На Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва на Толибон ба Иёлоти Муттаҳида эътимод надоранд ва талошҳои Вашингтон барои эҷоди як давлати фарогир об дар ҳован кӯфтан аст.
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Иёлоти Муттаҳида муддатҳост, ки дар талош аст то Муқовиматро дар тарҳи ҷадиди худ дар Афғонистон - эҷоди як давлати фарогири тарафдори Амрико - ба хидмат бигирад. Вақте мегӯем “муқовимат”, манзур мо фақат Ҷабҳаи муқовимат ба фармондеҳии Аҳмад Масъуд нест, балки соири нерӯҳои зидди Толибон, аз ҷумла нерӯҳое, ки тавассути устод Сайёф, Атомуҳаммади Нур, Салоҳуддин Раббонӣ, маршал Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва дигарон раҳбарӣ мешаванд, низ ҳаст. То он ҷо, ки имрӯз медонем, ҳеҷ як аз ин раҳбарон нисбат ба намояндагони Амрико, ба вежа фиристодаи вежа Том Вест, рӯи хуше нишон надодаанд.
Далел ҳам ин аст, ки дар соли 2001 Амрико ба зӯри бозуи нерӯҳои ин раҳбарон Афғонистонро ишғол кард, аммо дар соли 2021 онҳоро дар майдони ҷанг танҳо гузошт ва худ рӯ ба фирор овард. Амрикоиҳо ҳатто қудратро ба Толибон, руқабои таърихӣ ва идеологии онҳо вогузар карданд. Акнун ин раҳбарон дар кишварҳои мухталиф пароканда шудаанд ва тибқи қавонини ин кишварҳо ҳатто ҳаққи эҷоди дафтаре барои фаъолият надоранд. Иёлоти Муттаҳида амалан онҳоро дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон таҳти ҳасри хонагӣ қарор дод, чизе мутафовит ва шояд дардноктар аз Гуантанамо. Аммо касоне, ки дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуданд, дар идороти давлатӣ дар Кобул ҷойгир шуданд.
"КОРШИНОСОН"
Ахиран расонаҳо гузориш доданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз дидор бо ҳайати амрикоӣ дар Душанбе худдорӣ кардааст. Ин ҳайат аз коршиносони Маркази амнияти ҷадиди Амрико (Center for a New American Security (CNAS)) ба раёсати Ричард Фонтейн вориди Душанбе шуд, то бо раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар мавриди эҷоди ҳукумати фарогир бо Толибон гуфтугӯ кунад.
Ҳарчанд “коршинос” хондани аъзои ин ҳайат ҷои баҳс дорад. Дарвоқеъ ин яке дигар аз шохаҳои дипломатияи амрикоӣ аст, ки ба “шохаи Том Вест” ҳамроҳ шуд. Ричард Фонтейн, раиси Маркази амнияти ҷадиди Амрико, ва яке аз ҳамкоронаш, Лиза Куртис, ҳар ду корманди собиқи Шӯрои амният ва вазорати умури хориҷаи Амрико буданд ва таҷрибаи зиёде дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ доранд.
Хонум Куртисро ҳатто метавон яке аз “маъмурони суқути Афғонистон” номид, зеро ӯ аз соли 2017 то 2021 дастёри муовини раисҷумҳур ва раиси бахши Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (таҳт раҳбарии се мушовир) буд. Ӯ ҳамчунин собиқаи кор дар СиАйЭй (CIA)-ро дорад. Ба истиснои он чӣ дар зиндагиномаи хонум Куртис зикр шудааст, касоне, ки дар даврони ҷумҳурият бо ӯ сарукор гирифтаанд, ӯро як чеҳраи таъсиргузор дар "сиёсати афғонӣ"-и Иёлоти Муттаҳида медонанд.
Зоҳиран, касоне, ки ба унвони "коршинос" барои мулоқот бо Аҳмад Масъуд ба Душанбе омаданд, дарвоқеъ маъмурони амрикоӣ буданд ва Маркази амнияти ҷадиди Амрико худ ниҳодест, ки тавассути СиАйЭй эҷод шудааст ва дар ростои иҷрои сиёсати Амрико бо соири институтҳои таҳқиқотӣ, монанди РАНД (RAND) ва Шӯрои Атлантик амал мекунад.
Фиристодагони Амрико қабл аз сафар ба Душанбе бо Муҳаммади Муҳаққиқ, раиси давраии Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар Туркия ва пас аз Душанбе дар Дубай бо Ҳикмат Карзай ва Аҳмадшоҳ Дурронӣ, ду номзади эҳтимолии раёсати ояндаи ҳукумати рӯ ба Амрико дар Кобул дидор доштанд.
Аммо муҳиммтарин иттифоқ барои амрикоиҳо мулоқот бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат, буд, ки анҷом нашуд. Масъуд дар Душанбе ҳузур надошт. Талоши онҳо барои дидор бо Амруллоҳ Солеҳ низ натиҷа надод. Ӯ қатъан аз дидани амрикоиҳо худдорӣ кард. Тасодуфӣ буд ё на, ҳисоби Твитери ӯ, ки 1.1 миллион думболкунанда дошт, масдуд шуд. Дар ҳамон рӯз, Солеҳ аз Майул Пампю, вазири умури хориҷаи пешини Иёлоти Муттаҳида, ба далели муттаҳам кардани Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон ба харобкорӣ дар сулҳ бо Толибон ва тақаллуб дар натоиҷи интихоботи 2014, ба шиддат интиқод кард. Ба гуфтаи вай, Ғанӣ содиқона хоҳони сулҳ буд, аммо Амрико Афғонистонро ба Толибон супурд то барои ҷанг бо Украина омода шавад.
Ҳайати Маркази амнияти ҷадиди Амрико дар Душанбе пас аз дидор бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар, муаллимон ва шогирдони мактаби “Сомониён” ва намояндагони муҳоҷирони Афғонистон, бо аъзои Кумитаи сиёсии Ҷабҳаи муқовимат, ҳар кадом Маҳмуд Сайқал (раис), Ҳусайн Раҳматӣ (ҳазора), Залмай Юнусӣ (Балх), Суҳайло Ҷӯё (намояндаи занон) ва Ваҳҳоб Зафарӣ (ӯзбек) дидор намуд. Дар маҷмӯъ, сарони Панҷшер бо онҳо рӯ ба рӯ нашуданд.
Бар асоси иттилооти дарёфтӣ, ҳайати амрикоӣ гӯё хуруҷи Амрикоро аз Афғонистон “фирори шармовар” ва таслимии қудрат ба Толибонро “нанги таърихӣ” тавсиф кардааст. Ва аъзои Кумитаи сиёсии Ҷабҳаи муқовимат ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Толибон дар муқоиса бо даҳаи 1990 ҷинояткортар шудаанд ва амрикоиҳо ҳамчунон ба онҳо кӯмаки молӣ мекунанд. Ҳамчунин ба амрикоиҳо гуфта шудааст, ки Толибон ҳуқуқи башар, бавежа, занон ва духтаронро зери по мегузоранд, наслкушӣ мекунанд, сарбозон ва афсарони нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистонро, ки тавассути амрикоиҳо раҳо шудаанд, бидуни муҳокима ва таҳқиқ мекушанд ва ғайра.
Дар маҷмӯъ ҳарфҳоеро радду бадал карданд, ки борҳо гуфта шуда ва ҳеҷ гоҳ мавриди таваҷҷӯҳи Амрикову ҳампаймонҳояш қарор нагирифт, аммо маъмурони амрикоӣ танҳо як паём доштанд: Ҷабҳаи муқовимат бояд даст аз хусумат бардорад, аслиҳаи худро замин бигузорад ва ба ҳукумате бипайвандад, ки қарор аст таҳти ҳимояти Толибон эҷод шавад. Ҳамон чизе, ки Том Вест, намояндаи вежаи Амрико дар умури Афғонистон тобистони гузашта аз Аҳмад Масъуд хост ва посухи манфӣ гирифт.
МАСЪУДҲО ВА АМРИКО
Достони Масъудҳо ва Амрико бисёр тӯлонӣ аст. Дар як калом, Аҳмадшоҳ Масъуд бо шахсияте, ки аз худ дар роҳи мубориза барои истиқлол ва озодии меҳани худ таборух додааст, ҳаргиз натавонист бо Амрико ва сиёсати он дар минтақа созгорӣ дошта бошад. Вай ҳаргиз нисбат ба Амрико ва ҷоҳталабиҳои империалистиаш назари нек надошт. Вазъият то кунун тағйир накардааст, зеро сиёсати Амрико дар минтақа баландмуддат аст ва бояд ба ҳар наҳве иҷро шавад. Иёлоти Муттаҳида пас аз шикастҳо, ҳамеша аз равишҳо ва тарфандҳои ҷадиде барои бозгашт ба бозӣ истифода кардааст.
Масалан, баъд аз ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва хурӯҷи ин абарқудрат аз Афғонистон, Амрико бо кӯмаки Покистон, ҳаракати Толибонро ба майдони ҷанг овард, ки ҳама гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, ба ҷуз нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъудро аз байн бурд. Дар он замон Амрико мехост бо Зоҳиршоҳ, шоҳи собиқ, як давлати дастнишонда дар Кобул эҷод кунад. Робин Райфел, намояндаи вежаи Амрико хостори таслим шудани Масъуд ба Толибон шуд, ки ҳеҷ гоҳ нашуд, балки Масъуд гуфт, агар Амрико ҳам нерӯ ворид мекунад, ҷанг хоҳад кард. Акнун, пас аз як “фирори шармовар” дар соли 2021, амрикоиҳо мехоҳанд дубора бо як ҳукумати дастнишондаи дигар ба Афғонистон бозгарданд. Ин як воқеияти ошкор аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамеша мехост дар Афғонистон, монанди кишварҳои Халиҷи Форс ва Аврупо, мустақар шавад ва аз он ҷо битавонад нуфузи худро ба кишварҳои ҳамсоя - Эрон, Чин, Покистон, Осиёи Марказӣ ва дуртар - Русия густариш диҳад.
Бешак, яке аз далоили муҳимми нокомиҳои Амрико дар гузашта дар Афғонистон, Аҳмадшоҳ Масъуд буд ва акнун Аҳмад Масъуд аст, ки аз назари стратегӣ шарики Русия, Эрон, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Тафовути Масъудҳо ва Толибон ин аст, ки аввалиҳо мехоҳанд бо ҳимояти хориҷӣ манофеъи Афғонистонро таъмин кунанд, дар ҳоле, ки Толибон ба унвони абзори сиёсати берунии хориҷиҳо дар Афғонистон амал мекунад. Масъудҳо ва муқовимати онҳо ҳамвора ба унвони омили амнияти минтақа ва дар ваҳлаи аввал ҳамсоягон буда, аммо Толибон вазифа доранд, то онро бесубот кунанд. Масъудҳо ва Ҳиндукуши онҳо ҳамеша хатти муқаддами мубориза бо терроризм будаанд ва Толибон, Алқоида ва даҳҳо гурӯҳи террористӣ ҳамеша каронаи шимоли Омударё, Эрон ва Чинро ҳадаф қарор додаанд. Ин асл воқеиятест, ки ҳама, ҳатто ҳомиёни билфеъли Толибон, монанди Русия ва Эрон, бо шак ба онҳо нигоҳ мекунанд.
Се бор - дар солҳои 1992, 1998 ва 2001 - Иёлоти Муттаҳида аз Аҳмадшоҳ Масъуд хост то барои таъмини ҳузури низомиаш дар Афғонистон ҳамкорӣ кунад, аммо Масъуд посухи рад медод. Гери Шарон, маъмури вежаи СиАйЭй, ки аз даврони ҷиҳод бо Масъуд дар тамос буда, охирин бор дар апрели 2001 дар Аврупо аз ӯ дар ин маврид дархост кард. Вақте боз посухи радро шунид, ҳангоми хуруҷ аз утоқи ҷаласа ба яке аз наздикони Масъуд гуфт: “Фармондеҳ тағйир накардааст, аммо тағйир дар роҳ аст”.
Пас аз шаҳодати Масъуд дар сентябри ҳамон сол, Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки нерӯҳои муқовимати Масъуд ба раҳбарии "пайравон"-и ӯ ба орзуи худ расид ва бо ҳузури густурдаи низомӣ дар Афғонистон, як ҳукумати фарогири тарафдори худро эҷод кард, ки тавассути Толибон ва ҳомиёни минтақаии онҳо - Русия, Покистон, Чин ва Эрон сарнагун шуд. Натиҷаи 20 соли ҳузури Амрико дар Афғонистон ҳамон "фирори шармовар" буд ва "пайравон"-и Масъуд нанги таърихии дигареро насиб шуданд бар иловаи ихроҷ аз ватан.
МИНТАҚАИ БИДУНИ АМРИКО
Акнун ҳеҷ кас ба Иёлоти Муттаҳида эътимод надорад, ҳатто Толибон, ки ҳама чизро аз онҳо ба мерос бурдааст - қудрат, 80 миллиард доллар силоҳ ва ҳатто 40 миллион доллар кӯмаки ҳафтагӣ. Дар пасзаминаи ин ҳақоиқ, талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои эҷоди як давлати фарогир воқеан ғайривоқеӣ ба назар меояд. На Толибон ва на Муқовимати Дувум, ба истиснои он шахсиятҳои тасодуфӣ ва фосиди даврони ҷумҳурӣ, ки воқеан дар интизори лутфи арбобони худ нишастаанд, ҳеҷ нерӯи воқеӣ намехоҳад бо амрикоиҳо ҳамкорӣ кунад.
Аз сӯи дигар, ҷаҳон ба самти чандқутбӣ шудан пеш меравад. Марокизи ҷадиди қудрат, аз ҷумла дар меҳвари Созмони ҳамкории Шонгҳой дар ҳоли тақвият ҳастанд. Бо узвияти Эрон, Афғонистон амалан дар муҳосираи кишварҳои ин созмон қарор мегирад. Ин кишварҳо бояд билохира мушкили Афғонистонро ҳал кунанд, то худашон ба сулҳ ва амният даст ёбанд. Ин бад-он маъност, ки як вақти кутоҳ то ҳузури Амрико дар минтақа боқӣ монда ва дар сурати ҳузур он нақше ҷуз як омили ғайриқобили қабул ва мухарриб дар низоми амниятии минтақа нахоҳад дошт. Ҳамон ҳам то он замон, ки ниҳоят киштиаш ғарқ шавад.
Бинобарин, ин савол табиӣ аст, ки чӣ касе мехоҳад худро ба киштии дар ҳоли ғарқ шудани Амрико бияндозад?
Ба назар мерасад, ки Толибон, Аҳмад Масъуд ва дигар намояндагони муқовимати зидди Толибон инро дарк мекунанд. Ду рӯз пеш Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, Амрикоро, ки “дар гузашта мардуми Афғонистонро бо тиру бомба ва ҳоло бо гуруснагӣ мекушад”, омили ҳама мушкилоти кишвараш хонд. Ва ин дар ҳолест, ки Толибон ҳар ҳафта 40 миллион доллар аз Вашингтон дарёфт мекунанд.
Аз ин рӯ, Аҳмад Масъуд далоиле барои имтиноъ аз мулоқот бо амрикоиҳо дошт, монанди Амруллоҳ Солеҳ, ки дар гузашта ба унвони “ҷосуси СиАйЭӣ” шинохта мешуд ва акнун яке аз сарсахттарин мунтақидони Иёлоти Муттаҳида аст. Ҳадди ақал ӯ минҳайси муовини аввали раисҷумҳур, болотарин мақоми ҷумҳурии собиқ пас аз Ғанӣ, ҳақиқати маҳзро эълом кард, ки ин Ғанӣ набуд, балки амрикоиҳо буданд, ки Афғонистонро ба Толибон ва террористҳо таслим карданд.
Аҳмад Масъуд ва Муқовимати Дувум, монанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва Муқовимати Аввал ҳеҷ рабте ба Амрико надоранд ва ҳаргиз нахоҳанд дошт. Аввалан, мавозеъи онҳо дар мавриди масоили аслӣ, монанди ҳузур ва диктаи Амрико дар Афғонистон ва вуруд ба ҳукумати Толибон, мутафовит аст. Ихтилофи онҳо хислати ахлоқӣ, усулӣ ва ақидатӣ дорад.
20 сол аст, ки Иёлоти Муттаҳида барои саркӯби муқовимат ва ҳазфи раҳбарони он аз саҳна сахт талош кард. Ин силсилакушторҳо бо Аҳмадшоҳ Масъуд оғоз шуд. Баъдҳо, раҳбарони аслии муқовимат - Устод Раббонӣ, маршал Фаҳим ва фармондаҳон Мавлоно Сайидхел, Шоҳҷаҳон Нурӣ, Довуд Довуд, Пиримқул, Назираҳмад ва дигарон аз саҳна ҳазф шуданд. Ин кушторҳо ҳанӯз идома дорад.
Дар 20 соли гузашта, Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки ҳукуматҳои Карзай-Ғанӣ ва сарсупурдагони онҳо аз Муқовимати Аввал (, ки номи онҳо барои ҳамагон шинохта шудааст), қаламрави зидди Толибонро аз нерӯҳои муқовимат поксозӣ карда ва онро ба Толибон таслим карданд. Тамоми амалиётҳои анҷомшуда тавассути Толибон алайҳи нерӯҳои муқовимат дар Панҷшер, Андароб, Бадахшон ва соири вилоёт тайи як солу ними гузашта бидуни кӯмаки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ, ки аз пойгоҳҳои Кандаҳор, Кундуз ва Шамсӣ (Покистон) парвоз мекарданд, ғайримумкин буд. Зеро Амрико ба хубӣ медонад, ки вақте муқовимат ё Масъуд вуҷуд дорад, ҳеҷ шонсе барои пешбурди нақшаҳои худ дар минтақа нахоҳад дошт.
Амрико ба Масъуд ниёз дорад, на Масъуд ба Амрико. Муқовимати Аввал тарҳи Амрикоро барои 30 сол мутаваққиф кард. Акнун мекӯшад муқовиматро ба сатҳи як ҷунбиши сиёсӣ тақлил диҳад ва ба Толибон таслим кунад. Ин идомаи ҳамон тарҳест, ки аз рӯзи ҳазф шудани Аҳмадшоҳ Масъуд аз саҳнаи ҷанги Афғонистон дар ҳоли иҷро аст. Ин барнома на бо "фирори шармовар" ва на ҳам бо "шарми таърихӣ" қатъ нахоҳад шуд.
Аммо талоши Иёлоти Муттаҳида барои эҷоди як давлати ҳамашумул, ба далоиле, ки дар боло зикр шуд ва мавориди дигар, беҳуда аст, зеро ин ибтикори амалро оне ба даст гирифтааст, ки ба ғайр аз артиши "грантхорон", ҳеҷ нерӯи воқеӣ дар Афғонистон аз он ҳимоят намекунад. Толибон агарчи дар асл як проекти амрикоӣ аст, аммо тикка-тикка шудааст - як бахш мутааҳҳид ба Иёлоти Муттаҳида, дувум ба Покистон, севум ба Эрон, чаҳорум ба Русия ва ғайра аст. Замоне ҳатто Норвегия низ Толибони худро дар Афғонистон дошт, чӣ расад ба Бритониё. Дар ниҳоят, руқабои Амрико дар минтақа - Русия, Чин, Эрон, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаргиз ба онҳо ва Толибон иҷоза нахоҳанд дод, ки як низоми ақибмонда ва ҷоҳили қурунивустоиро ба унвони улгу бар шонаҳои мусулмонони минтақа бор кунанд.
Аҳмад Масъуд низ аз падари худ, ки бунёнгузори ин муқовимат буд, пайравӣ хоҳад кард. Ин як интихоби таърих аст. На ӯ ва на ҳеҷ кас дар муқовимат ҳозир нест дар баробари душмани идеологӣ ва усулӣ, гузашта аз ин, маҳсули истихбороти хориҷӣ зону бизанад, чизе, ки Амрико мунтазири он аст. Бинобарин, шояд ташхиси воқеъбинонатаре тавассути як сиёсатмадори дигар Латиф Пидром ироа шуд, ки ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро "хиёнати миллӣ" номид. Мо қотеъона қазоват нахоҳем кард, аммо ҳар чӣ нагӯем, чунин натиҷае хоҳем гирифт.