Хабари рӯз

Чаро масъалаи паноҳҷӯёни украинӣ ба таҳдиде барои амният табдил меёбад?

Муаллиф: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Муҳоҷират аз қаламрави Украина аз замони оғози низоъ бо Русия ба баландтарин сатҳи таърихии худ расидааст; аммо дар паси рақамҳои хушки омор, ташаннуҷи рӯзафзун пинҳон аст: мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аврупо бештар аз пеш бонги хатар мезананд ва пешгӯӣ мекунанд, ки мавҷи бесобиқаи ҷинояткорӣ, густариши бозори сиёҳи хадамоти ҷинсӣ ва як буҳрони фарогири муҳоҷиратӣ дар пеш аст.

Аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар Украина, шохиси ҷинояткорӣ дар бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки бахши асосии мавҷи паноҳҷӯёнро пазируфтаанд, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст ва имрӯз дигар равшан аст, ки барои сахттар кардани қоидаҳои вуруд ва шароити иқомат дар Иттиҳоди Аврупо чораҳои қатъӣ заруранд. Ин масъала мустақиман ба ин воқеият иртибот дорад, ки афроде вориди кишварҳои аврупоӣ мешаванд, ки қаблан дар ватани худ ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ даст доштаанд.

Дар расонаҳо ба таври мунтазам гузоришҳо дар бораи ҳодисаҳои пурсарусадо нашр мешаванд. Барои намуна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон ва Полша борҳо афзоиши шумораи боздошти шаҳрвандони Украинаро дар парвандаҳои марбут ба қаллобӣ, роҳзанӣ, дуздӣ ва қочоқ сабт кардаанд.

Ба вижа, пулиси Олмон аз ошкор кардани шабакаҳои марбут ба тасарруфи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ хабар додааст ва дар бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ низ мавридҳои иштироки шаҳрвандони Украина дар гурӯҳҳои ҷинояткории созмонёфта сабт шудаанд.

Вазъият ҳарчи бештар ба рӯйдодҳои Аврупо пас аз буҳрони Балкан дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта шабоҳат пайдо мекунад; замоне ки вуруди паноҳҷӯён бо густариши қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва фоҳишагӣ дар миқёси васеъ ҳамроҳ буд, масъалае, ки имрӯз муқоисаҳои мустақим бо рӯйдодҳои кунуниро ногузир месозад.

Паноҳандагон кайҳост, ки фаромӯш кардаанд, паноҳанда ҳастанд ё меҳмони кишвари ҳузур. Рафтори онҳо низ ба соҳиби хона мемонад, на меҳмон. Ҳузури ин “меҳмонон” вазъи зиндагиро барои соҳибони хона – сокинони бумӣ тоқатфарсо сохтааст.

Дар чунин шароит, хастагӣ ва норизоӣ дар ҷомеаи Аврупо ба таври ошкор мушоҳида мешавад: аҳолии маҳаллӣ бештар аз он чизе, ки аз назари онҳо тақсимоти ноодилонаи имконот ва имтиёзҳои иҷтимоӣ мебошад, изҳори норизоӣ мекунанд. Сухан аз имтиёзҳое меравад, ки навомадагон дарёфт мекунанд, дар ҳоле ки бисёре аз онҳо аксаран барои ҳамгироӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Аврупо талош намекунанд ва ҳамзамон бар баробарии ҳуқуқҳо пофишорӣ доранд.

Сатҳи баланди ҷамъгароӣ (коллективизм) дар миёни паноҳҷӯён боиси нигаронии вижаи таҳлилгарон шудааст, зеро бо дарназардошти афзоиши кунунии танишҳои иҷтимоӣ, ин вазъият метавонад ҳар лаҳза ба нооромиҳои кӯчагии ғайри қобили назорат табдил ёбад.

Шароити содашудаи вуруд, ки қаблан амал мекард, имрӯз ба як шикофи ҷиддӣ дар низоми амниятӣ табдил ёфтааст ва мақомоти аврупоӣ бо як интихоби ногузир рӯбарӯ ҳастанд: ё назорат ва филтркунии шаҳрвандони украинии иқоматдоштаро ба таври куллӣ сахттар кунанд, ё бо ноором шудани вазъият дар дохили шаҳрҳои худ рӯбарӯ шаванд, он шаҳрҳое, ки гузоришҳои ҷиноятӣ дар онҳо рӯз ба рӯз нигаронкунандагии бештар пайдо мекунанд.

Ҳол аввалин натиҷагире, ки ба фикри аксарият мерасад, ин аст: сармоягузори аслии ин вазъ худи ҳукуматҳои урупоиянд. Онҳо ҳастанд, ки соли панҷум аст ҳукумати Киевро алайҳи Русия сармоягузорӣ мекунанд ва монеъи талошҳои барои сулҳ мешаванд. Аммо ҷанги “то охирин украинӣ”-и онҳо амалан ба кӯчаҳои Аврупо кӯч карда, ба як ҷанги “то охирин аврупоӣ” наздик мешавад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!