Хабари рӯз

Чаро аз миёни паштунҳо ҷабҳае алайҳи Толибон шакл намегирад?

Нависанда: Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ, узви пешини парлумони Афғонистон

Пурсиши аслӣ ин нест, ки оё дар миёни паштунҳо мухолифи Толибон вуҷуд дорад ё на. Рӯшан аст, ки вуҷуд дорад; аз рӯшанфикрону технократҳо то бахше аз нухбагони сиёсӣ, фаъолони маданӣ ва ҳатто бархе чеҳраҳои суннатӣ. Пурсиши аслӣ ин аст, ки чаро ин мухолифатҳо, бо вуҷуди густардагӣ ва умқи нисбиашон, ҳанӯз ба як ҷабҳаи сиёсӣ-низомии мунсаҷим алайҳи Толибон табдил нашудаанд.

Посухро набояд сирфан дар тарс, саркӯб ё “вафодории қавмӣ” ҷустуҷӯ кард. Инҳо бахше аз воқеиятанд, аммо масъала амиқтар аз он аст. Дар сиёсат, шӯриш пеш аз он ки вокуниши ахлоқӣ бошад, як муҳосибаи қудрат аст. Ҷомеаҳо замоне алайҳи як назми сиёсӣ басиҷ мешаванд, ки он назм мавқеияти таърихӣ, амнияти ҷамъӣ ё саҳми онон аз қудратро таҳдид кунад. Сирф истибдод барои тавлиди муқовимат кофӣ нест. Бисёре аз ҳукуматҳои иқтидоргаро давом овардаанд, чун барои бахше аз ҷомеа ҳанӯз коркардӣ ё дастикам қобили таҳаммул будаанд.

Толибонро низ бояд аз ҳамин зовия фаҳмид. Онон фақат як ҷараёни мазҳабии ифротӣ нестанд, балки радикалитарин сурати бозсозии тамаркузи қудрат дар меҳвари қавми паштун дар Афғонистони муосир ҳастанд; улгуе, ки дар давраҳои мухталифи таърихи сиёсии Афғонистон вуҷуд дошта, аммо Толибон онро ба урёнтарин ва мунсаҷимтарин шакли мумкин бозтавлид кардаанд. Тафовут дар ин аст, ки ин бор тамаркузи қудрат на бо забони давлатсозии миллӣ, балки бо забони шариат, ҷиҳод ва иморати исломӣ машрӯъият ёфтааст. Натиҷа рӯшан аст: тақрибан тамоми аҳромҳои аслии қудрати сиёсӣ, амниятӣ ва идорӣ дар сохторе тамаркуз ёфта, ки аз назари қавмӣ то ҳадди зиёде ҳамгун аст.

Ҳамин нуқта, калиди фаҳми рафтори бахши муҳиме аз ҷомеаи сиёсии паштун аст. Барои бисёре аз ақвоми дигари Афғонистон, Толибон ба маънои ҳазфи сиёсӣ, ҳошияронии сохторӣ ва таҳдиди ҳувиятӣ ҳастанд; аммо барои бахши муҳиме аз ҷомеаи паштун, Толибон ҳанӯз як "таҳдиди вуҷудӣ” маҳсуб намешаванд. Баръакс, онон — бо вуҷуди хушунат, инҳисор ва ақибмондагӣ — барои бисёре, охирин ва холистарин шакли ҳифзи марказияти таърихии қудрат ҳастанд.

Ин ҷост, ки тафовут миёни “норизоятӣ” ва “зарурати шӯриш” ошкор мешавад. Бахши муҳиме аз нухбагон ва рӯшанфикрони паштун мумкин аст бо Толибон ихтилофи ҷиддӣ дошта бошанд: дар шеваи идораи кишвар, робита бо ҷаҳон, вазъияти занон, омӯзиш, иқтисод ё шакли аъмоли хушунат. Аммо ин ихтилофҳо ғолибан ба сатҳи нафйи бунёди қудрати Толибон намерасад. Масъалаи аслӣ, дар бисёре маворид, на “асли тамаркузи қудрат”, балки “шеваи мудирияти он” аст. Ба баёни сареҳтар, тазоди аслӣ миёни Толибон ва бахши бузурге аз мухолифони паштуни онон, бештар бар сари кайфияти аъмоли қудрат аст то асли дар ихтиёр доштани он.

То замоне ки ихтилоф дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад, мухолифат ба сахтӣ метавонад ба муқовимати созмонёфта табдил шавад. Шӯриш замоне шакл мегирад, ки як гурӯҳ эҳсос кунад идомаи назми мавҷуд, ояндаи ҷамъии ӯро таҳдид мекунад. Аммо Толибон то кунун барои бахши бузурге аз ҷомеаи паштун, чунин вазъиятеро эҷод накардаанд. Ҳатто норизоятиҳои воқеӣ низ ҳанӯз ба сатҳи "зарурати барандозӣ” нарасидаанд.

Омили муҳими дигар, фуқдони як бадили мӯътабар аст. Ҳеҷ ҷараёни сиёсии паштунӣ то кунун натавонистааст моделе ироа диҳад, ки ҳам барои ҷомеаи суннатӣ ва мазҳабӣ машрӯъият дошта бошад ва ҳам ин итминонро эҷод кунад, ки суқути Толибон ба маънои фурӯпошии комили меҳварияти таърихии паштунҳо дар сохтори қудрат нахоҳад буд.

Дар натиҷа, бисёре аз мухолифони Толибон миёни ду гузина гирифтор мондаанд: назми сахт ва бастаи мавҷуд, ё ояндае номутмаин ва ғайри қобили пешбинӣ. Дар чунин вазъияте, ҳатто мухолифатҳои ҷиддӣ низ ағлаб дар сатҳи нақд боқӣ мемонанд, на тақобули созмонёфта.

Толибон фақат бар зӯр такя накардаанд; онон инҳисори қудратро бо машрӯъияти динӣ пайванд задаанд. Дар бисёре аз манотиқи суннатӣ, мухолифат бо Толибон сирфан мухолифат бо як гурӯҳи сиёсӣ талаққӣ намешавад, балки метавонад ба содагӣ ба унвони истодан дар баробари “ҳукумати исломӣ” бознамоӣ шавад. Ҳамин масъала, ҳазинаи иҷтимоӣ ва ахлоқии муқовиматро боло мебарад ва имкони басиҷи густардаро маҳдуд мекунад.

Албатта, ин таҳлил ба маънои он нест, ки Толибон намояндаи ҳамаи паштунҳо ҳастанд ё ҷомеаи паштун якдаст ва ҳамназар аст. Ҷомеаи паштун низ монанди ҳар ҷомеаи дигаре, пур аз шикофҳои сиёсӣ, наслӣ, табақотӣ ва қабилавӣ аст. Аммо бо вуҷуди ин шикофҳо, Толибон ҳанӯз натавонистаанд барои бахши муҳиме аз ин ҷомеа ба як таҳдиди вуҷудӣ табдил шаванд; ва ҳамин, муҳимтарин далели шакл нагирифтани як ҷабҳаи густардаи паштунӣ алайҳи онон аст.

То замоне ки ин муодила тағйир накунад — яъне то замоне ки ҳазинаи идомаи ҳокимияти Толибон, барои бахши муҳиме аз ҷомеаи паштун аз ҳазинаи фурӯпошии онон бештар нашавад — интизори шаклгирии як ҷабҳаи ҷиддии паштунӣ алайҳи Толибон, бо воқеияти кунунии қудрат дар Афғонистон созгор нест.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!