Тааҳҳудноманома Доҳа чӣ гуна заминасози роҳбурди бозмувозинаи Амрико шуд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика
Фаҳми мутаориф ва боварҳои шаклгирифта дар зеҳнияти ом, мабнӣ бар ин аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон шикаст хӯрданд ва ин поёни ҳузури ин кишвар дар Афғонистон аст. Асри осиёии бидуни ҳузури Амрико.
Агарчи аз дер замоне дар мавриди шикасти гегемонияи Ғарб дар дунё ва поёни асри амрикоӣ сухан зада мешавад, аммо қазия дар Афғонистон бисёр мутафовит аст. Он чи ки имрӯз дар зеҳниятҳо нуфуз кардааст, як гузораи гумроҳкунанда аст, ки ба василаи расонаҳо дархӯри бардоштҳои оми мардум дода мешавад ва ба як мантиқи қабулшуда мубаддал шудааст. Барои ҳаллу фасли ин муаммо танҳо кофӣ аст дар таҳти назарияи бозмувозина ва заминасози он ба воситаи тааҳҳудномаи Доҳа, тамоси кӯтоҳе дошта бошем.
Шояд ҳамагон аз моҳияти аслии маводи ин тааҳҳуднома миёни иморати толибонӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, иттилоъ надошта бошанд. Аммо инкишофи авзоъ нишон медиҳад, ки тааҳҳудномаи Доҳа то чӣ ҳад дар тағйири вазъият ба нафъи стратегияи амрикоӣ нақш доштааст. Барои таҳлили ин мавзӯъ чанд омилро, ки метавонанд дар таъйини вазъияти феълӣ ва дарки дуруст аз умқи буҳрон дар Афғонистон нақш дошта бошанд, мавриди баҳс қарор медиҳем:
АВВАЛ - хурӯҷи Амрико таҳти назарияи роҳбурдии бозмувозина ва мувозина аз роҳи дур, ки доктринаи се мутасаддии раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико буд, бунбасти амниятии Афғонистонро заминасоз шуд. Доктринаи бозмувозина, ки дар қолаби як роҳбурд, иҷроӣ шуд, бар басиҷи тавонмандиҳои Амрико ба манотиқи Шарқи Осиё ба василаи даргир сохтани ҳарифҳо дар ҷоли анкабутии терроризм ва ифротгароӣ аст. Ҳоло Афғонистони таҳти контроли Толибон, конуне шудааст барои даргир сохтани руқабои Амрико (Русияву Чин) то пояҳои ин доктрина битавонад иҷроӣ шавад. Тамаркуз бар Шарқи Осиё барои муқобила бо Чин, даргир сохтани Русия дар ҷанги Украина дар Шарқи Аврупо ва тамаркуз рӯи фаъолиятҳои фаъолгароёнаи Эрон дар Ховари Миёна наметавонист бо ҳузур дар Афғонистон, ки конуни таваҷҷуҳи сиёсатҳои ҷаҳонӣ мабнӣ бар ҳузури Амрико дар ин ҷуғрофия шуда буд, муҳаққақ шавад. Биноан, бо ҳокимияти Толибон заминаҳо барои як даври дигаре аз бозӣ дар меҳвари Афғонистон мусоид шуд. На ин ки Амрико маҷбур ба ақибнишинӣ шуда ва шикаст хӯрда бошад. Аслан худи ғарбиҳо ҳам аз ибтидои кор аз тафовути заминаҳо барои татбиқи арзишҳои демокративу ғарбӣ огоҳ ва ин аслро пазируфта буданд. Чунончи борҳо руасои ҷумҳури Амрико аз масъулияти давлат-миллатсозӣ дар Афғонистон бино бар ноҳамгунии қавмӣ шона холӣ карда ва онро як амри идеал тавсиф кардаанд;
ДУВУМ - Ғарб намехост то Афғонистон ҷузъу ҳалқае аз демократияҳои навпо бошад, зеро решагирии демократия дар Афғонистон, ба маънои оғози як раванди амрикоизудоӣ дар ин кишвар маҳсуб мешуд. Ба ҳамин манзур, амрикоиҳо қабл аз решагирии як назми демократӣ, тасмим ба хурӯҷ аз ин кишвар гирифтанд. Ҷолиб ин ки Ғарб талвеҳан барои тарвиҷу истеҳкоми пояҳои демократияи модерн ва таъмими арзишҳои ғарбӣ аз гузинаҳои суннатӣ баҳра мебурд. Ин гузинаҳои суннатӣ худ ҷузи бузургтарин душманони демократия буданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд дар масири демократия ҳаракат кунанд. Бар илова, бо дар ихтиёр қарор додани манобеи фаровони молӣ ва пули заминаҳои фасод, непотизм, зӯргӯӣ ва хилофи қонун ҳаракат карданро фароҳам сохтанд;
СЕВУМ - ҳоло Амрико бо ҷо гузоштани миллиардҳо доллар таслиҳот, ба қудрат расондани гурӯҳи террористии Толибон, заминасозӣ барои гурӯҳҳои террористии хатарнок ба амнияти минтақа, ҳисси козиби пирӯзӣ ва илҳоми хушунат ба василаи дину ақидаро дар зеҳнияти сокинони минтақа ниҳодина сохтааст. Пирӯзии сохтагии Толибон ва ҳамгироии ақидативу идеологии соири гурӯҳҳои террористии хориҷӣ бо ин гурӯҳ, минтақаро барои муддати тӯлонӣ дучори буҳронҳои амниятӣ ба шакли фарсоишӣ мекунад. Ҳоло Толибони сармаст аз қудрат ва шиори шикасти Амрико, ба ҷафои Амрико дар ҳаққи мардуми Афғонистон сарпӯш гузоштаанд ва ба гунаи зимнӣ қисмате аз масъулияти ин ҳузури пурҳазинаро ҷуброн мекунанд;
ЧАҲОРУМ - имрӯз ошкор шудааст, ки Амрико ва муттаҳидонаш воқеан ба манофеи иқтисодӣ ё геополитикӣ дар Афғонистон алоқае надоштанд. Дар ғайри ин сурат, тасмим барои хурӯҷ аз Афғонистон бо ин суръат анҷом намегирифт. Ба ҳамин иллат буд, ки низоми таҳти ҳимояти Амрико дар Афғонистон ба он ки шиори демократияро ядак мекашид, натавонист ба иллати фасод, пӯсидагии сохторӣ, непотизми қавмӣ, ихтилофоти дохилӣ ва мудохилаи берунӣ тоби муқовимат дошта бошад ва бо хурӯҷи ошуфтаи Амрико ба таври ғайримутараққибае аз ҳам пошид. Чун Ғарб ба бақои ин режим ва истимрори корвони демократия ва миллатсозӣ, бовари амиқ ва содиқона надошт ва ин амр боис шуда буд, то на танҳо ин ки Ғарб кӯмаке барои Афғонистони ғарқ дар мунҷалоби буҳрон накунад, балки соири кишварҳои минтақа дар талоши суқути ин низом бошанд;
ПАНҶУМ - Ғарб ба қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон эътимоде надошт, ки битавонад муваффақияте аз худ дар баробари Толибон нишон диҳад. Тасмим барои хурӯҷ, тасмим барои канор гузоштани Афғонистон буд. Касе, ки мехост манобеи маъданӣ дар он ҷоро дар даст дошта бошад ё замини Ҳиндукушро ба унвони сангари контроли геополитикии Осиёи Марказӣ тавсеа диҳад, Афғонистонро канор намегузошт. Он чи ки дар ҳоли гузор дар Афғонистон аст, убур аз маъбари бозиҳои геополитикист, ки ин кишварро дар вартаи суқут ба домани терроризми қавмӣ ва байналмилалӣ кашондааст. Адами эътимод миёни Амрико ва сохторҳои сиёсиву низомӣ дар Афғонистон, бар иттиҳоди стратегӣ ва он чи ки меҳвари баҳсҳо, мабнӣ бар паймони стратегӣ миёни ду кишвар буд, хатти бутлон кашид. Дар чунин ҳолате мебоист Ғарб бар ҳимоят аз давлат ва қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон, пойдор мемонд, ки намонд;
ШАШУМ - ба сахтӣ метавон иддао кард, ки ангезаи аслии ҳузури Амрико дар Афғонистон мубориза бо терроризм буда бошад, зеро пойгоҳҳои Алқоида дар авоили соли 2001 ба суръат нобуд шуданд. Бинобар ин агар ҳамаи инҳо дар мавриди терроризм буд, имкони хурӯҷ аз Афғонистон то ҳадди аксар соли 2003 вуҷуд дошт. Аммо бидуни шак, ки Амрико бо ҳузураш дар Афғонистон, хостори барҳамзании амният дар минтақа буд, аз ҳамин рӯ, ибтидо Толибонро рӯи саҳна овард ва баъдан бо канор задани онҳо, минтақаро бо ниҳодинасозии радикализми динӣ ва ифротгароии мазҳабӣ, дучори буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ-амниятӣ кард;
ҲАФТУМ - Амрико чаро бояд барои муқобила бо як гурӯҳи кӯчаки террористӣ мутавассил ба эътилофсозии ҷаҳонӣ мешуд. Дар ҳоле ки зарфияту тавоноии ин кишвар минҳайси як абарқудрат, ба танҳоӣ кофӣ буд, то чунин бозии музҳикеро ба роҳ намеандохтанд. Ҳузури густурдаи дунё барои сарпӯш гузоштан рӯи моҳияти аслии ҳузури Амрико ба асоси мантиқи чандҷонибагароӣ, тақсими ҳавзаи манофеъ ва эҷоди системаи таҳарруки ҷамъӣ буд, то барои кишварҳои рақиб дар сатҳи минтақа ҳассосият халқ накунад. Чаро, ки ҳамзамон бо ҳузури Амрико дар Афғонистон, мантиқи мутлақи гегемониягароии Амрико, раванди нузулиашро мепаймуд ва ҳар гуна иқдоми якҷонибагаро, мунҷар ба даргир сохтани Амрико бо қудратҳои мавҷуд дар минтақа мешуд.
Дар матлаби оянда аз ин хоҳем гуфт, ки Амрико аз ин бозии геополитикӣ чӣ аҳдоферо дунбол мекард.