Оё Теҳрону Боку ба самти як ҷанг равон ҳастанд?
Нависанда: Веб-сайти “Фарорӯ” (Эрон)
Таниш, ҷанги лафзӣ, иқдомоти дипломатӣ ва размоишҳои низомии таҳрикомези Озарбойҷон алайҳи Эрон, ҳамчунон бо суръат ва шиддати бесобиқа идома дорад. Бо вуҷуди сипарӣ шудани чанд моҳ, танишҳо миёни ду кишвар на танҳо фурӯкаш накарда, балки тайи чанд ҳафтаи ахир абъоди густурдатаре низ ба худ гирифтааст.
Дар натиҷаи афзоиши шикофҳо ва ихтилофот миёни тарафайн, вазъияти ҷориро метавон пуртаништарин сатҳи муносиботи ду кишвар тайи беш аз се даҳаи гузашта, яъне баъд аз истиқлоли Озарбойҷон дар 30 августи 1991 то кунун мавриди арзёбӣ қарор дод. Ҳамзамон бо афзоиши шикофҳо миёни ду кишвар, дар сатҳи дохилии Эрон низ конуни таваҷҷӯҳоти расонаҳо ва нозирони сиёсӣ беш аз беш ба ин мавзӯъ маътуф шудааст. Дар ин миён рӯйкардҳои мутафовите низ нисбат ба ояндаи танишҳо миёни ду кишвар матраҳ шуда, ки зарурати иттихози тасмимоти ҳушмандона аз cӯи дастгоҳи дипломатияи Эронро беш аз ҳар замони дигаре зарурат мебахшад.
Достони 8 моҳи тақобули ҳаддиаксарӣ дар 8 эпизод; Чӣ гуна ду кишвар ба пуртаништарин равобити таърихии худ расиданд?
1 - Нуқтаи сиқл ё ба ривояти беҳтар, конуни расидани сатҳи танишҳо миёни Теҳрон ва Боку ба болотарин сатҳи мумкинро мебоист ба таҳаррукоти низомиёни Озарбойҷон дар тобистони соли гузашта ирҷоъ дод. Дар ин таърих даргирҳои нисбатан шадиде миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба вуқӯъ пайваст. Дар даври ҷадиди даргириҳо бар хилофи ҷанги сентябри 2020, конуни таниш минтақаи Қарабоғ набуд, балки ин бор тамаркузи артиши Боку бар ҳамалот ба ҷануби Арманистон ва маҳдудаи вилояти Сюник маътуф шуда буд.
Дар натиҷаи таҳаррукоти ҷадиди артиши Боку, тамоми нигоҳҳо ба cӯи ҳадафгузории Илҳом Алиев барои иҷроӣ кардани тарҳи “долони байналмилалии Тӯрон” ҷалб шуд. Алиев, бо ҳимояти муттаҳидони аслии худ, яъне Туркия ва Исроил, иҷроӣ кардани долони Зангезур-Лочин, яъне шоҳроҳи иртиботӣ барои пайванди Осиё ва Аврупоро дар сар мепарваронад. Сюник аз шарқ тавассути Озарбойҷон ва аз ғарб тавассути Нахҷавон иҳота шуда ва фақат марзи 44-километрӣ аз ҷануб бо Эрон дорад.
Ин минтақа алорағми ин ки Арманистонро ба минтақаи Қарабоғ муттасил мекунад, барои Эрон аз аҳаммияти стратегӣ бархӯрдор буду ҳаст. Дар сурати контроли Боку бар ин вилоят, амалан бахше аз роҳи иртиботии Эрон бо Арманистон ва ба табаъи он Уруосиё ва Аврупо дар ихтиёри Озарбойҷон ва муттаҳидонаш қарор мегирад. Ин масир маҳалли солона миллионҳо доллар тиҷорати хориҷии Эрон бо ҳамсоягон ва ҳатто кишварҳои Аврупоӣ аст. Контроли Боку бар вилояти Сюник метавонад ба конуне барои ҳузури низомии Исроил дар марзи шимолии Эрон дар минтақаи Зангезур табдил шавад. Контроли ин минтақа мӯҷиб хоҳад шуд, ки Анқара ва Боку дасти болоро дар заминаи энержӣ ва транзитӣ нисбат ба Теҳрон дошта бошанд.
Афзун бар ин маворид, аз нигоҳи Эрон, тасарруфи вилояти Сюник метавонад муқаддимае барои тасарруфи кулли кишвари Арманистон ва барҳам хӯрдани мувозинаи қувваҳо дар минтақа бошад. Ҳамчунин, эҷоди коридори мавриди назари Боку ба маънои ҳазфи Теҳрон аз геополитикаи Қафқоз ва баста шудани танҳо долони мустақими иртиботи сарзаминии Эрон бо Аврупо хоҳад буд.
2 - Эрон бо огоҳӣ аз ин масоил, тайи моҳҳои тобистони соли гузашта, ки ангезаи Боку барои тасарруфи вилояти Сюник ошкор шуд, бо сароҳат рӯйкарде тақобулиро дар пеш гирифт. Дар иқдомоте намодин ва маънодор, дар он таърих размоиши нерӯи заминии Сипоҳи Посдорони Эрон, дар минтақаи Арас, тамрини убур аз рӯди Арасро баргузор кард. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ раҳсипори Арманистон шуд ва сарконсулгарии Эрон дар вилояти Сюникро ифтитоҳ кард.
3 - Иқдомоти Эрон вокуниши мутақобили Озарбойҷонро ба ҳамроҳ дошт. 50 рӯз баъд аз размоиши Эрон, давлати Озарбойҷон бо ҳамроҳии Туркия, размоиши “Мушти бародарӣ” -ро баргузор карданд. Қобили таваҷҷӯҳтарин буъди ин размоиш, убури нерӯи инсонӣ ва таҷҳизоти низомии ду кишвар, аз рӯдхонаи марзии Арас буд, ки аз cӯи бисёре аз нозирон, ба унвони посухи равшан ба размоиши ахири Эрон арзёбӣ шуд.
4 - Баъд аз ин размоиш, лаффозиҳои Илҳом Алиев ва бархе аз намояндагони порлумони Боку дар иртибот бо озариҳои дохили Эрон идома дошт, аммо рухдоди муҳим дар январи 2023 баъд аз ҳамлаи як шахс ба сафорати Боку дар Теҳрон иттифоқ афтод. Дар ин ҳодиса, ки мунҷар ба кушта шудани Орхан Аскаров, афсари амниятии сафорат шуд, густараи танишҳо миёни Эрон ва Озарбойҷон ба болотарин сатҳи мумкин расид. Боку сафоратхонаи худ дар Теҳронро таътил ва бо сароҳат ин ҳодисаро “террористӣ” муаррифӣ кард. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар 31 январ бо судури баёния хостори бозгашти атбоъи худ аз Эрон шуд.
5 - Ҳамзамон бо тамоми гомҳои мазкур, ҳуҷуми расонаӣ ва таблиғотии зиддиэронӣ дар Озарбойҷон дар сатҳи густурда афзоиш ёфт. Муҳимтарин намуди ин амр, изҳороти Аллоҳшукур Пошшозода, муллои дарбории Илҳом Алиев буд, ки дар иддаоҳои воҳӣ, аз “асорати озариҳо дар дастони форсҳо” сухан гуфт. Ҳамчунин, нерӯҳои амниятии Озарбойҷон дар 31 январи 2023 аз оғози амалиёте таҳти унвони “зидди шабакаи ҷосусии Эрон” хабар доданд. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон низ дар аввали феврал шикоятеро алайҳи Эрон дар маҷомеъи байналмилалӣ танзим кард.
6 - Дар идомаи рӯйкарди салбии Боку, дар 5 феврал видеое дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Алиев як қории Қуръонро ба марзи Эрон дар канори рӯди Арас фиристода то “сураи Фатҳ” бихонад. Ин иқдоми намодин ба унвони навъе таҳдиди Боку алайҳи Эрон ба ҷанг мавриди бозхонӣ қарор гирифт. Ҳанӯз ҷанҷолсозиҳои Алиев бо фиристодани як қорӣ ба канори рӯди Арас ва хондани “сураи Фатҳ” ба поён нарсида буд, ки ӯ дар қалби Аврупо, дар ҷараёни конфронси амниятии Мюнхен (Munich Security Conference), ки дар рӯзҳои 17 то 19 феврал баргузор шуд, ташкилоти Эронро пушти моҷарои ҳамла ба сафорати Боку дар Теҳрон муаррифӣ ва барчаспи терроризми давлатиро ба Эрон ворид кард.
7 - Бо вуҷуди қариб ба як моҳи ором шудани вазъияти танишҳои миёни ду тараф, дар оғози соли ҷадиди эронӣ ахборе мабнӣ бар таҷаммӯъи нерӯҳо ва омодагии артиши Озарбойҷон барои ҳамла ба вилояти Сюники Арманистон мунташир шуд. Бо интишори ахбор ва филмҳое аз ин рухдод, манобеъи ғайрирасмӣ дар Эрон ҳам аз омодабоши нерӯҳои эронӣ дар шимолу ғарби ин кишвар хабар доданд. Ҳамзамон бо ҷиддӣ шудани эҳтимоли вуқӯъи ҷанг, ҳавопаймоҳои ҷангии F4 ва F14-и артиши Ҷумҳурии Исломӣ бар фарози осмони шимолу ғарби Эрон ва дар навоҳии наздик ба марзҳои Арманистон, Боку ва Нахҷавон ба парвоз даромаданд. Намоише, ки нозирони сиёсӣ онро ҳушдори ҷиддии Теҳрон ба Боку аз тавассул ба ҳар гуна моҷароҷӯӣ маъно карданд.
8 - Вопасин ва шояд ҷиддитарин мавҷи танишҳо миёни Эрон ва Озарбойҷон тайи чанд рӯзи ахир ва баъд аз баёнияи 210 намояндаи порлумони Эрон алайҳи Боку ба вуқӯъ пайвастааст. Намояндагони порлумони Эрон тайи баёнияе муаррифии сафири Озарбойҷон дар Исроилро маҳкум карданд. Баъд аз ин баёния, мавҷи густурдаи иқдомот ва таҳаррукоти зиддиэронӣ шиддати бесобиқае ба худ гирифт.
Дар нахустин гом Озарбойҷон чаҳор дипломати Эрон дар Бокуро “унсури номатлуб” муаррифӣ кард ва аз онҳо хост, то хоки ин кишварро зарфи 48 соат тарк кунанд. Ҳамзамон Озарбойҷон дар манотиқе аз Ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон ва дар наздикии марзҳои Эрон размоиши низомии заминӣ ва дарёии густурдаеро оғоз кард. Ҳамчунин, нерӯи дарёии ин кишвар размоиши ҳуҷумиро бо ҳузури новҳо дар баҳри Хазар баргузор карданд. Дар идомаи мавҷи нафратпарокуниҳои ахир ҳатто расонаҳои Озарбойҷон муддаӣ шуданд парчами Эрон аз ҷилави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Бунёд Сардорови Боку бардошта шудааст, ки албатта, воҳӣ будани ин иддао ба суръат исбот шуд.
Дар охирин иқдоми ғайри созанда ва танишофарини Боку дар равобит бо Теҳрон, парлумони ин кишвар дирӯз дар баёнияе аз Эрон хост аз “иқдомоти муғризона” алайҳи Озарбойҷон худдорӣ кунад. Порлумони Озарбойҷон дар баёнияи худ, баёнияи порлумони Эрон дар бораи ифтитоҳи сафорати Озарбойҷон дар Исроилро “мудохила дар умури дохилӣ ва иқдоми таҳрикомези сиёсии дигар” алайҳи Боку хитоб кард.
Чаҳор бардошти нозирони сиёсӣ аз танишҳо миёни Теҳрон ва Боку:
Тадовуми танишҳо ва ба авҷ расидани ихтилофот миёни Эрон ва Озарбойҷон, тайи моҳҳои гузашта чаҳор тафсирро дар миёнаи расонаҳо ва ҷомеаи таҳлилгарони масоили амнияти байналмилал ба ҳамроҳ доштааст:
1 - Натиҷаи ҳатмии рӯйкарди инфиъолии Теҳрон ҷанг аст: ғолиби нозирон ва таҳлилгарони масоили байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, бар ин бовар ҳастанд, ки натиҷаи ҳатмии тадовуми раванди феълии тахосумоти Боку алайҳи Эрон, “ҷанг” хоҳад буд. Ин ки ҳар рӯз ба сурати сериёлӣ, мақомҳои сиёсии Озарбойҷон ва дар раъси он Илҳом Алиев, аз сатҳи ҷадид аз иқдомоти зиддиэронӣ рӯнамоӣ кунанд, Эронро ба самти ҷанги ногурез ва иҷборӣ савқ медиҳад. Аз нигоҳи онҳо, сиёсатҳо ва кунишҳои Боку дар ҳоли табдил кардани майдони муодилот ба сӯи як ҷанги ҳатмӣ аст.
2 - Иллати ҷасурӣ ва душмании Боку на дар таҳрикоти хориҷӣ, балки дар дохили Эрон аст: бахше аз таҳлилгарони эронӣ низ бар ин бовар ҳастанд, ки тадовуми зиддиятҳои Боку алайҳи Теҳрон – бо вуҷуди нақшофаринии пушти пардаи Исроил, Туркия ва Амрико - реша дар дохили Эрон дорад. Аз нигоҳи онҳо, нармии беш аз андозаи Теҳрон дар баробари сиёсатҳои хасмонаи Боку омили аслии ҷасоратҳои кунунии ин кишвари кучак аст. Адами дарки саҳеҳи мақомҳои эронӣ аз таҳдидоти стратегияи тавсиаталабонаи Алиев ва умеди давлатмардон ба ислоҳи рӯйкарди Боку, заминасози вазъияти феълӣ будааст. Ин гурӯҳ бар ин бовар ҳастанд, ки сукут ва андохтани тӯпи тақсир дар замини Эрон, аз иштибоҳоти бузурге буда, ки тайи моҳҳои гузашта заминасози расидани сатҳи танишҳо ба вазъияти кунунӣ шудааст.
3 - Зарурати бархӯрди қотеъ ва мутаваққиф кардани Алиев: бархе аз нозирони сиёсии эронӣ низ аз ҳамон ибтидои бӯҳронӣ шудани муносиботи Эрон бо Озарбойҷон, бархӯрди қотеъ ва мутаваққиф кардани Алиев аз ҳар тариқи мумкинро, як зарурат муаррифӣ кардаанд. Аз нигоҳи ин гурӯҳ, таҳдидоти Алиев ва ҳамроҳонаш, таҳдидоти ҷиддӣ барои амнияти миллии Эрон ва минтақа буда, ки ҳеч гоҳ набояд аз сӯи Эрон мавриди пазириш қарор бигирад. Ҳатто ин гурӯҳ аз таҳлилгарон, вуруди майдонӣ ба арсаи танишҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистонро иқдоме зарурӣ арзёбӣ мекунанд, то аҳдофи шуми Алиев пеш наравад.
4 - Тадовуми сабри стратегӣ як зарурат аст: бар хилофи нозирони сиёсии тарафдори бархӯрди қотеъ ва зарбатӣ, гурӯҳе дигар аз нозирони сиёсӣ бар ин бовар ҳастанд, ки дар тавсифи танишҳо миёни Боку бо Теҳрон, иғроқ сурат мегирад. Аз нигоҳи онҳо, бузургнамоии суратгирифта аз таҳдидоти Боку алайҳи Теҳрон, натиҷаи иқдомоти лоббиҳои арманистонӣ дар Эрон буда ва фоқиди пояҳои воқеӣ аст. Ин гурӯҳ тадовуми сабри стратегӣ ва рӯйкарди таъомул бо Бокуро тавсия мекунанд.