Нақшаи роҳи Милали Муттаҳид барои Афғонистон гоме дар ҷиҳати сардаргумии роҳбурдии Амрико аст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополотика, махсус барои "Сангар"
Созмони Милали Муттаҳид аз тадвини нақшаи роҳ барои ояндаи Афғонистон, ҷиҳати фоиқ омадан ба бунбасти мавҷуда хабар додааст. Ин дар ҳолест, ки ин созмон ба иллати буҳронҳои адидаи башарӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ натавониста нақши муассир ва пуррангро дар ҳаллу фасли қазоёи байналмилалӣ дошта бошад.
Қазияи Афғонистон ҳам яке аз нокомиҳои сиёсии ин созмон дар чиҳил соли гузашта будааст. Бахусус дар ин ду солу анде, ки Толибон дубора ба қудрат баргаштонда шуданд, ин созмон танҳо дар нақши наззорагари авзоъ ба гуфтугиву ройзанӣ дар сатҳи дипломатӣ пардохта ва кори амалие анҷом надодааст.
Ҳоло бо гузашти ду сол аз ҳокимияти Толибон, ин созмон дар назар дорад, як силсила пешниҳодҳоеро ба ҷониби Толибон минҳайси мушаввиқҳои сиёсӣ матраҳ кунад ва тарҳеро ба марҳалаи иҷро гузорад, аммо он чи ки муҳим аст ин аст, ки ин тарҳ танҳо дар ҷиҳати манофеъи амниятӣ ва сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад короӣ дошта бошад ва нусхае барои тасҳили аҳдофи роҳбурдии Амрико дар минтақа шавад.
Дарвоқеъ, нақшаи роҳи СММ барои Афғонистон, талоше дар ҷиҳати ҳифзи ҷойгоҳи Амрико дар минтақа аст, зеро Толибон натавониста мутобиқи пешбиниҳо шароитро мутобиқи хостаи амрикоиҳо пеш бубаранд. Ҳоло ба далоиле мепардозем, ки метавонад мисдоқҳои зиёде дошта бошад:
1 - Ҳанӯз терроризми таъбияшуда дар қаламрави Афғонистон зарфияти таҳоҷумӣ ва амалиётии худро наёфтааст, то манофеи амниятӣ ва сиёсии Амрикоро дар минтақа таъмин кунад. Манофеи аслии Амрико дар ба чолиш кашидани амнияти ҷуғрофияи СҲШ аст, ки ҳадафи умдаи он, Русия, Чин, Осиёи Марказӣ ва Эрон аст ва ин нокомӣ дар асари муқовимати минтақа ва қудратҳои осиёӣ аст, ки Амрикоро водор карда, то ба воситаи Cозмони Милали Муттаҳид тағйири роҳбурдӣ диҳад ва тазмине барои ҳифзи ҷойгоҳи худ дар минтақа дошта бошад;
2 - Бар хилофи интизор, Толибон зудтар ба равиши ҳушманди бозиҳои сиёсӣ дар меҳвари мувофиқатҳои истихборотӣ рӯй оварданд ва аз доираи аслии контролу ҳидояти Амрико ва ҳампаймононаш андаке берун шуданд. Ин амр боис шуда, то Амрико дар расидан ба аҳдофаш, ки ҳамоно халқи таниши амниятӣ дар минтақа буд, ноком бимонад ва бо саросемагӣ дар қолаби созукорҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, монанди Cозмони Милали Муттаҳид, даст ба тағйир бизанад ва гузинаҳои роҳбурдӣ ва муҳраҳои асосӣ дар майдонро дастхуши таҳаввул бисозад. Мондан ва ё канор задани Толибон аз қудрати сиёсӣ, метавонад ба унвони гузинаҳои эҳтимолӣ, ин тағйири драматик дар рӯйкарди Амрико, матраҳ шавад;
3 - Толибон дар ду соли гузашта ихтилофоташонро канор нагузоштанд ва шӯъбаҳои мухталифи он дар домани ҳар кӣ афтид. Ин кор боис шуда, то Амрико аз такя бар гузинаи садфисадии Толибон ба рӯйкардҳои ҳамешагӣ рӯй биоварад ва бо тағйири муҳраҳои асосӣ дар бозӣ, қоидаи бозиро ҳифз ва муҳраҳои ҷадидеро рӯй кор биоварад. Ба ҳамин лиҳоз аст, ки аз ташкили ҳукумати ҳамашумул, тағайирот ва ислоҳоти сиёсӣ ва руҳияи таомули Афғонистон дар ин нақшаи роҳ сӯҳбат мешавад;
4 - Амрико дарк карда, ки дигар наметавон ба Толибон такя кард, зеро ин гурӯҳ дар мухолифат бо аксарияти мардум қарор гирифтанд ва натавонистанд машрӯъияти дохилии лозимро ба даст биоваранд. Ин амр боис шуда, то Амрико ба фикри бадили Толибон шавад. Шояд дар кӯтоҳмуддат, ин амр иттифоқ наюфтад, аммо дар дарозмуддат авзоъ ва шароит нишон медиҳад, ки Толибонро наметавон як ривояти мутлақ ва ҳамешагӣ фарз кард;
5 - Дар нақшаи ҷадиди Cозмони Милали Муттаҳид мавориде мавриди назар аст, ки дар даруни толибони феълӣ, ғайриқобили ҳазм аст: ҳукумати фарогир, озодиҳои сиёсӣ дар қолаби ислоҳоти сиёсӣ ва таомули мусбат бо беруниҳо. Ба равшанӣ возеҳ аст, ки дар сурати қабули ин шароит аз ҷониби Толибон дигар ин гурӯҳ дар таомулоти сиёсӣ, зуби равандҳои дигар хоҳад шуд ва аз ҳокимият бояд сарфи назар кунад. Ба ҳамин лиҳоз аст, ки ин гурӯҳ тан ба ин хостҳо намедиҳад ва қабули онро ба масобаи худкушӣ, медонад. Ин дар асл, як интизори беҷо аст, ки метавонад фақат вақтро ҳадар диҳаду бас;
Ин нақша дар қолаби як зарофати хоси дипломатӣ иҷроӣ шудааст ва моҳиятан вокунишест, дар баробари муттафиқини осиёӣ ва аврупоӣ, зеро муттафиқини осиёӣ (чиниҳо, русҳо ва эрониҳо) дар таомулоти минтақаӣ фаъол шудаанд ва ин амр мӯҷиби нигаронии Амрико гардидааст.
Барои дарки ин мавзӯъ, бояд далоили зайлро мадди назар дошт:
1 - Муттафиқини осиёӣ аз зарфиятҳои зидди Толибон ҳамвора истифода мекунанд, ки ҳоло баъд аз шикаст ва суқути ҷумҳурият дигар дар контроли Амрико нестанд. Тамоми неруҳои зидди Толибон хостори барандозии режими Толибонанд ва ин андеша ин гурӯҳҳоро бо қудратҳои минтақа, дар як масир қарор медиҳад;
2 - Аврупоиҳо рӯи гузинаҳои хашинтар ва нусхаҳои башиддат ифротитар ҳисоб мекунанд, то бар зидди Толибон, ки як нусхаи комилан амрикоӣ аст, истифода шаванд. Шояд ҳазинаҳои зиёде дар хусуси ин мавзӯъ сармоягузорӣ ва тамосҳои мудовиме дар замина вуҷуд дошта бошад, ки иддао мешавад, Аврупо ҷудо аз Амрико бо рӯҳияи манфиатҷуёна дар талош аст, то нерӯҳои ниёбатиашро дар майдони Афғонистон дошта бошад;
3 - Амрико дар як дуроҳаи тасмимгирии тавофуқ бо минтақа ва ё тақобул бо он то ҳадди тасодум гир мондааст. Шояд зиёд ҷолиб набошад, ки Ғарбу Шарқро дар масире дар баробари ҳам ва дар масири дигар дар ҳамроҳӣ бо ҳам тасаввур кунем. Ин баҳси манофеъ аст, ки тахтаи шатранҷи бозиро ба нафъи бозигарон мечархонад;
6 - Ин барнома тавре тарроҳӣ шуда, то бидуни кадом хатову бисёр мӯҳтотона тағйирро аз даруни Толибон ба вуҷуд биоварад ва ин падидаро бо нусхаи ҷадидаш ҳифз кунад ва тазмине шавад барои гегемонияи Амрико, яъне дипломатияи пешгиронаи амрикоӣ, дар садади мудирияти вазъият аст ва талош мекунад, то роҳкорҳои камтар ҳассосро дар баробари руқабои осиёии худ дар қазия Афғонистон дар пеш дошта бошад;
7 - Дар ин барномаи Cозмони Милали Муттаҳид тамоми бардоштҳо, дода ва иттилооти истихборотӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодиро мадди назар гирифта, ки қаблан дар гузориши Шӯрои амният ба он пардохта шудааст. Ба ҳамин лиҳоз аст, ки нақшаи роҳи СММ бо нишастҳои Душанбе, Вена, Париж ва ғайра дар як иртибот аст ва талошҳои ҷадиде дар роҳ аст, то заминасози гомҳои баъдии рақобату бозӣ дар майдони Афғонистон шавад. Нишастҳои пайиҳам ва майдон додан ба мухолифони Толибон ҳам абзори фишор бар Толибон маҳсуб мешавад ва ҳам василае аст барои чоназанӣ дар майдони рақобат бо руқабои Амрико. Сафари Том Вест, нишастҳои Вена ва ҷасорати ҳавзаи, ба истилоҳ, зиддитолибонӣ дар баробари Толибон, даступочагии ин гурӯҳ ва иқрор бар мавҷудияти хатар дар баробари ҳокимияташон, изҳороти Умар Довудзай, ҳама бо ҳам иртибот доранд ва ҳикоят аз даврони ҷадиде дорад.
Биноан, он чи ки дар Шарқ вуқӯъ аст, як таҳаввули амиқи стратегӣ хоҳад буд. Амрико барои шикастондани бунбаст ниёз ба тағйири қоидаи бозӣ дорад. Ин тағйир хоҳ-махоҳ мусталзими тағйири муҳраҳо низ аст ва имкон медиҳад, то Амрико дар ҷиҳати таъмину тасҳили манофеаш бештар мутамаркиз шавад. Нишастҳои пайиҳам ва вокуниш ба кунишҳои минтақаӣ, ки руқабои аслии Амрико маҳсуб мешаванд ҳам аз ҷинси ин бозиҳо аст, то Амрико аз руқабояш ақиб намонад.
Нақшаи роҳ барои ояндаи Афғонистон, бояд ё як кудатои даруниро барои Толибон рақам бизанад ва ё ҳам аносиреро дар даруни ин гурӯҳ ҷой диҳад, то раванди ислоҳотро мумкин созад. Дар муқобил минтақа ва қудратҳои ҳоким бар он ҳам як силсила таҳаррукотро барои зиддиҳамлаи амрикоӣ рӯи даст гирифтаанд ва талош мекунанд, муттаҳидони қобили эътимоде дар майдони Афғонистон дошта бошанд. Дар ҳоле ки мухолифини Толибон на паёми возеҳ доранд ва намедонанд чӣ мехоҳанд ва на ҳам алоқа ва ҷасорате барои изҳори он вуҷуд дорад. Бояд як ҳаракати тавофуқӣ миёни минтақа ва фароминтақа, бахусус қудратҳои осиёӣ ва Амрикову муттаҳидонаш сурат гирад, мабни бар ғайринизомисозии Афғонистон дар муодилаи амниятӣ, сиёсӣ ва таърихии Афғонистон.
Муҳосибаи мухолифони Толибон рӯйи гузинаҳои амрикоӣ ҳаракат дар масири суқут барои бори чандум аст. Ё минтақа аз мавзӯи Афғонистон худро канор бикашад ва ё ҳам ҷузъи як рӯйкарди чандҷонибагароёна шавад, то вазъият дар Афғонистон тағйир бихӯрад.
Ҳар ду Русия ва Амрико дар талоши истифода аз кортҳои мавҷуд дар майдоне, монанди Толибон ва мухолифони онҳо ҳастанд. Кортҳои озмудашуда, ки тавоноии мустақил андешиданро надоранд. Биноан, барои ҳалли мавзӯъ бояд тарафи мустақил бо фикри возеҳ ва як бадили фикрӣ барои Толибон ба вуҷуд биёяд. Дар ғайри он ҳалли қазия душвор аст.
Нақшаи роҳи СММ думболаи роҳу чархаи ботили бист соли ҷумҳурият ҳокимияти Толибон ва гир мондан дар мунҷалоби бозиҳои печидаи истихборотӣ аст. Ҳеҷ мушкилеро наметавонад ҳал кунад. Агар ҳукумати Толибон ислоҳот биоварад, Қонуни Асосиро бипазирад, мухолифонро дар даруни режимаш идғом кунад. Раванди ислоҳоти сиёсӣ дар Афғонистон бояд ба асоси тавофуқи сиёсӣ ва амниятӣ миёни минтақа ва фароминтақа ба вуҷуд биёяд, то тазмине шавад барои суботи сиёсӣ ва амниятии он дар оянда.