонашавандаи он гардидааст, Иттиҳоди Аврупоро ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав ва гуногунсозии роҳҳои ба даст овардани энергия ва захираҳои фоиданок, бахусус маъданҳои муҳим водор мекунад. Зуд-зуд ташриф овардани эмиссарҳои ғарбӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо пешниҳодҳои ҳамкорӣ дар самти коркарди маъданҳои муҳим ва роҳҳои интиқоли онҳо ба Аврупо маҳз бо ҳамин вобастагӣ дорад. Сарзамини мо аз канданиҳои фоиданок бой аст: захираҳои ангишт, руҳ, волфрам, молибден, мис, тилло, оҳан, нуқра, сурб, уран, висмут, инчунин лантаноидҳо — як оилаи элементҳои химиявие, ки ба гурӯҳи элементҳои нодири заминӣ дохил мешаванд. Вале набояд дар бораи захираи асосӣ – об, ки сол то сол арзишаш баландтар мешавад, фаромӯш кунем.

Ва тавре мебинем, аз рӯи натиҷаи нишасти “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ», ки санаҳои 3-4 апрел дар Самарқанд баргузор гардид, Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард евро ваъда кардааст. Барои чӣ? Маҳз барои коркарди маъданҳои муҳим, рушди соҳаи нақлиёт ва амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи захираҳои обӣ, энергетика ва иқлим. Ва ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен: "Ин воқеан оғози давраи нави дӯстии қадимаи мо мебошад." Ва ин ҳатто хандаовар аст – кадом дӯстии «чандинасра» байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо? Ба онҳо танҳо захираҳои мо лозиманд, тамоми суханҳо дар бораи шарикӣ ва дӯстӣ танҳо як ниқоби (лавҳаи) зебо барои рӯйпӯш кардани ташнагии фоида мебошанд.

Дар соли 2024 ҳаҷми гардиши моли Тоҷикистон бо 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо камтар аз 0,5 миллиард долларро ташкил дод,  дар ҳоле, ки ҳаҷми гардиши мол бо панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 3,3 миллиард долларро ташкил додааст.

Тибқи як назарсанҷии ахир, тақрибан 37% шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо бар ин назаранд, ки иттиҳод дар 20 соли оянда пароканда хоҳад шуд. Махсусан сатҳи руҳафтодагӣ дар Булғористон, Швейтсария, Фаронса, Руминия ва Полша –кишварҳое, ки дорои амсилаҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ, вале ҳиссиёти нооромӣ мебошанд, баланд аст. Танҳо 42% пурсишшудагон Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун созмони қудратманди ҷаҳонӣ мешуморанд, дар ҳоле, ки  43% бар он назаранд, ки Иттиҳод мақоми худро ҳамчун бозингари бонуфузи ҷаҳонӣ аз даст додааст. Ҳамаи ин аз коҳиши на танҳо вазни институтсионалии иттиҳод, балки эътимоди ҳам шаҳрвандон ва ҳам шарикони берун аз Аврупо шаҳодат медиҳад.

 

Табдилёбии Иттиҳоди Аврупо

Нақшаҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи мудофиа ва амният амсилаи анъанавии иқтисодии онро табдил медиҳанд. Таваҷҷӯҳ аз сиёсати иҷтимоӣ ба ҳарбикунонӣ равона карда мешавад, ки ин аллакай ҳам ба сохтори дохилии Иттиҳод ва ҳам ба фаъолияти иқтисодии хориҷии он, аз ҷумла ба робитаҳо бо шарикон дар Осиёи Марказӣ таъсири назаррас мерасонад. То соли 2030 Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки барои таҷдид ва навкунии силоҳ 800 миллиард евро ҷудо кунад. Аз он 650 миллиард бояд аз буҷаи миллии кишварҳои узв ҷамъоварӣ шавад ва 150 миллиард евро аз ҷониби Комиссияи Аврупо ба намуди қарз ҷудо карда шавад. Ин бузургтарин тақсимоти ҷараёнҳои молиявӣ ба фоидаи бахши низомӣ дар таърихи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Сарбории иловагиро ӯҳдадориҳо дар назди НАТО ба вуҷуд меоранд, ки дар доираи он Иттиҳоди Аврупо ният дорад аллакай аз соли 2024 барои ниёзҳои соҳаи мудофиа ҳар сол на камтар аз 500 миллиард евро сарф кунад, ки тақрибан 5% маҷмӯи маҳсулоти дохилии иттиҳодро ташкил медиҳад. То охири соли 2024 хароҷоти кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 335,8 миллиард евроро ташкил дод ва ин нишондиҳанда танҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Ин тағйирдиҳии молиявӣ оқибатҳои ҷиддӣ дорад. Хароҷотҳо барои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тараққиёт кам карда мешаванд, ки ин боиси афзудани норозигии дохилии иҷтимоӣ ва ноустувории сиёсӣ мегардад. Дар ҷабҳаи беруна, Иттиҳоди Аврупо иштироки худро дар ташаббусҳои инфрасохторӣ, башардӯстона ва иқтисодӣ, ки ба худи иттиҳод манфиат намеоранд, маҳдуд мекунад. Ин маънои кам шудани ҳаҷми кумакҳо ва фаъолияти сармоягузорӣ дар кишварҳои шарик, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Дар ин замина таваҷҷӯҳи Иттиҳод ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бештар хусусияти манфиатпарастона ва аз ҷиҳати стратегӣ маҳдуд, инчунин бидуни кӯшиш ба шарикии дарозмуддат ва баробарҳуқуқро касб мекунад.

Болоравии нархи нерӯи барқ дар Аврупо аллакай боиси он гардид, ки ширкатҳои пешрафтаи саноатии Иттиҳоди Аврупо, аз қабили ширкати олмонии BASF, ба кӯчонидани истеҳсолоти худ ба кишварҳои сеюм, пеш аз ҳама ба Чин оғоз карданд, ки дар он ҷо арзиши барқ хеле пасттар аст. Ин тамоми бахшҳои иқтисодиёти Аврупоро  зери хатар гузошта, ба раванди ғайрисаноатикунонӣ суръат мебахшад.

Барои амалисозии нақшаҳои бузурги мудофиавӣ, Иттиҳоди Аврупо бояд қоидаҳои амалкунандаи буҷавии худро, аз ҷумла яке аз параметрҳои асосӣ - маҳдудияти сатҳи қарзи давлатии 3% ММД-ро, ки бо созишномаҳои Маастрихт муқаррар гардидааст, азнав дида барояд. Суст кардани интизоми молиявӣ, ки барои зиёд кардани хароҷотҳои ҳарбӣ зарур аст, ногузир ба афзоиши норасоии буҷет, баланд шудани сатҳи таваррум, гаронтар шудани қарзҳо ва кам шудани ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин фишори иқтисодиро ба шаҳрвандон ва нобаробарӣ зиёд карда, метавонад мавҷи нави норозигии ҷомеаро ба бор орад.

Дар пасманзари зиёд шудани хароҷотҳои дохилӣ, вазъи энергетикӣ дар Иттиҳоди Аврупо яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Нархи гази табиӣ, ки захираи асосӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ ба ҳисоб меравад, назар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд баробар баланд аст, ин рақобатпазирии саноати Аврупо халал мерасонад. Тибқи маълумотҳои охирин, нархи газ дар Иттиҳоди Аврупо назар ба хориҷа 3-4 маротиба зиёдтар аст. Ин ба пардохтҳои аҳолӣ таъсир мерасонад: тақрибан 10% сокинони Аврупо изҳор доштанд, ки дар фасли сармо имкони гарм кардани хонаҳои худро надоранд.

Брюссел ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҳамчун ба манбаи захираҳои табиии стратегӣ назар мекунад. Ҷумҳурии мо дорои захираҳои калони ангишт, уран, молибден, волфрам, руҳ, мис ва металлҳои нодири заминӣ мебошад. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои ангишти коксшаванда дар минтақа мавқеи пешсафро ишғол мекунад – тақрибан 4 миллиард тонна, ки тақрибан 80 фоизи он барои коркарди саноатӣ мувофиқ мебошад. Дар баробари ин, хусусияти ҳамкориҳое, ки Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мекунад, асосан хусусияти номуназзам дорад: асосан ба содироти ашёи хом ва вобастагии технологӣ таваҷҷӯҳ карда мешавад, на ба рушди ҳамаҷониба ва шарикии баробар бо минтақа. Ин хатари берун рафтани захираҳоро ба вуҷуд меорад, ки дар ин сурат манфиатҳои иқтисодии минтақаи мо нисбат ба ҳадафҳои стратегии Иттиҳоди Аврупо нақши дуюминдараҷаро касб хоҳад кард.

Олим Ширинов дар идома мегӯяд: «Агар дар бораи манфиатҳои Тоҷикистон сухан гӯем, пас ин манфиатҳо дар суханҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб инъикос ёфтаанд: «Ҳадафи мо – тавсеаи содироти маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи имтиёзҳои тиҷоратии мутақобила мебошад».

Оё дар Аврупо маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷикро интизоранд? Оё барои молҳо ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон имтиёзҳо ҷорӣ карда мешаванд? Гумон мекунам, ки не, аммо вақт нишон хоҳад дод. Шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояи минтақа ва, албатта, Федератсияи Русия боқӣ мемонанд. Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол бо Русия беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дод ва ин нишондиҳанда торафт меафзояд.

Пас аз ба имзо расидани созишномаҳои таърихӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, Президентони ду кишвар дар мавриди зиёд кардани гардиши мол байни кишварҳои мо то 500 миллион доллар ба мувофиқа расиданд. Муомилоти мол бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон торафт меафзояд. Дар ҳамин ҳол, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳатто 500 ҳазор долларро ташкил намедиҳад. Албатта, аз ҳамкорӣ даст кашидан аҳмақӣ аст ва мо ин корро намекунем, вале афзалиятро ҳамеша ба он кишварҳое медиҳем, ки воқеан ҳаҷми гардиши мол бо онҳо калон аст. Инҳо Русия, Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд”.

Табдилёбии Иттиҳоди Аврупо аз як иттиҳоди иҷтимоӣ ба сохтори ҳарбикунонидашуда, ки дар он захираҳо маҳдуд буда, нобоварии дохилӣ меафзояд, ногузир ҷолибият ва аҳамияти онро ҳамчун шарики беруна киҳиш медиҳад. Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, на ҳамчун ба як иттифоқчии баробарҳуқуқ, балки ҳамчун ба як манбаи ашёи хом ва объекти таъсиррасонии  стратегӣ назар мекунад. Аз ин рӯ ба Тоҷикистон зарур аст, ки чобукиро нигоҳ дошта, робитаҳои бисёрҷонибаро бо шариконе, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд омодаанд, густариш диҳад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!