Собиқ вазири дохилии Афғонистон чаро таноқузгӯӣ мекунад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Ба тозагӣ телевизиони Афғонистон Интернешнал, дар барномаи “Майдон” мусоҳибае бо Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, вазири дохилаи Афғонистон дар даврони ҳукумати Ҳомид Карзайро ба нашр супурд. Интизори мардум аз мусоҳиба ин буд то Ҷалолӣ бо иттико ба он чи, ки вонамуд мекунад, ки дониши сиёсӣ ва низомӣ дорад, аз вазъияти Афғонистон як таҳлили мухтасар намуда ва роҳҳалҳои роҳбурдиро барои ҳаллу фасли муъзали ин кишвар, бо мардум шарик созад. Аммо бар хилофи тасаввури ом, он чи, ки ин марди кунҳакори дастгоҳи дипломатия ва низоми Амрико, дар хӯри зеҳниятҳои мардум дод, агарчи қобили тааҷҷуб нест, чун як технократ ба шиддат қавмиятзада аст, аммо дар айни ҳол, мояи таассуф ва таассур ҳам аст. Ман чанд нуктаро дар ин хусус мехоҳам ишораи мухтасар дошта бошам, то ин блефбозӣ ва ба масхара гирифтани зеҳнияти мардум, маҷолу майдони бештар надошта бошад:
АВВАЛ - дар ҷараёни барнома оқои Ҷалолӣ тавре вонамуд карданд, ки ҳеҷ тақсире дар буҳрони Афғонистон, ки абъоди қавмиятии фаровон, сиёсати қавммеҳварӣ ва кашондани пойи Амрико дар хидмати ин аҳдофи қавмӣ дорад, надоштанд. Биёед аз рӯи қазовати виҷдон, масъаларо баррасӣ кунем. Магар ашхосе, монанди оқои Ҷалолӣ набуданд, ки дар давраи баъд аз ҳафти саври 1357 (27 апрели 1978, Инқилоби саври коммунистӣ) ва то ба қудрат расидани Толибон, барои Амрико машвараи мудохила медоданд ва ҳамвора дар хидмати утоқҳо ва мароҷеъи тасмимгир дар робита ба Афғонистон буданд? Ин туфра рафтанҳо на танҳо бори масъулиятро кам намекунад, бал дар тарозуи амалкарди сиёсӣ, вазну ваҷҳаи сиёсии як одамеро, ки иддао дорад, стратегист аст ва орзуи хидмат ба мардумро дорад, ба шиддат тақлил медиҳад;
ДУВУМ - аз ибтидои ҷаласаи Бон ин оқоён, бахусус оқои Ҷалолӣ дар қисмати интисоби фарди бесаводе монанди Карзай, ки ҷуз лаффозиву сиёсатбозӣ, донишу тавонмандӣ надошт, нақши муҳимме бозӣ карданд. Ҳол агар сад Қуръон ҳам бихӯрем, ки Карзай дар қочоқи маводи мухаддир даст надошт, асноду таърихи хонадони вай, нишон медиҳад, ки падари вай Абдулаҳад Карзай, аз ҷумлаи машҳуртарин қочоқчиён буда ва бародарони вай низ айни пешаи падарро пеш мебурданд;
СЕВУМ - вай комилан аз мавзӯи талоши Амрико барои мубаддал сохтани Афғонистон ба унвони конуни гарми ифротгароӣ ва терроризм, ки Толибон бистарсози онанд, туфра рафт. Ҳатто онро назарияи тавтеа хонд. Воқеан барои ман ҷои савол аст, инҳо мардуми Афғонистонро минҳайси мардуме, ки таҷрибаи беш аз чаҳор даҳаи ҷангу сиёсатро доранд, чӣ фарз кардаанд? Ин воқеан бозии музҳик барои ба масхара гирифтани шуури ҷамъӣ аст;
ЧАҲОРУМ - вай талош кард то нишон диҳад, ки суқути Афғонистон як мӯъҷиза буд ва Амрико дар он тақсире надошт. Магар кадом ақли салим ин шӯъбадабозиҳои музҳикро қабул мекунад ва онро минҳайси далели аслии суқути Афғонистон ба домани терроризми қавмӣ ва шовинизми таборӣ мепазирад?
ПАНҶУМ - вай аз “плани Маршал” ёд мекунад. Аслан куҷои ин ду барнома, ки яке Аврупоро биҳишти рӯй замин ва дигаре Афғонистонро ҷаҳаннами гетӣ сохта, қобили муқоиса аст? Чӣ тавр мо ҷуръат мекунем то чунин муқоисаи фоқиди мантиқ ва бемаъно кунем? Магар заминаҳои татбиқи ин ҷуғрофия дар Аврупо ва Осиё ҳамсон буд?
ШАШУМ - Ҷалолӣ дар саросари ҷараёни мусоҳиба талош кард то мушкили Толибонро қавмӣ ва байналқавмии паштунӣ нишон диҳад. Яъне низоъи аслиро на мухолифати қотибаи мардум дар баробари Толибони қавмпараст ва мутаассиб, бал ихтилофот миёни дурониҳо ва ғилзайҳо нишон диҳад. Ин техники паштунии сиёсӣ, хелеҳо зиракона ва ҳушёрона тарроҳӣ шуда ва ба кор гирифта мешавад. Дар зимн, талош мешавад то ҳамвора тарафҳои даргир ва низоъро худи паштунҳо нишон диҳанд ва собит созанд, ки аксарият инҳоанд ва дигар ҳеҷ қавме дар сиёсати Афғонистон, нақшу таъсире надорад;
ҲАФТУМ - ҳамин оқо ва дигар элитаи паштун, ки лобии феълии Толибон ва як ҳокимияти қавмӣ дар Афғонистон буданду ҳастанд, монанди Аҳадӣ, Азимӣ, Карзай, Халилзод, Ғанӣ, оё заминасози буҳрон ва умқи бадбахтии Афғонистон набуданд? Оё ҳаминҳо бо заминасозӣ ва ироаи кӯмаки Амрико ба муҷоҳидин, заминаро барои барбодии Афғонистон ва мубаддал сохтани ин кишвар ба оташкадаи минтақа, мусоид насохтанд? Ҳол чӣ тавр ҷуръат мекунанд то худро табраа карда ва бори маломатиро ба гардани, ба истилоҳ, чанд ҷангсолор бияндозанд?
ҲАШТУМ - масъалаи қочоқи маводи мухаддир ва листи таҳияшуда тавассути вай дар замони тасаддии вазорати дохила дар ҷараёни мусоҳиба матраҳ шуд. Вай комилан аз абъоди фаромарзии ин падида, ки яке аз иллатҳои аслии ҳузури Амрико ва идомаи буҳрон дар минтақа аст, туфра рафт. Гӯӣ тиҷорат ва қочоқи маводи мухаддирро чанд одами фоқиди қудрат анҷом медиҳанд. Дар ҳоле ки суди ҳосил аз мавод мухаддир ба маротиб бештар аз масорифи Амрико дар бист соли гузашта дар Афғонистон будааст.
ИНТИБОҲИ ТАЪРИХӢ АЗ ИН МУСОҲИБА
АВВАЛ - барои оқои Ҷалолӣ, ки умреро дар хориҷ аз кишвар будаанд ва гарму сарди рӯзгорро ҳадди ақал аз лобалои китобҳои академик дидаанд, бояд изҳори надомат ва маъзаратхоҳӣ дар авлавияти корӣ қарор дошта бошад то ҳимоят ва болопӯшӣ аз сиёсатҳои Амрико, ки заминаи бадбахтии мардуми мо шудааст. Вай бояд бидонад, ки сиёсатҳои қавмӣ ба суди ҳеҷ кас нест ва ин тадовуми сиёсати қавмии Толибон, паштунҳоро барбод медиҳад;
ДУВУМ - таҳлили вазъият аз тавони ҳар ки имрӯз ба заъми худаш, мусоид ва фароҳам шуда метавонад. Аммо пешниҳоди бадил ва роҳи ҳал вазифаи онҳоест, ки иддаои профессорӣ ва доктор буданро доранд. Оқои Ҷалолӣ ба ҳар иллате, ки буда то ахир аз пешниҳоде дар ин хусус худдорӣ карданд ва ё ҳам онро ба салоҳ намедонист. Чун ҳокимияти қавмӣ дар Афғонистон, орзуи ҳар технократи паштун аст, биноан, вай ва амсоли вай тарҷеҳ медиҳанд то хомӯшона дар ҳимоят аз режими мутаассиб ва террористи Толибони паштун бошанд;
СЕВУМ - оқои Ҷалолӣ бояд бидонад, ки ба бозӣ гирифтани шуури ҷамъӣ ва бахусус мардуме, ки беш аз чаҳор даҳа аст дар кӯраҳои сиёсату ҷанг ҷӯш мехӯранд, тақлили ваҷҳаи худро ба думбол дорад. Оқои Ҷалолӣ мардуми Афғонистон ба ин блефбозиҳо ва шӯъбадабозиҳои масхара ба ришатон механданд. чун ҳамон тавре ки шумо гуфтед, мардум ҳушёр шудаанд. Дар ҳоле, ки ҳушёр буданд, аммо имрӯз воқеиятҳоро дарк кардаанд ва фиреби ин лаффозиҳои сиёсӣ ва моҳиронаро намехӯранд.