Мафияи маводи мухаддири Толибон ба масири транзитии Ӯзбекистон сармоягузории роҳбурдӣ мекунад
Нависанда: Андрей Серенко, мудири маркази таҳлилии Ҷомеаи сиёсатшиносони Русия
Саноати маводи мухаддир ҳамеша яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисоди режими Толибон дар Афғонистон буда, ҳамчунон боқӣ мондааст. Пас аз соли 2021 роҳбарони Толибон даромадҳои аз тиҷорати ҳероин андӯхташударо ба лоиҳаҳои ба истилоҳ “сармоягузорӣ”-и пулшӯӣ ҳам дар дохили Афғонистон (истихроҷи тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва тиҷорати маҳсулоти нафтӣ) ва ҳам дар хориҷ аз кишвар (хариди амволи ғайриманқул, муомилоти тиҷоратӣ ва молиявӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, бархе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо) равона карданд. Бо ҳамин, тиҷорати маводи мухаддири Толибон тадриҷан дар миёни лоиҳаҳои ба зоҳир қонунӣ, иқтисодӣ ва зерсохторӣ пинҳон гардид.
Бо вуҷуди ин, тиҷорати маводи мухаддири Толибон ҳеҷ гоҳ аз байн нарафтааст. Он на танҳо аҳамият ва миқёси худро барои роҳбарони Толибон ва инчунин саркардагони дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида», нигоҳ доштааст, балки нишонаҳои равшани густариши минбаъдаро низ ошкор мекунад.
Толибон дар чанд соли охир ба таври фаъол лоиҳаҳои вобаста ба истеҳсол ва паҳнкунии маводи мухаддири синтетикиро рушд медиҳанд ва ҳамзамон “маҳсулоти суннатӣ”-и худ — ҳероинро низ фаромӯш намекунанд.
Дар панҷ соли охири ҳукмронии Толибон дар Афғонистон буҳрони зиёдатии истеҳсоли ҳероин ба вуҷуд омадааст. Ҳаҷми захираҳои ҳероин дар анборҳои мафияи маводи мухаддири Толибон ба ҳадде расидааст, ки ин шабака имрӯз бо мушкилоти ҷиддии фурӯши он рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҳамин сабаб Толибон ба осонӣ маҳдудиятҳо ва мамнуиятҳои густурдаву намоиширо, бахусус дар шимоли Афғонистон, нисбат ба кишти хашхош ҷорӣ мекунанд. Зеро дигар масъала парвариши ашёи хоми нав нест, балки фурӯхтани он чизест, ки аллакай дар анборҳо ҷамъ шудааст.
Иқтидори бозори дохилии Афғонистон бисёр маҳдуд аст ва мафияи маводи мухаддири Толибон барои ба даст овардани фоидаҳои фавқулода ба бозорҳои нави хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Барои ворид шудан ба чунин бозорҳо бошад, масирҳои боэътимоди транзитӣ лозиманд, ки интиқоли ҳаҷми зиёди маводи мухаддирро таъмин намоянд.
Таҳаввулоти моҳҳои охир нишон медиҳад, ки мафияи маводи мухаддири Толибон ба навсозии “масири шимолӣ” такя кардааст. Ин масир интиқоли ҳероин ва дигар маводи мухаддирро аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, сипас ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Русия пешбинӣ мекунад. Дар ин замина, Ӯзбекистон беш аз ҳар кишвари дигар таваҷҷуҳи саркардагони мафияи маводи мухаддири Толибонро ба худ ҷалб кардааст.
Дар миёнаҳои моҳи июни соли 2026 Тошканд расман эълон кард, ки Саида Мирзиёева, роҳбари дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон, иҷрои қонуни нави мубориза бо маводи мухаддирро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон шахсан зери назорат гирифтааст.
Хонум Мирзиёева дар шабакаи Telegram-и худ изҳор дошт, ки ин қонун бо ҳадафи “шадидтар намудани мубориза бо қочоқи маводи мухаддир” қабул шудааст. Гарчанде дар ин изҳорот мустақиман аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ҳамчун манбаи қочоқи маводи мухаддир ном бурда нашуд, аммо ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки Тошканд маҳз “Иморати Исломӣ”-и Толибонро муҳимтарин манбаи таҳдиди маводи мухаддир дар минтақа медонад.
Қарори духтари Президенти Ӯзбекистон барои шахсан назорат бурдан бар мубориза бо саноати маводи мухаддир пас аз чандин қазияи пурсарусадои қочоқ қабул гардид.
17 майи соли 2026 Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (СНБ) аз пешгирӣ шудани кӯшиши интиқоли қариб 600 килограмм маводи мухаддир аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон хабар дод. Таваҷҷуҳ кунед: зиёда аз ним тон ҳашиш ва тарёк дар як бор! Ин маҳмулаи бузург дар гузаргоҳи марзиву гумрукии “Термиз-Авто” дар вилояти Сурхондарё ҳангоми бозрасии як мошини боркаши Mercedes-Benz, ки онро як шаҳрванди Афғонистон идора мекард ва аз Ҷумҳурии Афғонистон ворид шуда буд, ошкор гардид (иқтибос аз шабакаи Telegram-и Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон). Дар ядаккаши ин мошин як экскаватори тамғаи Doosan интиқол дода мешуд, ки дар қисми болоравандаи он 593 килограмм ҳашиш ва 3 килограмм тарёк пинҳон карда шуда буд.
2 июни соли 2026 кормандони гумруки Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар гузаргоҳи марзии “Оплот” дар сарҳад бо Туркманистон кӯшиши транзити як маҳмулаи бузурги ҳероинро тавассути Ӯзбекистон пешгирӣ карданд. Ҳероин дар миёни зардолуи хушк (қайсӣ) пинҳон карда шуда буд. Тибқи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи бор, мошини боркаш аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ба Русия ҳаракат мекард. Санҷиш бо дастгоҳи рентгенӣ бастаҳои маводи мухаддирро дар 13 қуттии картонӣ миёни зардолуҳои хушк ошкор намуд. Қариб 13 килограмм ҳероин мусодира гардид, ки арзиши он дар бозори сиёҳ метавонад то 1,5 миллион доллар бирасад.
Ниҳоят, 17 июни соли 2026, ҳамагӣ ду рӯз баъд аз он ки Саида Мирзиёева иҷрои қонуни нави мубориза бо маводи мухаддирро шахсан зери назорат гирифт, мақомоти қудратии Ӯзбекистон қариб 38 килограмм маводи мухаддир (ҳашиш ва тарёк)-ро ошкор ва мусодира карданд. Ин маҳмула аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ба Самарқанд интиқол дода мешуд.
Ин воқеаҳо нишон медиҳанд, ки мафияи маводи мухаддири Толибон кӯшиш мекунад тавассути Ӯзбекистон пеш аз ҳама ҳашиш — ки ҳиссаи асосиро дар маҳмулаҳои мусодирашуда ташкил медиҳад, инчунин тарёки хом ва ҳероин — афюнҳои суннатии Афғонистонро, ки ҳамоно дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавқеи назаррас доранд, интиқол диҳад.
Ҳаҷми ин маҳмулаҳои ошкоршуда нишон медиҳад, ки сухан танҳо дар бораи ташаббуси шахсии чанд қочоқчӣ ё афроди дар ҷустуҷӯи сарвати зуду муфт нест. Баръакс, сухан аз як шабакаи густурда ва муназзами саноати маводи мухаддир меравад, ки аз пуштибонии шахсиятҳои бонуфуз дар сохтори режими Толибон дар Афғонистон бархӯрдор мебошад.
Нақши калидии ду мақоми Толибон дар ташкили масири транзитии Ӯзбекистон
Тибқи иттилои манобеи огоҳи минтақа, ду нафар аз мақомҳои баландпояи режими Толибон дар ташкили масири транзитии маводи мухаддири Афғонистон тавассути Ӯзбекистон, Қазоқистон ва сипас Русия нақши калидӣ мебозанд.
1 - Абдулаҳад Фозилӣ (дар акс), волии пешини Толибон дар вилояти Форёб, ки ду моҳ пеш ба ҳайси вазири мухобирот ва технологияҳои иттилоотии ҳукумати Толибон таъйин гардид.
Абдулаҳад Фозилӣ аз афроди мавриди эътимоди амири Толибон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба шумор меравад. Далелҳо нишон медиҳанд, ки ӯ раванди ташкил, ҳамоҳангсозӣ, озмоиш ва роҳандозии масири транзитии маводи мухаддир тавассути Ӯзбекистонро на танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ, балки бо супориши мустақими роҳбари Толибон пеш мебарад.
Гарчанде ки Фозилӣ ду моҳ боз дигар волии вилояти Форёб нест, аммо бо вуҷуди он ки расман дар Кобул қарор дорад, ҳамоно тамоми масъалаҳои вобаста ба масири ӯзбекии интиқоли маводи мухаддири Афғонистонро таҳти назорати худ нигоҳ доштааст.
2 - Муҳаммад Юсуф Вафо (дар акс), волии вилояти Балх дар шимоли Афғонистон.
Ӯ аз аъзои бонуфузи “ҷиноҳи Қандаҳор”-и Толибон буда, ба ҳалқаи наздики амири Толибон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода шомил мебошад ва аз ҷумла масъули ҳамоҳангӣ ва иртибот бо мақомоти расмии Тошканд низ ҳаст.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, Муҳаммад Юсуф Вафо, ки дар Мазори Шариф қарор дорад, дар зарфи якуним то ду соли охир бо кӯмаки афроди мавриди эътимоди худ шабакае аз иртиботҳо, миёнаравон ва ширкатҳои рӯйпӯшро ҳам дар вилояти Балх ва ҳам дар Ӯзбекистон таъсис додааст. Ин шабака яке аз унсурҳои асосии масири транзитии Ӯзбекистон барои интиқоли маводи мухаддири Афғонистон ба ҳисоб меравад.
Манобеи огоҳ ҳамчунин хабар медиҳанд, ки ниҳодҳои махсуси амниятии минтақа, ки ба масъалаи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ва интиқоли он аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ба Осиёи Марказӣ ва сипас Русия машғуланд, айни замон ба шахсияти Ҳоҷӣ Зайд — яке аз мансабдорони дастгоҳи волии вилояти Балх — таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Ҳоҷӣ Зайд вазифаи сухангӯи волии Балх Муҳаммад Юсуф Вафоро бар уҳда дорад. Аммо нуфуз ва салоҳияти ӯ аз таҳия ва нашри баёнияҳои расмӣ хеле фаротар меравад.
Бисёре аз иртиботҳои маҳрамона ва ҳассоси Муҳаммад Юсуф Вафо, волии Балх, бо соҳибкорони мавриди эътимоди афғон ва инчунин ҳамтоёни онҳо дар Ӯзбекистон ва бархе дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ тавассути Ҳоҷӣ Зайд анҷом дода мешаванд.
Ба арзёбии манобеи огоҳи минтақа, Ҳоҷӣ Зайд “иттилооти калидӣ” дар бораи шабакаи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон тавассути Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистон ва Русияро дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла, ӯ дар бораи ширкатҳо ва шахсоне, ки дар фаъолияти ин шабака иштирок мекунанд, иттилои комил дорад.
Аз ҳамин рӯ, ҷои тааҷҷуб нест, ки имрӯз робитаҳои шахсӣ ва тиҷоратии Ҳоҷӣ Зайд бо диққати махсус аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои минтақа мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи манобеи мо, омӯзиши маҷмӯи иртиботҳои Ҳоҷӣ Зайд — сухангӯи волии Толибон дар вилояти Балх — хадамоти махсуси кишварҳои минтақаро ба шахсияти Ҳашматуллоҳ Армон (Hashmatullah Arman), соҳибкори афғон (дар акс), расондааст.
Ба арзёбии ин манобеъ, Ҳашматуллоҳ Армон “дар бархе аз ҳассостарин лоиҳаҳои иқтисодии Толибон” на танҳо дар шимоли Афғонистон ва Ӯзбекистон, балки дар дигар кишварҳои фазои пасошӯравӣ низ нақш дорад.
Маълум аст, ки Ҳашматуллоҳ Армон на танҳо як соҳибкори афғон ва соҳиби ширкати Arman Group, ки дар Мазори Шариф ба қайд гирифта шудааст, мебошад. Ӯ дар гузашта ҳамчунин вакили вилояти Форёб дар палатаи поёнии парлумони Афғонистон (Вулуси Ҷирга) буд. Бо вуҷуди ин, ҷаноби Армон дар давраи вакилӣ фаъолияти назаррасе нишон надод ва дастикам коршиносони афғон ӯро ҳамчун яке аз чеҳраҳои фаъоли Вулуси Ҷирга ба ёд намеоранд.
Манобеи минтақа ҳамчунин хабар медиҳанд, ки хадамоти махсуси бархе кишварҳои пасошӯравӣ нақши эҳтимолии Ҳашматуллоҳ Армонро ҳамчун шахси мавриди эътимод ва наздики Ҳоҷӣ Зайд дар ташкили як шабакаи байналмилалии логистикӣ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Ин шабака ба Толибон имкон медиҳад, ки “вазифаҳои мураккаб”-и вобаста ба интиқоли “анвоъи гуногуни борҳо, мавод ва моддаҳо”-ро анҷом диҳанд.
Бархе манобеи афғонӣ инчунин иттилоъ медиҳанд, ки Ҳашматуллоҳ Армон бо дигар афроди ҳалқаи наздики волии Толибон дар вилояти Балх — Муҳаммад Юсуф Вафо — низ муносибатҳои наздик ва бар пояи эътимоди мутақобил дорад.
Ҳамон манобеъ инчунин хабар медиҳанд, ки афроди наздик ба Ҳашматуллоҳ Армон овозаҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё ӯ дорои шиносномаи Русия бошад.
Ҳашматуллоҳ Армон ягона шахсияте нест, ки таваҷҷуҳи хадамоти махсуси як қатор кишварҳои минтақаро ба худ ҷалб кардааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин таваҷҷуҳ танҳо ба масъалаи масири транзитии маводи мухаддир тавассути Ӯзбекистон маҳдуд набошад, балки ҳадафҳои дигарро низ дар бар гирад. Аз ҷумла, дастрасӣ ба Муҳаммад Юсуф Вафо, волии Балх, ва ҳалқаи наздики ӯ дар Толибон бо мақсади ҷамъоварии иттилоот ва расонидани таъсири ҳадафманд ба онҳо.
Ба андешаи нозирони минтақа, мавзӯи маводи мухаддир дар оянда беш аз пеш ба яке аз авлавиятҳои асосии хадамоти махсуси Ӯзбекистон, инчунин Қазоқистон ва Русия табдил хоҳад ёфт.
Таҳаввулоти ахир дар Ӯзбекистон нишон медиҳад, ки мақомоти қудратии Тошканд сарҳад бо Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибонро ба таври фаъол ва нисбатан муассир таҳти назорат доранд. Интизор меравад, ки пас аз он ки Саида Мирзиёева, роҳбари дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро шахсан зери назорат гирифтааст, самаранокии ин назорат боз ҳам бештар гардад.
Бо вуҷуди ин, равшан аст, ки сарҳади байни Ӯзбекистон ва Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ҳамоно ҳадафи гурӯҳҳои бузурги фаромиллӣ боқӣ мемонад. Ин гурӯҳҳо мекӯшанд аз ҷараёнҳои қонунии тиҷорат ҳамчун рӯйпӯш барои ташкили интиқоли маводи мухаддир дар миқёси ҳарчи васеътар истифода баранд.
Афзоиши мавридҳои мусодираи маводи мухаддир дар сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон нишон медиҳад, ки хадамоти махсуси Ӯзбекистон бо қатъият ва дақиқии бештар амал мекунанд. Аммо худи ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда низ далолат мекунад, ки масири Ӯзбекистон ҳамоно фаъол аст ва эҳтимол дорад дар паси он шабакаҳои муташаккиле қарор дошта бошанд, ки ба сармояҳои бузург, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаҳои маъмурӣ дастрасӣ доранд.
Нозирони минтақа таъкид мекунанд, ки ин масъала дигар аз доираи қочоқи оддии чанд маҳмулаи ҳашиш ва тарёк берун рафтааст. Ба гуфтаи онҳо, “ин акнун масъалаи пойдории сарҳадҳо, хатарҳои фасод, назорат бар логистикаи ҳамлу нақл ва амнияти тамоми масири шимолӣ — аз Афғонистон тавассути Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистон ва Русия мебошад.”