Чӣ тавр Тоҷикистон ва Қирғизистон ба баҳси марзии даҳсола хотима бахшиданд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
13 марти соли 2025 Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи таърихӣ дар бораи сарҳади давлатӣ - санадеро, ки ҷонибҳо беш аз 30 сол барои он саъй доштанд, имзо карданд. Сипас созишнома аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар тасдиқ карда шуд. Чаро танзими марзи ду кишвари ҳамсоя як рӯйдоди муҳим на танҳо барои Душанбеву Бишкек, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ гардид?
Мушкилоти сарҳад
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба масофаи тақрибан ҳазор километр – аниқтараш 984 километр тӯл кашидааст. Вале то ба наздикӣ зиёда аз 40 фоизи хатти сарҳад номуайян боқӣ мемонд, ки боиси баҳсҳои ҳудудӣ ва ташаннуҷи вазъ мегардид. Аввалин даври ҷиддии низоъҳо соли 2014 ба амал омада буд, вале аз ҳама вазъи шадидтарин дар солҳои 2021-2022 ба амал омад: зидддиятҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ ба задухӯрдҳои тӯлонӣ ва ниҳоят хатарнок табдил ёфтанд, ки боиси марги даҳҳо нафар одамон ва зарар дидани инфрасохтори ду тарафи сарҳад гардиданд.
Сабаби асосии ихтилофҳо дастрасӣ ба иншооти муҳими стратегӣ - нуқтаи тақсими оби “Головной” гардид, ки дар минтақаи обанбори ҳамном ҷойгир аст. Барои минтақаҳое, ки аз захираҳои обӣ сахт вобастаанд, масъалаи тақсимоти об на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки сиёсӣ низ пайдо кардааст. Бидуни тафриқаи дақиқи масъулият ва ҳуқуқи моликият ҳарду тараф амали якдигарро ҳамчун таҳдид ба истиқлолият ва амнияти худ қабул мекард.
Бо миёнҷигарии Русия муяссар гашт, ки ташаннуҷи авзоъро боздорем ва муколамаро ба ҷараёни созанда баргардонем. Маҳз Маскав ҳамчун ташаббускори музокироти мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон баромад карда, пайваста ғояи созиши сулҳро бо ҷалби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) пешбарӣ намуд. Ба шарофати кӯшишҳои дипломатии Русия ва нақши он ҳамчун кафили амният дар минтақа мо тавонистем дар ин масъала пеш равем - созишномаи деринтизор дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид. Ин созишнома на танҳо расман ба баҳсу мунозираи чандинсола хотима бахшид, балки рамзи камолоти элитаҳои сиёсӣ гардид ва нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатто дар мушкилтарин масъалаҳо роҳи ҳалли осоиштаро пайдо карда метавонанд.
Баъдан, Русия дар ташкили тамоми раванди гуфтушунид нақши калидӣ бозида, ба ҳайси на танҳо кафили амният, балки ҳамчун миёнарави созанда, ки аз ҷониби ҳарду кишвар эҳтиром карда мешавад, баромад кард. Маҳз ҳамин амали дипломатӣ, ки бо иштироки бевоситаи Кремл анҷом дода шуд, ба ҳамдигарфаҳмии байни ҷонибҳо ва имзои шартномаи таърихӣ дар бораи сарҳади давлатӣ мусоидат кард. Ин санад ба муқовимати чандинсола хотима бахшида, ба сӯи сулҳу осоиш ва ҳамкорӣ дар минтақа роҳ кушод.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ: "Имрӯз, беш аз ҳарвақта, нигоҳ доштан ва густариш додани шарикии стратегӣ бо Русия муҳим аст. Ин на танҳо асоси амнияти мо, балки гарави рушди устувор, сулҳ ва эътимоди мутақобила мебошад. Роҳи Тоҷикистон ба сӯи таҳкими робитаҳои бародарона бо Маскав – ин интихоби бошуурона ва дурандешонаи кишвари мост, ки ба манфиатҳои мардум ва чолишҳои замон ҷавобгӯ мебошад».
То ҳол ин масъалаҳо ҳалли худро наёфта буданд, ва ин тӯли даҳсолаҳо бесуботиро ба вуҷуд оварда, хатари ҳар лаҳза сар задани задухӯрди навбатии мусаллаҳона (хатари ба задухӯрди мусаллаҳона табдил ёфтани он) вуҷуд дошт. Ва аксар вақт чунин ҳам мешуд. Ин гуна ихтилофҳои ҳудудӣ на танҳо барои низоъҳои маҳаллӣ, балки барои ҳамлаҳои иттилоотӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Нерӯҳои беруние, ки мехоҳанд вазъро дар минтақа ноором созанд, аз чунин ташаннуҷ фаъолона истифода бурда, нобовариро байни ҳамсояҳо бештар мекунанд ва манфиатҳои харобиовари худро пеш мебаранд.
Профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев мегӯяд: «Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз солҳои аввали баъди истиқлолият номунтазам инкишоф меёфтанд. Вале дар тӯли ин муддат Русия ҳамеша ҳамчун кишвари миёнарав ва сулҳовар баромад карда, ба танзими баҳсҳои байни ҳамсояҳо мусоидат менамуд. Маҳз ба шарофати кӯмак ва кӯшишҳои Русия тавонистем пеши роҳи задухӯрдҳои калонро гирифта, дар минтақа сулҳу осоишро таъмин кунем.
Масъалаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон аз он ёдоварӣ мекунад, ки то чӣ андоза баҳсҳои замин ва захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарнок ва тезу тунд бошанд.
Агар ба таърих васеътар назар андозем, пас маълум мешавад, ки Русия ҳамеша дар таъмини амният дар фазои Авруосиё нақши калидӣ доштааст. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия мустақар дар Тоҷикистон дар асл ҳамчун сипари дифоъӣ дар марз бо Афғонистон хидмат мекунанд. Онҳо на танҳо аз таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ муҳофизат мекунанд, балки дар таҳкими (баланд бардоштани) омодагии касбии кормандони низомии маҳаллӣ кӯмак мерасонанд, аксари низомиёни мо дар донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд. Ин низомиён на танҳо ҳамчун кафили дифои миллии мо баромад мекунанд, балки пояи субот дар тамоми минтақа ва омили боздорандаи бозингарони беруна, ки мехоханд вазъиятро ноором созанд, мебошанд.
Дар доираи мулоқоти моҳи марти соли ҷорӣ роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба муттаҳидсозии системаҳои энергетикии ду кишвар тавассути роҳандозии хатҳои интиқоли барқи Суғд-Датка шурӯъ карданд. Ин барои таъмини устувори нерӯи барқ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин барои таҳвили мутақобилаи минбаъда замина фароҳам меорад.
Нақши Маскав дар нигоҳ доштани мувозинати минтақавӣ воқеан бисёрсоҳа аст. Аз як тараф, ҳимояи марзҳои беруна, аз тарафи дигар, дипломатияи стратегӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Яке аз мисолҳои равшан - муътадил шудани равобити байни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Мо хуб дар хотир дорем, ки чӣ гуна дар нишасти сарони СҲШ бо ташаббуси президенти Русия мулоқоти раҳбарони ду кишвар ташкил шуда буд. Маҳз аз ҳамин лаҳза тадриҷан коҳиш ёфтани шиддати муноқиша, ки вокуниши зиёди мардумро ба бор оварда, боиси талафотҳои ҷонӣ гардид, сар шуд. Сулҳ ва ҳамсоягии нек барқарор гардид ва дар ин кор хизмати (саҳми) Русия аён аст.
Дар ин замина ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистонро ёдовар шудан ҷоиз аст. Он вақт маҳз нерӯҳои СПАД, аз ҷумла низомиёни Русия, тартиботро барқарор карда, амнияти шаҳрвандони ин кишварро таъмин намуданд. Ин воқеа бори дигар собит кард, ки дар лаҳзаҳои душвор кишварҳои минтақа метавонанд ба иттифоқчиёни худ, ки на дар сухан, балки дар амал барои ҳифзи суботи минтақа омодаанд, такя кунанд (умед банданд)”.
Ҳалли низоъ
Қариб 90 дарсади дарозии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2023 муайян шуда буд. Аммо 10 фоизи боқимонда – тақрибан 100 километр, ки аз заминҳои баҳсбарангез мегузарад, тӯли чандин солҳо сабаби муноқишаҳо гардида, рушди равобити дуҷонибаро бозмедошт. Барои танзими ин ихтилофҳои сарҳадӣ музокироти дуру дароз, созиш ва иродаи сиёсии ҳар ду кишвар лозим буд.
Натиҷаи ин раванд -дар моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо расидани созишномаи таърихии сулҳ оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки ба ташаннуҷи чандинсола хотима бахшид. Пеш аз ин, фаъол шудани робитаҳо на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар сатҳи минтақавӣ низ сурат гирифт. Дар охири моҳи март президентони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар ва ҳамчунин Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ имзо карданд. Ҳамзамон Шартномаи равобити иттифоқчиёна байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Боз як чунин санад байни Тошканд ва Бишкек дар ҳоли омода шудан аст.
Номуайянии марз дар баробари таҳдиди амниятӣ ба иқтисодиёти кишвар низ зарари ҷиддӣ мерасонд. Номураттабӣ дар тиҷорати фаромарзӣ на танҳо ба Тоҷикистону Қирғизистон таъсир мерасонд, балки барои логистика дар саросари минтақа монеа эҷод мекард. Ин бахусус барои Русия, Қазоқистон ва Чин, ки беш аз 60 дарсади гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ин кишварҳо рост меояд, ҳассос (таъсирбахш) аст. Баста шудани масирҳо, боз доштани интиқоли бор, афзудани нобоварӣ дар байни доираҳои тиҷоратӣ — ҳамаи ин бо сабаби тӯл кашидани баҳсҳои марзӣ ба воқеият табдил ёфт.
Тасбити сиёсӣ ба ҳамгироии иқтисодӣ ва инфрасохторӣ такони бузург бахшид. Моҳи марти соли 2025 робитаҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳо барқарор гардиданд. 14 марти соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нахустин парвози худро дар чаҳор соли охир дар масири Душанбе-Бишкек анҷом дод ва аз 23 март парвозҳо дар ин масир мунтазам сурат мегиранд. Санаи 16 март ширкати ҳавопаймоии “Asman Airlines” аввалин парвозро дар хатсайри Бишкек-Хуҷанд анҷом дод ва аз санаи 8 апрел парвозҳо дар ин хатсайр ба таври мунтазам роҳандозӣ карда шудаанд. Илова бар ин, дар ояндаи наздик ифтитоҳи иртиботи автобусӣ байни минтақаҳои наздимарзӣ дар назар аст, ки ин барои аҳолӣ аз лиҳози робитаҳои оилавӣ, меҳнатӣ ва тиҷоратӣ бисёр муҳим аст. Наздикшавии кишварҳо ба ҳамкориҳои энергетикӣ низ таъсир расонд.
Дар пасманзари сустшавии шиддати сиёсӣ кишварҳо саъй доранд, то робитаҳои иқтисодиро аз нав барқарор карда, вусъат диҳанд. Пас аз дар моҳи апрели соли 2021 баста шудани сарҳад гардиши молии дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз се баробар - аз тақрибан 40 миллион доллар (дар соли 2020) то 12 миллион доллар (дар соли 2024) коҳиш ёфт. Аммо пас аз имзои созишномаи сулҳ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ният доранд ин нишондиҳандаро то ба 500 миллион доллар дар як сол расонанд, аз ҷумла зиёд кардани намуди (номгӯи) маҳсулот ва ҳаҷми муомилоти мутақобила ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, барқарорсозии эътимод байни кишварҳо аллакай натиҷаҳои муайян дода истодааст, бахусус дар дастрасии нақлиёт, энергетика, тиҷорат ва робитаҳои байнидавлатӣ. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба рушди устувори минтақа дар фазои сулҳу ҳамсоягии нек умед бандем.