Хабари рӯз

Тафоҳум ва тақоруб байни Ҷамъияти исломӣ ва толиб мумкин аст, аммо на байни толиб ва Ҳикматёр.

Нависанда: Фазманаллоҳ Мумтоз, таҳлилгар

Саволҳои муҳим, матраҳ ва қобили баҳс: бо вуҷуди муштаракот чаро Толибон дар қиболи Ҳикматёр машкук ҳастанд? Бо вуҷуди муштаракоти ҷавҳарӣ чаро фосила байни Толибон ва Ҳикматёр вуҷуд дорад? Чаро толиб мавқеъи таъйидии Ҳикматёрро таҳвил намегирад?

Ҳикматёр бидуни қайду шарт ҳимояти низомӣ ва сиёсии худро аз Толибон эълом ва эълон намуд. Фатвои бағоват будани мухолифини толибро содир кард, дар айёми ишғоли Амрико ҷиҳодро эълон намуд, ҳатто дӯстони муштаракашон восита ҳам шуданд.

Бо вуҷуди ин ҳама муштаракот боз ҳам аз назари толиб Ҳикматёр ва дигар аҳзоби мухолиф дар як радиф қарор доранд. Ҳатто дар бархе аз ҳолот бо дигарон таомули беҳтар сурат мегирад, масалан, донишгоҳҳои Амруллоҳ Солеҳ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Симо Самар, Муҳаммади Муҳаққиқ, Оятуллоҳ Мӯҳсинӣ ва Абдураб Расули Сайёф фаъолият доранд, аммо донишгоҳи Ҳикматёр баста шуд ба баҳонаи адами ҷавози фаъолият.

Табъан авомили дигар ҳам вуҷуд дорад, ки ба қадри имкону масоҳат ва зарфият ба таври мухтасар ва муфид ба он ишора хоҳем намуд:

1 - Ихтилофоти мадраса, мактаб, муллои мактабӣ аз қадимзамон тавассути ҷиҳатҳои истеъморӣ фарҳангсозӣ шудааст;

2 - Ихтилофоти мадориси фикрӣ ва мазҳабии Покистон ҳам асароти манфӣ дар ин росто гузоштааст, бахусус дахолати Ҷамоати Исломӣ ва Ҷамъияти уламои исломи Покистон. Ҳатто дар айёми ҷиҳод ин тамоюлот ва ихтилофот машҳур ва маъруф буд;

3 - Иншиоботи мавлавиҳо аз Ҳизби исломӣ дар айёми ҷиҳод, ки аксари Толибон зодаи ҳамон мавлавиҳоянд (Мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ аз фармондеҳони Ҳизби исломӣ дар оғози ҷиҳод буд. Мавлавӣ Мансур низ яке аз аъзои Ҳизб буд. Акнун писараш дар гурӯҳи Толибон аст. Ўро "фотеҳи Кобул" меноманд. Мавлавӣ Холис ҳамчунин яке аз фармондеҳони Ҳизби исломӣ буд. Акнун писараш Мутеъулҳақ дар сафи Толибон аст ва раёсати Ҳилоли Аҳмарро бар ӯҳда дорад. Дар сатҳи поин, аксари Толибон аъзои собиқи Ҳизби исломӣ ҳастанд);

4 - Тасодум ва ҷангҳои танзимии Ҳизби исломии Ҳикматёр бо Ҳаракати инқилоб, Ҷамоати даъвати Ҷамилурраҳмон ва Мавлавӣ Мансур;

5 - Оғозини ҷангҳо миёни Толибон ва Ҳизби исломӣ дар Қандаҳору Ғазнӣ, Майдон Вардак ва то Чаҳоросиёб сурат гирифт;

6 - Мавоқиф ва суханрониҳои тунди Ҳикматёр дар Мазори Шариф, Теҳрон, Нангарҳор ва Лағмон алайҳи Толибон;

7 - Халъи силоҳи афроди Ҳизби исломӣ дар ҷабаҳот ва даргириҳои мусаллаҳонаи байни ду тараф;

8 - Сулҳи номаймун ва нофарҷому шуми Ҳикматёр бо ҳукумати Ғанӣ;

Инҳо филҷумла нуқоти ихтилофӣ аст, ки байни толиб ва Ҳикматёр монеъи тақоруб шудааст. Бар илова нуқоти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки наметавон рӯи бархе аз мулоҳизот, мисли каҷфаҳмӣ, каҷбаҳсӣ ва дарки заифи бархеҳо ба он ишора намуд.

Дар натиҷа метавон гуфт, ки тафоҳуму тақоруб, байни Ҷамъияти исломӣ ва толиб мумкин аст, аммо на байни толибу Ҳикматёр. Бо вуҷуде ки Ҳикматёр ва ҳаводорони ӯ дар ин ваҳми шабу рӯз ғарқ ҳастанд, монанди ошиқони яктарафаи муҳаббат, ишқи толибро дар хоб мебинанд, аммо мавқифи толиб тағйир намекунад ва накардааст. Дар як сурат мумкин аст, ки оқои Ҳикматёр бо эшон байъат намояд ва аз заомати ҳизб канор биравад ва ин амри маҳол аст.

Ин ки чаро як теъдод аз аъзои ҳизб бо вуҷуди таомули сарду яхчолии толиб мавқифи ононро ночор таъйид мекунанд, авомили зоҳиру ботин дорад. Ба таври мисол, баъзе аз онҳо хушҳоланд, ки рақиби сиёсӣ ва деринаашон, яъне Ҷамъияти исломӣ, аз саҳнаи қудрат ва сарват канор ронда шуд. Чун инҳо шадидтарин азобро аз ҷониби онҳо дар муддати 30 сол чашида буданд, худро мағлуб ва мазлум эҳсос мекарданд. Бархеҳо ба хотири ғаризаҳои маҳаллии хурду кӯчак ва интиқом толибро таъйид мекунанд, валекин ҳама таҳти пӯшиши ҳимоят аз низоми исломии як теъдод воқеан аз ҷанг хаста шудаанд, истиқрори суботро мехоҳанд, валлоҳу аълам биссавоб.

Дар ахир барои аҳли раъй гӯшзад мекунам. Шояд раъйи ман дуруст набошад ва ё ҳам ноқис бошад, озодона ва мӯҳтарамона нақд кунед, бидуни дашном, тавҳин ва шарофтмандона.

Ин мазмун қаблан таҳрир ёфта буд, ҳол зарурати бознашри он дида шуд.

Шӯхӣ дар айни мастии ошиқони яктарафа нашр гардида буд, ки ҳатто бисёре аз ғофилон дашноми зиёде монанди одати ҷоҳилонаи доимиашон нисори ман карданд. Ҳоло мискинҳо бо муҳосираи дафтару манзили Ҳикматёр ва манъи Ҳикматёр аз хутбаву изҳороти сиёсӣ ҳайронанд. Мунтазир бояд буд, ки саранҷом сарнавишти ошиқони яктарафа чӣ хоҳад шуд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!