Дар нишасти сарони НАТО, кишварҳои узв нишон доданд, ки ҳозиранд пушти Украина, мисле, ки пушти барги анҷир бошад, пинҳон шаванд то аз ҳалли масоили амниятӣ ва тавсеаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дур бошанд.
Нависанда: Николай Плотников, раиси маркази иттилооти илмиву таҳлилии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, манбаъ: сомонаи “Звезда” (Русия)
Яке дигар аз иҷлоси сарони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар Вилнюс баргузор шуд. Аъзои он аз натоиҷи, ба истилоҳ, зиддиҳамлаи режими Зеленски ноумед ҳастанд. Ҳазинаҳои Ғарби ҷамъӣ ба зарари иқтисоди худ бисёр зиёд аст, аммо натиҷа ба як пул намеарзад.
Аз ҷумла, тайи ҳашт моҳи гузашта дар бахши тавлиди Иёлоти Муттаҳида фаъолияти иқтисодӣ коҳиш ёфт. Қимати теъдоде аз дороиҳо пойин омад. Сармоягузорон дучори мушкил шуданд. Гуфта мешавад, ҳарчанд хеле ночиз аст, бекорӣ афзойиш ва рушди дастмуздҳо коҳиш ёфт. Ин ҳама бо варшикастагӣ ва афзоиши нархи баҳра ҳамроҳ аст.
Аврупо, ки манобеъи энержии арзони Русияро раҳо карда ва маболиғи ҳангуфтеро барои ҳимоят аз режими Зеленски сарф кард, низ вориди марҳалаи рукуд шудааст. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҷбур ба коҳиши хароҷот ҳастанд. Нооромиҳои иҷтимоии ҷиддӣ дар Фаронса рух дод. Аҳзоби сиёсии ҷиноҳи рост дар теъдоде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳбубият пайдо мекунанд.
Ба далели кӯмакҳои низомии густурда ба режими Киев зарродхонаҳои Аврупо амалан холӣ ва зарфияти тавлиди муҳиммот бисёр маҳдуд аст. Тибқи омори расмӣ, Иттиҳодияи Аврупо тавоноии тавлиди беш аз 4 ҳазор гулӯлаи тӯп дар моҳро надорад. Ин ба андозае аст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як ҳафта истифода мекунад.
Дуруст аст, ки худи амрикоиҳо дигар ваҳдати собиқро надоранд. Агар “шоҳинҳо”-е, монанди Энтони Блинкен ва Виктория Нуланд тарафдори ташдиди бештари таниш ҳастанд, дар Ҳизби демократ аъзои оқили бисёре ҳузур доранд, ки нигарони натоиҷи интихоботи раёсатиҷумҳурии 2024 мебошанд. Онҳо ба ин фикр мекунанд, ки чӣ гуна аз шармсор шудани Байден ба далели шикасти Ғарб дар Украина ҷилавгирӣ кунанд ва бо супурдани Зеленски ба Иттиҳодияи Аврупо ва рӯй овардани бесару садо ба самти Чин, ба истиқболи интихобот бираванд.
Нерӯҳо ва тавонмандиҳои Русияву Украина ба дур аз ҳамтароз будан аст. Русия, ки дар Донбас ба ҳолати тадофеъӣ рафтааст, метавонад дар сурати лузум даст ба иқдомоти фаъол бизанад. Режими Зеленски, агар бидуни ҳимояти Ғарб бимонад, давоми зиёде нахоҳад овард. Нерӯҳое дар дохили худи Украина ба майдон хоҳанд омад, ки бидуни кӯмаки Русия қодир хоҳанд буд ба кори як масхарабози хунин, ки садҳо ҳазор зиндагии вайроншуда бар виҷдони ӯст, поён диҳанд.
Овозаҳоеро, ки гоҳ ба гоҳ дар Ғарб дар мавриди таваққуфи эҳтимолии даргирӣ пайдо мешаванд, Кремл борҳо инкор намуда, гуфтааст, ки ин як амри ғайри қобили қабул аст.
Аҳдофи Маскав ва Ғарби ҷамъӣ комилан мутазод ҳастанд. Русия бо ҳифзи як кишвари мутахосим дар наздики марзҳои худ, ки ба думболи узвият дар НАТО аст, мувофиқат нахоҳад кард. Ғарб низ ба навбаи худ, бо қазоват бар асоси изҳороти Байден, Макрон, Шолтс, мақомоти аврупоӣ, монанди Чарлз Мишел ва Урсула фон дер Лайн, русҳаросони полшаӣ, чех, финляндияӣ, балтикӣ, баид аст, ки аз идеяи собити худ - шикасти стратегӣ додани Русия даст бикашад.
Бо оғози, ба истилоҳ, зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар 4 июн, барои тамоми ҷаҳон равшан шуд, ки таҷҳизоти мавриди ситоиши Ғарб, монанди тонкҳои “Леопард”-и олмонӣ ё худравҳои размии пиёданизоми амрикоии “Брэдли” наметавонанд дар муқобили таслиҳоти русӣ муқовимат кунанд. Агар Ғарб тасмим ба ташдиди таниши дигар бигирад, Русия бо ин чолиш муқобила хоҳад кард ва абзоре барои муқобила бо он пайдо хоҳад намуд.
Ин, бавежа, дар мавриди ҷангандаҳои F-16 сидқ мекунад. НАТО ҳанӯз намедонад, ки эътилоф бояд чӣ кор кунад. Маскав ҳушдор додааст, ки агар ин ҳавопаймоҳо дар қаламрави кишварҳои эътилоф мустақар шаванд ва аз он ҷо ба хоки Русияву артиши Русия ҳамла кунанд, марокизи тасмимгирии ғарбӣ фавран мавриди ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Ба навбаи худ, таъмини пӯшиши Нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо кӯмаки ҷангандаҳои F-16 дар ҳарими ҳавоии Украина, ки таҳти тасаллути Русия аст, осон нахоҳад буд.
Илова бар ин, пас аз аксҳои брэдлиҳои сӯхта, ки дар саросари ҷаҳон паҳн шуданд, амрикоиҳо метарсанд, ки чунин тасовире аз лошаи ҳавопаймои F-16 на танҳо ба обрӯи Байден, балки ба кулли муҷтамеъи низомӣ-саноатии Иёлот Муттаҳида ва НАТО дар кул зарба бизанад.
Дар пасзаминаи сархӯрдагӣ дар Вашингтону Брюссел, Маскаву Пекин дар ҳоли таҳкими иқдомоте иқдомоти муштараки худ ҳастанд. Худи Ғарб дар ин амр саҳим аст. Аз иқдомоти ахири он метавон тасмими давлати Нидерландро мисол орем. Бо иқдоми ҳамоҳанг бо Вашингтону Токио, ин кишвар ҷузъиёти ҷадиде аз як режими контроли содироти густурдаро эълом кард, ки фанноварии резтароша (микрочип)-ро, ки метавонад барои суръати афзоиши қудрати низомии Чин истифода шавад, ҳадаф қарор медиҳад.
3 июл Пекин бо эъломи контроли содироти галлий ва германий, ки аз аввали август оғоз хоҳад шуд, ба Нидерланд посух дод. Ин филизоти хокии камёби ҳаётӣ дар сохти резтарошаҳо истифода мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба сигналҳое, ки Пекин ба Ғарб медиҳад, ин танҳо оғози кор аст.
Ёдовар мешавем, ки германий дар риштаҳои нурӣ, ниманоқилҳо ва панелҳои хуршедӣ ва галлий дар тавлиди чипсетҳои мавриди истифода дар компутарҳо, телефонҳои ҳамроҳ ва пояистгоҳҳои 5G истифода мешавад. Ва ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки таҳаввулоти рақамӣ ва ба истилоҳ, сабз дар Иттиҳодияи Аврупо тақозо мекунад.
Интиқомҷӯии Иёлоти Муттаҳида эҳтимолан таҳти пӯшиши маҳдудиятҳои ҷадид барои ширкатҳои амрикоие, ки хадамоти пардозишҳои абриро ироа медиҳанд, ба созмонҳои чинӣ зоҳир шавад. Қавонини ҷадид қабл аз ироаи ин хадамот ба таъйиди ҳукумат ниёз дорад, зеро маҳсулоти ҳуши маснуии ҳассос аз назари сиёсӣ мавриди таваҷҷуҳи хос ҳастанд.
Лағви сафари Ҷозеп Борел, намояндаи олии сиёсати хориҷӣ ва амниятии Иттиҳодияи Аврупо ба Пекинро низ бояд ба ҷанги иқтисодӣ ва дипломатии байни Ғарбу Чин нисбат дод, ки рӯз ба рӯз доғтар мешавад. Тарафи чинӣ ин корро бидуни тавзеҳи далоил анҷом ва ба ин тартиб ҷойгоҳи худро ба мақомоти аврупоӣ нишон дод - онҳо бидуни салоҳият шурӯъ ба тасмимгирӣ дар бораи сарнавишти ҷаҳон карданд, ки башариятро ба як фоҷиаи ҷаҳонӣ савқ медиҳад.
Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин ҳушдор дод, ки ҷаҳон вориди “давраи ҷадиде аз таҳаввулот ва тағйирот” шудааст. Ӯ дар гуфтугӯ бо аъзои Артиши Озодибахши Халқ гуфт: "Барои мо зарурӣ аст, ки ҷангу барномарезии размиро умқ бахшем, системи фармондеҳии якпорча дар саҳнаи ҷангро модерн кунем, бар омӯзиши размии воқеӣ тамаркуз намоем ва тавоноии худ барои пирӯзӣ дар ҳар ҷангеро баланд бардорем."
Мутаассифона, бо талоши Ғарб, ҷаҳон ба таври физояндае ба самти як рӯёрӯии ҷаҳонӣ мелағзад. Ин умед вуҷуд дорад, ки бо талоши созмонҳое, монанди Созмони ҳамкории Шонгҳой ва БРИКС, бо ҳамкории наздик бо кишварҳои ҷаҳони арабу ислом, Африқо, Амрикои Лотин, ки намехоҳанд қавонини истеъмории навини таҳмилшуда тавассути Вашингтон ва Брюсселро бипазиранд, ҷилави ин амр гирифта шавад.