Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида аз тақрибан ним қарни ҳузури муассири худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ чизе ёд нагирифтааст, ки дар Шарқ ин асл - "ҳар кас, ки нон диҳад, фармон диҳад" - на ҳамеша корсоз хоҳад буд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Мегӯянд, шутурмурғ вақте хатаре мебинад, сарашро дар регҳо пинҳон мекунад ба ин фикр, ки чун душманро намебинад, душман ҳам ӯро намебинад. Иёлоти Муттаҳида дар солҳои ахир ба вежа пас аз хурӯҷ ё беҳтар аст, бигӯем, фирори ногаҳонӣ аз Афғонистон ин гуна рафтор кардааст. Боз мегӯянд, шутурмурғ чунин одате надорад, аммо ин рабте ба Амрико надорад.

Дар ибтидо хуруҷ аз Афғонистон ба унвони як ақибнишинӣ ба тасвир кашида шуд, аммо он чӣ дигарон диданд, ҳарҷу марҷ ва сардаргумӣ дар фурудгоҳи Кобул, овезон шудани афрод дар ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ ва ғайра буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ як ақибнишинии барномарезишуда набуд, балки як фирори саросемавор буд.

Бо шурӯъи ҷанг дар Украина, Вашингтон дар саросари ҷаҳон аз расонаҳои таҳти контроли худ, монанди БиБиСи, СиЭнЭн, Садои Амрико, Озодӣ, Эрон интернешнал ва ҳама расонаҳое, ки бар сари сӯзани кӯмакҳои молии Амрико ва Аврупо вуҷуд доранд, ба вежа дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, истифода ва як маъракаи зиддирусӣ роҳандозӣ кард. Танҳо як ҳадаф думбол мешуд ва он ин буд, ки Русияро ба унвони як кишвари мутаҷовиз муаррифӣ ва ҷаҳонро алайҳи он басиҷ кунад.

Аммо огоҳони он замон мефаҳмиданд, ки маъракаи “ҳаштаг”-созиҳову шустушӯи мағзии иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, яке аз ҳамон равишҳои қадимӣ ва собитшудаи хоси Амрико ва шарикони он барои гӯл задани афкори умуми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Баъдҳо, Янс Истолтенберг, дабири кулли НАТО эътироф кард, ки паймони ӯ аз соли 2013 ба омӯзиши низомиёни украинӣ пардохтааст ва Ангела Меркел, садриаъзами собиқи Олмон низ эътироф кард, ки тавофуқномаҳои Минск як вақткушӣ буд, то ба Украина замон бидиҳад, ки барои рӯёрӯии низомӣ бо Русия омода шавад.

 Иёлоти Муттаҳида танҳо тавонист Аврупо ва бархе аз шарикони камаҳмияти худ дар ҷаҳон, монанди Австралияро алайҳи Русия басиҷ кунад. Имрӯз ин кишварҳо бо вуҷуди мухолифати мардум ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоашон, ҳатто силоҳ ва муҳиммот ва миллиардҳо доллари худро дар ихтиёри Украина қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле, ки онҳо дар қарз ғарқ мешаванд, пул дар меоварад.

Амрико ҳафтае 40 (ё 80) миллион доллар ба Толибон медиҳад то онҳоро ҳифз кунад, аз сӯи дигар онҳоро таҳдид мекунад, ки таҳсили духтаронро мамнуъ кардаанд. Ҳатто шарикони Амрико низ дар баробари занситезии Толибон нарм рафтор мекунанд. Чаро? Чун Толибон проекти худашон ва бо мавориди ҷанги Украина ва Маҳсо Аминӣ дар Эрон мутафовит аст. Ва танҳо талоши онҳо ин аст, ки мардуми Афғонистон ва муқовамати зидди Толибонро маҷбур ба пазириши ин гурӯҳи ҷаҳли партобшуда аз қуруни вусто ба қарни 21 кунанд.

Вақте Амрико дид, ки таблиғот ва тарҳи зиддрусиаш барои басиҷи ҷаҳон алайҳи Русия шикаст хӯрдааст, даст ба иқдомоти дигар зад. Ба қиёс бо таҳрики эҳсосоти зиддирусӣ дар Украина, Вашингтон фаъолона аз нерӯҳои сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ошкоро мавозеъи русҳаросӣ иттихоз мекарданд, ҳимоят кард.

Ба ин тартиб, Елизабет Трюдо, дастёри муваққати вазири умури хориҷаи Амрико, дар сафаре ба Қирғизистон дар октябри соли ҷорӣ, илова бар музокира бо намояндагони раҳбарии ин кишвар, бо созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва рӯзноманигорони “мустақил” низ дидор кард. Дар ҳамон замон, ҳадаф аз ин рӯйдод расман созмондеҳии кор барои "муқобала бо иттилооти нодурусти Русия ва Чин" дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ эълом шуд.

Ин гуна фаъолиятҳои мухарриби Вашингтон бо ҳадафи қатъи равобити ҳамаҷонибаи амиқ байни кишварҳои минтақа ва Русия аст. Ин мавзӯъ, аз ҷумла, тавассути Анҷали Ковур (дар акс), муовини ёвари мудири Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) таъйид шудааст. Дар моҳи сентябр ин сиёсатмадор гуфт, ки талошҳои Кохи Сафед барои тақвияти ниҳодҳои демократӣ, тарвиҷи усули ҳокимияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар воқеан бо ҳадафи "ҷудоӣ"-и Осиёи Марказӣ аз Русия аст.

Аҳдофи сафарҳои ҳайатҳои амрикоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳар бор тақрибан яксон аст - мутақоид кардани ҷумҳуриҳо барои эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия. Бинобарин, кишварҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар ҳоли таҷрибаи таъсири "қудрати нарм"-и Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, ки қаблан тавассути Вашингтон дар Украина озмоиш шудааст. Саҳми манобеъи расонаие, ки аз ҳукумати марказӣ итоат намекунанд ва ифротисозии ҷамъият, ба вежа ҷавонон бо шиори “демократиясозӣ”, дарвоқеъ барои мутеъ кардани кишварҳои минтақа ба диктаҳои Амрикост.

Сенарияи ошно. Иёлоти Муттаҳида аз тариқи қудрати "энҷиоҳо" ва "расонаҳои мустақил" он қадар ба ҳукумати фосиди Ашраф Ғанӣ дар Кобул зарба зад, ки ӯ ҳама ҳимояти мардуми худро аз даст дод. Аммо ба лутфи онҳо замина барои ба қудрат расидани Толибон фароҳам шуд. Чӣ шоҳкорие! Хоста ё нохоста, пешгомони демократия дар хидмати терроризм қарор гирифтанд.

Ба ҳамин тартиб, Иёлоти Муттаҳида аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳад, ки нақши Украинаро дар рақобат бо Чину Русия ифо кунанд ва бо истифода аз аҳрумҳои худ, ба вежа, аз тариқи системаи банкӣ, бо ҳамон сенарияи украинӣ дар умури дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ дахолат мекунад. Яке аз намунаҳо мушкилоти банкҳои кишварҳои ин минтақа бо низоми “МИР” аст, ки ҷузъиёти он расонаӣ нашуд.

Оё воқеан Иёлоти Муттаҳида фикр мекунад, ки ҳама аҳмақ ҳастанд ва намефаҳманд, ки Амрико мехоҳад аз онҳо ба таври муваққат ва алайҳи худи онҳо истифода кунад? Ё огоҳона мехоҳад ҳамаро маҷбур ба пазириши шароит ва қавонини бозии худ созад? Билохира, чӣ касе хонаи худашро месӯзонад? Ва чаро Амрико фикр мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ худро табоҳ хоҳанд кард?

Иёлоти Муттаҳида аз тақрибан ним қарни ҳузури муассир худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ чизе ёд нагирифтааст, ки дар Шарқ ин асл - "ҳар кас, ки нон диҳад, фармон диҳад" - корсоз нест. Дар ибтидо муқаррар нашуда буд, ки дар ивази миллиардҳо доллар кӯмак, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сиёсати зиддирусӣ ва зиддичинии Амрико бипайванданд. Ин қудратҳо низ маболиғи ҳангфтеро барои тавсеаи минтақа сармоягузорӣ кардаанд, ки бисёр бештар аз “сармояҳои демократӣ” – и Амрико аст.

Бубинед, ба ҷуз чанд “энҷио”-и тарафдори Амрико ва муште миллатгароёни ҷавони бетаҷриба, ки ҳанӯз маззаи тозиёнаи амрикоиро дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ начашидаанд, ҳатто як фарди боҳуш ҳозир ба ҳамроҳӣ бо сиёсати русҳаросии Иёлоти Муттаҳида нашудааст. Ҳатто он “фаъолони ҳуқуқи башар”, “хабарнигорони мустақил” ва “кадрҳои амрикоӣ”-е, ки 20 сол аз пули Амрико суд бурданд ва ҳатто пас аз суқути Кобул тавассути амрикоиҳо ба Амрико бурда шуданд, имрӯз аз ҳимоят аз кишвари ҳомӣ хиҷолат мекашанд. Онҳо ҳама медонанд, ки Амрико Афғонистонро табоҳ ва ба он хиёнат кард. Ҳамин Толибон, ки ҳар ҳафта миллионҳо доллар пули нақд аз Амрико дарёфт мекунанд, ҳар рӯз ба худ меболанд, ки Амрикоро шикаст додаанд.

Ахлоқи амрикоӣ бо “сиёсати шутурмурғ” муҳаққиқ мешавад ва ин ба он маъност, ки ба ҷое намерасад...


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!